Гумонбарон дар таркиши Хуҷанд боздошт шуданд

Хабари хуб 22.09.2010 16:39

Бахши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо пахши як баёния гуфтааст, ки дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ рўзи 12 сентябр се нафар мутаҳҳам дар инфиҷори Хуҷанд боздошт шудаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки ҳуввияти афроди дастгиршуда ба хотири ворид нашудани халал ба ҷараёни таҳқиқоти инфиҷор ошкор намешаванд.

 

Баёния афзудааст: “Аз натиҷаи тафтишот ва қарори қонунии қабулшуда аз тариқи васоити ахбори омма иттилоъ дода мешавад».

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки алайҳи шахсони боздоштшуда парванда боз шуда ва таҳқиқоти ҳодисаи инфиҷор аз сўйи додситонии устони Суғд идома дорад.

Дар инфиҷори субҳи 3 сентябр дар бинои бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон дар вилояти Суғд ду корманди пулис кушта ва 28 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97