Сокинони ноҳияи Рашт мегўянд, мақомот ба онҳо дастур додаанд, ки аз соати ҳашти шаб то соати шаши субҳ дар ҷодаҳо гаштугузор накунанд. Гуфта мешавад, ин иқдом ба манзури таъмини амнияти сокинон сурат гирифтааст. ҲНИТ зимни баёнияе авзоро ҳассос ва тақдирсоз унвон карда ва аз пайравони худ хостори ҳушмандӣ шудааст. Бино ба гузоришҳои расида дар Рашт, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нишасту масҷидҳо ба мардум аз ин иқдом огоҳ сохта мешаванд.
Аммо дар ҳеҷ яке аз ниҳодҳои қудтарии Тоҷикистон хабари ҷорӣ шудани вазъи фавқулода ва қайди шабгардиро тайид накарданд. Тибқи қонугузории Тоҷикистон эълони вазъи изтирорӣ ва ҷорӣ кардани қайди шабгардӣ салоҳияти истисноии Президент ва парлумон аст.
Зоҳиран нерўҳои амниятӣ ва интизомӣ дар ҷараёни анҷоми амалиёт алайҳи гурўҳи ҳамлавар ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ дар Камароб ва ҷустуҷўи зиндониёни фирорӣ дар гаштугузори мардум навъе маҳдудият ҷорӣ кардаанд.