Искандаровро дар Урупо муҳокима мекунанд

Хабари хуб 22.09.2010 16:18

Интизор меравад, Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо 23 сентябр баррасии қазияи Маҳмадрўзӣ Искандаровро оғоз кунад. Вай соли 2005 ба сурати асроромез дар Русия нопадид шуд ва сипас мақомоти Тоҷикистон аз боздошти вай дар фурўдгоҳи Душанбе хабар доданд.

Искандаров гуфта буд, ки ў аз сўйи афроди номаълум дар Маскав рабуда шуда ва ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Вале мақомоти интизомии Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда ва гуфта буданд, ки Искандаров зимни вуруд ба Тоҷикистон, дар фурўдгоҳи Душанбе боздошт шуд.

Ин дар ҳолест, ки ҷонибдорони Искандаров бо такя ба як санади расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегўянд, ки “ниҳодҳои интизомии Русия Искандаровро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд”.

Бо ин вуҷуд Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 Искандаровро барои чанд ҷурм, аз ҷумла сирқати маболиғи давлатӣ, фаъолиятҳои террористӣ ва таъсиси гурўҳи ғайримуҷози мусаллаҳ барои 23 сол равонаи зиндон кард.

Ҳудуди се сол пеш Анна Ставитская, вакили мудофеъи Маҳмадрўзӣ Искандаров алайҳи давлати Русия ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо барои одамрабоӣ ва истирдоди ғайриқонунӣ шикоят бурда буд. Ҳамакнун қарор аст, баррасии қазия дар ин додгоҳ оғоз шавад.

Маҳмадрўзӣ Искандаров замоне боздошт ва муҷозот шуд, ки раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон буд, вале баъд аз судури ҳукми додгоҳ алайҳи Искандаров, дар суфуфи ин ҳизб рахна ба вуҷуд омад.

Нахуст Масъуд Собиров бо баргузории як анҷумани изтирорӣ аз сўйи ҷонибдорони худ раиси ҳизби демократ интихоб шуд. Сипас Саидҷаъфар Исмонов, ки аз ҷонибдорони Масъуд Собиров буд, бо баргузории анҷумани ҷудогона аз сўйи гурўҳи дигари демократҳо низ раиси ҳизби демократ эълом шуд.

Вале вазорати адлияи Тоҷикистон дар соли 2006, дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар аз миёни се ҷиноҳи ҳизби демократ, танҳо ҷиноҳи Масъуд Собировро ба расмият шинохт. Он замон ҷиноҳи Маҳмадрўзӣ Искандаров интихоботро таҳрим карда буд.

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди соҳибназарон, ҳатто агар Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо собит созад, ки ниҳодҳои интизомии Русия дар қазияи рабуда шудани Маҳмадрўзӣ Искандаров мушорикат кардаанд, додгоҳ метавонад, танҳо тасмиме алайҳи давлати Русия бигирад. Вале мавзўъи озодии Искандаров аз зиндон дар салоҳияти ин додгоҳ набудааст.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97