Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Мактаби умумии тоҷикӣ - 34.4%
Мактаби умумии русӣ - 11.5%
Литсейи Президентӣ - 13.1%
Литсейи Байналмиллалӣ (собиқ туркӣ) - 6.6%
Мактаб-интернати "Ҳотам ва ПВ" - 23%
Дигар - 11.5%

Рушди агробизнес дар Хатлон

Хабар 09.11.2018 03:52

 

Лоиҳаи мазкур дар доираи ташаббуси Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда» роҳандозӣ шуда,  12 ноҳияи наздисарҳадии Афғонистони вилояти Хатлонро дар бар мегирад. Буҷаи Лоиҳаи оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, (ACAT) 18,6 миллион доллари ИМА буда, аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад. Он бар мабнои услуби иқтисоди бозорӣ асос ёфта, дар бахши хусусӣ мутамарказ мешавад.

Дар тӯли 5 соли фаъолияташ лоиҳа бояд ба ассотсиатсияҳои кишоварзӣ, кооперативҳо, миёнаравони бозор ва инчунин ба корхонаҳои хурду миёнаи зерсоҳаҳои мушаххас кӯмаки мавриди ниёзашонро расонда, аз имконияти бозори сатҳи дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ истифода бикунанд. Бадин васила рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғл ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба воситаи такмили рақобатпазирии соҳаи агробизнеси Тоҷикистон дар бахши истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва соҳаи боғдорӣ таъмин хоҳад шуд.

Ҳамчунин, лоиҳа Фонди шарикӣ ва инноватсияро бо мақсади дастгирии озмоиши технологияҳову таҷрибаҳои нав ва барои паст кардани хавф ҳангоми озмоиши моделҳои нави тиҷорӣ ба кор хоҳад бурд.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97