«Ғиромбозӣ»-ҳои майдони гуштӣ: Кӣ бояд аз кӣ узр бихоҳад?

Варзиш 12.04.2017 13:37

Комроншоҳ 23 март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи гуштӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт бо ишораи даст дашном дод.

Ин паҳлавони маъруф барои дашном додан дар мусобиқаи гуштӣ дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” дар рӯзи 23 марти соли 2017, ки аз нигоҳи дурбини телевизиони “Варзиш” дур намондааст, расман узрхоҳӣ карда ва гуфтааст, он вақт аз ноадолатии довар ба хашм омада буд ва ҳамзамон таҳқири тамошочиён нисбат ба ӯ боиси чунин рафтор карданаш шудааст. Комроншоҳ дар сафҳаи Фейсбукаш бо таассуф аз ин рафтори худ мегӯяд, «чанд нафар аз мухлисон дар вақти рафтан ба маросими медалгирӣ маро дашном доданд ва ман ҳам дар ҳоли ғазаб ҷавобашонро гардондам."

Комроншоҳ мегӯяд, ба ҳеч ваҷҳ ин рафтораш дуруст набудааст ва барои ин аз мухлисону тамошочиён узр мехоҳад. Ӯ дар поёни суханонаш таъкид кардааст: "Ба ҳамватанони азиз итминон медиҳам, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шаъну шарафи Ватану миллатро боло бардошта, хотири Шуморо шод хоҳам гардонд"!

Вай афзудааст: "Ман шикоят кардам ва масъулони чорабинӣ гуфтанд, ки комиссия ташкил карда, аз нав навори бозиро мебинанд."

Мусобиқаи гуштии "Ҷоми Пойтахт – 2017" рӯзи 23 март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе баргузор шуд ва дар рақобати ниҳоӣ дар вазни аз 80 кило боло Комроншоҳи Устопириён бо Саидҷалол Саидов, яке аз дигар паҳлавонони даврони мо қувваозмоӣ карданд. Довар барои як огоҳие, ки Комроншоҳ дар аввали бозӣ гирифта будааст, Саидҷалол Саидовро пирӯзи майдон хонда. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки баъдан Комроншоҳи Устопириён дар ҳоли рафтан ба минбар бо ишораи даст касеро дашном медиҳад.

Ҳоло Комроншоҳи Устопириён тасмим гирифтааст, ки ба Олимпиадаи соли 2020 омодагӣ мегирад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рафтори Комроншоҳи Устопириёнро зимни мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ барои дарёфти ҷоми “Пойтахт–2017” мавриди баррасӣ қарор додааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷаласаи корӣ ҷиҳати таҳкими варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ки рӯзи 27 март доир шудааст, дар баробари дигар масъалаҳо ба амали Комроншоҳи Устопириён ҳам дахл кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар асоси фармоиши раиси кумита як гуруҳи корӣ ҷиҳати таҳлили мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” аз ҳисоби доварон, мутахассисон, роҳбарони федератсияҳои гуштии миллӣ, дзюдо ва самбо таҳти роҳбарии муовини раиси кумита Дилшод Назаров таъсис шудааст.

Гуфта мешавад, гуруҳи корӣ муваззаф шудааст, дар муҳлати кутоҳтарин хулосаи қонунии хешро мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии Тоҷикистон ироа намояд. Ҳамчунин дар назар аст, то низомномаи одоби варзишгар таҳия ва барои тасдиқ ба ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод гардад.

Норизоиятӣ дар боби ноҳақиҳо дар мусобиқоти варзишӣ, ба хусус мусобиқоти гуштӣ дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон суҳбати тоза нест, дар солҳои гузашта низ ин гуна сару садоҳо дарз мекард ва дар суҳбатҳои давраӣ ва хусусӣ изҳор мешуд. Матбуоти хусусӣ низ дар ин бора чандин бор матлаб нашр кардааст, вале барои аввалин бор аст, ки он ба таври чашмгир дар расонаҳои давлатӣ ва сафҳаҳои иҷтимоӣ домони баҳсро фарох кардааст. Ҳатто Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар даст ба кор шудааст. Аммо як коршиноси умури варзиш, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, ки Комроншоҳи Устопириён ҷавонмардона аз ин рафтори номуносиби хеш узрхоҳӣ кардааст ва танҳо ҳамин кифоят аст, ки дари ин баҳс пушида шавад. Ва ҳеч зарурате нест, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ коҳи куҳнаро бод бидиҳад. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд. Зеро, ба гуфтаи ин коршиноси собиқадор рафтори нохолисонаи доварон яке аз мушкилоти аслии варзиш, на танҳо дар бахши гуштӣ, балки дар тамоми соҳаҳои варзиш зиёд ба чашм мехӯрад, ки боиси дилсардии беҳтарин варзишкорони кишвар мешавад. Аз ин рӯ агар мехоҳем, ки парчами Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ дурахшиш ва парафшонӣ кунад, масъулонро зарур аст, сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд.

Бо ин вуҷуд мегӯяд ӯ, бояд ҳар варзишкор дар баробари доштани устоди тамрин, пизишк ва равоншиноси хоси худро доро бошад ва варзишкорро аз ҳар гуна пешомадҳои мумкин дар майдони варзиш огоҳ бисозад то варзишкор руҳияи хешро дар ҳар гуна шароит контрол карда тавонад.

Қаблан, Зайниддин Зидан яке аз футболбозони машҳур низ дар майдони мусобиқот аз худ ҳамчунин ахлоқеро ба намоиш гузошт, агарчӣ шароити Зидан аз Комроншоҳ хеле фарқ дошт. Ва футболбози рақиб маҳз барои асабонӣ сохтани Зидан ва аз майдон хориҷ кардани ӯ нақш иҷро кард. Он замон мухлисони мусобиқот ба ду тими тарафдор ва муқобили рафтори Зидан ҷудо шуданд, ки ин мавқеи Зиданро баҳс мекарданд ва эстафета дар дасти тарафдорони чунин рафтор кардани Зидан буд, баъдтар ин рафтори Зидан боис шуд то вай бештар маҳбубият касб кунад. Аммо рафтори номуносиби Комроншоҳро дар майдони мусобиқот анқариб ҳама нодуруст дониста ва танҳо узрхоҳии саривақтии ӯ аз мухлисон боис шуд, то оташи ин баҳс паст шавад.

Ба гуфтаи коршиносони соҳаи варзиш, Комроншоҳи Устопириён ганҷе дар захираи тилоии кишварамон аст ва инро набояд фаромуш кард, ба хусус дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бояд хуб дар ёд дошта бошанд.

Коршиносон мегӯянд, ин гуна амалкардҳои нодуруст боиси аз даст додани паҳлавонони номовари кишвар хоҳанд шуд ва намунаи боризи он Қаҳрамони хушноми гуштӣ Расул Боқиев аст.

«Миллат»

Бознашр аз Миллат №7 аз 30.03.2017

 P.S. Замоне ин матлаб ба дасти чоп расид, Комроншоҳи Устопириёнро, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷаласае аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум сохт. Ҳамчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баҳогузории доваронро одилона донист.

Пас аз ин буд, ки паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand-PrixAntalya 2017”, ки рӯзҳои 7-9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, мақоми дувумро касб кард.

Дар ин мусобиқаи пурнуфуз 252 варзишгар (155 мард ва 97 зан) аз 34 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон се гуштигир шомил буд: Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).

Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Батуҳан Ефемгил аз Туркия ва Ҳае Ҷо Ҷунг аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣғолиб омад ва ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва мақоми дувумро соҳиб шуд.

Комроншоҳи Устопириён баъд аз пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо панҷ зина боло рафт. Бино ба ин феҳрист, ки рӯзи 12 апрел дар вебсайти расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шуд, Устопириён дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 1776 имтиёз дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.

Мавқеи гуштигирони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо миёни бузургсолон:

Вазни – 60 кило

Хушқадам Хусравов бо 24 имтиёз дар мақоми 181-ум

Вазни – 66 кило

Асадулло Тоҳиров бо 114 имтиёз дар мақоми 118-ум

Умед Абдураҳимов бо 49 имтиёз дар мақоми 166-ум

Баҳодур Ҳалимов бо 2 имтиёз дар мақоми 318-ум

Раҳматуллои Маҳмуд бо 1 имтиёз дар мақоми 339-ум

Вазни – 73 кило

Хаёмиддин Ҷабборов бо 114 имтиёз дар мақоми 120-ум

Кароматулло Ҳакимов бо 45 имтиёз дар мақоми 187-ум

Шамоили Ҷаҳонгир бо 2 имтиёз дар мақоми 360-ум

Саидмухтор Расулов бо 1 имтиёз дар мақоми 381-ум

Муҳаммад Мирзоев бо 1 имтиёз дар мақоми 381-ум

Вазни – 81 кило

Акмал Муродов бо 166 имтиёз дар мақоми 107-ум

Фарҳод Раҳимов бо 98 имтиёз дар мақоми 137-ум

Сафарбек Муродов бо 53 имтиёз дар мақоми 170-ум

Комрон Карликов бо 1 имтиёз дар мақоми 331-ум

Вазни 90 кило

Комроншоҳи Устопириён бо 1776 имтиёз дар мақоми 7-ум

Муртазо Аминов бо 8 имтиёз дар мақоми 225-ум

Вазни – 100 кило

Саидҷалол Саидов бо 346 имтиёз дар мақоми 54-ум

Абдулваҳҳоб Сатторов бо 122 имтиёз дар мақоми 86-ум

Темур Раҳимов бо 2 имтиёз дар мақоми 226-ум

Аминҷон Ҷалолов бо 1 имтиёз дар мақоми 247-ум

Вазни +100 кило

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо 280 имтиёз дар мақоми 57-ум ҷой доранд.

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97