Мессӣ: Меравам. Президент: Марав!

Варзиш 30.06.2016 13:26

Лионел Мессии 29-сола, ҳамлагари мунтахаби Аргентина, пас аз бохти дастааш дар "Ҷоми Амрико-2016" ва ба хусус пас он ки натавонист аз ҷаримаи ёздаҳметра тӯбро ба ҳадаф бирасонад, аз ин тим рафт.

 Ӯ гуфтааст, ​"барои ман дар мунтахаби Аргентина ҳама чиз тамом шудааст. Ин тасмими ман аст."

Мунтахаби Аргентина рӯзи 26 июн бозиро бо ҳисоби 2:4 ба фоидаи Чилӣ бохт.

Лионел Мессӣ мегӯяд, дар давраи фаъолияташ дар мунтахаби Аргентина чаҳор бор дар "Ҷоми Амрико" рақобат карда, се бозиро бохтаанд. Мунтахаби Аргентина бо Мессӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2014 низ аз мунтахаби Бразилия шикаст хӯрда буд.

Лионел Мессӣҳоло ҳамлагари дастаи “Барселона”-и Испания ҳаст ва панҷ бор тӯби тиллоӣ – гаронбаҳотарин ҷоизаи ҷаҳонии футболро соҳиб шудааст. Рақибони аслии Мессӣ барои дарёфти ин ҷоиза дар соли гузашта Криштану Роналду, ҳамлагари дастаи "Реал"-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Португалия ва Неймар, ҳамлагари дастаи "Барселона" ва дастаи мунтахаби Бразилия ба ҳисоб мерафтанд.

Тибқи гузориши Маркази байналмилалии таҳқиқоти варзишӣ – CIES, Лионел Мессӣ аз гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон маҳсуб шуда ва қимати ӯ 220 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар моҳи декабри соли гузашта хабарнигорони варзишии 54 кишвари аврупоии узви Федератсияи Футболи Аврупо-УЕФА Лионел Мессиро футболбози беҳтарини Аврупо дар соли 2015 унвон карда буданд.

Аммо охири моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳи Барселона муҳокимаи ситораи футбол Лионел Мессиро барои саркашӣ аз супурдани молиёт оғоз кард. Мессӣҳамроҳи падари худ ба он муттаҳам мешавад, ки дар солҳои 2007-2009 дар минтақаҳои офшор ширкатҳои қалбакӣ таъсис дода, аз даромади умумии тахминан 4,1 миллион евро як сент ҳам молиёт пардохт накардааст.

Дар сурати собит шудани гуноҳ Мессӣ ва падарашро 22 моҳи маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Чанде пеш Мессӣ гуфта буд, ки назорати сармояҳояшро ба падараш супурда, ҳеч иттилоъе надошта, ки ӯ бо пулҳояш чӣ кор мекунад. Бархе аз ҳаводорони Мессӣ бовар доранд, ин ситораи аргентинии футбол воқеан бегуноҳ аст. Дигарон мегӯянд, ки ҳатто дар сурати собит шудани гуноҳи Мессӣ, меҳри онҳо ба ин футболбоз кам нахохад шуд.

Дар гузашта низ ҳодисаҳои саркашии ситораҳои варзиш аз пардохти молиётҷой дошт. Беҳтарин теннисбози солҳои 1990-ум Штефӣ Графф бо айбномаи саркашӣ аз супурдани молиёт муттаҳам шуд, вале он замон падараш тамоми ҷурмро ба гардан гирифта, бар иловаи супурдани ҷарима муддате зиндонӣҳам шуд.

P.S.:

Маурисио Макрӣ, президенти Аргентина ба гуруҳи мухлисоне, ки аз Лионел Мессӣ мехоҳанд, тимии миллии кишварашонро тарк накунад, пайвастааст. Президенти Аргентина Мессиро "беҳтарин футболбози ҷаҳон" хонда, шахсан бо Мессӣ тамос гирифта аз ӯ даъват кардааст, то аз тими миллии Аргентина наравад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97