Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Қаҳрамонии беназири Комроншоҳи Устопириён дар Тошканд

Варзиш 17.04.2016 08:21

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номбардори тоҷик дар мусобиқаи дзюдои Осиё бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омад ва медали тилоро бар гардан овехт.

 Ин паҳлавони тоҷик дар вазни то 90 килограм тамоми ҳарифони худро дар мусобиқоти дзюдои Осиё дар Тошканд, мағлуб сохт ва медали тилои ин мусобиқаро азони худ кард.

Комроншоҳ дар даври аввали ин мусобиқа бар ҳарифи худ Ҳамад Иёл аз Урдун ва дар даври дувум бар Синг Атвар аз Ҳинд ғолиб омад. Дар даври ниманиҳоӣ ШералӣҶӯраев аз Узбакистонро шикаст дод ва дар сабқати ниҳоӣ бар намояндаи Ҷопон Кобаяши Сузуке пирӯз омад.

Дар ин мусобиқа, ки аз 15 то 17 апрел дар Тошканд идома мекунад, ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён, Умед Абдураҳимов (то 66 кг),Шуҳратҷони Фархизода, Кароматулло Ҳакимов( дар вазни то 73 кг), Фарҳод Раҳимов, Саиҷамол Алимардонов (дар вазни то 81 кг) ,Саидҷалол Саидов (то 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов(беш аз 100 кг) намояндаги мекунанд.

Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик Қаҳрамони Осиё мешавад.

Зимнан, мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи олимпии варзиш аз соли 1966 ба ин су доир мешавад ва варзишгарони тоҷик дар тамоми давраи ин мусобиқот 13 медал – 5 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Кувайт Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

 Комроншоҳи Устопириён аз соли 2012 ба ин сӯ, ҳар сол дар радифи даҳгонаи варзишгарони беҳтарини соли Тоҷикистон шомил аст.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97