Ҳам хонағарибу ҳам майдонғариб

Варзиш 17.04.2016 07:35

Раҳбаияти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 30 март бо тасмиме ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишварро ба истеъфо фири­стодааст. Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаб ҳамроҳ бо ёваронаш «бино ба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши мунтахаби миллии Тоҷикистон» дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 аз вазифаи хеш барканор шудаанд.

Дастаи Тоҷикистон дар ин марҳила дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби Австралия ва Қирғизистон бозӣ анҷом дода, аз аввалӣ бо ҳисоби бузурги 0:7 ва аз дувумӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва дар мақоми чорум ҷой гирифт. Ин нокомиҳои пайдарпай, мухлисони фут­болро маъюс ва водор ба он кард, то ак­сари онҳо аз шеваи бозии футболбозони тоҷик интиқод бикунанд.

 Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, собиқ сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳоло сармураббии дастаи “Ҳосилот”-и Фархор мебошад, дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфтааст, ки тасмими мақомоти Федерат­сияи футболи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

 Вай афзудааст, “бохти дастаи мунтаха­би Тоҷикистон дар бозии дирӯза аз тими миллии Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе моро хеле маъюс кард. Ман ҳамчун мутахассис ҳаминро гуфтаниам, аксари бозигароне, ки дирӯз бозӣ карданд, солҳои тӯлонист узви дастаи мунтахаби кишвар мебошанд. Ва аммо ман намегӯям, ки кадоме аз онҳо суст бозӣ кард. Барои дастаи мо ғалаба зарур буд. Вале, мутаассифона, бозиро бохтем.»

 Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, дастаи мунтахаби Қирғизистон ҳам ҳайати он ва ҳам бозиаш ба куллӣ тағйир ёфтааст. Бисёр бозигарони он дар хориҷи кишвар бозӣ мекунанд, ки таҷрибаи хуб касб кардаанд. Ба эътиқоди вай, солҳои пеш, 1994-1995 бисёр бозигарони ҳайати дастаи мунта­хаби Тоҷикистон низ дар хориҷи кишвар бозӣ мекарданд, ба монанди Александр Муканин, Алиёр Ашӯрмамадов, Ораз На­заров, Одил Эргашев, Шӯҳрат Ҷабборов ва бисёр дигарон. Вале солҳои охир бошад, танҳо як нафар узви мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Восиев дар Русия бозӣ мекунад.

 Ҳабибуллоев мегӯяд, ки «мо дар сабқати гурӯҳӣ танҳо як ғалаба, он ҳам бошад, бар дастаи Бангладеш ба даст овардем. Он натиҷае, ки Федератсияи футболи кишвар чашмдор буд, ба даст оварда нашуд, бинобар ин ба истеъфо фиристодани ситоди мураббиён дуруст аст.»

 Ба назари ин мутахассиси футбо­ли тоҷик, баъди истеъфои Мӯҳсин Муҳаммадиев аз вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон бо хоҳиши худ Мубин Эргашев иҷрокунандаи ин вази­фа таъин шуд. Вай ҳамзамон сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад, ки дар ду вазифа кор кардан мушкил аст. Зеро “Истиқлол” ҳам дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Конфедерат­сияи футболи Осиё ширкат дорад: «Ман мехоҳам, ки Мубин Эргашев ҳарчи тез­тар шифои комил ёбад ва дар вазифаи худ дар бошгоҳи “Истиқлол” вазифаашро идома бидиҳад.»

 Ҳабибуллоев ҳамчун мураббӣ пешниҳод дорад, ки ҳайати мунтахаби кишвар бояд 70-80 дар сад иваз карда шавад, зеро феълан дар ҳайати даста бозигароне ҳастанд, ки 10-15 сол бозӣ мекунанд ва синашон ҳам ба ҷое расидааст. Бинобар ин, бояд ба ҳайати даста бозигарони ҷавон роҳ ёбанд.

 Дар баробари ин, аксарияти мухли­сони футбол, дар сафҳаҳои ичтимоӣ аз бозии тими мунтахаби Тоҷикистон сахт интиқод кардаанд.

Дарвоқеъ, дар баро­бари майдонғарибӣ хонағарибии тими мунтахаби мо боиси шармсорист.НЕ?!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97