Аз риштарошон то сартарошони футболбозон

Варзиш 16.04.2016 20:29

Як бому ду ҳаво

Қабл аз шуруъи бозии футбол дар Арабистони Саудӣ мӯйи сари, ба ақидаи мақомот, “ғайриисломӣ”-и дарвозабони бошгоҳи футболи “Ал-Шабоб”-ро иҷборан тарошидаанд.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарии дунё мақомоти варзиши Арабистони Саудӣ, назорати мӯйи сари варзишкоронро шадидтар меку­нанд. Дар шабакаи интернетии Ютуб дар поёни ҳафтаи гузашта навори видеоие нашр шуд, ки дар он довар қабл аз шурӯи бозӣ мӯйи сари дар­возабони бошгоҳи “Ал-Шабоб” Валид Абдуллоҳро метарошад. Мақомот мӯйи сари ин дарвозабонро, ки як “тоҷ” ё кокулчаи хеле хурд дошт, на­моишкорона ва мухолифи меъёрҳои исломӣ донистаанд.

 

Аз вокуниши Валид Абдуллоҳ дар ин навор бармеояд, ки қарори таро­шидани мӯйи сараш ӯро шигифтзада кардааст.

 

Гуфта мешавад, мӯйи сари ин дар­возабонро бар асоси қоидаҳои ҷории Федеротсиюни футболи Арабистони Саудӣ кӯтоҳ кардаанд. Довар танҳо баъди тарошидани “тоҷ” ё кокулча аз мӯйи сари Валид Абдуллоҳ ба ин бозигар иҷозат додааст, ки вориди майдон шавад.

 

Арабистони Саудӣ бо бархӯрди ша­дидаш дар масъалаи риояи меъёрҳои исломӣ маъруф аст. Рӯзи сешанбеи 5 апрел раҳбари созмони ҷавонони ин кишвар аз федеротсиюнҳои варзишӣ ва кумитаи олимпии Саудӣ даъват кард, то ба варзишгарон гузоштани мӯйи сари ғайримуқаррариро манъ кунанд. Шореҳи варзиши нашрияи “Ал-Ҷазира” навиштааст, федерот­сиюни футболи Саудӣ бояд он фут­болбозонеро, ки мӯйи сари худро ба таври ғайриоддӣ ороиш медиҳанд, муҷозот кунад. Ба ақидаи ин шореҳ, мӯйи сари ғайриоддии бозигарон боис мешавад, ки мухлисони хурдсо­ли онҳо ба пайравӣ аз варзишгарони дӯстдоштаашон низ чунин мӯйи сари “ғайриисломӣ” бигузоранд.

 

Қазияи дарвозабони «Ал-Шабоб» танҳо моҷарои марбут ба мӯйсару риши варзишгарон нест, ки расонаӣ мешавад.

 

Дар соли 2011 моҷарои Парвиз Турсунов, бозгари дастаи футболи “Хайр”-и ш. Ваҳдати Тоҷикистон расонаӣ шуд. Парвиз Турсунов бо риши дароз футбол бозӣ мекард. Дар моҳи апрели соли 2011 ӯро расман ба далели “риоя накардани оинномаи бошгоҳ” аз “Хайр” берун карданд. Аммо аксари расонаҳо навиштанд, ки дар асл сабаби муҷозоти Турсунов, ки ба назари ин расонаҳо аз беҳтарин бозигари хатти ҳимояи тимаш буда ва риши ӯст, ки алорағми ҳушдори масъулон аз тарошидани он саркашӣ кардааст.

 

Аммо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шарҳи ин гузоришҳо гуфт, касе Парвизро барои ришаш муҷозот накардааст, чунки қаблан ӯ бо вуҷуди риш доштан бемамониат футбол бозӣ мекард.

 

Дар соли 2014 президенти дастаи футболи Туркия - “Генчлербирлиги” Илхан Ҷавҷав қарор баровард, ки ҳар бозигари ин даста, ки бо доштани риш ба майдон мебарояд, ба маблағи 8 ҳазору 900 евро ҷарима хоҳад шуд. Илхан Ҷавҷав гуфт, ки «ман 80-солаам ва ҳар рӯз ришамро метарошам. Аммо клуб ба мактаби имом-хатибҳо табдил шудааст. Шумо варзишгаред ва бояд намуна барои ҷавонон бошед!”

 

Илхан Ҷавҷав кӯшишҳое кард, ки раиси Федератсияи футболи Турки­яро барои манъ кардани бо риш ба майдон баромадани бозингарон моил созад, аммо посух гирифт, ки УЕФА – Анҷумани футболи Аврупо риш мон­дани футболбозонро манъ намекунад. Ҳамчуноне ки мондани мӯйи сарро низ манъ насохтааст. Аммо сару садое аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқи башар дар баробари «сартарошон»-и Саудӣ он гуна гӯшҳоро кар намесозад, ки дар моҷарои риш сохта буд.

Як бому ду ҳаво. Чаро?!

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97