Кадоме Абдулкарими Ҳиротӣ ва кадоме Мессӣ аст?

Варзиш 30.04.2014 18:11

messi abdul karimИнсонҳои монанд ба ҳам маъмулан дар филмҳо ва достонҳо бештар дида мешаванд. Дар дунёи воқеъӣ ба бовари бисёре аз донишмандони илми генетика, шабоҳати афроде, ки ҳеҷ робитаи хунӣ бо ҳам надошта бошанд, бисёр нодир аст. Аммо яке аз ҳамин мавориди бисёр нодир инҷо, дар Ҳирот, дар ғарби Афғонистон, зиндагии як нафарро зеру рӯ кардааст.

Шабоҳати як омӯзгори одӣ ба як ситораи пуровозаи футболи ҷаҳон.

Ба таври маъмул шабоҳати ду инсон дар ду ҷуғрофиёи мутафовит ва дур аз ҳам зудтар хабарсоз мешавад, аммо агар дар як сӯйи моҷаро ситорае чун Лиунел Мессӣ бошад, достон фақат дар ҳадди хабар намемонад.

"Мессӣ мусалмон шудааст"

Би-би-сӣ менависад, ки ҳама чиз аз ҳудуди як моҳ пеш шурӯъ шуд; замоне ки як пизишки ҳиротӣ дар як меҳмонӣ ҷавонеро дид, ки шабоҳате боварнакарданӣ бо Лиунел Мессии аргентинӣ, ситораи футболи ҷаҳон, дошт.

Ӯ бо телефони мобийлаш аксе аз ин ҷавон гирифт ва дар саҳфаи Фейсбукаш мунташир кард ва дақиқан пас аз он буд, ки овозаи мусалмон шудани Лиунел Мессӣ ва дида шуданаш дар як масҷид басуръат дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш шуд ва аз марзҳои Афғонистон гузашт.

Албатта ин ҷавони ҳиротӣ, ки номаш Абдукарим аст аз ин шабоҳати чеҳра ва баъзе вижагиҳои дигари ӯ бо Лиунел Мессӣ, ситораи футболи ҷаҳон ва Аргентин, бенасиб намонда ва сужеи шабакаҳои иҷтимоъӣ шудааст.

Ҷавоне, ки 26-сола аст ва дар моҳи июни соли 1987 дар Ҳирот, дар ғарби Афғонистон, ба дунё омада; дақиқан ҳамон моҳу соле, ки Мессӣ мутаваллид шудааст, аммо дар он сари дунё ва дар Аргентина.

"Устод Месӣ"

Абдулкарим дар як мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Ҳирот ҷуғрофиё дарс медиҳад.

Ҳеҷ кадом аз шогирдони Карим ном ва номи хонаводагии ӯро намедонанд ва аз ҳамон рӯзҳои аввале, ки ба ин мактаб омад, ӯро "устод Мессӣ" садо карданд.

Масъулони идорӣ ва дигар омӯзгорони мактаб ҳам ба ӯ "устод Мессӣ" мегӯянд.

Ҳатто донишомӯзон ба ҷои ин ки бигӯянд соъати баъд дарси ҷуғрофиё дорем, мегӯянд "соъати баъд устод Мессӣ меояд."

Дар моҳҳои ахир шабоҳати Абдулкарим бо Мессӣ, шуҳрат ва дардисарҳои фаровоне барои ӯ ба дунбол доштааст.

Вақте барои харид ба бозор меравад, фурӯшандагоне, ки тарафдори Мессӣ ҳастанд, бо ӯ арзонтар ҳисоб мекунанд.

Бархӯрди онҳое, ки аз Барселона ва Лиунел Мессӣ дили хуше надоранд, ҳам қобили пешбинӣ аст.

Ҳоло дигар ҳиротиҳои алоқаманд ба футбол ва ситораи оргентинӣ бо Абдулкарим акси ёдгорӣ мегиранд.

Абдулкарим аз ин ки ба ӯ Мессӣ мегӯянд ва бо ӯ акс мегиранд, хушҳол аст, аммо дар иваз бисёр пеш меояд, ки дар маҳофили арӯсӣ ва ё дар миёни ҷамъ эҳсоси роҳате намекунад.

Аз ин ки ҳама ба ӯ хира мешаванд, нороҳат аст. Пеш аз ин Абдулкарим роҳаттар метавонист дар маҳфилҳои шодӣ бирақсад ва ё овоз бихонад.

Абдулкарим монанди Мессӣ зан дорад, мисли ӯ як фарзанд дорад ва танҳо фарзандаш низ писар аст.

Аз ҳама муҳимтар ин ки андом, чеҳра ва ранги пӯсташ низ ба сурати хиракунандае ба Мессӣ шабоҳат доранд. Танҳо Абдулкарим ҳудуди 3 сонтиметр аз Лиунел Мессӣ баландтар аст.

Абдулкарим ба футбол ҳам алоқа дорад ва узви як тими маҳаллӣ дар Ҳирот аст.

Ӯ монанди Мессӣ дар пушти муҳоҷим бозӣ мекунад ва дар рад кардани тӯб аз мудофеъони ҳариф ҳам маҳорат дорад.

Худаш пеш аз он ки ба далели монандӣ ба Мессӣ ба шуҳрат бирасад ва дар конуни таваҷҷуҳи дигарон қарор бигирад, аз тарафдорони сарсахти тими футболи Барселонаи Испания ва аз алоқамандони Мессӣ буд.

Ӯ ҳоло тақрибан ҳама бозиҳоро ба хотири Мессӣ ва тимаш дунбол мекунад.

Нигоҳаш ба Барселона ва ситораи мавриди алоқааш ҳам комилан дигаргун шуда, то ҷое ки мегӯяд, агар тавони молӣ медошт, ҳатман ба дидори Мессӣ мерафт.

Замоне Фронсуо Брунилӣ, аккоси машҳури фаронсавӣ 200 акс аз афроде таҳия карда буд, ки бе ҳеҷ робитаи генетикӣ шабоҳати зиёде бо ҳам доштанд. Вале нимнигоҳе ба он аксҳо нишон медиҳад, ки шабоҳати Абдулкарими Ҳиротӣ ба Лиунел Месии аргентинӣ бисёр бештар аз он афроде аст, ки Брунилӣ аз онҳо акс гирифта буд.

Манбаъ: Би-би-сӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97