Президент тими олимпии Тоҷикистонро Сочи мебарад

Варзиш 01.02.2014 13:04

Emomali Rahmon sochiИнтизор меравад, тими олимпии Тоҷикис-тонро дар Сочи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳам ҳаст, шахсан раҳбарӣ кунад.

Дар ин бора ба хабаргузориии РИА НовостиНаргис Набиева - раҳбари раёсати варзиш дар Кумитаи ҷавонон ва варзишу сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Азми Эмомалӣ Раҳмон барои раҳбарии тими олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Сочи дар ҳолест ки дар арафаи Бозиҳои Сочи ҳомиёни ҳуқуқ аз сарони бисёре аз кишварҳои ғарбӣ даъват кардаанд, ки ба нишони эътироз ба вазъи ҳуқуқи башар дар Русия ва сиёсатҳои худкомаи раиси он ҷумҳурӣ Владимир Путин ба Сочи нараванд.  Дар пайи қатли чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ва ихроҷи мардикорони тоҷик аз Сочӣ баъди анҷоми сохтмони иншооти олимпӣ дар Тоҷикистон низ даъватҳое аз Эмомалӣ Раҳмон баланд шуд, ки аз ширкат дар расми кушоиши Олимпиадаи Сочи худдорӣ кунад.

Бо ин ҳол, субҳи 28-уми январ ҳайати Тоҷикистон - иборат аз 2 варзишгар, 2 мураббӣ ва 2 масъули Кумитаи миллии олимпӣ - барои ширкат дар Олимпиадаи зимистона субҳи имрӯз, 28-уми январ, ба Сочи сафар кард.

Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ аз 7-ум то 23-юми феврал дар Сочии Русия баргузор мешаванд. Дар ин Олимпиада ширкати беш аз 2800 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Онҳо барои 98 маҷмӯи медалҳо дар 7 риштаи варзиш (биатлон, бобслей, кёрлинг, хоккей, чанаронӣ, конкитозӣ ва лижаронӣ), ки боз навъҳои худро доранд, мубориза мебаранд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, "дар ин рӯйдоди бузургтарини варзишии соли 2014 намояндагони Тоҷикистон танҳо дар як намуд - лижаронии кӯҳӣ ширкат хоҳанд кард. Ба ҳайати варзишии кишвар ду варзишгар - Андрей Дригин бо мураббиаш ваАлишер Қудратов бо мураббиаш Ибодулло Қурбонов, раиси Федератсияи намудҳои варзиши зимистонаи Тоҷикистон, инчунин, банда ва Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки раҳбари гурӯҳ мебошад, дохиланд. Лижарони пуртаҷриба Андрей Дригин дар навъҳои слалом-гигант ва слалом имтиёзҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи иҷро кардааст. Варзишгари дигари мо Алишер Қудратов бошад,дар навъи слалом меъёрҳои муқарраршударо ба ҷо овардааст. Бояд гуфт, ки тасмими додани роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба ин ду варзишгари Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ дар ҷаласае, ки бо намояндагони се ҷониб - Федератсияи байналмилалии лижаронӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барпо мегардад, гирифта мешавад. Мо мехоҳем, ки ҳарду роҳхат бигиранд, яъне Дригин дар навъи слалом-гигант ва Қудратов дар навъи слалом. Агар танҳо ба як нафар роҳхат дода шавад, мо Алишер Қудратовро пешбарӣ мекунем ва ӯ, инчунин, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мешавад."  

Андрей Дригин танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 дар Турини Италия ва соли 2010 дар Ванкувери Канада дар навъҳои мухталифи мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.

Алишер Қудратов бошад, соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат наварзидааст.

Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш- Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. ? дар тӯли як моҳи ахир дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия иштирок карда, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 иҷро кардааст.

Алишер Қудратов соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супер-гигант дар байни 24 нафар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom ҷойи 15-умро гирифта буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97