Тоҷикистон аз Пекин то Лондон: як дона биринҷ ва як қадам ба ақиб

Варзиш 25.08.2012 09:40

 

london-2012Шоми 12 август бозиҳои сиюмин давраи Олимпиада дар Ландан бо баргузории як маросими бошукӯҳ ба поён расид ва мизбонии Олимпиадаи баъдӣ ба таври расмӣ ба шаҳри Рио Дужонейрои Бразил вогузор шуд.

Дар ин маросим, ки беш аз се соат идома ёфтааст, бисёре аз бузургтарин ситораҳои мусиқии попи Бритониё дар даҳаҳои ахир, аз ҷумла гурӯҳи Спайс Гарлз (Spice Girls) Ҷорҷ Майкл ва Албу ба ҳунарнамоӣ пардохтанд.

Жок Рог, раиси Кумитаи байналмилалии Олимпиада, ки андаке қабл аз нимашаб, рақобатҳои Олимпиадаи соли 2012-и Ланданро хотима ёфта эълом кард, гуфт: "Мо ҳаргиз лабхандҳо, муҳаббат ва ҳимояти нируҳои довталаби фавқулодаеро, ки қаҳрамонони ин бозиҳо буданд, фаромӯш нахоҳем кард. Шумо тамошочиён ва мардум, мусиқии матни ин бозиҳоро таъмин кардед. Ташвиқҳои пуршури шумо ба варзишкорон ниру дод ва фазои шавқангезро дар ҳама майдонҳои рақобати Олимпиада ба армуғон овард."

Беҳтаринҳои Бритониё

Би-би-сӣ менависад, дар поёни маросим, ки дар ҳузури беш аз 10 ҳазор варзишкор ва 80 ҳазор тамошочӣ баргузор шуд, шӯълаи Олимпиада ба шакли дромотике хомӯш шуд. Ҳар як аз кишварҳои ширкаткунанда дар ин рақобатҳо, як шоха аз машъалро дарёфт хоҳанд кард.

Дар ҳоле ки осмони фарози варзишгоҳи ҷануби Ландан бо оташбозӣ нурафшонӣ шуда буд ва гурӯҳи Who таронаи "Насли ман"-ро иҷро кард, бороне аз буридаҳои коғазии қирмиз, сафед ва обӣ бар кулли фазои стадион пахш шуд. Интиҳои маросим, ки бо овои ноқуси соати Биг-Бени Ландан оғоз шуд, тақдире буд аз мусиқӣ, муд ва фарҳанги Бритониё.

Шоҳзода Ҳерӣ ба намояндагӣ аз маликаи Елизавет дар ин маросим ширкат кард ва саҳнаи иҷрои маросими ихтитомия ба шакли парчам тарроҳӣ шуда буд. Беш аз 3500 нируи довталаб дар иҷрои ин маросим ширкат доштанд.

Дар бахше аз маросим гурӯҳи Spice Girls,ки бо панҷ таксии сиёҳи маъруфи Ландан вориди саҳна шуданд, таронаи Spice Up Your Life-ро иҷро карданд ва баъд гурӯҳи Take That бо ҳузури ғайричашмдошти худ таронаи маъруф ва ошиқонаи "Мо метавонем дунёро бигардонем"-ро иҷро карданд.

Ким Говин, ки коргардонии ҳунарии маросимро ба уҳда дошт, бисёре аз ситораҳои дигари олами ҳунари Бритониё, аз ҷумла Ҷурҷ Майкл, Ҷеси Ҷей, Маднес (Madness) ва гурӯҳи Пет Шоп Бойз(Pet Shop Boys)-ро барои иҷрои ин маросим гирди ҳам оварда буд.

Ишғоли зинаҳо: бозиҳои тиллоии Амрико ва як дона биринҷи Тоҷикистон

Дар бозиҳои Олимпиадаи Лондон - 2012 тайи 17 рӯз варзишгарон аз 204 кишвари дунё барои 302 нишони тило дар 26 навъи варзиш рақобат карданд ва намояндагони 85 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон низ соҳиби медал шуданд. Дар поёни рақобатҳои ин бозиҳо, тими варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо даст ёфтан ба 47 медали тило, 29 медали нуқраву 29 медали биринҷӣ ҷамъулҷам 104 медали олимпӣ садрнишини рақобатҳо шуд. Чин бо соҳиб шудан ба 38 медали тило, 27 нуқра, 22 биринҷӣ ва дар маҷмуъ бо 87 медали олимпӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Ва  мизбони ин мусобиқот Бритониё бо гирифтани 29 медали тило, 17 медали нуқра, 19 медали биринҷӣ ва дар маҷмуъ бо 65 медал ҷойи севумро касб кард.

Корвони варзишии Русия дар Олимпиадаи Лондон соҳиби 82 медал шуд, аммо бо сабаби шумори камтари нишонҳои тилоӣ, ки дар маҷмуъ 24 то аст ва 25 медали нуқра ва 33 медали биринҷӣ дар ҷадвали натиҷагирии ин мусобиқот ҷои чорумро ишғол кард. Дар миёни тими варзишии Русия, агарчӣ дигар миллиятҳои собиқ шӯравӣ парчами Русияро боло мебардоштанд, ягон тоҷиктабор ширкат надошт. Русия дар Олимпиадаи Пекин бо касби 72 медал; 23 тилло, 21 нуқра ва 28 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз ҷиҳати шумораи медалҳои тило ва ҳам аз ҷиҳати шумораи умумии медалҳо дар ҷойи севум қарор дошт. Аммо тими варзишии Русия дар Олимпиадаи Лондон як зина поин фаромад, вале нисбат ба Олимпиадаи Пекин 1 медали тило ва 5 медали биринҷӣ зиёдтар гирифта, шумораи умумии медалҳо 10 то зиёд шуд. Вале дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия як зина поин фуромад.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ Қазоқистон бо 7 медали тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ дар зинаи 12-ум ва Украина бо 6 нишони тилову 5 нуқра ва 9 биринҷӣ дар мақоми 14-ум қарор гирифтанд.

Агар СССР побарҷо мебуд, аз Амрико пешӣ дошт

Ба гуфтаи Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиш расонаҳо бо ишора ба пешинаи Бозиҳои олимпӣ, ки дар даврони Ҷанги сард ба як навъ майдони рақобати Амрикову Шӯравӣ табдил ёфта буд, ҳисоб кардаанд, ки агар Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо мебуд ва варзишкорон аз ин паҳно ҳамчунон таҳти як парчам сабқат мекарданд, метавонистанд дар Лондон бар Амрико пешдаст шаванд.

Кишварҳои Шӯравии собиқ дар Бозиҳои имсола ба сурати дастаҷамъӣ 164 медал ба даст овардаанд, ки аз 104 нишони тими Амрико бештар аст. Дар ҳисоби танҳо нишонҳои тило низ кишварҳои пасошӯравӣ дар маҷмӯъ соҳиби 47 тило шудаанд, ки низ аз 46 медали тилои варзишкорони амрикоӣ дар Олимпиадаи Лондон мегузарад.

Пешрафти Эрон, покӯбии Афғонистон ва ақиб задани Тоҷикистон

Тими Эрон бо касби 4 медали тило, 5 нуқра ва 3 медали биринҷӣ дар зинаи ҳабдаҳуми ҷаҳон истод, ки беҳтарин натиҷаи тими Эрон дар 14 давраи мусобиқоти Олимпиадаи гузашта маҳсуб мешавад. Тоҷикистон ва Афғонистон бо касби 1 медали биринҷӣ дар зинаи 79 ҷадвал қарор гирифтанд. Барои Афғонистон, ки дар бозиҳои олимпии Пекин низ сазовори 1 медали биринҷӣ шуда буд, агарчӣ натиҷаҳои бозии Олимпиадаи 2012 боиси хушҳолӣ нест, аммо шигифтовар низ нест. Аммо ҳосили ба дастовардаи тими варзишгарони Тоҷикистон дар ин бозиҳо нишон дод, ки бо вуҷуди шиор доданҳои зиёд дар мавриди таваҷҷуҳи бештар ба варзиш Тоҷикистон нисбат ба бозиҳои олимпӣ дар чор соли пеш ақиб уфтодааст.

Дар ин рақобатҳо ҳамчунин дар маҷмӯъ 44 рекорди ҷаҳонӣ, 117 рекорди Олимпиада шикаста шуд.

1 медали биринҷиии 16 варзишгари Тоҷикистон

Тоҷикистон дар мусобиқоти Олимпиадаи Лондон-2012 бо 16 варзишгар ширкат кард, ки шомили 3 зан ва 13 мард буд. Ин варзишгарон дар 7 бахш; бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквондо, тирандозӣ ва шиноварӣ қувваозмоӣ карданд. Танҳо як нафар муштзан Мавзуна Чориева дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Понздаҳ варзишгари Тоҷикистон; тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочиён Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, гуштигирони тарзи озод Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Искандари Рустам натавонистанд барои Тоҷикистон дар ин Олимпиада ифтихор биёваранд ва дасти холӣ ба Тоҷикистон бархоҳанд гашт. 

Расулу Юсуф ҳам натавонистанд барои Тоҷикистон обрӯ биоранд

Ин дар ҳолест, ки варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин дар соли 2008  ду медал ба даст оварда буданд. Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кг барандаи медали нуқра ва Расул Боқиев дар дзюдо дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Аммо Юсуф Абдусаломов дар Лондон дар нахустин қувваозмоии худ шикаст хӯрд ва Расул низ натавонист ба медали олимпӣ бирасад ва барои ду пирӯзӣ дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт.

Афтиш; аз зинаи 56-ум ба зинаи 79-ум

Дар Олимпиадаи Пекин Тоҷикистон бо 2 медал дар байни 88 кишваре, ки соҳиби медалҳои олимпӣ шуданд, дар ҳисоби умумидастаӣ ҷойи 65-ум ва дар ҳисоби умумии медалҳо мақоми 56-умро касб карда буд. Вале корвони варзишии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон бо 1 медал дар байни 85 кишвар ҳамроҳ бо Аф?онистон, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Кувайт, Марокаш ва Ҳонконг дар ҷойи 79-ум қарор гирифт.

Бори масъулияти бузурги Маликшо Неъматов ба дӯши Мавзуна афтод

Бино ба навиштаи сайти "Озодӣ" Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, пеш аз сафари Лондон дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 17-уми июли соли равон ба хабарнигорон гуфта буд; "мо бо ду медал дар қатори кишварҳои медалдор ҳастем ва аллакай ҳамон зинаи муҳимро гузаштаем. Ва имрӯз пурсиш аз масъулини варзиш ва варзишгарон аз ду медал он тараф аст. Чунки агар намедоштем, мегуфтанд, ки медал гиред. Имрӯз, ки дорем, мегӯянд, ки дуто доред, дуторо ба инобат нагиред, яъне аз ду бештар. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки ин як масъулияти хеле бузург аст."

Аммо корвони варзишии Тоҷикистон, ки шомили 16 варзишгар буд, аз миёни онҳо танҳо Мавзуна Чориева тавонист дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кило соҳиби нишони биринҷӣ шавад. Ӯ пас аз анҷоми бозии ниҳоии худ, ки аз тарафи ҳарифи ирландии худ шикаст хурд гуфт: "Аз сӯи доварон ноодамӣ шуд. Валекин, иншоаллоҳ, дар Олимпиадаи дигар ман ба ин духтар нишон медиҳам!" Мавзуна ваъда кард, ки дар Олимпиадаи оянда ҳатман нишони тило хоҳад гирифт.Боз хоҳем дид.

Аммо акнун ҳукумат аз Мавзуна, ягона медаловар аз миёни тими варзишии Тоҷикистон  200 000 сомонӣ, ки ваъда карда буд, "Ориёнбонк" мошини "Лексус" ва Ҳизби наҳзати исломӣ як хонаи ду ҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе қарздор шудаанд, ки ҳатман бояд ба Мавзуна ҳангоми расидан ба Ватан инъом шавад. 

Ба иттилои масъулини Кумитаи миллии олимпии кишвар ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки шаби 12-уми август дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон ширкат дошт, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Лондон-Киев-Душанбе соати 1-и шаби 16-уми август ба ватан бармегардад. 

Масъулини варзиши Тоҷикистонро, ки натиҷаи фаъолияташон манфӣ будааст, дар Ватан чӣ "инъоме" интизор аст, танҳо вақт нишон хоҳад дод. Зеро ҳаводису натиҷагириҳо дар Тоҷикистон пешгӯинашавандаанд ва эълому талаби истеъфои масъулини соҳаи варзиши кишвар бо сабаби ноомади кор дар бозиҳои Лондон низ як амали беҳуда хоҳад буд. Чун Тоҷикистон кишвари фавқулода аст. Чӣ дар варзиш, чӣ дар иқтисод ва чӣ дар сиёсат. Не?!

«Миллат»

Farhod_nematov

Noev

 




 




Iskandar_Rahimov

Anvar_Ynusov1

 




 

 

 

Farhod_nematovParviz_Sobirov

 

 

 

 

 

 

Zalimkhan_Ysupov

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97