Вазорати умури хориҷаи Ирон ва ҷомеаҳои мадании форсизабони саросари олам ҳазфи катибаҳои форсӣ-тоҷикиро аз мазори Низомии Ганҷавӣ иқдоми зидди фарҳангӣ хонда ва онро маҳкум намуданд. Оё вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба кӯр кардани осори тоҷикии Низомӣ аз мазори ӯ мувофиқ аст?
Муддатҳо пас аз нашри хабари тахриб шудани катибаҳои форсӣ-тоҷикии мазори Низомии Ганҷавӣ дар пайи таъмири оромгоҳи шоир, телевизони «АСТ»-и Озарбойҷон нахустин тавсирҳоеро аз катибаҳои тарҷума ва таҳрифшудаи мазори ин шоири бузурги адабиёти форс-тоҷик ба намоиш гузоштааст. Хабаргузории донишҷуёни Ирон хабар додааст, ки дар баробари ба ҳарфи лотинӣ овардани катибаҳои таҳрифу тарҷумашудаи мазори Ганҷавӣ бо хати форсӣ низ ин тарҷумаҳои осори Ганҷавӣ оварда шудааст, то ин гуна илқо шавад, ки гӯё ин осор ба озарӣ суруда ва дар мазор ҳаккокӣ шуда бошад ва гӯё ҳаргиз дасткорӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Низомии Ганҷавӣ ҳатто як мисраъ ба забони ғайри форсӣ, аз ҷумла озарӣ нанавишта ва ҳатто гуфтааст, ки «туркӣ сифати вафои мо нест, туркона сухан сазои мо нест».
Хабаргузории ИСНО навиштааст, баъди таъмири ин мазор ҳеч осоре бо забони форсӣ тоҷикӣ аз Ганҷавӣ дар ин оромгоҳ боқӣ намонда, дар ҳоле ки то чанд моҳи қабл ба ҷуз форсӣ ба ҳеч забоне дар ин мазор ҳарфе хонда намешуд.
Низомии Ҷаъфарӣ, раиси маркази Отатурк ва вакили маҷлис, мубтакири ҳазфи пасванди «зода» аз номҳои озарӣ ба телевизиони «АСТ» гуфтааст, форисзабонон ва ирониҳо даъво мекунанд, ки Ганҷавӣ як шоири форсигӯ ва иронӣ аст.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Озарбойҷон низ баъди баҳсҳои тулонӣ дар мавриди кандани катибаҳои форсӣ аз мазори Ганҷавӣ гуфтааст, ки Низомӣ як шоири Озарбойҷон аст ва ин мавзӯъ маҳали баҳс наметавонад бошад.
Халили Юсуфлӣ, раиси маркази Низомӣ дар АУ Озарбойҷон низ гуфтааст, катибаҳои мазори Ганҷавӣ барои он ба озарбойҷонӣ табдил шудаанд, ки гоҳе зиёраткунандагон зимни дидани катибаҳои форсии мазор ба иштибоҳ меуфтоданд ва фикр мекарданд, ки Ганҷавӣ шоири форсизабон аст.
Ҳукумати Озарбойҷон бо сарфи маблағҳои зиёд қасд дорад пайкараи Низомиро дар шаҳрҳои аврупоӣ насб кунад. Ахиран бо 110 ҳазор евро ҳайкали Ганҷавӣ дар шаҳрҳои Руми Итолиё гузошта шуд, ки зери он Низомӣ ҳамчун шоири озарӣ муаррифӣ шудааст. Чунин пайкарае қарор аст дар Фаронса низ гузошта шавад.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ирон ҳазфи катибаҳои форсӣ-тоҷикиро аз мазори Низомии Ганҷавӣ иқдоми зидди фарҳангӣ хондааст.
Оё вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба кӯр кардани осори тоҷикии Низомӣ аз мазори ӯ мувофиқ аст?