Зарурати бозгашт ба ҷаҳонбинии Ҷамшед ва фалсафаи Ибни Ровандӣ

Таърих 26.06.2013 09:47

Komil begzoda 1Соли 2012 китоби файласуфи тоҷик Комил Бекзода бо номи "Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ" дар нашриёти "Дониш" дар ҳаҷми 433 саҳифа ба нашр расид. Ин китоб аз нигоҳи фалсафӣ ва таърихнигорӣ хеле арзишманд буда, дар худшиносии фалсафӣ ва миллии мардуми тоҷик саҳми муҳиме хоҳад гузошт. Ба ғайр аз чанд мавриди баҳсталаб, ин китоб ба забони фаҳмо ва бо далелҳои қотеъ навишта шудааст. Ин китоб бояд ҳар чӣ бештар дастраси хонандагон гардад ва дар  таҳияи фанҳои таълимии мактабҳои миёна ва олӣ аз матолиби он истифода бурда шавад. Аҳамияти ин китоб, пеш аз ҳама, дар бартарияти зерин зоҳир мегардад:

1) Муаллиф сарчашмаҳои якумдараҷаро дар сайри таърихи худшиносии миллии тоҷикон истифода бурдааст.

2) Асари мазкур дур аз таассуботи қавмӣ ва нажодӣ навишта шуда, ҳадди инсонгароӣ ва интернатсионализм дар он нигоҳ дошта мешавад. Муаллиф чандин дафъа таъкид кардааст, ки таълифи ин асар ҳеч гуна надомату ситезеро дар нисбати қавми араб набояд ангезад.

3) Китоб дар ошноии осори донишмандони бузурги иронӣ дар давраи пеш аз ислом ва о?ози ислом, махсусан замони Ҷамшед, Ибни Муқаффаъ ва Ибни Ровандӣ нақши нотакрор дорад. Ба таълимоти ин шахсиятҳо хонандагони тоҷик кам дастрасӣ доранд. Бо истифода аз маводи пешниҳодкардаи Комил Бекзода бояд шахсият ва назарҳои фалсафии Ибни Ровандӣ дар таърихи фалсафаи тоҷик ворид карда шавад ва дар мавриди ӯ татқиқҳои ҳамаҷониба анҷом дода шаванд. Дар китоб (саҳ. 248 259) муаллиф қисман, вале ба таври бисёр бунёдӣ, дар бораи шахсият ва андешаи Ибни Ровандӣ маълумот медиҳад.

Дар ин мақола лозим медонем, ки чанд нуктаи муҳимми китоб бори дигар ёдрас ва таҳлилу баррасӣ гардад:

1) Идеяи баробарӣ дар Ислом

2) Шинохти падидаи Шуубия

3) Шахсият ва андешаи Ибни Ровандӣ

4) Фирдавсӣ ва зарурати бозгашт ба ҷаҳонбинии ҷамшедӣ

Идеяи баробарӣ дар Ислом

Ба назари муаллифи китоб, идеяи баробарӣ ва мусовот ба сарчашмаҳои аслии дини ислом, пеш аз ҳама Қуръон, бегона нест. Бекзода моҳияти аслии дини Ислом, Қуръон, шахсияти пайғамбар, замони ӯ ва давраи ҳукмронии Рошидинро бо давраи дуюми Ислом, ки арабҳои миллатгарои Умавӣ рӯи ҳукумати Хилофат буданд, муқобил мегузорад(100). Ба назари вай, дар давраи якуми ислом одамон баробарӣ мусовот доштанд ва адолати иҷтимоӣ барпо буд. Вале дар давраи дуюм, яъне давраи ҳукмронии Умавиён буд, ки нобаробарӣ ва беадолатӣ дар байни мардумони гуногун падидор шуд ва боиси ба миён омадани Шуубия низ гардид. Чунин ба назар мерасад, ки муаллиф то андозае ин давраро идеализатсия мекунад. Чунин ҷудогузорӣ моро метавонад ба хулосае расонад, ки давраи аввали ислом дар ташаккули давраи дуюм саҳме надоштааст. Ҳатто ин натиҷагирӣ хилофи методологияи муқоисавӣ-таърихӣ аст, ки муаллиф аз он гӯё пайгирӣ мекунад ва инчунин хилофи баъзе тезисҳое низ ҳаст, ки дар саҳифаҳои минбаъдаи китоб ба чашм мехӯранд. Мисол: "Аз тарафи дигар худи таълимоти ислом боиси ихтилоф ва кашмакашҳои зиёде гардида буд." (232).

Ба назари муаллиф, маҳз идеяи баробарӣ дар Қуръон буд, ки ирониён дини Исломро пазируфтанд. Онҳо "дилхуш буданд, ки бо қабули дини ислом бо арабҳо баробар мешаванд..." (15). Ин назари муаллиф бояд бо далелҳо собит шавад; оё дар ҳақиқат ирониён аз пазириши ислом дилхуш буданд ва ё ҷангҳо, ҷизяҳо ва садсолаҳо лозим буд, ки онҳо ин динро қабул кунанд. Онҳо ин динро қабул карданд, вале аз он мазҳаби хосе сохтанд. Аз ин бармеояд, ки ирониён дар қабули ин дин он қадар "дилхуш" набуданд.

Агар ба масъалаи баробарӣ ва мусовот дар Қуръон баргардем, дар ҳақиқат ин китоби муқаддаси исломӣ таъкид мекунад, ки мусулмонон бо ҳамдигар баробар ва бародар мебошанд. Аммо мушкилии Ислом, чун бисёре аз динҳои дигар, марбут ба он аст, ки фақат ҳамдинон баробар ва бародар мебошанд. Ҳатто оятеро, ки муаллиф зикр мекунад ("Инна акрамакум индаллоҳи атқокум" - "Гиромитарини шумо дар назди Худованд парҳезгортарини шумост"), ишора ба он мекунад, ки мақому манзалати инсон аз рӯи дараҷаи диндории ӯ муқаррар мегардад. Чун ҳарф сари муносибат дар байни намояндаҳои динҳои гуногун рафт, ислом идеяи баробариро як сӯ мегузорад ва ба пархошу ҷанг мехезад. Аз ин нигоҳ, мо ҳеч гоҳ пазируфта наметавонем, ки динҳо баробариро дар байни одамон, навобаста ба тааллуқияти динию мазҳабиашон, тарғиб мекунанд. Фарқияти илму фалсафа аз дин маҳз дар ҳамин поя зоҳир мегардад. Барои илму фалсафа дину мазҳаби мардум дуюмдараҷа ва инсон буданашон якумдараҷа мебошад. Навобаста ба он ки одамон дар кадом дину мазҳаб ҳастанд, шомили кадом табақаву ҳизб мебошанд ва ба кадом нажоду миллат тааллуқ доранд, ба ҳамдигар баробар мебошанд.

Барои исботи фикри худ, ки дар оғози ислом мусулмонон ҳама баробар буданд, Бекзода ояти 97-и сураи Тавбаро мисол меорад, ки Худованд арабҳоро куфрпешаву нифоқҷӯтар аз дигарон гуфтааст. "Арабҳои бодиянишин кофартару мунофиқтар аз дигаронанд..." (ояти 97; саҳ. 203). Аммо сураи Тавба на ҳамаи арабҳо, балки як гурӯҳи арабҳои бодиягардро дар назар дорад. Онҳоро бо гурӯҳи арабҳои ба Пайғамбар дар кори ҷиҳод вафодор (муҳоҷирон ва ансор), на ғайриарабҳо муқобил мегузорад. Аз рӯи контектси таърихӣ бигирем, ин сура дар Мадина, дар айни ҷангҳо дар байни мусулмонон ва ғайримусулмонон нозил шуда буд. Дар асл, ин сура сураи басиҷ (мобилизатсия), яъне сураи ҳидоят ба ҷанг аст. Дар ин контексти ҷанг, мунофиқон гуфта онҳое дар назар дошта мешуданд, ки ба зоҳир худро мӯъмин нишон медоданд, аммо дар ботин он набуданд, яъне аз ҷиҳод канорагирӣ мекарданд. Аммо ин ҷо дигарон гуфта на ғайри араб, балки гурӯҳҳо ва қабилаҳои арабӣ - "муҳоҷирин ва ансор" дар назаранд, ки вафодори пайғамбар буданд ва бе ҳеч гуна узр ба ҷиҳод бармехестанд.(оятҳои 98-99; саҳ. 203.)

Аз рӯи ояти 39-и сураи Марям бошад, Худованд қавми арабро барои ҷорӣ кардани дини ислом бахусус аз роҳи ҷиҳод баргузидааст. Ба таври норавшан ҳам бошад, баргузида будани араб дар ислом ишора шудааст, ки хоҳ-нохоҳ идеяи нобаробариро дар асли дини ислом асос гузоштааст.

Даъвои баргузидагии арабҳо, бахусус арабҳои қурайшӣ, муҳоҷирин ва ансор дар суннати насабноманависӣ низ таҷассум гардидааст. Гарчанде Бекзода ансоб (насабнома ё худ шаҷаранома)-ро падидаи мусбат дар фарҳангу ҷомеаи арабӣ медонад (75-6), аммо дар асл дар таърихи ислом он нобаробарии одамонро таҳким бахшида, боиси ташаккули қишрҳои нобаробар аз рӯи насаб гардидааст. Аз ҷумлаи табақаҳои имтиёздори исломӣ сайидиҳо мебошанд, ки аз қабилаи Қурайш ва аз хонадони Пайғамбар иборатанд.

Идеяи мусовоту баробарӣ дар тамоми динҳо ва аз он ҷумла дар ислом ба маънои пуррааш дар амал ба мушоҳида намерасад. Баробарӣ дар асл дар сурате маъно дорад ва амалӣ мешавад, ки пойбанди таълимоти динӣ набошад. Аз рӯи принсипҳои гуманистӣ, ҳам диндор ва ҳам бедин баробар мебошанд. Аммо дини ислом чун дигар динҳо чунин баробариро намепазирад, аз он ҷумла "аҳли тасвия"-и он низ. Бекзода чун далели мусовот ояти 13-и сураи Ҳуҷуротро меорад. Аммо ин қонеъкунанда нест, чун дар охири оят меояд, ки "Ҳар оина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост" (Оятӣ, 1380, саҳ. 518). Бо ин Қуръон табақаҳои қавмию нажодиро ба хотири густариши дини ислом аз байн бурда, табақаҳои мазҳабӣ ба миён меорад. Диндорон ҳамеша аз бединон бартар ва азизтар барои Худо ҳастанд. Аммо шарти аввали баробарӣ ин бародарӣ дар байни ҳама, навобаста ба он ки онҳо диндоранд ва ё бедин мебошад. Дар ҳоле ки Қуръон дар чандин ҷоҳо диндоронро азиз ва бединонро душмани Худо медонад. Худи сураи "Тавба" аз оғоз то ба охир далели ин гуна нобаробарӣ аст. Ба боварии том метавон гуфт, ки ҷавҳари дини Ислом бузургманишии арабҳоро ташкил медиҳад ва барои ҳамин ҳам боиси пайдоиши Шуубия гардида буд.

Шинохти падидаи Шуубия

 Афкори Комил Бекзода дар ин китоб аз ҷиҳати шинохти фактҳо ва равандҳои инкишофи таърихӣ ҷолиб мебошад. Тибқи методологияи муқоисавӣ-таърихии марксистӣ, огоҳии миллӣ маҳсули давраи муносибатҳои капиталистӣ мебошад, маҳсули даврае, ки давлати миллӣ аввалин маротиба ташаккул меёбад. Дар давраи феодализми асримиёнагӣ шуури динӣ асоси муносибатҳои ҷамъиятиро ташкил медод. Ҳамин гуна таълимоти монандро мактаби фалсафии позитивизм ҳам пешкаш мекунад. Огюст Комт давраи асрҳои миёнаро давраи ҳукмронии идеологияи динӣ (теология) ва давраи навро давраи ҳукмронии илм меномад.

Аммо мутолиаи китоби Бекзода чунин тақсимоти форматсионии таърихро дар зери шубҳа ва савол мегузорад ва аз ин рӯ, моро водор мекунад, ки барои шинохти таърих методологияи бештар илмӣ таҳия кунем. Хулосаи муаллиф дар китобаш аз он иборат мебошад, ки Шуубия чун шакли худшиносӣ ё шуури миллӣ дар асрҳои миёна, дар давраи ба истилоҳ феодализм ва ҳукмронии дин низ вуҷуд дошт. Боиси пайдоиши чунин ҳувият ва огоҳӣ дар заминаи миллӣ ва нажодӣ, на давлатдориҳои миллӣ  истибдодҳои ҳукумати Умавиён будааст.

Мо аз далелҳои кофии ин китоб, ки аз сарчашмаҳои муътамади асримиёнагӣ ҷамъоварӣ шудаанд, ба хулоса мерасем, ки муайян кардани инкишофи таърихӣ аз рӯи категорияҳо ва қонуниятҳои маъруф чун форматсия ё худ шаклҳои ҳастии таърихӣ (ғуломдорӣ - феодализм - капитализм - сотсиализм), шакли шуури таърихӣ (мифология - теология - сотсиология), шаклҳои ҳастии иҷтимоӣ (қабила - мазҳаб - миллат), инкишофи эволютсионӣ ва монанди инҳо ба ҳақиқат наздик нест. Дар асл, "инкишофи таърихӣ" бе ширкати одамон ва бе дахолати бевоситаи онҳо ғайриимкон аст.

Дар мавриди Шуубия, пеш аз ҳама, эҳсоси хатари вуҷудӣ, ки мардумони гуногун аз он ҷумла ирониҳо аз сиёсати истибдодии Умавиён таҷриба мекарданд, онҳоро ҳувияти миллӣ бахшид. Маҳз ба хотири ҳимояи худ аз зулму тааддии Хилофат ирониҳо ва дигар мардумон ба фарҳангу таърихи пешазисломии худ рӯ оварданд. Ин як гуна кӯшиши онҳо буд, ки мехостанд худро аз назари сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз ҳукумати истибдодии арабҳо ҷудо ва мустақил созанд. Дар ин робита, методологияи "бехатарии вуҷудӣ "онтологӣ" пешниҳод мегардад, ки омили хатари вуҷудиро муҳаррики асосии равандҳои муҳимми таърихӣ мешуморад. Шуубия низ дар заминаи чунин хатар - эҳсоси хатари ирониҳо дар муқобили Хилофат, ки ба дину фарҳанг ва нажодҳои ғайриараб муносибати негативӣ дошт, ба миён омада буд. Маҳз чунин ҳаракатҳои шуубӣ дар Ирону Осиёи Миёна буданд, тасдиқ мекунад муаллиф, ки боиси барҳам хурдани хилофати Умавиён ва барпо шудани хилофати Аббосиён гардид (3).

Муаллиф нишон медиҳад, ки суст шудани таассубҳои арабгароӣ дар як давраи Аббосиён боиси паст гардидани шиддати шуубигарӣ низ мешавад (4). Ин далели муаллиф методологияи "бехатарии онтологӣ"-ро собит мекунад, ки коҳиши хатари вуҷуди эҳсосоти миллатгароӣ ва ҳамчунин дингароиро заиф мекунад, дар ҳоле ки Шуубия як аслиҳаи дифоӣ аз хатарҳо буд.

Бекзода бисёр бамаврид ду назари мухолифи ду муҳаққиқро меорад, ки сабабҳои пайдоиши Шуубияи ирониро ба тарзи худ шарҳ додаанд. Ба назари олими араб, Саллум ас-Сомароӣ, сабаби пайдоиши Шуубия ифротгароиҳои миллӣ ва динии ирониҳо будааст, ки онҳоро аз оғози ислом дар муқобили арабҳо ва дини ислом гузоштааст. Ба назари дигар пажуҳишгар - Ҳусайналии Мумтаҳан бошад, сабаби пайдоиши Шуубия на дар ифротгароии ирониҳо балки дар ифротҳои сиёсӣ, динӣ ва нажодии ҳукумати Умавиён будааст. Муносибатҳои истибдодии ин Хилофат, пеш аз ҳама, табақаи ғуломон аз ҳисоби мардумони ғайриарабро бо номи "маволӣ" ба вуҷуд овард ва ҳамчунин қавму миллатҳои дигарро дар мақоми пасттар аз арабҳо мегузошт.

Ҳамин гуна, муносибатҳои таҳқиромез ва хатарноке, ки барои дигар миллатҳо эҷод шуда буданд, боиси ташаккули наҳзати Шуубия гардид. Ин муносибатҳо, пеш аз ҳама, марбут буданд ба қатлу ғорате, ки сардорони араб (Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, Язид ибни Муҳаллаб ва Қутайба ибни Муслим) дар маҳалҳо барпо мекарданд, ғаниматгириҳо, молиёт (андоз)-и сангин, молиёти солонаи ҷизя (чуноне ки аз ояти 29-и сураи Тавба бармеояд, ҷизя чун навъи ҷазо ба номусулмонон гузошта мешуд), маволӣ (ғулом) кардани миллатҳои ғайриараб, тасарруфи ниме аз кормузди рӯзонаи онҳо, пиёда ба ҷангу кор бурдани маволӣ, маҳрум кардани маволӣ аз ҳаққи доштани куния ва ғайриарабро ба вазифаҳои давлатӣ роҳ надодан  (101). Чун ин вазъият шароити зиндагии мардумро бадтар аз марг кард, аз ин рӯ, мардум исён мекарданд ва ҳаракатҳои оппозитсиониро алайҳи ислом таъсис медоданд. 

Аҳволи мардум бахусус маволиҳо дар аҳди "ҳукмронии хунхорона ва ваҳшатангези Ҳаҷҷоҷ дар Ироқ" бисёр бад буд. Ин ҳоким 120 ҳазор касро кушт. Дар зиндонаш 50 ҳазор мард ва 30 ҳазор занро нигоҳ медошт ва ба онҳо намаку оҳак дар об ва саргини гову хар медод (158).

Истибдод ба  фарҳанг низ таъсир мерасонид "Дар он давра чун навиштан ба забони форсӣ гуноҳ шумурда мешуд ва нависанда таҳти назорат қарор мегирифт…" (185). Саъд ибни Ваққос бо фармоиши Умар ибни Хаттоб ҳамаи китобҳоро дар Мадоин ҷамъ оварда ба об афканд (163).

Шоир Исмоили Ясор дар ҳузури Ҳишом ибни Абдумалик (халифаи Умавӣ) шеъре дар ситоиши эрониён ва фурӯмоягии арабҳо гуфт, ки дар натиҷа халифа ӯро ҳукми қатл дод (104).

Ибни Муқаффаъ "ба ишораи халифа бо кинакашии ваҳшиёна пора¬ пора ва дар оташ сӯзонда шуд." (189). Барои куштани ӯ дар ин дунё оташи дӯзахи ваъдагиашонро дар охират барпо карданд; зинда ба зинда узвҳои баданашро бурида, як як дар танӯр партофтанд.

Маҳз ҳамин гуна муносибатҳои нобаробар ва аз ин рӯ нигаронӣ аз тақдири шахсӣ ва таърихи қавмии худ буд, ки донишмандон чун Ибни Муқаффаъ, Ибни Ровандӣ ва Сӯҳравардӣ ба донишҳои пешазисломии Ирон рӯ оварданд ва шоироне чун Асадии Тӯсӣ ва Фирдавсӣ онҳоро дар шакли шеър баён карданд. Шиддат ва ҳассосияти чунин нигаронӣ буд, ки Фирдавсӣ ба пуррагӣ аз истифодаи вожаҳои ғайритоҷикӣ парҳез кард (6-12).

Шахсият ва андешаи Ибни Ровандӣ

Қисмати ҷолиб ва муҳимми китоби Бекзода ба шахсияти файласуфи бузурги иронӣ - Ибни Ровандӣ (827-911) бахшида шудааст, ки ақидаҳои динӣ (исломӣ)-ро бо андешаи фалсафии худ рад карда буд. Ба назари Бекзода, Ровандӣ ҳалқаи пайванд дар байни Шуубия ва риндигарӣ (райвандигарӣ, ровандигарӣ)  буд.

Омӯзиши фалсафаи Ибни Ровандӣ чун Ибни Сино ба таври густарда ва ҳаматарафа ба роҳ монда шавад ва ба таври муфассал низ дар барномаҳои таълимӣ ворид карда шавад. Касе баробари Ибни Ровандӣ аз худ ҷуръати баланди фалсафӣ нишон надодааст. Танҳо баъзе аз назарҳои монандро минбаъд Абуҳайёни Тавҳидӣ, Абулалои Маарӣ ва Умари Хайём баён кардаанд (251).

Ибни Ровандӣ баландтарин нуқтаи ақлу мантиқ ва фалсафаи иронӣ мебошад, ки мутаассифона баъд аз ӯ ба таври даркорӣ идома наёфт. Ӯ чун шуубиён дар самти "барҳам задани идеологияи исломӣ ва давлати арабӣ" фаъолияти илмӣ ва фалсафӣ мекард (258). "Ба ин хотир, баъд аз вафоташ, тамоми осори ӯро нобуд карданд. Ба навиштаи сарчашмаҳои гузашта, Ибни Ровандӣ 114 китоб бар зидди Қуръон таълиф намудааст." (258)

Ибни Ровандӣ дар шинохти олами ҳастӣ файласуфи комил мебошад, ки ба ақлу мантиқ такя мекунад. Ба сабаби аҳамияти калони илмӣ-фалсафӣ доштани андешаҳои фалсафии Ибни Ровандӣ, мо бори дигар онҳоро аз китоби Бекзода ба таври мухтасар такрор мекунем.

Ровандӣ сабаби пайдоиши ақидаҳои диниро дар "оҷизии одамон дар шарҳу ҳалли масъалаҳои табиат ва ҷамъият, тарсу ваҳм, охират ва монанди инҳо мебинад. Ин нуктаҳо ба назарияҳои муосири илмӣ оид ба пайдоиши дин, сабабҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ ва решаҳои психологии он ҳамвазнанд." (252-3) Ҳамин гуна, мавҷудияти Худо аз назари фалсафӣ исботнашаванда мебошад. Ибни Ровандӣ нишон медиҳад, ки образи худое, ки мусулмонон доранд, ҳатто заифтару ранҷуртар, нотавонтару дасткӯтоҳтар, золимтару дурӯғгӯтар ва нодонтар аз худи бандагонаш аст. Бо ҳамин, Ровандӣ исбот мекунад, ки ҳама сифатҳое, ки дар бораи Худо сохта шудааанд,  беарзишанд. Ӯ аз роҳи илмӣ-мантиқӣ ҳамаи динҳову китобҳои муқаддасро танқид мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ҷаҳони ҳастӣ қадим ва азалӣ буда, аз тарафи ҳеч худое офарида нашудааст. Инсон низ дар ин ҷаҳон тобеи қонунҳои илоҳӣ нест. Чун растанӣ ва дигар мавҷудот, инсон худбахуд ба вуҷуд омада, инкишоф ва камол меёбад. Ӯ ҳамин гуна дахолати Худоро дар тақдири инсон рад мекунад ва мегӯяд, ки эҳёшавии динии инсон низ амри муҳол аст (248-256).

Фирдавсӣ ва зарурати бозгашт ба ҷаҳонбинии ҷамшедӣ

Китоби Комил Бекзода бо тавсифи шахсият ва андешаи Фирдавсӣ анҷом меёбад. Бори дигар муаллиф таъкид мекунад, ки "Фирдавсӣ нажодпараст ва мазҳабпараст набуд", балки андешаи воқеъбинонаи гуманистӣ пешниҳод карда буд (367). Ӯ дар "Шоҳнома" "ҳамаи фазилатҳову разилатҳои эрониву арабу турониро ба тарозӯи ақли солими башарӣ, на бо қолабҳои хурофотӣ ва фарсудаю ифротии динӣ ва нажодии шуубиён..." месанҷид (382). Барои исботи назари худ, муаллиф қаҳрамонҳои Эрон ва Тӯронро номбар мекунад, ки дар байни онҳо новобаста ба тааллуқияти миллиашон ҳам некон ва ҳам бадон мавҷуд буданд.

Ба таври куллӣ, муаллиф Фирдавсиро тарафдори илму дониш медонад. Ӯ дар байни дониш ва дин фарқ мегузорад ва одамонро ба илму дониш ҳидоят мекунад:

Хирадманд к-ин достон бишнавад,

Ба дониш гирояд, ба дин награвад (373).

Бекзода муҳимтарин бахши "Шоҳнома"-ро "Достони Ҷамшед" медонад, ки ба тавсифи подшоҳии Ҷамшед бахшида шудааст. Бешубҳа, ин достон нимаафсонавӣ мебошад, аммо идеяи асосии он имрӯз ҳам метавонад мавриди қабул бошад. Ҷамшед дар давоми подшоҳии худ бисёр мушкилиҳои одамонро осон кард, сарҳадҳои кишварашро чанд баробар густариш дод ва билохира беморию маргро низ барҳам зад. Дар замони ӯ одамон пиршавӣ ва мурданро намедонистанд. Маҳз ҳамин идеяи бемаргии одамон ва зиндагии ҷовидонии онҳо дар ин ҷаҳон, мегӯяд Бекзода, бояд ба асоси таълимоти фалсафӣ ва фаъолиятҳои илмию амалии мо табдил ёбад. Ба ҷаҳонбинии ҷамшедӣ баргаштан ба ҳамин маъно, яъне барҳам задани марги ҷисмонии инсон мебошад. Хонандагон огоҳӣ доранд, ки Бекзода ин назарашро дар чандин асарҳояш, аз он ҷумла дар "Гурез аз Хайём" (2002), "Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи марг бо зиндагӣ" (2004) ва ахиран дар "Ҷаҳонбинии оянда (Ҷаҳонбинии алтернативӣ)" (2013) ба таври муфассал шарҳ додааст.

Ҳафиз Холиқзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97