Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Чи диловарест дузде, ки ба каф чароғ дорад

Таърих 26.01.2013 10:32

ё андешаҳо пиромуни мақолаи Л. Бойматов "Масовизм" дар Институти таърихи Академияи улум"

MasovizmНақд дар пешрафти воқеъбинонаи ҳама гуна равияи илмӣ, бавижа илмҳои ҷамъиятшиносӣ аз аҳамияти муҳиме бархӯрдор аст. Дар замони Шӯравӣ нақд дар соҳаи таърих ва адабиёт хеле пешрафта буд. Аммо дар ин 20 соли охир нақд арзиши илмии худро аз даст дод ва танҳо бар пояи "дӯстдориҳо" ва "бадбиниҳо" идома пайдо кард.

Дар шумораи 9 январи 2012 (бояд 2013 бошад!)-и хеш ҳафтаномаи "Миллат" ба истилоҳ "нақде"-ро ба китоби "История таджикского народа" ("Таърихи халқи тоҷик"), Душанбе, 2010, ки муаллифи он Л. Бойматов аст, ба нашр расонид.

Савоб мебуд ин ҳафтанома тараферо, ки ин "нақд" ҳадаф қарор гирифтааст, дар ҷараён мегузошт, то посух ба он нақд дар як шумораи рӯзнома ҳамзамон ба табъ мерасид ва хонанда хулосаи худро мебаровард. Зеро дар ин мақола нукоте баён шудааст, ки аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст ва бар пояи ғараз иншо шуда, муаллифи он як ниҳоди муҳтарами илмии Академияи илмҳои Тоҷикистонро бо ҳарзагӯиҳояш туҳмат кардааст.

Мақолаи ба истилоҳ "мунаққид" Бойматов аз ду бахш иборат буда, бахши аввали он ба "баррасии" боби якум ва дуюми "История таджикского народа" ва бахши дуюми он "Қазияи ҳимояти илм ва "равиши ҷадиди илмӣ", ки ба фаъолияти Институти таърих "ихтисос" ёфтааст, бахшида шуда.

 Чаро аз нашри китоби бунёдии "История таджикского народа" ду сол мегузарад ва дар ин муддат Бойматов хомӯшӣ ихтиёр карда, танҳо дар ин авохир ба навиштани мақолаҳои "интиқодӣ", ки ба фаъолияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ бахшида шудааст, шуруъ кардааст. Ба ин савол хонандаи закӣ дар ҷараёни посух гуфтан ба мақолаи Бойматов дар ин нигориш ҷавоб пайдо хоҳад кард.

Нахуст дар бораи қисмати аввали мақолаи Бойматов. Ба ҷуз аз сарсатри якум, дуюм ва чаҳоруми мақола, ки Бойматов маҷбур шудааст воқеиятро пазирад, бақияи нигоштаҳои муаллиф комилан ғайриодилона ва аз зери айнаки ғаразҳо ва камбиниҳо навишта шудааст. Дар ин ҷо дидаи хаффошии Бойматовро матолиби бисёр муҳими чун рӯз равшани китоб дар ранҷу ано қарор додаст.

Бойматов ғалат кардааст, менависад, ки дар боби аввали ин китоб: "Тафсири мавзуъоти фавқ (яъне иқтисод, кишоварзӣ, анвоъи заминдорӣ, маҷбуриятҳои феодалӣ (бояд андоз ва маҷбуриятҳо аз замин мебуд!), пешаварӣ ва ғ.) асосан бо иттилооти илмии солҳои 40-60 маҳдуд шуда…". Л.Бойматов нахостааст бинад, ки чунин адабиёти илмӣ, мисли: Искандаров Б.И. "Социально-экономические и политические аспекты быта истории памирских княжеств" (Душанбе: Дониш, 1983); Аримджанова С.А. "Государство Бабура в Кабуле и Индии" (М., 1977); Б.А.Ахмедов. "История Балха" (Ташкент, 1982); Аршавская З.А., Ртвеладзе Э.В.,Хакимов З.А. "Средневековые памятники Сурхандарьи" (Ташкент, 1982); Давидович Е.А. "История денежного обращения Средневековой Средней Азии" (М., 1983); Полякова Е., Рахимова 3. "Миниатюра и литература Востока" (Ташкент. 1987); Давидович Е.А. "Корпус золотых и серебряных монет Шейбанидов XVI век." (Москва.,1992); С.Рахматуллаева. "Средневековое зодчество в миниатюрах Мавераннахра ХV-ХVII вв." (Душанбе: Дониш, 1997); Пирумшоев Х. "Российско-среднеазиатские отношения XVI- середины XIX веков в русской историографии" (Душанбе, 2000); Мирбабаев А., Мукимова С., Усманов К. "Средневековая городская культура Центральной Азии" (Душанбе, 2001) Барфилд Т. "Мир кочевников скотоводов" // Кочевая альтернатива социальной эволюции. Серия "Цивилизационное измерение". (Т.6.-Москва, 2002); Мукимов Р., Хакимов Н. "Строительная культура Гиссарской долины X -XX вв." (Душанбе, 2003); Додхудоева Л. "Лидeрство в культуре. Центральная Азия в древности и средневековье" (Душанбе, 2003); Камол Х. "История мазаров Северного Таджикистана" (Душанбе, 2005); Мукимов Р.С. "Архитектурно-художественное наследие Центральной Азии" (Душанбе, 2006) ва ғайраҳо, ки баъди солҳои 60-ум ба нашр расидааст, дар баррасии масоили мухталифи боби мазкур фаровон истифода гардидааст.

Бойматов боз ҳам ғалат мекунад, ки мегӯяд: "муаллифи ин бахш аз истифодаи ҷадидтарин дастовардҳои макотиби шарқшиносии урупоӣ… комилан бебаҳра аст". Намунаи осори мусташриқини аврупоӣ, мисли: Gгаbаг О., Blair' Sh. Epic Images and Соntеmрогагу Нistогу. The Ilustгаtions of' the Gгеаt MongoI Shahnama. Chicago-London. 1980; Rogers J. Islamicс Aгt аnd Design. 1500-1700. - Londоп. 1983; Gronke М. Тhe Pегsiаn Cout between Palace аnd Теnt: from Тimur to Abbas// Тimurid Art аnd Culture. Iгап and Сеnlгаl Asia in the 15th cеnturу. Ed. Bу Golombek 1, V. Subtetny. New Yoгk. Коln. 1992; Subtelny M.Mirak-l-Sayyid Ghyyas and the Timurid tradition of landscape architecture // Studia iranica/ 1995; Melikian Shiгvаni A.S. Тhe Anthology оf а Suti Prince from Воkhага // Pегsiаn painling fr'оп the Mongols to the Qаjаrs, Studiеs in Pегsiаn painting: Fеstshгifi in honour of B. Robinson. London, 1997; Barfield T. Steppe Empires, China and Silk Route Nomads as a Force in international Trade and Politics // in the Sebentary Word. Ed.By Khazabnov A., Wink A/ - London, 2001 ва ғайра далел бар он аст, ки чашми Бойматовро пардаи ғарази бешармӣ пӯшонида аст.

Бойматови ноогоҳ ба кадом далел ба М.А.Абдурахимов (бояд М.А.Абдураимов бошад!), муҳақ-қиқи узбакистонӣ "мутахассиси дараҷаи аввали собиқ шӯравӣ" дода бошад ва дар зимн муаллифи боби аввали китобро "муттаҳам" мекунад, ки аз "осори" ин муҳаққиқ истифода накардааст. Бойматов ба яқин намедонад, ки масоили аграрие, ки М.Абдураимов пажуҳиш кардааст, таърихнигороне мисли В. Бартолд, А. Семенов, И. Петрушевский, Н. Махмудов, О. Маҷлисов, А. Ягони, О. Чехович, Юлдашев М. Ю. ва дигарон, ки мутаҳаққиқини шинохташуда дар сатҳи мантақа ва ҷаҳон мебошанд, қаблан аз ӯ ба маротиб хубтару беҳтар анҷом додаанд. Ба иттилои Бойматов расонида мешавад, ки М.Абдураимов дар ибрози назар роҷеъ ба масоили аграрӣ комилан ба И. Петрушевский, А. Семенов, О. Чехович ва дигарон иттико кардааст. Аз ин рӯ, муаллифи боби аввал ба осори муҳаққини номбурда арзиш гузоштааст, вале бо вуҷуди ин аз асари М.А. Абдураимов "Очерки аграрных отношений в Бухарском ханстве в XVI - первой половине XIX века" (Ташкент, 1966) низ истифода шуда.

Бойматови бехабар аз масоили таърихии асри XVI бешармона менависад, ки "ҷойгоҳи мардуми тоҷик дар шӯришҳои зидди ҳукуматӣ, алайҳи ҳукуматҳои Темуриён (?) ва Шайбониён бисёр тира аст". Нахуст бояд хонандаи огоҳ бидонад, ки дар ин қисми таърихи халқи тоҷик, яъне ҷили чаҳорум замони ҳукумати Темуриён шомил нест. Дигар ин ки дар замони ғасби ҳукумати Мовароуннаҳр (соли 1500) аз тарафи узбакони Шайбонӣ дар Қароқул соли 1501 қиёми мардумие созмон ёфт, ки чанд муддат шӯришиён ҳокимиятро дар дасти худ нигаҳ дошта буданд. Ин ягона шӯриши мардумӣ дар садаи шонздаҳум алайҳи узбакони мутаҷовиз аст, ки дар китоби "Таърихи халқи тоҷик", ки соли 1964 дар Маскав ба нашр расидааст, аз он зикре нарафтааст. Аз ба вуқуъ омадани ин қиёми мардумӣ танҳо дар асари Муҳаммад Солеҳ "Таърихи гузида-Нусратнома", ки соли 1504 иншо шудааст, маълумот ба даст омад ва он дар саҳифаҳои 40-41 таърихи халқи тоҷик (нашри 2010) дарҷ гардида ва Бойматов "натавонист" онро бибинад.

Бойматов ба масоиле, мисли илм, маориф, меъморӣ, адабиёт, мусиқии садаи шонздаҳум, ки ба тарзи шоиста дар боби аввал баррасӣ шудаанд, низ бо ғараз нигариста, бемасъулона онро "ҷамъбасти навиштаҳои мутахассисон ва коршиносони қаблӣ" меҳисобад.  Нахуст бояд Бойматов бидонад, ки масоили маориф ва дин дар "Таърихи халқи тоҷик" (1964) аслан матраҳ нашудаанд, вале дар ҷилди IV тозанашр, бо тақозои ҳаҷми китоб баён шудааст. Дигар ин ки масоили илм, меъморӣ, адабиёт ва мусиқӣ дар ин ҷилд комилан аз мавқеи воқеъбинона баррасӣ гардидаанд. Барои мисол, дар "Таърихи халқи тоҷик"-и нашри соли 1964 дар зербоби "Культура Средней Азии" омадааст: "XVI в. дал много славных имен и оставил потомкам замечательные произведения культуры. В это время в Средней Азии возникли более благоприятные условия для развития культуры…" (саҳ 407). Хонандаи гиромӣ, таваҷҷуҳ кунед, ки дар ин мавзуъ дар ҷилди чаҳорум чунин омадааст: "XVI в.- чрезвычайно сложный этап в истории культуры таджикского народа. В начале XVI столетия некогда единый в культурно-историческом аспекте регион Мавераннахр, Иран, Хорасан под натиском Шейбанидов и Сефевидов был расколот на две (в XVIII в. на три) части, которые на протяжении значительного исторического периода (более 500 лет) будут развиваться изолированно. Таким образом, XVI в. стал периодом отделения таджикской культуры от общего древа персидско-таджикской цивилизации" (с.107-108).

Масъалаҳои марбут ба меъморӣ, адабиёт ва мусиқӣ низ дар боби авали ин китоб бо истифода аз маводи сарчашмаҳо густурда баён шудаанд.

Пас мешавад, ки ин гуфтаҳоро ҷамъбасти навиштаҳои мутахассисон ва коршиносони қалӣ номид? Ҳаргиз не! Пас ин бор низ Бойматов ғалат мекунад.

Ин бо ном "муқарризи масоили таърихи" аз таърих бехабар, ба ҳаводиси таърихии садаи XVII - нимаи авали садаи XVIII, ки дар боби дуюми "История таджикского народа" (2010, ҷилди 4, саҳ.158-289) зикри он рафтааст, низ ибрози назар карда, ғайримунсифона менависад, ки "матолиби муфассали ба зоҳир ҷадиди илмӣ ироа шудааст, ки дар маҷмуъ онро наметавон натоиҷи таҳқики шахсии муаллиф баршумурд". Нахуст ин ки Бойматови тирабин бояд бидонад, ки дар навиштани чунин асарҳои чамъбастие мисли "Таърихи халқи тоҷик" муаллифи ин ва ё он боб ҳаққи истифодаи муфассали осори дигар муҳаққиқонро бо зикри номашон дошта, дар баъзе масоил нуқтаи назари онҳоро тайид ва дар базе маворид инкор мекунад. Муаллифи ин боб бо истифода аз осори муҳаққиқони варзида дар баррасии масоили таърихии ин давр, ба ҳеҷ ваҷҳ даъвои азхуд кардани осори онҳоро надошт ва надорад ва далели он додани эзоҳ дар поварақ аз тарафи муаллиф аст.

Бойматови кӯтоҳназар эрод мегирад, ки муаллифи ин боб дар саҳифаи 213 (сарсатри аввал) "История таджикского народа" гӯё аз И.П.Петрушевский бидуни илова иқтибос овардааст. Чӣ ҷои эрод аст, ки муаллиф ба суханҳои И.П.Петрушевский илова накардааст? Муҳим он аст, ки номи ин муаллиф дар зерварақ бо зикри асараш омадааст.

Боз ҳам, Бойматов чун вакили дифоъи муҳаққиқи узбакистонӣ М.А.Абдураимов баромад намуда, менависад, ки гӯё дар ин боб "бар ҷону рӯҳу андешаи муҳаққиқ  (яъне Абдураимов) ҷонкоҳтарин осеб расида", ба суханҳои ӯ муаллифи боби дуюм ишора накарда, дигар марҷаъи илмиро афзал донистааст. Ба яқин маълум мешавад, ки М.Абдураимов дар зимн аз осори олимони пешин истифода кардааст, бинобар ин муаллифи боб зикри номи онро набурда. Аммо чуноне ки мегӯянд "тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд", худи Бойматов дар рисолааш "Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII-XIV вв." (Душанбе, 2009, 228 с.) ин "услуб"-ро фаровон истифода бурдааст. Барои мисол дар саҳифаҳои 137-138-и рисолааш Бойматов иқтибосҳое (шумораҳои 70, 71, 72) аз Насавӣ, дар саҳифаи 138 иқтибосҳое (шумораҳои 73, 74, 75) аз Сайфии Ҳиравӣ ва дар саҳифаи 138 иқтибосҳое (шумораҳои 76, 77) аз Ҷувайнӣ овардааст, ки дар асл ин иқтибосҳо дар китоби И.П.Петрушевский "Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII-XIV веков (М.-Л., 1960 саҳифаи 67, 68, иқтибоси 1, иқтибоси 3 ва 10) омадаанд. Бойматов айнан аз он рӯйбардор намуда, зикре аз номи И.П.Петрушевский набурда, "ҷонкоҳтарин зарба" ба  ин муҳаққиқ расонидааст.

Бояд гуфт, ки Бойматов дар "буру дӯхт" назире дар Тоҷикистон надорад. Ончунон осори дигаронро бо "зарангӣ" мебуррад ва ба "осор"-и худ "медӯзад" ва хонандаи ноогоҳ гумон мебарад, ки он ҳама "мол"-и Бойматов аст. Дар фурсати муносиб асарҳои ба табърасидаи Бойматов мавриди баррасии муҳаққиқон қарор хоҳад гирифт ва дар зимн мутахассисини соҳибтаҷруба даъват шудаанд.

Акнун ба посухи қисмати дуюми мақолаи Бойматов мепардозем. Бояд гуфт, ки 30 ноябри соли 2012 унвонии директории Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон академик Р. Масов номае, ки дар лифофаи он номи Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ сабт шуда буд, расид. Аммо дар дохили он номаи Бойматов мавҷуд буд. Раёсати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ унвонии директори Институти иқтисодёт ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Бобоев ба он нома посух гуфт.  Бойматови мисли ҳамеша қайчӣ дар даст аз матни он нома чанд иқтибосро "бурида" дар мақолааш оварда, хонандаро дар чаҳороҳаи таҳаййюр ва нофаҳмӣ қарор дода аст. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мо қисмати асосии номаи академик Р.Масовро ба директории Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ О. Бобоевро дар зер меоварем, то хонандаи огоҳ дарк намояд, ки дар  он нома доир ба чи сухан меравад:

"Бо дарназардошти он ки дар лифофаи ин мактуб номи институти Шумо (яъне Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ) бидуни зикри номи муаллифи нома навишта шудааст, мо зарур донистем то онро унвонии Шумо равона созем. Илова бар ин дар бораи ду масъалаи дигар, яке роҷеъ ба китоби Л.Бойматов "Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII-XIV вв." (Душанбе, 2009, 228 с.), ки дар саҳифаи аввали он унвони Институти иқтисодиёт зикр шудааст ва яке аз олимони Институти иқтисодиёт, профессор И.А.Асроров муҳаррири масъули он аст, инчунин дар бораи дасхати рисолаи доктории ӯ "Социально-экономические и политические проблемы Мавераннахра XIII-XIV вв." (Душанбе, 2010 292 с.), ки аз номи собиқ директори Институти иқтисодиёт Рауфӣ ба Институти таърих барои муҳокима ба мақсади дифоъ пешниҳод шуда буд, мехоҳем ибрози назар кунем.

Л.Бойматов дар номааш баъзе қисматҳои "История таджикского народа" (ҷилди 4, боби 2 - "Таджикский народ в XVII -первой половине XVIII вв., Душанбе, 2010,)-ро ба қавле "таҳлил" намуда, дар 27 маврид гӯё "плагиат" пайдо кардааст. Бояд гуфт, ки ин муаллиф як нуктаи оддии услуби баррасии илмиро намедонад, ки ҳодисаҳо, воқеаҳо ва мафҳумҳои маъмул дар таърихро бидуни зикри таълифоти пешин метавон навишт, ба хусус ки агар ҳаводиси таърихӣ дар шакли маҷмӯӣ навишта шаванд.

Дар мавриди "плагиат"-ҳои зикрнамудаи Л.Бойматов. Ӯ даъво дорад, ки муаллифи боби "Таджикский народ в XVII -первой половине XVIII вв" А.Саидов дар 27 маврид ҷумлаҳои муҳаққиқон М.А. Абдураимов ("Очерки аграрных отношений в Бухарском ханстве в XVI -первой половине XIX века (Т.2. Ташкент, 1970), А.А. Семёнов (Очерк поземельно-податного и налогового устройства Бухарского ханства //Труды Среднеазиатского Государственного Университета. Серия 2., Вып.1. -Ташкент, 1929) ва И.П.Петрушевский (Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII-XIV вв. -М, 1960)-ро оварда, номи муаллифонро зикр накардааст.

Дар бораи иқтибос наовардан аз М.Абдураимов бояд гуфт, ки А.Саидов 25 маврид иқтибосро аз Петрушевский И.П., А.А.Семёнов, О.Д.Чехович ва дигарон, ки қаблан аз М.А. Абдураимов ин мавзӯъро баррасӣ кардаанд, ба тариқи иқтибоси озод номи муаллифони мазкурро ишора намудааст. Инчунин муаллиф дар баъзе мавридҳо ба санадҳои ҳуқуқии марбут ба қозиёт ва маъхазҳои хаттӣ такя карда, иқтибос овардааст. Ин далел бар он аст, ки дар иқтибосҳои А.Саидов оварда на танҳо нишоне аз плагиат вуҷуд надорад, балки муаллифи боби мазкур ба муаллифони асарҳои илмии таълифшуда пеш аз асари М.А. Абдураимов арҷгузорӣ намудааст. Бояд гуфт, ки М.А. Абдураимов дар таълифи китоби худ ба ин олимон такя кардааст. Аз ин рӯ А.Саидов услуби нигориши илмиро риоя карда, маҳз аз муаллифони пешин иқтибос кардааст. Дар ду мариди дигар низ ҳамин услуб риоя шудааст…

Соли 2009 Л.Бойматов бо нишони расмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти иқтисод зери унвони "Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII-XIV вв." рисолае ба табъ расонд. Матолиби дар ин китоб овардашуда, ба ҷуз аз боби дуввум - "Историография проблемы" (сах.23-40) пурра такрори тадқиқоти пешин буда, муаллиф ягон нуктаи наве доир ба масоили ҳадафи таҳқиқ қарор ёфта баён накардааст. Худи номи китоб бо мундариҷаи он мувофиқат намекунад. Зеро муаллиф танҳо Мовароуннаҳрро мавриди омӯзиш қарор додаст, дар сурате ки Осиёи Марказӣ танҳо аз Мовароуннаҳр иборат нест. Л.Бойматов ҳангоми навиштани китоб гуфтаҳои муаллифони қаблиро бидуни ҳеҷ тағйирот чун "дастоварди илмии худ" ба хонанда пешниҳод намудааст. Барои мисол аз боби шашуми ин китоб "Налоговая политика монгольских ханов" чанд намуна меорем:

Бойматов: Кирак-йарак (тюрк.-монг.) - необходимые средства государя, царевичей и их гаремов ( с. 124). Ин ҷумла айнан аз китоби И.П. Петрушевский "Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII-XIV веков.(М.-Л., 1960) саҳифаи 393 гирифта шудааст.

Бойматов: На'л баха (араб.-тадж) 1. Сбор для приобретения подков. 2. Драгоценности и деньги выдаваемых населением государю и его приближенным в знак покорности. (с. 124).  Ин ҷумла аз китоби С. Хатиби  "Персидские документальные источники по социально-экономической истории Хорасана XIII-XIV вв.(Ашхабад, 1985), с. 81-82 бардошта шуда.

Бойматов: Таргу (тюрк.-монг.) - преподношение разных драгоценных вещей, предметов как: одежды, тканей и др. государю, его родичам, высшим эмирам - военачальникам, знатным людям, высокопоставленным должностным лицам, когда они прибывали в какое-либо место (с. 124). Ин ҷумла аз китоби А.А. Али-заде "Социально-экономическая и политическая история Азербайджана в XIII-XIV вв." (Баку, 1956), с. 241-242 гирифта шудааст.

Бойматов: Ахраджат-и мукаррари (араб.-тадж.) - обычные расходы государства за счет  текущих налогов, отданных на откуп. (с. 125). Ин ҷумла аз С. Хатибӣ рӯйбардор шудааст (с. 78).

Бойматов: Тафавут (араб.) 1. Излишек, сбережения, образовавшиеся в результате сбора податей в повышенном размере. 2. Надбавка к податью ( с. 127). Ин ҷумла аз И.П. Петрушевский (с. 380) мебошад, ки зикри асараш дар боло рафт.

Бойматов: Тахсисат (араб.) 1. Синоним терминов "таклифат" и "ахраджат". 2. Сбор по ассигновкам специально для предстоящих  издержек в областях с частных (мульковых) земель и недвижимостей (с. 127). Ин моли С.Хатибист (с.82).

Бойматов: Хакк ат-тахсил (араб.) - сбор для сборщиков податей (мухассилов). В документальных источниках монгольского времени  размер данного сбора определен 20 динаров с каждой тысячи собранных податных сумм (с. 127). Ин ҷумлаи И.П. Петрушевский (с. 391) аст.

Бойматов: Тарх (араб.) - принудительная по приказу властей, покупка населением по превышающим рыночные цены зерна и прочих продуктов питания из казенных амбаров и хранилищ (с. 131). Ин ҷумла аз С.Хатибист (с.79).ы

Бойматов: Мал ас-силах (араб.-тадж.) - средства, взимаемые с жителей городов и деревень для приобретения оружия (с. 131). Ин ҷумла моли А.Ализода (с.246) мебошад

Ин ҷо танҳо як қисме аз боби ин рисола мавриди муқоиса қарор гирифт. Мо метавонем садҳо иқтибос аз ин рисола биёварем, ки аз асардуздии рӯирости Л.Бойматов шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҳамин рисоларо Л.Бойматов чун рисолаи докторӣ ба унвони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ барои баррасӣ расман пешниҳод намудааст. Табиист, ки ҳангоми муҳокима ин нуқсҳои барои асарҳои илмӣ бегона аён гардида, дар муҳокимаи расмӣ ва суҳбатҳои инфиродӣ ба мақсади кӯмак ба самъи унвонҷӯ расонида шуда буд. Аз он ҷумла, дар бораи сохтори рисола, муҳтавои бобҳо эродҳои ҷиддӣ гирифта шуд. Инчунин Л.Бойматов ҳамагӣ се мақола дар маҷаллаҳои мавриди қабули Комисияи олии аттестасионии Русия чоп намудааст, ки ин миқдор ба талаботи рисолаҳои докторӣ кифоят намекунад.

Ҷойи зикр аст, ки қаблан аз муроҷиат ба Институти таърих Л.Бойматов рисолаи хешро барои муҳокима ва пешниҳод ба дифоъ ба кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ пешниҳод карда буд. Ин рисола ба далели чунин нуқсонҳо аз ҷониби устодони таърихи Донишгоҳи миллӣ рад гардид. Л.Бойматов онро ғараз пиндошта, бо чопи мақолаҳои бепоя дар рӯзномаҳо устодони кафедраи мазкурро тӯҳмат намуда буд.

Замоне ки рисолаи Л. Бойматов дар Институти таърих низ барои дифоъ пазируфта нашуд, ӯ ба иғво ва фитна даст задаст.

Акнун мехоҳем роҷеъ ба шахсияту фаъолияти касбии ин муаллиф чанд нуктае иброз дорем. Л.Бойматов қаблан дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ кор мекард. Чун натавонист аз худ истеъдоди касбӣ нишон диҳад ва ҳамеша ба дасиса ва иғво даст мезад, фазои илмии шӯъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави институтро носолим мегардонид, бинобар ин бо пешниҳоди мудири шӯъба, марҳум академик А.Мухторов аз кор берун карда шуд. Дар чанд соли дар Эрон зиндагӣ кардааш низ ба чунин корҳои носазо даст зад, ки аз тарафи ниҳодҳои илмии Эрон шинохта шуд ва чун бекор монд боз ба Тоҷикистон баргашт.

Ҳангоми фаъолият дар Қомуси миллии Тоҷикистон Л.Бойматов ба корҳои номатлуб даст зад ва фазои ин муассисаи илмиро низ носолим гардонид, ки билохира аз он ҷо ба далели надоштани истеъдоди касбӣ ва даст задан ба дасиса дар соли равон аз ин муассиса ронда шуд…

Л.Бойматов дар мактубаш инчунин ба рисолаҳои дифоъшуда дар Шӯрои илмии Институти таърих низ шубҳа овардааст. Аввал ин ки Л.Бойматов чӣ салоҳият дорад, ки дар бораи чунин Шӯрое, ки дар он маъруфтарин таърихнигорони Тоҷикистон шомиланд ва рисолаҳои ба ин Шӯро пешниҳодшударо холисона баррасӣ мекунанд, қазоват кунад. Дигар ин ки касе, ки худаш дар навиштани рисолаи илмӣ заъф дорад, чи тавр метавонад дар бораи рисолаи илмии дигарон қазоват кунад".

Бояд гуфт, ки соли 2012 Бойматов аз нақзи ҳуқуқи муаллифон дар Тоҷикистон мусоҳибае ба радиои "Озодӣ" анҷом дода, худро дар зимн "зарардида" маҳсуб медонист. Ӯ муаллифони китоби "Спитамен" М.Шарифзода ва Б.Раҳматзодро ба "дуздии" моликияти "зеҳни"-и худ гунаҳкор дониста, ба раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуда буд. Бойматов шабеҳи ҷумлаҳои худро дар ҳошияи саҳифаҳои 118 ва 147 асари М.Шарифзода ва Б. Раҳматзод пайдо карда, аз онҳо ҳаққи муаллифӣ талаб карда буд.

Пас инсоф куҷост, ки Бойматов даъвои ҳақталабӣ карда, худ ба моликияти зеҳнии дигарон бераҳмона панҷа зада, танҳо дар боби "Налоговая политика монгольских ханов"-и рисолааш "Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII-XIV вв." ҳангоми зикри андозҳо дар 107 маврид асарҳои дигар муаррихонро дуздида, ба ин осор чун марҷаъи илмӣ иқтибос накарда, онҳоро чун "кашфиёти худ" ба хонанда пешкаш намудааст (с. 124-134). Чи диловарест дузде, ки ба каф чароғ дорад!

Пас аз ин ҳама гуфтаҳо хонандаи закӣ ба яқин дарк кард, ки чаро Бойматов бо гузашти беш аз ду сол муқарризи "История таджикского народа" шудааст. Ин ҳама дасиса ва фитнаангезии Бойматов ба рисолаи докториаш, ки аз ҷониби Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ бо дарназардошти надоштани арзиши илмӣ рад гардид, иртибот дорад.

Рисолаи доктории Бойматов 22 декабри соли 2009 дар Шӯъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ мавриди муҳокима қарор гирифт. Бояд Бойматови даъвии доктори таърих фаромӯш накарда бошад, ки дар суҳбатҳои инфиродии олимони шуъбаи мазкур, тамоми навоқиси рисолааш холисона баён гардид ва ӯ даст пеши бар онҳоро пазируфта буд. Дар ҷаласаи расмӣ қисме аз ин эродҳо гирифта шуд, то рисола комилан зери суол наравад. Ба даъвигари доктори улуми таърих вақт дода шуд, то тамоми навоқиси рисоларо бартараф намояд. Аммо натавонист, зеро кори бузина нест наҷҷорӣ! Ба ин сабаб рисолаи доктории ӯ, ки асоси муҳтавои он дар китоби чопкардааш "Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII-XIV вв." дарҷ шудааст ва мавриди интиқод дар боло қарор гирифт, аз ҷониби олимони шуъба рад гардид.

Бойматов дар ин муддат борҳо кӯшид, то ин рисолае, ки "ҳайсияти илми"-и ӯро зери савол бурдааст, аз Институти мазкур берун орад, аммо он дар бойгонии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави институти мазкур ҳифз мешавад. Мо расман эълом медорем, ки ҳар касе, ки хоҳиши ошноӣ бо ин "дастовези илмии" Бойматов дорад, метавонад ба шуъбаи мазкур муроҷиат кунад ва он рисола дар хидмати ӯ қарор хоҳад гирифт.

Роҷеъ ба "масовизм" дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ, ки Бойматов мақолаашро унвон гузоштааст, ҷойи зикр аст, ки он, яъне "масовизм" дар як маврид дар институти мазкур вуҷуд дорад. Ин ҳам бошад рад кардани корҳои даъвогарони унвонҳои илмӣ, мисли Бойматов, ки рисолаҳояшон дар камоли ношоистагӣ, дур аз нигориши илмӣ ва бепоя навишта шуда, барои баррасӣ пешниҳод мешаванд.

Дар ҳарзагӯиҳояш Бойматов рамзе (х)-ро  истифода кардааст, ки пайдо нашуд манзураш чист.

Пиромуни сабки баёни Бойматов бояд гуфт, ки муҳаррирони мӯҳтарами ҳафтаномаро савоб мебуд ба ҳурмати покизагии забони тоҷикӣ, мақолаи ин "муқарризи замон"-ро лоақал вероиш мекарданд, иштибоҳоташро мегирифтанд (авзоъи =авзои, иҷтимоъӣ = иҷтимоӣ, мезкур=мазкур ва бисёри дигар), такрорнавиштанҳо (омада, омада) дар иқтибосотро рафъ менамуданд ва калимаҳоро дар шакли дурусти тоҷикияш (ҷулӯгирӣ, бояд ҷилавгирӣ бошад!) меоварданд. Бойматов ҳамчуноне ки забонашро каҷ карда, бар сари гӯиши зебои форсӣ лагад занада, сухан мегӯяд, фикр мекунад, ки гӯиё ҷумлабандиҳои форсиро низ аз худ кардааст. Дар ин ҷо низ Бойматов ғалат мекунад ва ба назар мерасад, ки дар сохтори ҷумалоти ӯ сиқти забонӣ ба амал омадааст. Бойматов шабеҳи он зоғест, ки хиромидани кабкро тақлид карда, аз ҳаракати зотии худ маҳрум шудааст.

Донишмандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар сурати фитнаи навбатии Бойматов омодаанд ба суд муроҷиат кунанд, то ин аҳли ғараз ва фасод ба кайфари аъмолаш расад.

Мудири Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ, доктори улуми таърих, профессор Ҳ.Пирумшоев,

Сарходимони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ докторҳои

улуми таърих А. Саидов ва Ҳ.Камол, доктори улуми таърих С.Бобомуллоев ва дигарон

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97