Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Олими Заробек шаҳиди роҳи озодӣ ва демократия

Таърих 29.10.2012 14:53

zarobekov-olimОлими Заробек! Бо гирифтани ин ном бар забон пеши назар як ҷавони чорпаҳлӯи зардина, хушқаду қомат, хушгуфтору хушрафтор ҷилвагар мешавад. Суҳбату гуфтор, ҳазлу шӯхиҳояш бо кас як дунё ҳаловат мебахшид. Овози ширину суханони буррояшро гӯш дода, мехостӣ, ки боз сухан кунад.

Ана ҳамин марди сахӣ, донишманду кордон, сухандону хушрафторро дарахти умраш дар айни камолоти умру эҷод решакан шуд. Ё ба таври дигар бигӯем, дарахти умрашро решагардон карданд.

Инсони озодипараст

Маҳмадалӣ Ҳаит, узви вақти созмони мардумии "Растохез" аз ӯ қисса мекунад:

- Соли 1982 ман пас аз хидмати афсарӣ дар шаҳри Фрунзеи Ҷумҳурии Қирғизистон барои кор ба шуъбаи кинои Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба кор омадам. Ҳамон вақт Олими Заробек дар сарредаксияи хориҷиии радио ҳамчун коргардон кор мекард. Шиносоии ман бо Олим аз ҳамон сол оғоз ёфт.

Шиносоии бештари ман баъдан, соли 1987 бо Олим он буд, ки ман ба ин бахш ҳамчун сармуҳаррир ба кор омадам. Акнун ҳарду ҳамроҳ кору фаъолият мекардем.

Олими Заробек як шахси бисёр соҳибтаҷриба буд. Инсони хело аҷиб, наҷиб, нотиқ, лаҳни ширине дошт. Коргардон буд, вале бисёр барномаҳоро худи ӯ мехонд. Дар муносибат як инсони комил, хело шух буд. Ҳазлу шухиҳои аҷиб дошт. Мутахассиси соҳаи хеш буд. Дар он замон чунин мутахассиси соҳаи худ будан, нисбат ба кор дилсӯз будан, ангуштшумор буд. Баробари ҳамаи ин хислат, ӯ як марди озоду озодандеш буд.

Ҳамин озодихоҳиву озодандешии Олими Заробек ба ман таъсир расонд, ки ман узви Созмони мардумии "Растохез" шудам.

Таърихи як мактуб

Маҳмадалии Ҳаит хотироти хешро варақ мезанаду ба ёд меорад:

- Бо ӯ доир ба сиёсати вақт баҳсҳо мекардем. Аз ҷумла соли 1989 бар зидди сиёсати кадрии раиси Кумитаи радио ва телевизиони ҳамон вақт Акбар Ҷӯраев, ки ба маҳалгароӣ роҳ дода, аксарият сардорону роҳбарони радио ва телевизионро аз намояндагони як минтақа монда буд, мо эътироз кардем. Мактуби бо имзои бисту се нафар коргарон ба унвонии Кумитаи марказиии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва як нусха ба Шӯрои Олии Тоҷикистон навишта фиристода шуд. Матни мактуб қариб чунин буд: "Мо сиёсати Раиси Кумитаи радио ва телевизионро ба интиқод кашида, аз мақомот талаб мекунем, ки сиёсат бояд тағйир ёбад ва ё санҷиши ҷиддӣ дар мақомот сурат гирад…" Дар зер 23 нафар имзокунандагон, ки яке аз онҳо Олими Заробек буд.

Воқеан аз тарафи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Олӣ бо ин номаи шикоятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, тафтишҳо шурӯъ шуд.

Соли гузашта дар як во- хӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Маскав мӯҳтарам Абдулмаҷид Достиев, ӯ аз ин мактуб ёддовар шуд. Он вақт А. Достиев намоянда дар Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Яъне дар ин мактуб нақши Олими Заробек дар ҷамъ намудани имзоҳо хело калон буд, зеро ки Олим ҳамаҷониба озоду истиқлолхоҳ буд. Ҳатто дар барномаҳояш истиқлолхоҳиаш эҳсос мешуд. Аз барномаҳояш камбудӣ ҷуста наметавонистӣ.

Андар талоши ба мақоми давлатӣ расонидани забони тоҷикӣ

Солҳои 1989-90 авҷи фаъолияти Созмони мардумии "Растохез". Аввалин кушишҳои аъзои ин созмон барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буд. Олими Заробек бошад, ҳамчун аъзои фаъоли созмон яке аз аввалин поягузорони забони давлатӣ буд. Ӯ дар роҳпаймоии соли 1985 бо шиору плакатҳои "Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад", "Бунёди забон бемакон" фаъолона иштирок дошт. Афсӯс, ки ҳосили кушишҳои худро надид.

Воқеъаҳои баҳманмоҳи хунин моро қавӣ гардонд

Баҳманмоҳи хунини Тоҷикистон аз 12 то 15 феврали соли 1990  ману Олимро қавитар гардонд,- нақл мекунад Маҳмадалии Ҳаит.

- Аз ҳамон рӯзе, ки мардум ба майдон "рехтанд", мо ҳамроҳ ба майдон мерафтем. Аз майдон як гузориши хеле хуб ҳамроҳи Олим тайёр кардем. Ман ҳамчун муҳаррир, ӯ ҳамчун коргардон барои шунавандагони бахши хориҷӣ. Хостем аз воқеоти кишвар шунавандаҳои худро огоҳ созем. Вале афсӯс, ки барномаи мо бо дахолати "боло" ба эфир нарафт.

Баъдан мо дар майдон будем.12 феврал дар назди голереяи бинои рӯ ба рӯи ҳукумат будем, ки парон-паррон сар шуд. Аз болои бинои ҳукумат бо снайпер мепарронданд. Яке мегуфт, ки 50 нафар, дигаре мегуфт, ки 90 нафар нишонзанҳои гуруҳи "Алфа"-и Кумитаи бехатарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон омада, дар Кумитаи бехатариии ҷумҳурӣ ҷой гирифтаанд. Рӯзи 12-уми феврал маҳз онҳо дар куштори мардуми ба шӯр омадаи майдон нақш бозиданд ва натиҷаи он ҳамин буд, ки 25 нафар ҷавонони тоҷик ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 13-ум бисёр кормандони амният ба либосҳои мулкӣ (гражданӣ) дар майдон буданд. Кормандони милиса ба ғайр аз чӯбдаст (дубинка) чизи дигаре надоштанд. Дар майдон ташвиқот зиёд буд. Мардум аз дунёи бехабарӣ ба шӯр омада, автобуси калонеро тела дода, то дарахти санавбар бурд. Ҳамин ки мошин ба санавбар бархӯрд, ронандаи автобусро аз боло парронданд. Ронанда ҳалок шуду санавбар қатъ. Баъдтар чӣ қадар "дилҳое" барои санавбар сӯхту барои ҷавони кушта не.

Коргардони "Ленфилм" Матросов, ки аз болои ошёнаи фурушгоҳи молҳои варзишӣ (спорттовар) воқеъаҳоро ба навор мегирифт, аз боло кушта шуд. Тири боло тоторзан Набиулинаро, ки дар назди тирезаи хонааш дар ошёнаи дуввум буд, ҳамон вақт ба ҳалокат расонид. Дар майдон бошад, як-як интихобӣ одамонро мезаданд. Баъдтар ба хотири шоҳидони баҳманмоҳи хунин дар байни чойхонаи Роҳату Кумитаи ҳизби коммунист лавҳаи мармарини ёдгорӣ бо зикри номи шаҳидони баҳманмоҳи хунин гузошта шуд, вале баъдтар ҳукумат онро аз байн бардошт. Афсӯс…

Таъсиси кумитаи 17

Маҳмадалӣ қисса мекунад:

- Соли 1990 ба хотири ба эътидол овардани вазъият ва тағйири ҳолати ба вуқуъ омада, аз тарафи ҳукумати ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ ва роҳбарияти ҳаракату созмонҳо Кумитаи 17 таъсис дода шуд. Дар кумита Бурӣ Каримов, Тоҳири Абдуҷаббор, Ҳамидулло Ҳабибуллоев, Мирбобои Мирраҳим ва дигар шахсиятҳои шинохта шомил шуданд. Дар натиҷаи таъсири ҳамин Кумита ва мардуми ба шӯр омада, се нафарр аз роҳбарон Ғ. Паллаев, И. Ҳаёев, Қ. Маҳкамов ба истеъфо рафтанд. Ба ману Олими Зарробек дастур шуд, ки аризаи истеъфо драфтагонро зуд барои ба эфир додан ба Кумитаи радио бубарем.

Барои дарҷи он дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" ба Имомназари Холназар ва Шамсиддини Насриддин дастур дода шуд. Натиҷаи он дар рӯзнома чоп шуд ва дар радио хонда шуд.

Пас аз ин аз Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти собиқ СССР аз шаҳри Маскав Пуго Борис Карлович ҳамчун намояндаи Комиссияи тафтишотӣ ба Тоҷикистон омад. Худи ҳамон рӯз Пленуми ҲКТ баргузор гардиду истеъфо рафтагон аз нав ба вазифаҳояшон барқарор карда шуданд.

Баъд аз ин дар ҳамаи ниҳодҳо ба аъзои Кумитаи 17, Созмони мардуми "Растохез", онҳое, ки дар майдонҳо буданд, фишор сар шуд. Баъди 15 феврал моро аз кори Кумитаи радио ронданд. Соли 1991 майдони "Шаҳидон" ва "Озодӣ" пайдо шуд…

Эҷодкори қолабшикан

Элмуроди Насрулло, рӯзноманигор, ки аз ҳамкорони Олими Заробек аст, мегӯяд:

- Олими Зарробек солҳои 70-80 -ум дар идораи барномаҳои кишоварзӣ ҳамроҳи Бобоҷони Шафеъ, Мирзо Саттор, Абдураззоқи Саид ва дигарҳо коргардон шуда кор мекард. Онҳо барномаи хуб бо номи "Мо ва шунаванда" ба эфир бароварданд, ки барнома шунавандагони сершумор дошт. Дар ин барнома мардум арзи дили худро мекарданд. Баъди ба эфир рафтани барнома вокунишҳо ба барнома меомад, ки он обрӯю эътибори бахшро баланд мебардошт.

Олим як марди эҷодкору ҷӯянда буд. Нигоҳи нав дошт. Кушиш мекард, ки барномаҳояш якрангу қолабӣ набошанд. Дар тарҳрезии барномаҳо эҷодкори хуб буд.

Ӯ демократия мехост

Мамлакат Ҷайчиева, аз фаъолони ҲДТ аз Олими Заробек ёд карда мегӯяд, Олими Заробек солҳои 1991-1992 корманди ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Дар пешрафти кори ҳизб фаъолияти хуб дошт. Моҳи декабри соли 1991аъзои раёсати Ҳизби демократии Тоҷикистон ва фаъолони он барои як қатор пешниҳодҳое аз ҷумла; барои он ки интихоб намудани Президенти ҷумҳурӣ аз тарафи халқ бояд иҷозат дода шавад, барои монеъ нашудан ба баргузории анҷумани ҲДТ, эҳёи номҳои қадима, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ гуруснанишинии сиёсӣ эълон карданд. Ва яке аз фаъолони ин гуруснанишинӣ Олими Заробек буд, ки баъдтар маҳз бо истодагарии онҳо ин талаботҳо иҷро карда шуд, ки имрӯз аз ин хостаҳо қариб тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳам ҳукумат ифтихор мекунанд ва дар амалӣ шудани он саҳм мегузоранд.

Аҷал гулчин мекунад…

2 майи соли 1992 дар майдони "Шаҳидон" касе овоза кард, ки Хонаи радиоро гирифтаанду кормандони он метавонанд рафта, радиоро фаъол кунанд. Ин вақт як қисми ҷанговарони Фронти халқӣ дар Хонаи радио ҷой гирифта буданд.

Олими Заробек, Ширини Амирҷон, Искандари Мирхоҷа ва чанде собиқ кормандони Кумитаи радио аз шунидани ин хабар сӯи коргоҳи худ Хонаи радио мешитобанд.

Дар наздикии бино мошини сабукраверо манъ карда, мехоҳанд ба сӯи Хонаи радио, коргоҳи худ, ки замоне ноҷавонмардона аз кор сабукдӯшашон карда буданд, бишитобанд. Бехабар аз он ки ба доми макр афтодаанду ба пешвози марг мешитобанд.

Аз марги худу аз тири қотил бехабар, Олим аввалин шуда ба сӯи бинои коргоҳаш, он ҷое, ки хонаи умедаш буд, раҳсипор мешавад. Қадами аввалинро гузошту ба замин уфтод. Дар як лаҳза аз хуни сари ӯ замин лолагун гашт. Рафиқонаш Ширин Амирҷон каме дуртар аз ӯ ба замин мехобид. Дуртар аз ӯ рӯзноманигор Искандари Мирхоҷа маҷруҳ буду нолиш мекард. Ӯ аз пояш захмӣ шуда буд. Хушбахтона, Искандар зинда монд. Ширини ҷавон ҳам баъди як ҳафтаи тир хӯрдан дар беморхона ҷон дод.

Нохалафе риштаи умри ин ду ҷавони тоҷик, шоаҳиду шоҳидиро дар айни камолоти умру эҷодаш барканд.

Ғуруби саробони чор тифли маъсум

Олим аз зиндагии муштараки худ бо Зулайхо ҳамсари гиромиаш чор нафар тифлакони хурд дошт; Музаффар, Фирдавс, Савзали, Озодӣ, ки онҳоро тири нохалафе барои умре аз саробони сар маҳрум сохт. Олим сарватманд набуд, аз сарвати дунё донишро дошт, ки бо аз байн бурдани ӯ ганҷи ӯву хонадони ӯ аз байн рафт, бояд хонаводаи ӯ бидуни Олим ранҷи зиёде кашиданд, аммо умедворам, фарзандон номбардори номи падари хешанд. Бисёр мехостам ин ҷо аз зиндагии онҳо пас аз марги падар бигӯям, ки мутаасифона натавонистам пайдояшон бикунам. Ба умеди он ки пас аз хондани ин матлаб онҳо аз худ дарак бидиҳанд, ҳамин ҷо қиссаи як шаҳиди роҳи озодӣ ва адолатро ба поён мерасонам.

Ӯ агар имрӯз зинда мемонд, ба сини мубораки 60 медаромад.

Хонаи охират обод бод, эй марди шарфи роҳи ҳақиқату озодӣ.

Тоҷинисои Азиз

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97