Кашфи қалъаи давлати Корран

Таърих 08.07.2012 16:30

IMG_0140Бостоншиноси машҳури тоҷик, Юсуфшоҳ Ёқубов зимни анҷоми ковишҳои археологӣ дар маркази қадимии шоҳони Дарвоз мегӯяд, Қалъаи кӯҳнаи мавсуф ба Корран дар ин минтақаро кашф кардааст. Қалъаи мазкур аз зери овор ва хоктӯдаҳои садсола бо дасти ковишгарони бостоншинос берун оварда шуда ва ба гуфтаи оқои Ёқубов ҳовии маълумоти муҳими таърихӣ ва бостоншиносӣ роҷеъ ба таърихи қадими Дарвоз аст.

IMG_0150Ашё ва маълумоти ба дастомада аз ин қалъа далолат ба он мекунад, ки он бештар аз 2 ҳазор сол пешинаи таърихӣ дорад. Ва то асрҳои 15-16 ба ҳайси нишастгоҳи шоҳони Дарвоз мавриди истифода будааст. Дар ҳудуди ин қалъа ва шаҳрак муҳимтарин иншооти кашфшуда гунбади панҷманор аст, ки дар гузаштаҳои то исломӣ гунбаи оташ будааст. Ин далолат аз густариш доштани оини зардуштӣ, то замони ривоҷи ислом дар минтақа мекунад. Ҷолиб ин аст, ки баъди густариш ва пазируфта шудани ислом, низ гунбади оташ дар ин Қалъа хароб нагашта, балки як манори дигар ба он изофа шуда ва ба ҷои гуфтани азон табдил шудааст.  Ин ҳафриёт бо кӯмаки хайрияи дӯстдорони таърих ва фарҳанги бостон ва "Бунёди муаллими кӯҳистон" ба ифтихори 75 солагии бостоншинос Юсуфшоҳ Юқубов ва 80 солагии Муъмин Қаноъат сурат гирифтааст.

qalaЮсуфшоҳ Ёқубов мегӯяд: "Қалъа дар масофаи як километр дуртар аз деҳаи  Рузвай, дар ҷанубу шарқии кӯҳи Зоғик, дар баландии 1700 метр воқеъ аст. Ҳафриёт нишон дод, ки масоҳати он ҳудуди ду га. ва калонтарин ҷойи нишасти шоҳон дар қисмати кӯҳистони Осиёи Марказӣ мебошад. Аслан маркази шаҳрак аз се бахш иборат аст. Дар бахши шимолу ғарбӣ дар гузаштаи дур биноҳои маъбади оташи муқаддас ва дар асрҳои баъдӣ масҷид, майдонҳои варзишӣ, амфитеатр ва манораи бузурге ҷой доштанд. Ҳафриёт дар харобаи манора нишон дод, ки он аз манораи марказии чорбурҷаи баробарпаҳлӯ ва чаҳор бурҷи мудаввар иборат аст. Яъне гунбад панҷманор мебошад ва дар меъмории Осиёи Марказӣ амсол надорад. Бояд арз намоям, ки манораи марказии чаҳорбурҷа хоси меъмории пеш аз исломӣ мебошад, яъне он ба замонҳои қадим тааллуқ дорад".Kalai_Khumb1

Ин донишманд мегӯяд, шояд дар даврони исломӣ дар гирди гунбад чор манораи мудаввар сохта бошанд, аммо манораҳо низ аз манораҳои замони ислом бо тарҳи худ фарқ мекунад. Байни манораҳоро пешайвони бо аркҳои аз хишти пухта сохта оро медиҳад, ки онро дар меъмории Осиёи Марказӣ нотакрор менамояд. Умуман панҷманори шаҳри Корран бо сохтори худ дар меъмории таърихи халқи тоҷик амсол надорад. Аз ҳамин лиҳоз, мегӯяд Ю. Ёқубов, вай дорои аҳамияти бузурги илмӣ мебошад.

Дар ҷануби диж бахши саввуми шаҳр ҷой дорад, ки дар ин ҷо, дар сари кӯҳ манорае сезина воқеъ буд, ки дар болои он дар замони пеш аз ислом, дар рӯзҳои ҷашн оташи муқаддас афрӯхта мешуд. Ҳоло аз он ду зинаи поён боқӣ мондаанд.

IMG_0159Хиштҳои пухтае, ки дар ин қалъа истифода шудаанд низ аз хиштҳои дигар меъмориҳои таърихии минтақа фарқ дорад. Андозаи хиштҳои меъмориҳои дигар, аз ҷумла аз сохтмонҳои Самарқанду Бухоро 22X22 аст, хиштҳои ин меъморӣ 26х26 ва 30 бар 30 андоза доранд.

Ҳафриёт дар ин қалъа феълан мутаваққиф шуда ва Ю. Ёқубов қасд дорад, барои идомаи он воситаҳои дигаре пайдо кунад. Ӯ мегӯяд, ин қалъа, ки акнун кашф шуда бояд ба рӯйхати ёдгориҳои меъморӣ ва муҳофизатшаванда дар Вазорати фарҳанг ворид шавад. Ва барои бозсозӣ ва ё реставратсияи он иқдом сурат бигирад. Аммо бостоншиносон ҳоло маҷбуранд то он замон, қалъаи аз зери хоки таърих беруновардаи худро дубора зери хок кунанд, то аз боду борон газанде набинад.

  «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97