Марг сӯяш дар шитоб аст
Пирумқул Сатторӣ вақте ин ном дар маҳфилу ҳавзаҳои фарҳангии маркази вилояти Хатлон садо медиҳад, собиқадорони фарҳанг мегӯянд, Ӯ поягузори забони адабии театрҳои Вахшонзамин аст. Шоирону нависандагони вилоят ӯро асосгузори маҳфилҳои адибони Хатлон, устоди устодони имрӯзаи каломи бадеи Вахшонзамин меҳисобанд. Аммо ӯ аз 55 сола фурсати умре, ки дошт, беш аз 30 соли онро сарфи пешаи рӯзноманигорӣ карда, ҳаққи устодӣ ба бештар аз журналистони собиқ вилояти Қӯрғонтеппа низ дорад. Пирумқул Сатторӣ журналисте буд, бо табъи шоирӣ ва шоире буд, ки шеъраш танҳо ҳосили як шуру илҳом на, балки пайкеро мемонд, ки ҷомеаи вақтро аз ҳаводиси пешомад ҳушдор медод. Катибаи зерин далели ин гуфтаҳост.
Катибаи "Тоҷик Азот"
Мори афъӣ дар сари сарчашма хоб аст,
Ташнасӯзи роҳгузар ояд ба инҷо,
Дар дилаш сад изтироб аст.
Ташнагӣ ҷонаш ба ҳалқаш оварда,
Зиндамурда дар азоб аст.
Ҳолиё нӯшад нанӯшад, аз ду сар
Марг сӯяш дар шитоб аст
Аз бедорӣ то марг
Субҳон Мирзоев, ҳунарманди театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа Пирумқул Сатториро аз зумраи шаҳрвандони дӯстдори Қӯрғонтеппа меномад. "Сатторӣ аз каломи бадеъ бисёр огоҳ буда, дар такмили забони адабии театр нақши бузург доштанд. Замони ба ҳайси мудири шӯъбаи адабии театр кор карданашон барои тозагии забони саҳна ба ҳунармандон хидматҳои зиёде кардаанд. Ӯ тавонист тамоми шоирону ҳунармандонро атрофи худ ҷамъ кунад. Поягузори доираҳои фарҳангию адабии Вахшонзамин, ки имрӯз рушду инкишоф меёбанд, ба номи Пирумқул Саторӣ марбут аст".
Аммо оташе, ки дар синаи Сатторӣ месӯхт, фаротар аз адабиёту театр доман густурда буд. Андешаҳои пурисёни ӯ гоҳҳо дар забони шеър тавлид мешуду гоҳе дар саҳифаҳои матбуот мерехт, ва гоҳҳо аз баландгӯякҳои базму маҳфилҳо садо дода, дилеро гарму дидаеро месӯхт. Зеро замони ба як пешвои фарҳангӣ расидани устод Сатторӣ ба даврони бедории миллат рост омада буду гуногунандешӣ ҷомеаи ба тозагӣ аз банди Кремл озодшударо фаротар пароканда мекард. Ба хусус дар доираҳои фарҳангӣ, ки тафаккури зиёиёни давр баъзан пойбанди эҳсосашон мешуд, нируҳое маҳфилу доираҳои адабию фарҳангии Вахшонзаминро ба содагӣ сиёсатолуда кардаанд. Аз бори гуногунандешию фитнаи рӯи кор омада, ба қавле нахуст "девор"-и фарҳангии Вахшонзамин аз миён кафида, баъдан фурӯ мерехт. Он девори вайроншуда зери худ даҳҳо адибону рӯзноманигорони шаҳид дорад, ки як нафари пешгоми он Пирумқул Сатторӣ аст.
Ҳикмати миёнбанди ҳарбии Сатторӣ
Пирумқул Сатторӣ, шоир ва рӯзноманигори барҷастаи тоҷик 1августи соли 1938 дар Шурчии Ҷумҳурии Узбакистон ба дунё омада, баъди марги модар ба тарбияи мактаб-интернат дода шудааст. Соли 1962 баъди хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе барои кор ба Қӯрғонтеппа фиристода мешавад. Ӯ дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ дар деҳаи Ғайрати Қӯрғонтеппа ҳамзамон мудири бахши адабии рӯзномаи "Ифтихори Вахш" шуда кор мекунад. Соли 1962 Пирумқул Сатторӣ ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ даъват мешавад. Дӯсти овони донишҷӯии ӯ адиб Зариф Ибод нақл мекунад, ки вақте мо Пирумқулро ба хидмати ҳарбӣ гусел кардем, муҳаррири рӯзномаи "Вахш" дар ҳамон вақт маро ба ҷойи ӯ ба кор даъват кард. Соли 1966 баҳорон ӯ аз аскарӣ ба рухсатӣ ба Қӯрғонтеппа баргашту дар манзиле, ки мо иҷоранишин будем, мезист. Саҳаргоҳон ман ба кор мерафтаму ӯ шиму костюми домодии маро пӯшида, ба дидори маҳбуба, баъдан ҳамсараш Ҳабиба мерафт. Тирамоҳи он сол Пирумқул хидмати ҳарбиро адо намуда, ба Қӯрғонтеппа ба кору вазифаи пешинааш баргашт. Ҳамон сол бо роҳбаладии муҳаррири рӯзномаи "Вахш" Толибҷон Неъматов тӯйи Сатторӣ ва Ҳабибаро дар идораи рӯзнома гузаронидем. Иштироки Файзулло Ансорӣ дар он тӯй сабаб шуду ҳукумати вақти Қӯрғонтеппа ба навхонадорон манзили истиқоматӣ тақдим кард. Пирумқул тобистони соли аввали баъди аз хидмати ҳарбӣ омаданаш, аз асари хунукзадагӣ азият мекашид. Боре тобистон мо гушту равғани асп гирифта, ба назди пули дарёи Вахш истироҳат рафтем. Баъди ноништо ман равғани аспро дар пушти ӯ молидаму ӯ зери офтоби сӯзону ман дар паноҳи сояе дурудароз сӯҳбат доштем. Он рӯз устод нақл карданд, ки ҳангоми хидмати ҳарбӣ дар Полша боре ҳамроҳи як ҳамхидматаш зери тарма мондаанд. Вақте онҳо аз як дарраи кӯҳистон мегузаштаанд, аз қуллаи кӯҳистон тарма хамида онҳо, даруни ғори зери тарма мондаанд. Онҳо таи ду шабонарӯз ба қундоқҳои аслиҳаашон тармаро шикоф карда, ҷон ба саломат мебаранд. Муборизаи ду рӯзи зери тарма барои дар лаҳзаҳои мушкилзо зистан барои ӯ ҳам имтиҳону ҳам ибрат барои оянда буд. Ӯ аз асари сардии он ҳодиса як умр азият кашид. Ҳикмати миёнбанди ҳарбияш, ки то охири умр дар миён баста мегашт, ҳамин буд, ки миёнбанди ҳарбӣ паҳн буду гурдаро гарм нигоҳ медошт. Ба қавле Пирумқул Сатторӣ ва Зариф Ибод то ҷанги шаҳрвандӣ чойи хонаашонро бе якдигар наменӯшиданд.
Ку он роҳбарони куру тақдирсоз?
Аммо ӯ дар баробари шоири тавоно ва заҳматкаш будан, як нируи бузурги исёние дошт, ки натанҳо дар эҷодиёти ӯ, балки зимни сӯҳбату баромадҳо дар назди омма суханашро оташин мекард. Ӯ дар масъалаи ҳувияти миллию озодихоҳии мардум "мина"-еро мемонд, ки гоҳҳо бе хотир метаркид. Тоҳир Розиқ, мухбири радиои Тоҷикистон нақл мекунад, ки " Рӯзи 23 июни соли 1989-ум дар шаби эҷодии Тағоймуроди Хушвахт адибони зиндаёд Пирумқули Сатторӣ ва Искандари Хатлонӣ низ ширкат доштанд. Вақте Устод Сатторӣ ба сухан баромад, гуфт: Ку он роҳбарони куру тақдирсози миллати мо, ки ҳунарманди сазовори унвон меҷӯянд?! Дар он шабу рӯзҳои замони бедории миллат баъзе шоирону рӯзноманигорон таассуроти хешро аз ҳаводиси рӯзгор пинҳонӣ навишта, шояд то ҳол маҳфуз медоранд. Аммо устод Сатторӣ туғёни дилашро аз мардум пинҳон намедошт. Ба хусус дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сухани ӯ аз баландгӯякҳои базму маҳфилҳо баланду пуртаъсиртар садо медод. Шояд ҳамин нируи ӯ замони бедории миллат атрофаш дӯстонеро ҷамъ оварда буд, ки пайти мувофиқ ёфта, шоири оташинро дар муборизаҳои сиёсӣ ба манфиат истифода мебурданд".
Шоҳидони вақт нақл карданд, ки вақте 10-уми майи соли 1992 ӯро аз роҳ боз медоранд, яке аз силоҳбадастон, ки ҳамагӣ ғайри тоҷик будаанд, ба устод гуфтааст: "Ту ҳамон шоире нестӣ, ки дар як тӯйе дар "НИХИ" сухан карда, чӣ гуфта будӣ…" Лаҳзаҳои охири ҳаёти шоир-рӯзноманигорро поёнтар меорем.
Имшаба минои танам пур май аст
Аз нақли Зариф Ибод дӯсти устод Сатторӣ аз он шаб. "Дар тӯйи фарзандони Саидаҳмади Зардон, ки пеш аз ҷангҳо дар маҳаллаи НИХИ Қӯрғонтеппа баргузор гардид, тамоми адибони Хатлонзамин иштирок доштанд, Пирумқул Сатторӣ садри маҳфил баъди Шодмон Юсуф ба сухан баромада буд. Он шабу рӯз баъзе масоили сиёсиро зимни суханҳои табрикотии тӯёна ҳам баён мекарданд. Табиист, ки вақте як шоир баъди суханронии пешвои демократҳо баромад мекунад, ба ҳозирин чӣ гуна таъсир мегузорад. Дар он шаби базм, ман аз адибон гапшунав шудам, ки чаро ман номзадии Пирумқулро ба Котиби Иттифоқи нависандагон пешбарӣ кардаам. Охир дар шароити сиёсии он шабу рӯз дар баробари ӯ, ки ташкилкунанда ва роҳбари маҳфили бонуфузи "Гулбарг" буд, шоири дигаре ба ин вазифа мувофиқтар набуд. Баъди он шабу рӯзҳо мутаассифона эродҳои ман нисбати дӯстам, ки баъзе суханҳои ӯ ба ҷонаш хатар доштанд, ба ӯ асар намекард. Вақте ман аз сафари Рига баргаштам, як сардие миёни адибон мушоҳида мешуд. Ҳаммаслакон нақл карданд, ки дар набудани ман Аскар Ҳаким омада, Муҳаммадалии Аҷамиро Котиби Иттифоқ таъин карда рафтааст.
Риштаи печидаи дӯстӣ
Ин танҳо сухани як ду нафар шоирону рӯзноманигорони вақт нест, ки дар аввалҳои солҳои 1990-ум аз мардуми қаторӣ дида бештар эҷодкорон ба эҳсосот дода мешуданд. Ҳатто байни мо адибон, ба ёд меорад Зариф Ибод, як зиддияти аҷибе пайдо шуда буд. Аз устод мепурсам, ки ба қавле "он девори адабиёт" аз кай боз кафида буд?
-Ба ин суол бояд ҳар адибу рӯзноманигор ва шоҳидони вақт аз номи худ ҷавоб гӯянд, аммо ман баъди як базм аз дӯстон ранҷида будам. Дар тӯйи фарзандони Муқимҷон Абдураҳмонов, ки дар тарабхонаи Қӯрғонтеппа доир мегардид, мо ҳама сархуш будем. Ман барои ҳавои тоза гирифтан ба берун баромада будам. Як вақт барранда-раиси тӯй Облоқулов назди ман омада гуфт, ки устод ҳамин шеърро Сиёвуш ва Сатторӣ доданд, Шумо бинед баъд ман онро қироат карда, Шуморо ба сухани табрикӣ даъват мекунам. Дар "салфетка" ду мисраи гӯиё шухиомез навишта шуда буд. Ман баргашта ба базмгоҳ ба назди Сиёвушу Сатторӣ даромада гилла кардам, ки наход ман сазовори ҳамин гуна суханҳо бошам, агар чунин аст, пас падари ман чӣ гуноҳ дорад. Аз Облоқулов ранҷидам, ки чӣ гуна ин дашномномаро ба ман расонид, аммо ӯ бахшиш пурсид, ки онро нахондааст, вагарна дарронда мепартофт. Ин нахустин нофаҳмиҳо байни мову Сатторӣ баъди 30 соли робитаи дӯстӣ доштанамон буд. Баъдан Сатторӣ аз ман бахшиш пурсид, аммо Сиёвуш, ки ҷавонтар буду гӯиё аз карда пушаймон набуд. Азбаски Сиёвуш бо Сатторӣ ҳаминишин шуд, ман аз давраи онҳо дур шудам. Сатториро муҳити атрофаш дигар карда буд. Мо дар алоҳидагӣ бисёр дар ин маврид сӯҳбат мекардем. Аммо ӯро мутақоид карда наметавонистам. Ҳарчанд моро дуроҳаи ҳодисаҳои вақт ҷудо кард, аммо мо дар ҳар вохӯрӣ сӯҳбатҳои самимӣ доштем. Дар охирин рӯзи зодрӯзаш ман дар замини назди хона кор мекардам, ки ӯ омада гилла кард, ки мо чунин рӯзҳоро бе якдигар намегузаронидем. Мо як шиша арақро дар истироҳатгоҳи боғчаи ман майда карда менушидему аз рӯзҳои гузашта ёд мекардем. Ӯ як шоири пур аз шуру исён буду муҳите, ки фарогираш шуда буд, ӯро ба муборизаҳои ошкоро мебурд. Ману Пирумқул ҳарду мепиндоштем, ки мабодо агар ба яке аз мо ҳодисае рух диҳад, мардуми Қӯрғонтеппа дуввумини моро сабабгори ҳодиса хоҳанд хонд. Он рӯзи нӯшонӯшӣ мо дар боғчаи ман будем, ки як вақт духтараш омада хабар дод, ки дӯстонаш ба меҳмонии Пирумқул омадаанд, ӯ маро ба хонааш даъват кард, аммо ман рафта натавонистам, зеро аз баъзе дӯстони ӯ ранҷида будам.
Тарс аз доғи таърихӣ
Баъдан байни мо фитнаи бузурге андохта буданд. Як рӯзи моҳи августи соли 1992 буд, рӯзе як ҳамсоя омаду ба ман хабар овард, ки Шуморо муҳокима карда, пурсиданд, ки чаро ҳамаи рӯшанфикрон ҳастанду Зариф Ибод нест? Ман ба он нафар гуфтам, ки ба онҳо бирасон, ки Зариф Ибод гуфт: "Ман торикфикрам".
Боре аз барои дӯсти Сатторӣ буданам силоҳбадастон ба синаам мили яроқро гузошта буданд, он вақт аз худ дида, дилам ба дӯсти азизам Пирумқул месухт, ки баъди марги ман фитнагарон ӯро ба марги ман гунаҳкор меҳисобанд. Аммо баръакси ҳол шуд, баъди қатли устод Сатторӣ таънаву маломатҳои ҳамқаламон бар сари ман рехт. Дар чашмони Зариф Ибод ашк ҳалқа мезаду буғзи гиря гулугираш кард. Баъди якчанд дақиқаи сукуту хомӯш гиристанҳо ӯ илова кард: "Ҳатто дар як вохӯрӣ бо адибон дар Душанбе баъзе собиқ ҳамнишинонашро маломат кардам, ки Шумо ӯро ба он роҳ бурдеду баъдан дар лаҳзаи ҷанг ӯро дар Қӯрғонтеппа танҳо монда, акнун гунаҳкор маро меҳисобед. Дар асл Сатторӣ худ хоҳиши дар Қӯрғонтеппа мондан дошт".
Сентябри соли 1992 вақте Фронти халқӣ дар Қӯрғонтеппа Ситоди худро таъсис дод, 28- уми сентябр Пирумқул Сатториро даъват намуда, дар ҳузури ҳамқаламу ҳамсараш ба ӯ мегӯянд. "Туро ҳам метавонанд дар қатори ҳазорҳо мардум бо як тир нест кунанд, аммо куштори шоиру рӯзноманигор номи тоҷиконро дар саҳифаи таърих сиёҳ мекунад." Ба гуфтае, ин суханҳоро ба Пирумқул Сатторӣ гӯё Сангак Сафаров гуфта бошад, ба қавле дигар як қумандони дигаре.
Баъдан Сатторӣ то рӯзи марг ба ҳайси мудири шӯъбаи адабии театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият мекард. Соли 1993 як нафар корманди театр назди Зариф Ибод омада, изҳори ташвиш менамояд, ки "ако, Устод Сатториро насиҳат кунед, ки мабодо агар суханҳояшро шунаванд, намедонам ҳолаш чӣ мешавад". Мо,- мегӯяд зариф Ибод,- барои бехатарии Пирумқул бо мудири театр ва ҳамчунин ба духтари ӯ Лола сӯҳбат доштем, то вазъиятро ба устод фаҳмонида, лоақал ӯро муваққатан ба Душанбе фиристонанд. Аммо ӯ ба ҳамон мавқеи пешинаи худ устувор буду мегуфт, ки агар куштанӣ бошанд, дар ҳамин ҷо кушанд, ман аз Қӯрғонтеппа ба ҳеч куҷое намеравам. Дар он шабу рӯз адибон Амиршоҳи Хатлонӣ, Зариф Ибод ва нафаре дигар ба Абдулҳамид Самад муроҷиат мекунанд, ки муваққатан Сатториро ба Душанбе даъват кунанд.
10-май. Вақте Сатторӣ аз театр бармегашт…
Расонаҳои гуногуни бурунмарзӣ оид ба ҳодисаи боздошт ва қатли Пирумқул Сатторӣ навишта буданд, ки гӯё ӯро аз навбати нон боздошт кардаанд, аммо духтари устод Рухшона нақл мекунад, ки мо ҳеч гоҳ намегузоштем, ки падарамон дар навбати нон истанд. Зеро маслиҳати дӯсти падарам Зариф Ибод буд, ки навбати нон аз ҳама нуқтаи хатарнок барои чунин ҷавонмардон аст. Ҳабиба Сатторӣ, ҳамсари шоири рӯзноманигор нақл мекунад, ки: «мо шаби 9-уми май дар меҳмонии хешовандонамон будему субҳи 10-уми май ман субҳи барвақт ба кор рафтаму бегоҳӣ вақти аз кор баргаштан хабари боздошти ҳамсарамро шунидам». Ба гуфтаи Рухшона духтари Сатторӣ «бегоҳии рӯз буд, кӯдаке хабар овард, ки дар назди мағоза падаратро силоҳбадастон лату куб доранд. Вақте мо ба ҷойи ҳодиса рафтем, аллакай ӯро ба мошин савор карда бурдаанд. Бо ҳамин дигар дар бораи падар хабаре нашунидаам». Зариф Ибод дӯсти овони ҷавонии Сатторӣ, ки дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ дошт, он рӯзро чунин ба хотир меорад: "Он рӯз ман дар хона машғули кори эҷодӣ будам, ки муаллими Давлат шитобон омада, гуфтанд, ки устод, тезтар шитобед, ки силоҳбадастон Сатториро мекушанд. Вақте мо ба назди мағоза омадем, аллакай Сатториро бурда буданд. Одамоне, ки дар навбати нон меистоданд, нақл карданд, ки чаҳор нафар силоҳбадасте, ки ғайри тоҷик буданд, аз "бар" баромада, бо Сатторӣ, ки ҳини бозгашт аз театр дар роҳ ба нафаре сӯҳбат мекард, рӯ ба рӯ мешаванд. Гӯиё нафаре аз онҳо ба устод гуфта бошад, ки ёд дорӣ пеш аз ҳодисаҳои ҷанг дар тӯйи фалонӣ дар "НИХИ" баромад карда, чӣ гуфта буди?"
Шоҳидони он лаҳза нақл мекунанд, ки лаҳзаи боздошт ва лату куби устод Сатториро садҳо нафар сокинони маҳалла тамошо кардаанд, аммо коре аз дасташон намеояд, то шоирро озод кунанд. Вақте бонуи каме ҷасуртаре пештар рафта нидо мекунад; "Эй Шумо медонед, ки ин як шоири маъруфу журналист аст, чунин муносибат натанҳо Шумо тамоми ҷамъиятро доғдор мекунад…"
Нафаре аз онҳо он занро таҳдид мекунад, ки агар нахоҳӣ, ки дар қабати ӯ ҷасади дуввум шавӣ, дафъ шав аз инҷо. Вақте онҳо пайкараи зарбдодаи Сатториро ба мошини фургон бор мекунанд, Сатторӣ бо ду даст дари мошинро дошта, муқобилият нишон доданӣ мешавад. Аммо як шоире, ки аслиҳааш қалам буд куҷову чаҳор барзангие, ки ҳама бо Калашникову дигар аслиҳаҳо мусаллаҳ буданд, куҷо?
Ба гуфтаи Зариф Ибод ҳамон шаб онҳо тамоми Ситод ва нуқтаҳои ҳарбиёнро суроғ мекунанд, аммо аз Сатторӣ хабаре пайдо карда наметавонанд. Ҳамсару пайвандон, ба хусус шогирдаш Шариф Сабурӣ чандин солҳо дар ҷустуҷуйи зинда ё ҷасади устод буданд, аммо бенатиҷа.
Зиндагӣ боист!
Рухшонаи духтараш нақл мекунад, ки : «одатан мо падарамро танҳо шабона вақти дарстаёркунӣ ва тафтиши рӯзномаву дафтарҳоямон медидем. Солҳои ҷанг мо ӯро танҳо ҷисман зинда медидему руҳаш ҳамроҳи мо набуд. Ҷанг ӯро бисёр хотирпарешон карда буд. Ӯ зиёд тамоку мекашид. Ҳатто дар шабу рӯзе, ки мағозаҳо кор намекарданд, ӯ барги хушккардаи анҷирро дар коғаз печонида, "дуд мекард". Шабҳо хоб надошт. Саҳаргоҳон, вақте аз хоб бармехестем, дар болои яхдон ҳосили эҷоди шабонаашро гирифта, мехондем. Падарам як шеъре доштанд, ки баъди маргаш роҳнамои ман дар зиндагӣ шуд. Шояд агар он шеър тавлид намешуд, имрӯз ман ҳам зинда намебудам:
Зиндагӣ боғест,
Зиндагӣ боист, ки меваҳояш талху ширин аст.
Зиндагӣ боист, ки қатраи оби борону хандаи хуршед чист.
Хоҳ шодон, хоҳ хандон,
Хоҳ шодон, хоҳ хандон, хоҳ нолон, зиндагӣ боист!
Ман баъди маргаш эҳсос кардам, ки гӯиё ӯ ин шеърро барои ҳамин рӯзҳои сангини мо навишта бошад».
Қӯрғонтеппа шоирашро ёд дорад?
Имрӯз аз устод Пирумқул Сатторӣ ҳамсару фарзандонаш Лолаву Мунира Рухшонаву Сино боқӣ мондаанд, ки номи падарро зинда медоранд. Ва ашъори ноби ӯ, ки дар чанд номгӯи китобҳое мисли "Боли парвоз", "Пайғом", "Посира" ва ғайраҳо, ки аз даст ба дасти толибони шеъраш мегардад. Ҳамчунин даҳҳо маҳсули эҷоди шабҳои бедориаш, ки алъон рӯи чопро надидаанд. Танҳо ду ёдгорӣ аз ӯ, ки яке харобу дигар бенишон аст, ба ранги доғе дар саҳифаҳои таърихи охири асри 20-уми мо тоҷикон боқӣ мондааст. Яке аз ин ёдгорӣ боғи назди хонааш аст, ки баъди маргаш аз лиҳози қонунӣ "самозахват" дониста шуда, онро хароб кардаанд. Дигаре мазори беному нишонаш аст, ки то ҳол замоне дӯстони содиқаш онро пайдо накардаанд. Бонуи Ҳабиба Сатторӣ иброз медорад, ки дар 20 соли баъди маргаш бори аввал ӯро дар вохӯрӣ бо раиси кунунии шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев даъват карданд: "Азбаски он вохӯрӣ ба 80 солагии рӯзномаи имрӯза "Набзи Қӯрғонтеппа" бахшида шуда буд, ман лоиқ нашумурдам, ки аз он фурсат истифода бурда, хоҳиш кунам, ки ҳамон заминчаи ҷойи боғистони Пирумқул Сатторӣ, ки се дарахти дигараш боқӣ мондааст, қонунӣ карда ба мо баргардонанд. Мехоҳам боғи ӯро аз нав обод кунам, то рӯҳашро шод гардонем. Ӯ бештари шеърҳои худро вақти кору истироҳат дар ҳамин боғча эҷод кардааст."
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷуй
Ба гуфтаи бону Ҳабиба Сатторӣ, чанд сол пештар нафаре ба суроғи онҳо омада, иброз доштааст, ки ҷойи "оромгоҳ"-и устодро медонад, агар хоҳиш дошта бошанд, ман бурда нишон медиҳам. Аммо бону Ҳабиба рад кардааст. Зеро мегӯяд ӯ; "падари фарзандонамро дигар баргардонида наметавонем. Кофтукоби ҷасади ӯро ба хотири амнияти фарзандонам напазируфтам. Ёди Сатторӣ дар дилу дидаи мо пайвандонаш абадӣ зиндаву пойдор аст." Бону Ҳабиба бо берун баромадани фарзандонаш аз фурсат истифода бурда, мисли як ҷавондухтари маҳбуби дилашро аз даст додае, нолаву фиғон карду гуфт:
"Писарам! Мо ҳамаро бахшидаем, дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳазорҳо фарзандони фарзонаи ин миллат шаҳид шудаанд. Агар лозим шуморанд, охирин ёдгориаш ҷойи боғашро, ки як харобаро мемонад, ба мо бидиҳанд, то боғеро онҷо ба номаш обод намуда, зиёратгоҳи мухлисону ҳамқаламонаш кунем. Вагарна барои худам бошад, аз ҳамсарам ба ёдгорӣ фарзандон дорам, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорем. Хотираҳо аз он боғистони Саттории шоирамро бошад, дар боғи дилам ҳам сарсабз мондаам."
Ҷамолиддин Усмониён
P.S. Баъид медонем, ки дар 100-умин рӯзи таҷлил аз рӯзи матбуоти тоҷик қотилони садҳо тан аз рӯшанфикрону рӯзноманигорон, ки аслиҳаашон танҳо қалам будааст, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо лоақал мушаххас кардани қабри ин шаҳидон дар асри ХХ1 кори номумкине нест. Дар ҳоле ки гури бузургони классики моро дар ним асри пеш тавонистанд кашф ва ҷасадашонро шиносоӣ кунанд, чаро имрӯз мо натавонем, ин корро бикунем. Ҳади ақал ба хотири тасаллои дили азизони онҳо ва шод кардани рӯҳи шаҳидон ҳам набошад, ба хотири масъулияте, ки дар назди таърих дорем, бояд ин корро бикунем. Вале намекунем. Чаро? Мо аз чӣ метарсем, аз қотилони онҳо ё аз гӯри ин равшанзамирон?! Аз чӣ???