Дар саргаҳи бедории фикрии мардуми тоҷик

Таърих 25.02.2012 09:59

Бӯриннисо Бердиева ва "Маориф ва маданият"-и ӯ

Burinisso_Berdievaaa"Чандин сари сол то ба имрӯз

Дар фикри касе набуд Наврӯз.

Наврӯз савори турна мерафт

Шабҳо, ки касе набинадаш рӯз.

Бо нашри дусад мақолаи ӯ,

Бо кашмакаши дусолаи ӯ,

Наврӯзи Аҷам фаромад охир

Аз шаҳпари турнаи муҳоҷир..."

                                              (Бозори Собир)

Қаҳрамони Наврӯз

Матбуоти тоҷик дар тӯли ин 100 соле, ки аз нахустин шумораи "Бухорои шариф" то имрӯз мегузарад, роҳи печидаву мураккаб ва пур аз шебу фарозеро пушти сар гузоштааст. Аммо як саҳифаи дурахшони таърихи матбуоти мо дар ин  садсола, бидуни шакк, "Маориф ва маданият" ва сардабири ёғиву саркашаш Бӯриннисо Бердиева аст, ки ҳар шумораи ин нашрия сутунҳои он низоми вақти оҳанинчангол ва зоҳиран муҳками Шӯравиро  меларзонд.

Бӯринисо Бердиева соли 1927 дар Панҷакент ба дунё омада, таҳсилоташ танҳо дар ду мактаби ҳизби ҳокими вақти коммунист буд. Аммо ин зане, ки дар қурраи ҳизби коммунист ва ақидаҳои коммунистӣ пухта буд, дар ниҳоят бо вуҷуди таъқиботи сахти низоми ҳоким ба як ҳомии барҷастаи арзишҳои миллӣ табдил ёфта, "Маориф ва маданият"-ро ҳам, ба истилоҳ, ба "лонаи диссидентҳои тоҷик" табдил дод ва дар матбуоти тоҷик аввалин шуда, дам аз Наврӯз зад ва бо вуҷуди қаҳру хашми мақомот, ҳар сол шумораи вижаи наврӯзӣ нашр мекард. Ин ҳолост, ки таҷлил аз Наврӯз як чизи муқаррарӣ шуда, соли нави форсиро дар сатҳи байналмилалӣ ҳам эътироф мекунанд ва дар Тоҷикистон касе барои таҷлили ин ид дигар муҷозот намешавад.

Дар даврони Шӯравӣ ҳизби ҳоким Наврӯзро аз боқимондаҳои урфу одатҳои феодалӣ ва ҳатто як иди зараровари динӣ мешумурд ва фақат ба иддае аз равшанфикрон иҷозат шуда буд, ки аз Наврӯз бо номи сохтаи "Сайри лола" таҷлил кунанд. Дар соли 1965 раҳбари вақти ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов хост, то ба Наврӯз ҷомаи идеологии созгор ба ақидаҳои коммунистӣ пӯшонда, дуруст дар рӯзҳои ин ид Иди меҳнат созмон диҳанд. Аммо "Маориф ва маданият" дар 21 марти соли 1966 "ҷомаи наврӯзӣ ба тан" ба дасти хонандагонаш расид ва ҳамин тавр, тамоми он солҳои баъдие, ки мақоми сардабириаш дар дасти Бӯриннисо Бердиева буд.

Дорои Дӯст, аз ҳамкорони Бердиева дар ин нашрия мегӯяд, баъди нашри ҳар шумораи наврӯзӣ аз Кумитаи марказии ҳизби коммунист бо хашм дар суроғи сардабир мешуданд, вале ӯ то фурӯ нишастани ин оташи ғазаби мақомот барои чанд рӯз "ғайб" мезад ва бо вуҷуди занги пайдарпайи мақомот гӯшии телефонашро аслан намебардошт: "Муҳаррир макети шумораи бахшида ба Иди меҳнатро ба  кумитаи марказӣ мебурд, онҳо медиданд ва қабул мекарданд. Аммо баъд мо Иди меҳнатро комилан бо Наврӯз иваз мекардем. Баъд онҳо ба кофтани Бердиева сар мекарданд, ки охир маслиҳати мо Иди меҳнат буд, ҳамаи шумора боз Наврӯз шудааст. Бердиева ҳамон рӯз гум мешуду мегуфт, агар маро пурсанд, гӯед, ки дар Кумитаи марказист. Қаҳрашон меомад, ки мо аз кумитаи марказӣ  ӯро мекобем, инҷо нест. Ҳарсол аҳвол ҳамин буд."

Бозори Собир, ки низ дар солҳои таҳти таъқиб қарор доштанаш, маҳз дар "Маориф ва маданият" паноҳгоҳ ва ҷои кор пайдо карда буд, мегӯяд, ҳоло касе дигар аз Бердиева ёд намекунад, вале дар он аҳд ин зани резапайкар, вале бузургирода ва боҷасорат аз маъдуд нафароне буд, ки нотарсона аз Наврӯз дифоъ мекард. Ба бовари Бозори Собир, Қаҳрамони воқеъии Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамин Бӯриннисо Бердиева аст: "Имрӯз қаҳрамони Наврӯз пуропур аст, ҳар кас дағдағаи Наврӯз мекунад ва аз Наврӯз лоф мезанад.  Бердиева ҳатто фаромӯш шудааст. Дар миёни ин ҳама дағдағаҳои наврӯзӣ ман боре номи ӯро нашунидам. "

Лонаи "диссидентҳои тоҷик"

Аммо марзи ҷасорати Бердиева ва "Маориф  ва маданият"-и ӯ фақат бозтоби Наврӯз дар саҳифаҳояшу нашри шумораҳои идона набуд.  Равшанфикроне ки дар он айём ба далеле мавриди қаҳри мақомот қарор  гирифта, "раддимаърака" мешуданд, аксар танҳо дар ҳамин нашрия паноҳгоҳ ва ҷои кор пайдо мекарданд. Вақте Сотим Улуғзода баъди фирори писараш Азиз ба хориҷа аз тамоми дарҳо ронда шуд, "Алломаи Адҳам"-ашро маҳз Бердиева дар "Маориф ва маданият" чоп кард. Танҳо минбар барои Ғаффор Мирзову Раҳим Ҳошим низ "Маориф ва маданият" буд. Саидаҳмади Қаландар, аз ҳамкорони Бердиева дар ин нашрия мегӯяд: " Ӯ ба Сотим Улуғзода замоне минбар дод ва "Суруди Ҳофиз" ва "Аллома Адҳам"-и ӯро чоп кард, ки баъди фирори писараш Азиз касе дар борааш ҳатто сӯҳбат намекард ва ӯ таки танҳо монда буд. Пурсарусадотарин шеърҳои Лоиқу Бозори Собирро чоп мекард.  Бозори Собирро вақте барои андешаҳояш аз Иттиҳодияи адибон берун карданд, Бердиева натарсида, ӯро ҳам овард.  Ҷумъаи Одинаро замоне ба "Маориф ва маданият" овард, ки романи "Гузашти айём"-и ӯро бо амри кумитаи марказии ҳизби коммунист аз дӯконҳо барчида, сӯзонданд."

Ҷумъаи Одина маҳз рӯи мизи кориаш дар идораи "Маориф ва маданият" аз сактаи қалб даргузашт. Чунин таҷаммӯъи афроди, ба таъбири Бозори Собир, "рондашуда ва аз низом норозӣ" дар идораи "Маориф ва маданият" буд, ки ин идораро мақомот ҳатто "лонаи диссидентҳо" ва сардабираш Бӯриннисо Бердиеваро ҳомии тамоми "антисоветчик"-ҳои тоҷик ном мебурданд. Вале бо ин вуҷуд низоми коммунистӣ тайи 23 сол - аз соли 1960 то 1983 - Бердиеваро дар курсии сардабири "Маориф ва маданият" таҳаммул кард. Ҳамсафонаш мегӯянд, як далели чунин "дарозумрӣ"-и ӯ дар ин курсӣ забони тундаш буд, ки бо ҳар мансабдор, сарфи назар аз  баландии мақомаш, баробар ва хеле бараҳна сӯҳбат мекард ва мақомот аз тарси сарбасар шудан бо ин хонуми ёғӣ ба барканориаш  ҷуръат намекарданд.

Номаи 17 зиёӣ сари Бердиеваро хӯрд

Burinisso_bo_khonavodaashСари Бердиеваро дар ниҳоят, дар соли 1983 низ нашри мақолае бо номи "Таърих гувоҳ аст..." хӯрд. Ин мақолаи дастаҷамъии 17 зиёии тоҷик дар посух ба иддаои муаллифи китоби "Алифбо" -и Ҳилол Каримов буд, ки аз минбари телевизиони Маскав гуфт, тоҷикон то инқилоби Октябр хатту савод надоштанд ва ин ду неъматро ба ин мардум инқилоб ва китоби "Алифбо"-и ӯ додааст. Баъди ин мақола Кумитаи марказии ҳизби коммунист билохира ба барканории Бердиева аз "Маориф ва маданият" тасмим гирифт, вале ба гуфтаи Саидаҳмади Қаландар, ҳайбати Бердиева чунон буд, ки боз 4 моҳи дигар касе ҷуръат накард, ки ин фармон дар даст пой ба идораи нашрия гузорад.

Қаҳарамони хори Наврӯз

Поёни умри Бӯриннисо Бердиева асосан дар хориву зорӣ ва дар гӯшаи фаромӯшӣ гузашт. Аз як сӯ, дарди саратону фақру нодорӣ ва аз сӯи дигар, дар гирдбоди ҷанги шаҳрвандӣ хоку туроб шудани ормонҳои миллие, ки ӯ тамоми умр алайҳи низоми коммунистӣ барояш мубориза мебурд, ин зани саркаш ва машъали зиндаи бедории фикрии мардуми тоҷикро аз по афканд. Касе аз мақомоти тоза ба чавкии қудрат расидаи кишвар низ то дар гузашти ин "Қаҳрамони Наврӯзи мо" (таъбири Бозори Собир) дар соли 2003 боре ҳам аз ӯ ёд накард. Дорои Дӯст, аз ҳамсафоне ки то поёни зиндагиаш ба Бердиева содиқ монд, мегӯяд, ҳосили тамоми муборизаҳои Бӯриннисо Бердиева фақат як села "виговор" буд, ки баъди нашри ҳар мақолаи пурсарусадо дар "Маориф ва маданият" ба номаи аъмолаш дӯхта мешуд: "Ӯ дар умраш ягон нишони давлатӣ надошт.  Ғайри як села "виговор" мукофоте надошт. Дар замони ҷанг, дар рӯзҳои сахтӣ,  гоҳ-гоҳ ба хонаи мо меомад.  Дасти ҳамаи мо он замон кӯтоҳ буд. ?ро медидам,  ки сахт мариз аст, пуле надорад, ки дору бихарад. Як хонаи сард дошт. Дар фақру бенавоӣ мурд ин зан. Дар як хориву зорӣ аз дунё рафт."

Баъди касби истиқлол, Наврӯз муҳимтарин ҷашни давлати Тоҷикистон эълон шуд, арзишҳои миллие, ки Бӯриннисо Бердиева барояш бо мақомоти вақти коммунист як умр дастбагиребон буд, дар меҳвари сиёсати расмии ин давлат қарор гирифтанд, вале заҳамоти ин зани мубориз то ҳол расман эътироф ва қадршиносӣ нашудааст. Ба бовари аксари зиёиёни тоҷик, ҳифзи Наврӯз дар шароити таъқиби сахти низоми коммунистӣ худ қаҳрамониест, ки Бердиеваро бидуни ҳеҷ шакку тардид, сазовори унвони Қаҳрамонии Тоҷикистон мекунад.

"Баъд он зани беҳтарин куҷо шуд?

Он пайкари нозанин куҷо шуд?

Он сангари шоирони ёғӣ,

Он маъмани олимони осӣ?

Ду панҷаи сар сафед чун барф,

Як ҷуфт калӯши кӯҳна дар пой,

Аз хона ба хона гушна мегашт

Дар барфи баланди кӯчаю лой.

Охир, ба ҳамин қарибӣ гуфтанд,

Дар гӯшаи ошёнааш мурд

Аз гушнагӣ Қаҳрамони Наврӯз..."

                              (Бозори Собир)

Мирзои Салимпур, махсус барои "Миллат"

P.S. Аз рӯйи нақшаи бозмонда аз замони шӯравӣ ин матлаб мебоист ё дар рӯзи матбуоти тоҷик ё рӯзи Наврӯз нашр мешуд. Аммо дар остони ин рӯзҳо, ки дастандаркорон дасту остин барзада мехоҳанд аз ин рӯзҳо таҷлил бикунанд, чопи онро барвақттар зарур донистем. То масъулони гиромӣ фурсатеро барои фикр кардан дар ихтиёр дошта бошанд, ки ин ҳама неъмат аз саодати кист, ки ба онҳо мерос мондааст. Ва шояд ба ин натиҷа бирасанд, ки месазад, номи ин чеҳраҳои муборизро бо хатти заррин дар таърихи ин миллат сабт бояд кард. Вагарна ҳеч дағдағае дар рӯзҳои таҷлил аз ин ҷашнҳо ба ин меросбарон намезебад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97