Таърихшиносии тоҷик решаҳои қадим дорад
Аввалин ва оддитарин донишҳои таърихӣ дар китоби Авесто, ки бо эҳтимоли зиёд дар а. XV-XIII п.м. навишта шудааст, пайдо шуда буданд. Ин донишҳо хусусияти ривоятӣ доранд ва дар онҳо ҳодисаҳои воқеъӣ ва хаёлӣ омехта тасвир шудаанд. Дар таърихи ривоятӣ солшумории воқеъӣ ва илмӣ вуҷуд надошт. Аммо ба ҳамаи ин ва дигар камбудиҳо нигоҳ накарда, ривоятҳои таърихӣ ҷавҳари воқеъӣ доранд. Дар давраҳои қадимтарин бинобар ҳанӯз ихтироъ нашудани хат ривоятҳои таърихӣ аз даҳон ба даҳон ва аз насл ба насл мегузаштанд. Дар ривоятҳои таърихӣ муҳимтарин ҳодисаҳо ва машҳуртарин шоҳон инъикос меёфтанд. Баъди пайдо шудани хат таърихи ривоятӣ дар китобҳо, аз ҷумла дар Авесто сабт карда мешавад. Албатта омӯзиши таърихи ривоятӣ усули махсус ва интиқодиро талаб мекунад. Бояд ҳамчунин дар назар дошт, ки ривоятҳои таърихӣ барои давраҳои қадимтарин ягона сарчашмае мебошанд, ки ба воситаи қадимтарин сарчашмаҳои хаттӣ то ба мо омада расидаанд. Барои омӯхтани таърихи қадимтарин сарчашмаи ягона ва муҳим бостоншиносӣ мебошад. Аммо онҳо маълумоти ривоятҳои таърихиро, ки мазмуни хос доранд, иваз намекунанд, баръакс ин ду навъ сарчашма якдигарро пурра мекунанд. Аз ин рӯ ақидаи баъзеҳо дар бораи аҳамият надоштани асотир ва ривоятҳои таърихӣ асоси илмӣ надорад.
Табарӣ - падари таърихшиносии тоҷик
Бо мурури замон донишҳои таърихӣ мукаммал гардида, дар ибтидои асрҳои миёна хусусияти илмӣ пайдо мекунанд. "Таърихи Табари"-и Балъамӣ, "Таърихи Бухоро" -и Наршахӣ (а.X), "Таърихи Байҳақӣ" (а.XI) аввалин ва машҳуртарин асарҳои таърихии илмӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) буданд. Дар асоси мазмун ва мундариҷаи ин рисолаҳо мо бо боварии тамом гуфта метавонем, ки таърихшиносии тоҷик дар а. X-XI ташаккул ёфтааст. Дар садсолаҳои минбаъда даҳҳо рисолаҳои таърихӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) таълиф шуданд, ки ба қалами таърихшиносони номдори асримиёнагӣ ба мисли Гардизӣ, Ҷувайнӣ, Ҷузҷонӣ, Рашид ад-дин, Утбӣ, Мирхонд ва ғайри инҳо тааллуқ доранд. Яке аз охирин таърихшиносони тоинқилобии тоҷик Аҳмади Дониш мебошад, ки дар а. XIX зиндагӣ кардааст. Ӯ муаллифи таърихномаҳои "Наводир ул-вақоеъ" ва "Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития" мебошад. Тавре ки мебинем, таърихшиносии тоинқилобии тоҷик собиқаи пурғановат дошт. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки миллати тоҷик ба марҳилаи нави таърихи худ, яъне ба давраи шӯравӣ бо дасти холӣ ворид нашуда буд. Албатта дар давраи шӯравӣ дар зери таъсири низоми нави сиёсӣ ва ғоявӣ дар таърихшиносии тоҷик тағйироти ҷиддӣ ва бунёдӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Таърихшиносии шӯравии тоҷик дар заминаи мактаби илмии русӣ, ки он дар навбати худ аз мактаби илмии олмонӣ манша мегирифт, ташаккул ёфт. Дар саромади таърихнигории шӯравии тоҷик ду шахсияти хеле маъруф - Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров меистоданд. Дар ташаккули ин соҳа А. Семенов, З, Раҷабов, Б. Искандаров, А.Мухторов, А. Ҷалилов ва даҳҳо олимони дигар саҳм гузоштаанд. Дар таърихнигорӣ усулҳои наву пешқадами таҳқиқотӣ истифода шуда, он мазмуну мундариҷаи нав пайдо кард. Аввалин асарҳои таърихии давраи шӯравӣ ба қалами Б. Ғафуров (Таърихи мазҳаби исмоилия, 1941) ва С. Айнӣ (Исёни Муқанаъ, 1944) тааллуқ доштанд. Асоси таърихшиносии нави тоҷикро асари Б. Ғафуров "Таърихи мухтасари халқи тоҷик" (с.1947) гузошт. Минбаъд дастовардҳо дар ин соҳа зиёд буданд, аммо муҳимтарини онҳо асари панҷҷилдаи "История таджикского народа" буд, ки солҳои 1960-ум бо ташаббус ва сарпарастии Б. Ғафуров таҳия ва чоп шуд. Дар навиштани он олимони барҷастаи он замон ширкат варзиданд. Китоби "Тоҷикон" -и Б. Ғафуров (1972) низ дастоварди муҳим ба шумор меравад.
Аён аст, ки асарҳои замони шӯравӣ аз маҳдудиятҳои ғоявӣ холӣ набуданд. Аммо ҳамчунин мусаллам аст, ки ин камбудӣ дар муқоиса ба маводу санадҳои сершумор ва муътабаре, ки онҳо дар бар мегиранд, қариб, ки ҳеч аст. Дастовардҳои таърихшиносӣ дар давраи истиқлол низ назаррасанд, аммо на ба дараҷаи дилхоҳ. Иқтидори илмии мо, дар сурати истифодаи самаранок, имкониятҳои бештар дорад. Дар ин соҳа тадбирҳои муассир ва тағйироти ҷиддӣ гузарондан лозим.
Сиккашиносӣ илми дуюмдараҷа нест
Яке аз дастовардҳои муҳими таърихшиносии шӯравии тоҷик ин пайдо шудани соҳаҳои барои ҷумҳурии мо нави ин илм ба мисли бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, мардумшиносӣ, хатшиносӣ (эпиграфика) ва бисёр соҳаҳои дигар мебошанд. Ба саъйу кушиши як силсила олимони рус ва ватанӣ ин соҳаҳо хеле инкишоф ёфтанд. Махсусан бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ хеле тараққӣ кард, даҳҳо ёдгориҳои антиқӣ ва асримиёнагӣ кофтуков ва тадқиқ карда шуданд, даҳҳо китобҳои ҷиддӣ ва пурмазмун ва садҳо мақола чоп шуд. Дар ин кори азим даҳҳо бостоншиносон - М.М. Дьяконов, А.Ю. Якубовский, А.М. Беленитский, Б.А. Литвинский, Н. Неъматов, Б.Я. Ставиский, В.А. Ранов, М.А. Бубнова, Ю. Яъқубов, Б.И. Маршак, А. Исҳоқов, У. Пулотов, Е. Салтовская, Л. Пьянкова, А.Мирбобоев, У. Бобоев, Л.Т.Пьянкова, Т. Отахонов, А.Юсупов, В.С. Соловьев, И.Р. Пичикян, Т.И Зеймаль, Д. Довудӣ, А. Абдуллоев, Т.Г. Филимонова, У. Эшонқулов ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд. Таърихи якмиллионсолаи халқи тоҷик - аз асри санг то а. XV-XIII п.м. пурра дар асоси санадҳои бостоншиносӣ навишта шудааст. Барои таърихи қадим ва асримиёнагӣ низ маводи бостоншиносӣ аҳамияти калон дорад.
Дар давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон соҳаи сиккашиносӣ низ хеле инкишоф ёфта буд. Асосгузорони он олимони маъруфи рус Е.А. Давидович ва О.И. Смирнова мебошанд. Дар рушду камоли ин соҳа Е.В. Зеймаль ва Д. Довудӣ низ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар бораи рушди ин соҳа шумораи китобу мақолаҳои чопшуда шаҳодат медиҳанд - 15 монография ва зиёда аз 600 мақола, ки давраи қадим ва асри миёнаро дар бар мегиранд. Дар ин мақолаҳо паҳлуҳои гуногуни таърихи сиккасозӣ, муомилоти пулӣ, таърихи сиёсӣ, таърихи дин ва санъати халқи тоҷик таҳлил ва баррасӣ шудаанд. Дар натиҷаи ин корҳо таърихи сиккасозӣ ва муомилоти пулии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна аз қадим то аввали а. XX ҳамаҷониба омӯхта шудаанд. Дастовардҳои сиккашиносӣ дар навиштани таърихи панҷҷилдаи халқи тоҷик (нашри с. 1960-ум) васеъ ва самаранок истифода бурда шуданд. Боиси ифтихор аст, ки бо эътирофи умум дар миқёси Осиёи Миёна сиккашиносии тоҷик дар ҷои аввал меистод. Хушбахтона мо тавонистем дар давраи истиқлол низ ин мавқеъи худро нигоҳ дорем. Санадҳои дар боло зикр шуда аз он далолат мекунанд, ки сиккашиносӣ яке аз соҳаҳои муҳими илми таърих буда, дар рушду нумӯи он нақши бориз дорад.
Мутаассифона ҳастанд нафароне, ки ҳамаи инро нодида мегиранд. Манзурам академик Масов аст, ки дар яке аз мусоҳибаҳои худ (рӯзномаи "Нигоҳ", №17 (240),13 июли с.2011) чунин гуфтааст: "Илми сиккашиносӣ, ин пурра илми таърих нест, ин ёридиҳандаи ин илм аст"… Мутаассифона муаллиф мебоист ин суханонро шарҳ медод, аммо ӯ ин корро накардааст. Шубҳае нест, ки зермаънои ин суханон паст задани аҳамияти сиккашиносӣ ва онро илми дуюмдараҷа шумурдан аст. Яъне ба ақидаи Масов дастовардҳои сиккашиносии тоҷик, аз ҷумла дастовардҳои давраи истиқлол, ки дар миқёси на танҳо Осиёи Миёна ва Русия, балки дар Аврупо ва Амрико низ эътироф шудаанд, барои илми таърих чандон муҳим нестанд. Агар ин суханонро ягон нафари аз илм дур мегуфт, чандон шигифтангез намебуд. Аммо, вақте ки ин суханонро шахсе мегӯяд, ки соҳибунвон ва соҳибмансаб буда, масъули инкишофи ин соҳаи илм аст, инро фаҳмидан ва таҳаммул кардан душвор аст. Магар шахсе, ки мутахассиси таърихи қадим ва асрҳои миёна набуда, дар бораи ин даврҳо тасаввуроти амиқ надорад, метавонад ба сиккашиносӣ баҳои воқеъӣ диҳад? Агар сиккашиносӣ соҳаи дуюмдараҷа ва беаҳамият мебуд, дар ҷаҳон барои инкишофи он ин қадар кушишу ғайрат намекарданд. Дар муассисаҳои илмӣ ва осорхонаҳои бонуфузи кишварҳои ҷаҳон садҳо ҳазор сикка ҷамъоварӣ шудаанд, садҳо мутахассисони маъруф пайваста бо таҳқиқи сиккаҳо машғуланд, садҳо китобу феҳристҳо чоп шудаанд, конференсия ва симпозиумҳои сершумори байналмилалӣ гузаронда мешаванд, маълумоти сиккаҳо дар илми таърих фаровон истифода шудаанд. Барои бисёр давраҳои таърихӣ (кушониён, юнонӣ-бохтарӣ, ҳайтолиён, Cуғди а. V-VIII) сиккаҳо манбаи асосӣ мебошанд. Ин ва бисёр санадҳои дигар бар хилофи ақидаи Масов яқинан дар бораи соҳаи муҳими илми таърих будани сиккашиносӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар мавриди сиккашиносӣ бояд гуфт, ки "ёридиҳандаи" илми таърих будан қимати онро ҳеч гоҳ паст намекунад. Аз ҷониби дигар, ақида дар бораи илми ёрирасон будани он то андозае кӯҳна шудааст. Дар "Луғати сиккашиносӣ" (М, 1982, с. 185) навишта шудааст, ки "сиккашиносӣ яке аз соҳаҳои илми таърих мебошад". Ва ин тафсир комилан дуруст аст. Ин илм ҳанӯз дар а. XIV-XV дар Италия пайдо шуда, минбаъд дар тамоми Аврупо ва ҷаҳон паҳн мешавад. Бояд дар назар дошт, ки илми таърих бе бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, мардумшиносӣ, матншиносӣ, катибашиносӣ, мӯҳршиносӣ, фарҳангшиносӣ, бойгонишиносӣ, симошиносӣ ва бисёр соҳаҳои дигар ноқис ва номукаммал мебуд.
Чаро сиккашиносиро дар Академияи илмҳо барҳам доданд?
Сиккашиносии тоҷик ҳамсоли Академияи илмҳо аст, ки 18 ноябри ҳамин сол бахшида ба 60 солагии он ҷашн баргузор гардид. Соли 1951 дар Пажӯҳишгоҳи таърих шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ ташкил шуда буд. Дар дохили ин шуъба Кабинети сиккашиносӣ таъсис ёфт, ки сарварии онро олими рус Е.А. Давидович ба ӯҳда дошт. Ба туфайли заҳматҳои зиёди ин донишманд ва сиккашиносони дигар ба мисли О.И. Смирнова, Е,В. Зеймаль ва Д. Довудӣ сиккашиносии тоҷик рушду нумӯ ёфта, дар миқёси Осиёи Миёна ва ҷаҳон мавқеъи сазовори худро ишғол намуд ва Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон ба маркази ягона ва асосии таҳқиқоти сиккашиносӣ табдил ёфт. Пажӯҳишгоҳи таърих берун аз Тоҷикистон бештар ба воситаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ маъруф аст. Мутаассифона ёфт шуд нафаре, ки ин соҳаи барои Тоҷикистон хеле муҳимро дар авҷи тараққиёти он бемасъулиятона ва худхоҳона барҳам дод. Ин шахс, хонандаи гиромӣ, Масов мебошад. Ӯ 1 сентябри с. 2011 бе ягон асоси тахассусӣ ва пажӯҳишӣ, танҳо дар заминаи хусумати шахсӣ ва бо суистифода бурдан аз мансаб ва мақому мартабаи худ ягона сиккашиноси Тоҷикистон, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудиро маҷбур сохт, ки "бо ихтиёри худаш" аз кор биравад. Д. Довудӣ 39 сол дар Пажӯҳишгоҳи таърих бомуваффақият кор карда, муаллифи 11 монографияи хурду калон доир ба сиккашиносӣ, бостоншиносӣ ва таърихи қадими халқи тоҷик ва муаллифи 203 мақолаи илмӣ ва илмӣ - оммавӣ мебошад. Хонандаи гиромӣ, худатон доварӣ намоед; - оё чунин мутахассисро беасос ва муғризона аз кор дур кардан камоли бемаъсулиятӣ нест?
Магар тайёр кардани мутахассис кори осон аст? Шахсан ман 7 сол илми сиккашиносиро дар Ленинград омӯхтам, дар ҳамон ҷо рисолаи номзадиро ҳимоя кардам. Дар он шабу рӯз бинобар ба Маскав кӯчида рафтани Е.А. Давидович, дар Тоҷикистон сиккашинос намонда буд. Ин дар сурате буд, ки ҳар сол дар гушаву канорҳои гуногуни кишвари азизамон садҳо ва ҳазорҳо сиккаҳои қадим ва асримиёнагӣ ёфт мешуданд ва омӯзишро талаб мекарданд. Ин буд, ки бо ташаббуси шодравон академик Б. Искандров ва устоди гиромӣ Ю. Яъқубов ман ба Ленинград сафар карда, илми сиккашиносиро аз бар кардам. Гардиши айём ва бевафоии қисматро бинед, ки директорони пеш мутахассис тайёр мекарданд, ба илм ва олимон боэҳтиром муносибат мекарданд, аммо Масов мутахассисони таҷрибадор ва пурмаҳсулро аз кор дур мекунад ва бо ин амалҳои ношоиста пояҳои таърихшиносии тоҷикро суст мегардонад. Ин ҳам ба ҷои он, ки мисли мамолики мутамаддин аз иқтидори илмӣ ва ақлонии мутахассисони ботарҷиба ба манфиати миллату давлат истифода баранд.
Бо аз кор дур кардани ягона мутахассиси соҳа Масов амалан сиккашиносии тоҷикро барҳам дод. Таззоди зиндагиро бинед, ки олимони рус омада сиккашиносии тоҷикро асос гузоштанд, солҳои дароз заҳмат кашиданд, асару мақолаҳои пурмазмун чоп карданд, ин соҳаи илми тоҷикро бар арсаи ҷаҳонӣ бароварданд, на ордену медал гирифтанд ва на унвонҳои баланд, аммо содиқона ба халқи тоҷик хидмат карданд. Аммо як тоҷики соҳибунвону ордену медалдор, ки мутобиқи мансабаш масъули инкишофи таърихшиносӣ аст, бемасъулиятии маҳз зоҳир карда, сиккашиносии тоҷикро барҳам дод. Соҳаеро барҳам дод, ки барои таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аҳамияти хос дорад. Дар натиҷаи ин амал Пажӯҳишгоҳи таърих, ки то ин вақт маркази муҳим ва асосии сиккашиносии тоҷик буд, ин мавқеъашро пурра аз даст дод. Акнун ин муассисаи илмӣ сиккашинос надорад ва зиёда аз 30 ҳазор сиккаҳои қадим ва асримиёнагӣ, ки бо заҳмати даҳҳо сиккашиносон, бостоншиносон ва олимони дигар ҷамъоварӣ шуданд ва дар Пажӯҳишгоҳи таърих маҳфузанд, бе муҳаққиқ монданд. Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо ва садҳо сиккаҳои қадим меёбанд.
Саволе ба миён меояд, ки минбаъд онҳоро кӣ меомӯзад? Масалан, ба наздикӣ дар ноҳияи Ҳисор як дафинаи калони сиккаҳои мисин ёфтанд ва онҳоро мисли маъмул барои муайян кардан ба Пажӯҳишгоҳи таърих, ки маркази сиккашиносӣ ба шумор мерафт, оварданд. Аммо Пажӯҳишгоҳ акнун сиккашинос надорад ва ин сиккаҳоро барои муайян кардани мансубияти онон ба назди ман оварданд ва ман ба давраи Темуриён, ба а. XV мансуб доштан, дар Бухоро, Самарқанд ва шаҳрҳои дигар зарб шудани онҳоро муайян кардам. Ман ҳамкорони собиқи худро, ки ин сиккаҳоро оварданд миннат гузоштанӣ нестам. Агар дар оянда низ сиккаҳоеро, ки ёфт мешаванд, барои муайян кардан биёранд, мо ин корро иҷро мекунем, чунки ин вазифаи мо аст. Мо ба дастархоне, ки аз он нон мехӯрем, туф намекунем. Аз ин ҳодиса бармеояд, ки сиккашинос барои Пажӯҳишгоҳи таърих лозим будааст, пас чаро Масов мутахассисонро беасос аз кор дур мекунад ва касе аз маъсулони соҳа пеши роҳи ӯро намегирад? Ё барои Тоҷикистон аз илми сиккашиносӣ дида, худхоҳӣ ва роҳати Масов муҳимтар аст? Мусаллам аст, ки тараққиёти илм бояд бо дарназардошти манфиатҳои миллату давлат ба роҳ монда шавад, на бо ҳавову ҳаваси ин ва ё он директор.
Масов кабинети сиккашиносиро, ки 60 сол боз вуҷуд дошт, низ барҳам дод. Сиккашиносии тоҷик аз ҳамин кабинет, ки дар бинои Раёсати Академияи илмҳо зери рақами 55 воқеъ гардидааст, оғоз ёфта буд. Дар ин кабинет аз с.1951 то с.1972 сиккашиноси маъруф, доктори илми таърих, профессор Е.А Давидович кор карданд. Ин донишманди варзида, ки барои инкишофи сиккашиносии тоҷик хидмати шоиста кардааст, ҳоло 89 сола буда, дар Маскав зиндагӣ мекунад ва ҳамоно бо сиккашиносӣ машғул аст. Аз с.1972 то с.2011 дар ин кабинет камина кор мекардам. Барҳам дода шудани кабинети сиккашиносӣ як саҳифаи нангин дар таърихи илми тоҷик аст.
Агар масъала ҷузъӣ мебуд, ҳоҷат ба гап набуд, аммо он хеле ҷиддӣ аст. Сухан дар бораи беасос ва худсарона барҳам дода шудани як соҳаи муҳими таърихшиносии тоҷик - соҳаи сиккашиносӣ меравад. Ин амал ба таърихшиносии тоҷик зарари калон расонд ва оянда низ хоҳад расонд. Ин аст "ҳадяи" Масов ба 60 солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номи олимро амалҳои некаш ва асарҳои пурмазмунаш зинда нигоҳ медоранд. Гумон намекунам, ки ҳамчун барҳамдиҳандаи соҳаи сиккашиносӣ ном баровардан гуворо бошад. Мо умед дорем, ки таърихшиносони муосири тоҷик ба ин амали ношоиста ва зиддиилмии Масов баҳои сазовор медиҳанд, то ин ки соҳаҳои дигари илми таърих аз хатари нестшавӣ эмин бошанд.
Доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ