Мизи гирд: Як даҳаи худтанзимкунии васоити ахбори умум

Расонаҳо 21.06.2019 23:17

 Аз 10 соли фаъолияти худтанзимкунии расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.

Рӯзи 21-уми июни соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таҳти унвони  «10 соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон. Имкониятҳо ва рафъи таҳдидҳои он барои фаъолияти оянда» як мизи гирд доир кард.

Ин мизи мудаввар бо ширкати ҳудуди 70 нафар, аз ҷумла, вакили Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардабирон, рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои расонаии дохилӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оғоз ба кор кард.

     Дар ин нишаст стратегияи сесола ва нақшаи фаъолияти Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро, ки бо дастгирии САҲА таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт..

      Валериу Кивер, сафири САҲА дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин мизи гирд гуфт: «Дафтари мо омода аст минбаъд низ Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми Тоҷикро барои беҳтар таъмин намудани озодии сухан, расонаҳои гуногунандеш ва дастрасӣ ба иттилоот дастгирӣ намояд”.

       Шаҳло Акобирова, раиси Шӯро ВАО и Тоҷикистон дар ин мизи гирд гуфт: “Мақсади асосии Шўрои ВАО ривоҷи озодии сухан ва баланд бардоштани сифати хабарнигорӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки он мувофиқи ҳамаи стандартҳои байналмилалӣ бояд гузаронида шавад. ВАО бояд ба як платформаи муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҷомеа табдил ёбад.

         Коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи аҳамияти худтанзимкунии расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои намуна гузориш карданд.   

           Баҳсҳои доғе дар бораи зарурати мавҷудияти Шӯрои худтанзимкунии расонаҳо ба миён омад. Ва дар поёни ин мизи гирд, ширкаткунандагон ба хулосае омаданд, ки Шӯрои ВАО кори як даҳҳа заҳамоти ҷомеаи журналистии тоҷик аст ва бояд барои тақвияти он камари ҳиммат баста гардад. Аксарияти ширкаткунандагон бар он буданд, ки ин Шӯро бояд бо дастгирии расонаҳои пуриқтидор ва рӯзноманигорони тоҷик минбаъд фаъолияти худро тақвият бидиҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97