Хабарнигорони зан ниёз ба омӯзиши касбӣ доранд

Расонаҳо 17.04.2019 13:42

Шуморе аз хабарнигорони зан дар Фароҳ аз набуди барномаҳои омӯзишии маслакӣ ё касбӣнигаронанд ва мегӯянд, ки адами дастрасии онҳо ба барномаҳои омӯзишиикасбӣ сабаб шуда, то бонувон камтар дар расонаҳо фаъолият дошта бошанд.

 Фотима Ҳоҷиб, ровии яке аз расонаҳои маҳаллӣ, зимни таъиди ин мавзӯъ мегӯяд, ки чолишҳои зиёде дар сади роҳи бонувони хабарнигор вуҷуд дорад. Аммо бо вуҷуди он ҳам алоқамандиибонувон дар кори расонаӣ бештар аст, вале касбӣ набудани онҳо боис шуда то натавонанд дар расонаҳо ба дурустӣ фаъолият намоянд. Ба гуфтаи бону Ҳоҷиб; Бештари бонувоне, ки дар расонаҳо кор мекунанд, таҷрибаи кофӣ ва санади касбӣ надоранд ба ҳамин сабаб, танҳо барномаҳои тафреҳиро пеш мебаранд.

 Хонум Ҳоҷиб афзудааст: “Баргузори барномаҳои омӯзишиикасбӣ дар арсаи журнализм барои занон сабаб мешавад, ки ба маҳоратҳояшон афзуда шавад ва рӯйи ояндаи шуғлиашон таъсири мусбат дошта бошад.”

 Ҳамчунон Маҳсо Муҳаммадӣ яке аз хабарнигорони дигар дар ин робита мегӯяд, ки хабарнигорони зан дар Фароҳ наметавонанд ба суратикасбӣ кори худро дар расонаҳо анҷом диҳанд. Онҳо ниёз ба барномаҳои омӯзишӣ доранд ва бояд барои онҳо тренингҳои хабарнигорӣдоир гардад.

 Аз сӯе ҳам Шабнам Фитрат фаъоли маданӣ ва ҳуқуқи зан, зимни таъйид бар набуди барномаҳои омӯзишӣ ва фурсатҳои таҳсилӣ барои занон гуфта, ки Фароҳ яке аз вилоёти ноамн дар кишвар аст, ки вазъияти занон ҳанӯз беҳтар нашудааст. Ба гуфтаи вай бонувони хабарнигор ҷиҳати пешбурди корҳои касбиашон ба барномаҳои омӯзишӣ ниёзи бештар доранд , зеро онҳо то кунун натавонистаанд ба фурсатҳои омӯзишикасбӣ даст ёбанд.

Ҳамчунин Бенёмин Бориз, раиси иттилоот ва фарҳанг яке аз далелҳои камранг будани бонувон дар расонаҳоро поин будан зарфияти касбии худи бонувон унвон карда мегӯяд, ки вазорати иттилоот ва фарҳанг бо ҳамкории ниҳодҳои ҳомии хабарнигорон ҳамвора кӯшидааст то дар арсаи зарфиятсозии хабарнигорон, ба хусус хабарнигорони зан коркардҳои амалӣ дошта бошанд.

 Номбурда афзудааст: “Идораи иттилоот ва фарҳанг ҳам рӯйи маслакӣ шудани хабарнигорон таъкид дорад ва чанде қабл як тренинги омӯзишӣ ба номи Асосҳои хабарнигорӣ барои 18 бонуи хабарнигор роҳандозӣ намуд.”

 Ин дар ҳоле аст, ки зарфияти касбӣ ва омӯзиши бонувони хабарнигор дар вилояти Фароҳ хеле поин буда ва онҳо ниёз ба барномаҳои омӯзишии бештаре дар ин арса доранд.

Манбаъ: DW.com

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97