Луи саранволӣ ё Додситонии Афғонистон эълом кардааст, ки омилони қатли Абдулманнон Арғанд, хабарнигори телевизиони хусусии «Кобул нюз» аз сӯи маҳкама маҳкум ба эъдом шудаанд.
Дар як баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи сешанбе, 17 апрел нашр шуд, омадааст, ки додситон пас аз итмоми раванди таҳқиқи қазияи қатли Абдулманнон Арғанд, парвандаи ин қазияро бо дархости муҷозот ба маҳкама фиристода буд. Ба нақл аз хабарнома, маҳкама омилони қатли ин хабарнигорро ба эъдом маҳкум кардаанд.
Абдулманнон Арғанд соли гузашта дар вилояти Қандаҳор дар як рухдоди амниятӣ ба қатл расида буд. Идораи додситонӣ гуфтааст, ки пас аз вуқӯъи ин рӯйдод, ба органҳои амниятӣ ва кашфӣ дастур дод, ки омилони ин қазияро шиносоӣ ва гирифтор кунад.
Нируҳои кашфӣ дар пайванд ба ин қазия, ду нафарро боздошт карда ва пас аз баррасиҳои кашфӣ, парвандаи онҳоро ба додситонии Қандаҳор фиристодааст. Хонаводаи Абдулманнон Арғанд ва федератсияи хабарнигорони Афқонистон хоҳони барраси ин парванда дар Кобул шуда буданд ва бар бунёди ин дархост, маҳкамаи муттаҳамон дар Кобул баргузор шуд ва омилони ин рӯйдод ба қатл маҳкум шудаанд.
Аз ҷониби дигар, додситонии Афғонистон гуфтааст, ки то кунун ба беш аз 50 қазияи хушунат алайҳи хабарнигорон расидагӣ карда ва дар хусуси расидагӣ ба ин гуна парвандаҳо ва ҳимоят аз озодӣ баён мутааҳҳид аст.
Афғонистон яке аз кишварҳои чолишзо барои хабарнигорон аст. Бар асоси ёфтаҳои кумитаи масунияти хабарнигорон дар соли гузашта ҳудуди бист хабарнигорон дар рӯйдодҳои амниятие монанди ҳамалоти интиҳорӣ ва даргириҳои мусаллаҳона кушта шудаанд ва ба ин тартиб АФғонистон дар феҳристи хатарноктарин макон барои хабарнигорон ташхис шудааст.