Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Суоли рӯз: – Шумо кадом радиоро гӯш мекунед? (Оё умри радио сар омадааст?)

Расонаҳо 13.04.2017 17:20

 Абдулфаттоҳ Шафиев, собиқадори радио:

Фикр намекунам, ки умри радио ба сар омада бошад. Албатта, шаклашро дигар мекунад ва радиоро дигар дар он шакли анъанавӣ нахоҳем дид. Яъне, ки радио дигар танҳо садо нест. Радиоҳое аз ҳоло доранд навор ҳам намоиш медиҳанд, барои мисол аз студияашон, ё онҳоро дигар метавон аз интернет ҳам гӯш дод ба монанди «Азия плюс». Ё радиоҳо ба интернет мераванду торнамои интернетияшонро тақвият медиҳанд ва ба оҳистагӣ комилан ба як манбаъи иттилооти интернетии чандрасонаӣ табдил меёбанд, ба монанди «Озодӣ». Бо тақвияти ҳузурашон дар фазои маҷозӣ ва бо мутобиқ гардидан ба талаботи нави бозор радиоҳо метавонанд умрашонро дарозтар бигардонанд. Агар кадоме натавонист мутобиқ бигардад, пас, табиист, ки аз миён меравад. Аммо дигар ин қонун на танҳо барои радио, барои ҳама чиз кор мекунад агар ба талаботи нави замон мутобиқ нагардидӣ, аз миён меравӣ.

Дилафрӯз Қурбонӣ, рӯзноманигор:

Банда бо тақозои касбамҳамеша наметавонам нишаста радио гӯш кунам. Вале ҳангоми дар роҳ будан ва аз як ҷо ба ҷои дигар сафар кардан, бештар дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ки дар он ронанда ҳатман ягон радиоро монда гӯш мекунад, ман ҳам дар ин ҳолат нахоста ба садои он гӯш мекунам. Умуман агар вақтам бошад, дӯст медорам, ки радио гӯш кунам, вале ҳамеша имконпазир нест. Дар нақлиёт бештар садои радиоҳои “Садои Ватан”, “Имрӯз” ва “Ховар”-ро мешунавам. Шояд барномаҳои ҷолиб доранд, ки мардум аксаран ин радиоҳоро гӯш мекунанд. Ба наздикӣ аз «Хитойбозор»-и шаҳри Душанбе дидан кардам. Дар он ҷо радиои деворӣ насб карда будаанд, ки садояш дар тамоми бозор танинандоз буд ва мардум дар ҳақиқат ба радио ва барномааш таваҷҷуҳ доштанд. Фикр мекунам, ки агар радиоҳои ватанӣ барномаҳои ҷолибу рангин таҳия кунанд ва диққати мардумро ҷалб карда тавонанд, солҳои тӯлонӣ метавонанд фаъолият баранд. Мардуми кишвар ба ин манбаи иттилоотии фарҳангию сиёсиву иҷтимоӣҳоло солҳои сол эҳтиёҷ доранд.

Ёқуб Ҳалимов, хабарнигор:

Ман радио гӯш мекунам, вале на пайваста. Ин аз интихоби ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ вобаста аст… Бо ин вуҷуд, фикр намекунам, ки умри радио сар омада бошад. Мардум бештар ба радио такя мекунанд, то ба нашрияҳо. Аз ин ки мо радиоҳои шуниданӣ кам дорем, ба ин маъно нест, ки умри ин навъи расона сар омада бошад.

Мирзошариф Ҷалолов, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон:

Вақти дар мошин будан радиоҳои маҳаллиро гӯш мекунам, ва он ҳам ба нудрат. Вақти дар Душанбе буданам, радиои «Ватан»-ро гӯш мекардам. Ман ҳоло дар Тоҷикистон нестам. Мехостам радиоҳои Тоҷикистонро онлайн гӯш кунам, вале мутаассифона онҳо дастрас намебошанд.

Ин ҷо: http://mediabay.com/radio/122-RadioiTojikTJ ҳастанд, вале кушода намешаванд.

 Сайф Сафар, рӯзноманигор:

Баъзан радиои "Азия Плюс" ва "Ватан"-ро гӯш мекунам. На, умри радио ба сар наомадааст. Радио муносибтарин василаи расонидани хабар аст. Фаррошеро дидам ҳангоми кор дар ҷайбаш радио кор мекард.

Насрулло Туйчизода, хабарнигор:

Радио қадимитар ва дувумин воситаи ахбор дар ҷаҳон пас аз расонаҳои чопӣ мебошад. Ба андешаи ман назар ба дигар воситаҳои ахбори умум умри радио бештар аст. Дар шимоли кишвар, дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он солҳои охир шумораи радиоҳо хеле бештар шудааст, ки ин аз афзоиши шунавандагон ва мавҷуд будани талабот ба ин соҳа шаҳодат медиҳад. Радио хусусияте дорад, ки шунаванда ва ё мухлисони худро метавонад дар як лаҳза ба маротиб афзоиш диҳад. Масалан, вақте мо вориди нақлиёт мешавем, хоҳ-нохоҳ дар бисёр мавридҳо садои радио ба гӯш мерасад ва то расидан ба манзили хеш ҳамроҳи мусофирон онро гӯш мекунем. Яъне радио қобилияти озодона ва бемамоният ба мафкураи мо ворид шуданро дорад. Худи ман зиёд радио гӯш намекунам, вале гоҳ-гоҳе барномаҳои радиоҳои "Тоҷикистон", "Диёр-Ашт""Садои Душанбе", "Ватан" ва "Имрӯз"-ро гӯш мекунам, ки хеле ҷолиб аст.

Қиёмиддин Сатторӣ, таҳлилгар:

Радио василаи хуби иттилоотӣ ва фарҳангию маънавӣ аст. Дар шароити куҳистони мо беҳтарин расонаи хабарӣ ба шумор меравад. Мардум, махсусан сокинони деҳоти дурдаст аз навигариҳои кишварамон ва ҷаҳон тавассути ин расона огоҳӣ пайдо мекунанд. Ман шахсан радиоҳои "Садои Душанбе", "Ватан", "Имрӯз", "Озодӣ", «Би-би-сӣ» гӯш мекунам. Бинобар ин мутмаинам, ки умри радио ба поён нарасидааст.

Салимахон Ваҳҳобзода, рӯзноманигор:

Ман ягон радио гӯш намекунам, чунки зиёдтар аз Интернет ва ТВ истифода мекунам.

Рустами Ваҳҳоб, шоир:

Радиои Фарҳангро. Радиё дар дунё дубора шуҳрат ёфта истодааст.

Комрон Холов, тарҷумон:

Ҳар саҳар то ҷои кор омадан радио гӯш мекунам. Радио Звездаро мешунавам.

Умраш дароз аст!!!

Ба натиҷаи назарпурсии ғайрирасмии сомонаи Миллат бо ангушт задан рӯи линки мазкур ошно шавед:

http://www.millat.tj/component/acepolls/poll/6-shumo-kadom-radioro-g-sh-mekuned.html 

 

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97