Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

«Бе журналистони қавӣ давлати муқтадир ва ҷомеъаи ҳушманд имкон надорад»

Расонаҳо 10.09.2014 14:25

1 сентябри соли 2005 пас аз як соли баста шудани як теъдод аз нашрияҳои мустақил «Миллат» ба майдон омад. Ҳоло дар остонаи 1 сентябри соли 2014 қарор дорем.

Баҳои шумо ба фаъолияти матбуоти мустақил тайи ин солҳо чи аст? Вазъиятро чи гуна мебинед? Оё бозгашт ба ақиб, яъне ба соли 2005 имкон дорад?

Интизороти шумо аз матбуоти мустақил чӣ аст? 

Abdufattoh Shafiev 1Абдулфаттоҳ Шафиев, хабарнигор:

- Матбуоти имрӯзро ман тарсутар, заифтар, ғайрикасбитар аз матбуоти қабл аз соли 2005 мебинам. Мутаассифона, ҳеч кадом аз расонаҳои тоҷикӣ дар тӯли ин даҳ сол натавонист ба пояи «Азия Плюс» бирасад. Аз ин миён метавон танҳо гуруҳи расонаҳои "Озодагон"-ро то андозае зикр намуд ва талошҳои "Нигоҳ"-ро метавон ёдрас шуд. Мутаассифона, "Миллат" он ҷолибиятеро, ки дар оғози зуҳураш дошт, аз даст дод. Мутаассифона, ҳеч кадом расонаи русии дигаре ҳадди ақал дар сатҳи расонаҳои тоҷикӣ зуҳур накард.

Дар ин даҳ сол ҳеч исми наве дар журналистикаи тоҷик зуҳур накард. Чеҳраҳои куҳнаи журналистикаи тоҷик низ бар лаб муҳри хамӯшӣ заданд. Журналист дар ҷомеа беқадртар шуд, мавриди писханду заҳрханд аст, пул надорад, обрӯ надорад, ва ҳеч коре ҳам аз дасташ намеояд.

Дар ин даҳ сол нақши расонаҳо дар пӯшиши ҳодисаҳои дохилӣ ва дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва дар ҳимояи ватан камрангтар гардид. Агар қаблан расонаҳо афкори ҷомеаро ба вуҷуд меоварданд, ҳоло кадом як видео дар кадом як шабакаи иҷтимоӣ метавонад ин афкорро ба вуҷуд биоварад. Агар қаблан дар расонаҳо матлабҳои касбӣ ва коршиносона дар мавриди масоили ватанӣ ва манфиатҳои миллӣ мехондем, ҳоло кам матлабе бо таҳлили мӯшикофона, бо назардошти манфиатҳои миллӣ, бо назардошти дурнамоҳо нашр мегардад.

Дар ин даҳ сол расонаҳои тоҷикӣ ҳатто ҳузури худро дар интернет тақвият дода натавонистанд. Агар расона аз интернет ҳанӯзам пул кор карда наметавонад, пас нашри чанд матлаб дар як ҳафта дар як торнамои шогирдонанамояш ҳеч маъние надорад. Ягона чунин расона боз ҳам ҳамон «Азия Плюс» боқӣ мондааст. Дигар аз расонаҳои бузургтар танҳо «Озодагон»-у «Ховар»-анд, ки ҳар рӯз ягон нафаре ба торнамоҳои онҳо меравад, то чизе бихонад, вале ҳеч кадоме аз ин ду аз интернет ҳамоно маблағ ба даст оварда наметавонанд.

Дар ин даҳ сол расонаҳои тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ камфаъолтар аз ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ё ҳатто афроди алоҳида мебошанд. Як назари кӯтоҳи истифодабарандаҳои инфиродии шабакаҳои иҷтимоӣ лайку комментҳои бештар аз нашрҳои расонаҳои тоҷикӣ мегирад. Дар ин даҳ сол расонаҳои тоҷикӣ натавонистанд аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои рангорангии матолиби худ истифода бибаранд. Кам расонае талоши таҳлили назарҳои шабакаҳои иҷтимоиро мекунад ва он ҳам бо назардошти рағбату таваҷҷуҳи вижаи масъулони ҳамон расона ба гуруҳ, афрод ва ё мавзӯъҳои хос.

Хуллас, дар ҳудуди қариб даҳ сол журналистикаи тоҷик ба мавқеъе нарасид, ки тавонад ин касбро дар чашми ҷомеа ҷолиб, обрӯманд, коргар, муфид, нишон бидиҳад ва дили ҷавононро ба он ҷалб намояд. Дар ин даҳ сол журналистикаи тоҷик на танҳо имкониятҳои замонавии фанниро ба фаъолияти худ созгор нанамуд, балки ибтикори ҳокимияти чорум буданро ба ҳамин имкониятҳои фаннӣ бохт. Дигар Одноклассникиву Ютюбу Фейсбук ҳокимияти чаҳорум гаштанд, на расонаҳо бо истифода аз онҳо.

Бе журналистикаи қавӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ нақше ва арзише надорад. Бояд дар долонҳои ҳукуматӣ дарк бикунанд, ки бе журналистикаи қавӣ ҷомеа наметавонад пеш биравад, иқтисод ҳамоно заиф мемонад, имиҷ сохта намешавад, манфиатҳои миллӣ беҳимоя мемонанд, кишвар оянда надорад. Бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ дарк бикунад, ки бе пуштибонӣ аз журналистика аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ ҳимоя карда намешавад, бе журналистикаи қавӣ ҷомеаи шарҳвандӣ нақше ва арзише надорад, ва маҳз журналистика бояд занҷираи асли ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад. Маҳз он ҳама созмонҳои байнулмилалӣ, ки ба Тоҷикистон дар самти рушди кишвар фаъолият мебаранд, ба гӯш ҳалқа бикунанд, ки агар дар асл ҳам ободии ин кишвар ва ин мардумро мехоҳанд, бояд аз журналистикаи ин кишвар пуштибонӣ бикунанд, на ин ки замонасозиву сиёсатбозӣ бикунанду рисолати худро дар нишастан паси роёнаву стади туру ҷипшиниву маошгирӣ бубинанд. Ҳукумат ҳам бифаҳмад, ки то замоне дар идораҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ патриотҳо ва технократҳои кордону меҳандӯст ҷо нагиранд, аз ин ҳоле, ки дорем, бадтар мешавему беҳтар не. Журналистикаи қавӣ - ҷомеаи қавӣ ва кишвари нерӯманд аст. Журналистикаи заиф - ҷомеаи беҳуқуқ ва давлати бебунёду фэйл ва беоянда аст.

Qanoat YqiniҚаноати Яқиниён, хонанда:

- Хушбахтона  тайи солҳои Истиқлол матбуоти мустақил ягона манбаъи озодандешии ҷомеъаи Точикстон шудааст. Мо, ки худ дар асри маълумот зиндагӣ мекунем ва доштани маълумоти саҳеҳ ва объективӣ  маънои ҳамқадами замон буданро дорад. Бо дар назардошти он нукта, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар як маҳбаси маълумотӣ зиндагӣ мекунад ва рӯзномаҳову маҷаллаҳои давлатӣ танҳо ва танҳо ба таърифу ҳарзагӯйӣ  машғуланд, ки бисёр вақт ҳақиқати ҳол зери сояи чатри телевизиюн ва маҷаллаҳои давлатӣ мемонад. Нақши матбуоти мустақилро нақши калидӣ мешуморам. Вазъият хуб аст, вале на ба он ҳад, ки сарқонун (чун давлати демократӣ ва озод) талаб мекунад. Бисёр вақт мебинем, ки як рӯзноманигор барои як андешаи озоди хеш зери фишор меравад, ки ин аслан дар як ҷомеъаи мардумсолор қобили қабул нест.

Хоҳиши ман аз матбуоти мустақил он аст, ки ин матбуот бояд пеш аз ҳама ба номи худ, ки мустақилият ва истиқлол аст, сазовор бошад.  Интизорам ҳам, чунки ояндаи афкори ҷомеъаро дар Тоҷикистон то андозае ин  гуна матбуот рақам мезанад ва ояндаи рушантаре Тоҷикистон ва матбуоти мустақили онро дар пеш аст.

Shahriyi AhtamzodШаҳрияи Аҳтамзод, шоир:

- Гумон мекунам, ки имрӯз нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон хеле озод ҳастанд ва ҳар маводе ки ба нафъи мардум ҳаст, рӯи чоп меоваранд. Ба вижа нашрияи "Миллат" низ рисолати худро тӯли ин 9 сол хеле олӣ иҷро кард. Ва ба ҳеч ваҷҳ матбуот имрӯз наметавонад ва ба худаш иҷоза намедиҳад, ки боз ба соли 2005 боз гардад. Мо аз шумо азизон интизориҳои беш дорем ва намегузорем, боз ба рӯзгори гузашта баргардед. Танҳо, азизони дил ба пеш. Ба сӯи ҳадафҳои наву созанда.

Rahmatsho MuhamadshoevРаҳматшоҳ Маҳмадшоев, донишманд:

- Матбуоти мустақил он равзанаест, ки ҳукумат аз тариқи он камбудиҳо ва иштибоҳоти худро дида метавонад. Яъне давлат бояд кӯшиш ба харҷ бидиҳад, ки ин хидматгори бемаошро дифоъ кунад ва аз он кор бигирад. Агар давлат ва ҳукумат мардумӣ аст, аз ин шеваи кор ва муносибат бо матбуоти мустақил кор мегирад, агар на, пас ғайримардумӣ аст. Аммо матбуоти мустақил ҳам бояд ростқавл, ростгӯ ва ба манофеи оммаи мардум амал кунад, на ба нафъи гуруҳи алоҳидаи муғриз.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97