8 мавриди по гузоштан рӯйи қонун

Расонаҳо 11.02.2012 17:09

Ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба раисони судҳои олӣ ва олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Раиси шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои вокуниши расмӣ дар доираи салоҳият

suddddddd30 январи соли 2012 намояндаи "Миллат" ба раёсати суди шаҳри Душанбе шикояти назоратии рӯзномаи "Миллат" - ро бо мазмуни зайл ирсол кард:

8 феврали соли 2011 суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (раисикунанда Д. Р. Абдураҳимова) ба сифати суди марҳилаи якум аризаи даъвогар - вазорати кишоварзиро нисбати рӯзномаи "Миллат" оид ба мақолаи бемуаллиф "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" (шумораи №49 (223) аз 10.12.2009) қисман қонеъ кунонида, рӯзномаро вазифадор кард, ки вобаста ба мақолаи чопшуда раддия чоп намояд. Суд аз ҳисоби "Миллат" ба фоидаи вазорат рӯёнидани 1500 сомониро муқаррар намуда, аризаи даъвогии рӯзномаро муқобили даъвои вазорат радд намуд.

21 апрели соли 2011 суди марҳилаи кассатсионӣ - Колегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди Душанбе ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсиро бетағйир ва шикояти кассатсионии рӯзномаро беқаноат мононд.

Шикояти назоратии мазкур ба ҳалнома ва қарори суди марҳилаи кассатсионӣ мебошад, ки ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ роҳ доданд:

Қонуншикании якум. Моддаи 135 КМГ муқаррар мекунад, ки ба аризаи даъвогӣ "ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ" замима мешавад. Банди 6-и моддаи 134 бошад, мегӯяд, ки агар даъвогар шахси ҳуқуқӣ бошад, "имзо бо мӯҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад". Агар ин талабот риоя нашуда бошад, судя (моддаи 139 КМГ) "оид ба беҳаракат мондани ариза таъинот қабул мекунад ва дар ин хусус аризадиҳандаро огоҳ намуда, ба ӯ барои ислоҳи норасоиҳо мӯҳлат медиҳад" ва ғайра.

Вале судя бо таъйиноти худ аризаи даъвогии вазоратро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва бе мӯҳри шахси ҳуқуқӣ қабул кардааст. Чаро? Вазорат чун Даъвогар аз пардохти боҷи давлатӣ озод нест. Мувофиқи моддаи 4, Қонун "Дар бораи боҷи давлатӣ" ва моддаи 92 КМГ, вазорат мебоист (дар сурати аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд будани нархи даъво, яъне 1 миллион сомонӣ), ба андозаи 0,5% аз нархи даъво-тахмин 5000 сомонӣ боҷи давлатӣ супорад.

Зарурияти пардохти боҷи давлатиро банди 17 тавзеҳоти Пленуми Суди олии ҶТ аз 4.06.1992 "О практике применения судями РТ законодательства по делам о защите чести и достоинство граждан и организаций", ки барои суд ҳатмист, низ муқаррар месозад: "В тех случаях, когда требования о защите чести и достоинства, взыскания материального и морального ущерба изложены в одном исковом заявлении, государственная пошлина истицом, вносится по каждому требованию на общих основаниях".

Вале Колегияи судӣ ба ин далелҳо розӣ шуда наметавонад: "Зеро тибқи муқаррароти моддаи 136 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон судя ӯҳдадор аст, дар давоми се рӯз аз рӯзи ворид гардидани аризаи даъвогӣ ба суд масъалаи ба мурофиаи судӣ қабул намудани аризаи даъвогиро баррасӣ кунад".

Раёсати мӯҳтарам. Ман шикоят менависам, ки судя умуман ҳуқуқи гирифтани аризаи даъвогиро надошт. Коллегияи судӣ бошад, менависад, ки судя ӯҳдадор аст, ки дар давоми се рӯз аз рӯзи ворид гардидани аризаи даъвогӣ ба суд масъалаи ба мурофиа судӣ қабул намудани аризаи даъвогиро баррасӣ кунад. Яъне, ман "тут" менависам, Коллегия дар бораи "бед" гап мезанад. Чаро?

Қонуншикании дуюм.Қонунгузории амалкунанда ва қарори Пленуми Суди олӣ тартиби ҳатмиро барои ҳалли пеш аз (то) судии талаби раддия ё ҷавоб муқаррар кардаанд. Оё судя, даъвогар ва Коллегияи судӣ талаботи ин қонунҳои дахлдорро риоя карданд? Не, накардаанд.

Шарҳ медиҳем:

*Дар асоси моддаи 24-и Қонуни ҶТ "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма": "Шаҳрванд ё ташкилот ҳақ дорад аз идораи воситаи ахбори омма нашр кардани маълумоти аз ҳақиқат дур ва шаъну шарафи онҳоро пастзананда радия талаб намояд". Маҳз "талаб намояд" ва ин талаб бояд дар мактуби муроҷиатии ташкилот равшан дарҷ гардида бошад.

Менигарем ба матни мактуби Вазорат (№5/18-2787 аз 18.12.2009) бо имзои муовини вазир Раҳимназаров Ш. ба унвони "Миллат", ки онро вазорат чун талаби раддия нишон доданист. Вале дар ин мактуб вазорат аз рӯзнома фақат "хоҳиш менамояд, ки "ҳуҷҷату далелҳоро оид ба мавзӯъи фасодзадагии дар мақола дарҷ гардида, ба вазорати кишоварзӣ "барои чораҷӯйӣ" ирсол намояд.

Вазорат талаботи меъёрҳои моддаи 24 Қонуни соҳавии зикргаштаро дар бораи аз рӯзнома талаб кардани раддия (дар воқеъ чунин калима -"раддия" низ дар мактуб нест), риоя накардааст. Ва тавре ки моддаи 26-и Қонун "Дар бораи матбуот…" муқаррар кардааст, фақат "дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани чопи раддия ё ҷавоб ва ё риоя накардани мӯҳлати якмоҳаи барои нашри чунин маводҳо муқаррар шуда, ташкилоти манфиатдор ҳақ дорад, дар муддати як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат кунад".

*Ба рӯзнома ягон хел талаби чопи раддия ирсол нагаштааст. Бо ин асос, вазорат ҳаққи дар мавзӯи баҳс ба суд муроҷиат карданро надорад.

Агар Қонун "Дар бораи матбуот…" дар назди шахс ё ташкилот ӯҳдадории муроҷиати пеш аз судиро ба рӯзнома муқаррар кунад, пас Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КГ Ҷ.И.), акнун, ӯҳдадории худи судро вобаста ба риояи ин гуна шарт муайян месозад. Қисми 4 -и моддаи 174 КГ муқаррар мекунад, ки "Талаби (маҳз талаб - Ҷ.И.) шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд баррасӣ мекунад, ки мақоми ахбори умум нашри онро рад кунад ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад".

Модоме, ки вазорат ба рӯзнома бо талаби нашри раддия муроҷиат накардааст, суд дар асоси ин моддаи КГ низ, ҳуқуқи қабул кардани аризаи даъвогӣ ва баррасӣ кардани онро надошт.

*Ҳатмӣ будани марҳилаи то (пеш аз) судии чунин намуди баҳсҳо дар Қарори зикргаштаи Пленуми Суди олӣ низ муқаррар гаштааст:

"6. В силу ст.ст. 25, 26 Закона Республики Таджикистан от 14.12.1990 года (моддаи 25 иштибоҳи техникист, бояд моддаи 24 бошад -Ҷ, И.) "О печати и других средств массовой информаци", ст. 7 ГК (ин моддаи Кодекси граждании кӯҳна ба моддаи 174 КГ нав амалкунанда мувофиқ аст - Ҷ. И.), гражданин или организация вправе требовать от редакции средств массовой информации опровержения опубликованных сведений, не соответсвующих действительности и прочащих их честь и достоинство. В случае отказа в публикации опровержения или ответа на опубликование сведения либо нарушения СМИ установленного для такой публикация месячного срока, заинтересованные гражданин или организации вправе обратиться в суд с иском к редакции произвести публикацию опровержения либо ответа".

Ва боз як иқтибоси дигар аз ин санади ҳатмӣ:

"В случае невыполнении данного требования в принятии искового заявления должно быть отказано либо принятое исковое заявление судом оставляется без расмотрения".

Дар шикояти кассатсионӣ ман навишта будам, ки вазорат ва судя ҳамин тартиби муқарраркардаи қонунгузориро риоя накардаанд. Коллегияи судӣ ин далелҳоро "беасос" номидааст. Чаро? "Зеро ки тибқи муқаррароти моддаи 4 КМГ ҶТ ҳар шахси манфиатдор барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардидаи худ ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад". Вале, дар мисоли мушаххаси рӯзнома қонунгузории амалкунанда тартиби махсуси пеш аз (то) судии баҳсро муқаррар сохтааст. Риоя ва татбиқи он барои судҳо ҳатмист, вале судя ва Коллегияи судӣ татбиқи онҳоро қасдан намехоҳанд. Чаро? Магар ин меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ, ки бояд татбиқ гарданд- "мурдаанд"?  

Қашшоқии қонун ва мантиқ боз аз он иборат аст, ки Коллегияи судӣ дар қарори худ матни қисми 4 моддаи 174 КГ - ро ( дар бораи барои суд ҳатмӣ будани тартиби пеш аз (то) судии ҳалли баҳс) чун хулосаи Коллегия эълону эътироф карда, вале баъд аз як саҳифаи дигар талаби рӯзномаро барои татбиқи он беасос номидааст.

Раёсати мӯҳтарам!

Коллегияи судӣ дар қарори худ гаштаю баргашта (ду бор) матни мактуби вазоратро ба рӯзнома оварда, чун судя Абдураҳимова "Миллат" - ро ба он муттаҳам месозад, ки вай ҳуҷҷату далелҳои дар мақола дарҷ гардидаро "барои чораҷӯӣ ирсол накард" ва "ҷавоби мактуби вазоратро дар мӯҳлати тариқи қонун муайян гардида надод". Ин ҳолат метавонист мавзӯи баҳс бошад, агар дар мактуб тақозои чопи раддия ҷой медошт. Судя ва Коллегия ин мактубро чун далели гунаҳкории "Миллат" истифода мебаранд, ки иштибоҳи ғаразноки судист. Зеро:

- Мувофиқи Қонуни матбуот (моддаи 28) ҳеч кас ҳуқуқ надорад, ки рӯзномаро барои чопи ягон маводе вазифадор намояд - ба ғайр аз ҳолатҳои дар қонун муайяншуда. Бо вуҷуди ин рӯзнома мактубро баъди 21 рӯз нашр кард.

- Рӯзнома бо ягон қонун вазифадор нест, ки ягон маводашро бо талаби касе (ба ҷуз мақомоти судию тафтишотӣ), ба куҷое ирсол намояд;

- 27 ноябри 2009, худи ҳамон рӯзи муҳокимаи парламентӣ бо иштироки масъулини худи вазорат дар бораи талаву тороҷи молу маблағ, аз ҷумла дар вазорат, манбаъҳои BBC, "Авесто", Asia plus, хабар паҳн карда буданд. 7 декабр бошад, (се рӯз қабл аз нашри "Миллат") сайти BBC хабар паҳн карда буд, ки дар парламент вазоратро "фасодзадатарин ниҳод" номидаанд. Чаро вазорат ба ин манбаъҳои аввала ва нахуст, ниҳоят ба парламент, муроҷиат накард?  

Қонуншикании сеюм. Дар қарори Коллегия, аз ҷумла, омадааст: "суди марҳилаи якум ба далелҳои ҷамъоварда аз рӯи эътимоди ботинии худ баҳо дода, дуруст ба хулоса омадааст, ки дар мақолаи "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод", ки дар шумораи 49 (223) аз 10.12.09 сол дар рӯзномаи "Миллат" чоп гардидааст, ҳолатҳои исботкунандаи фасодзадатарин будани Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой надошта, ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад. Навиштаҳои мақола нисбати Вазорати кишоварзӣ таҳқир ва паст задани эътиборӣ корӣ мебошад".

Шарҳ ва далели мо. Далелҳо дар бораи фасодзадатарин будани вазорат, ки ман ба суд ва Коллегияи судӣ пешниҳод намудам, иборатанд:

1. Мактуби расмии Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ф.Саидов ба раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ Хайруллоев С. (№24/1-1069 аз 13.10.2009) дар бораи он, ки; тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии вазорат ва зерсохторҳои он зарари молиявиро ба маблағи умумии 5 миллиону 191 ҳазор сомонӣ, муқаррар намуд.

2. Натиҷаи тафтиши мазкур 27 ноябри с.2009, дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуд. Аз ҷумла ба гуфтаи вакил Гулов С., дар вазорати кишоварзӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ (2009) 5,8 миллион сомонӣ ба сурати "ғайримуассир" истифода шудааст.

3. Мактуби сардори сарраёсати Агентӣ Ш. Муллоев, ки дар рӯзномаи "Азия плюс" (№11 (530) аз 17.03.2010: "Таким образом, в ходе проверок и следствия в 32 предприятиях и хозяйствах Министерство селского хозяйство был выявлен ущерб на сумму 5 млн. 259 тысяч сомони…" .

4. Худи Директори Агентӣ, Ф. Саидов расман арз менамояд, ки "публикация в газете "Миллат" - "Министерство селского хозяйства - самое коррумпированное ведомство" - основано на достоверных фактах, предоставленных Агентством" ( "Азия-плюс" № 17 (536) аз 28.04.2010с.).

5. Боз Ф. Саидов чун бо таври расмӣ иттилоъ медиҳад, ки "что касается минсельхоза то в 2009г. должностными лицами этого министерства и поведомственных ему организаций было совершенно 89 коррупционных преступлений, что больше чем в любом другом министерстве" ("Asia plus" №33 (552) 18.08.2010г.).

6. Худи вазир дар мусоҳибаи худ бо журналист талаву тороҷи ҳатто 6,7 миллион сомониро дар вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он, тасдиқ мекунад ("Азия плюс" № 6 (525) аз 10.02.2010 с.).

Раёсати мӯҳтарам! Ҳамаи ҳамин шаш ваҷҳи хаттии ба суд пешниҳодшуда, баёнотҳои дахлдори ман на дар протоколи судӣ, на дар ҳалнома ва на дар қарори Коллегия умуман ёдрас нашуда, таҳлил ва ҳал нагардидаанд.

Дар қарори Коллегия бо такя бо маълумотҳои худи Вазорат омадааст, ки; "аз маводҳои дар қабати парванда бармеояд", ки дар натиҷаи санҷиши фаъолияти молиявии Вазорат аз тарафи Агентӣ "зарари молиявӣ" ҳамагӣ 3 млн. 279ҳ. 795 сомониро ташкил медиҳад. Вале "дар қабати" парванда мактуби зикршудаи Агентӣ ба раиси палатаи парламент низ ҳаст ва дар ин санади расмӣ "зарари молиявию хоҷагии вазорат ба маблағи умумии 5 миллиону 191 ҳазор муайян карда шудааст".

Пас, бо кадом қонун, асос, ва ё мантиқ Коллегия ин далелҳои барои парванда аҳамият доштаро хомӯшона радд кардааст ва далелҳоро танҳо мувофиқи майлу рағбати худ "интихоб" мекунад?

Умуман чи қадар "зарари молиявӣ" бояд овард, ки меъёри исботкунандаи фасодзадатарин будани Вазорат бошад?

Қонуншикании чорум: Аз ҳалнома ва қарор: "Тибқи (мувофиқи) талаботи қисми 2-и моддаи 32-и "Қонуни матбуот" журналист вазифадор аст саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад ва мувофиқи қисми 5-и моддаи 31 Қонуни мазкур, журналист ҳуқуқ дорад зимни санҷиши факту ҳолатҳо вобаста ба маводи расида ба мутахассисон муроҷиат намояд".

Далел ва шарҳи мо: Судҳо бо ин тариқ моддаеро аз Қонун интихоб ва татбиқ кардаанд, ки набояд бо назардошти ҳолатҳои баҳси парванда татбиқ шавад. Қонуни матбуот моддаи 35: "Мавридҳои озод кардан аз ҷавобгарӣ барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ"-ро низ дорад ва меъёри маҳз ҳамин модда бояд барои судҳо, муҳиматарин ҳолати ҳуқуқӣ ва меъёри муайянкунандаи ҳалли баҳс мешуд.

Дар ин модда, омадааст: "Муҳаррир (сармуҳаррир) ва ҳамчунин журналист барои дар воситаи ахбори омма паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар чунин мавридҳо ҷавобгар нестанд:

1. Агар ин маълумот дар ахбори расмӣ бошад;

2. Агар ин маълумот аз агентии иттилоотӣ ё умури матбуоти (пресслужб - Ҷ.И.) мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ гирифта шуда бошад; Агар он такрори таҳтуллафзи нутқҳои вакилони халқ дар иҷлосияи маҷлисҳо,… инчунин нутқҳои расмии шахсони мансабдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ бошад".

*Ҳамин мазмун дар банди 9 Қарори зикршудаи Пленуми Суди олӣ низ муқаррар шудааст.

Раёсати мӯҳтарам!

Ҳамин тариқ, агар, фарз кунем, ки мақолаи рӯзномаи "Миллат" сад бор дурӯғ ҳам бошад, ҳатто он гоҳ ҳам "Миллат" уҳдадор нест, ки "саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад", зеро ки рӯзнома хабари расмӣ ва болотар аз ин, дар парламент муҳокимашударо бо истинод ба он истифода бурдааст.

Ва (ДИҚҚАТ!) худи истилоҳот "Вазорати кишоварзӣ "фасодзадатарин ниҳод" - ин ҳаргиз маълумот ва ё истилоҳи "Миллат" нест. Бори аввал, ҳанӯз 7 декабри соли 2009 (се рӯз пеш аз нашри "Миллат"), сайти ВВС, ки дар Тоҷикистон расман амал мекунад, бо истинод аз ҷаласаи парламент айнан чунин матнро паҳн карда буд. Марҳамат ба матни BBC назар кунед: "Ду ҳафтае қабл дар ҷараёни баррасии раванди иҷрои будҷаи соли ҷории Тоҷикистон дар порлумони ин кишвар, вазорати кишоварзӣ аз фасодзадатарин ниҳоди расмии Тоҷикистон унвон шуд". Нусхаи чунин иттилооти ВВС-ро ман чун далел ба суд пешниҳод карда, дар бораи зарурати татбиқи моддаи зикршудаи 35 Конуни матбуот дар мурофиаҳо дархост карда будам. Вале ин далел низ (ИМДОД!) на танҳо тадқиқ, татбиқ, ё ҳал нашуд - дар бораи он на дар протокол, на дар ҳалнома ва на дар қарор ишорае ҳам нест. Ҳар ду суд Қонунеро, ки дод мезанаду татбиқи он ногузир аст, қасдан инкор карданд.

Бо ин асос ҳалнома ва қарори Коллегияи судӣ, дар асоси татбиқ нагардидани Қонуне, ки онро суд бояд татбиқ мекард, ҳатман бо тартиби назоратӣ бекор карда шавад.

Бо назардошти моддаи 35 Қонуни матбуот ба суд дар бораи иваз намудани ҷавобгари номуносиб (моддаи 42 КМГ) дархост пешниҳод карда будам, вале ин талабот, ки ногузир барои қонунӣ ва асоснок ҳал кардани парванда аҳамияти ҷиддӣ дошт, аз тарафи судҳо баррасӣ, умуман, ба эътибор гирифта нашуд.

*Моҳияти масъала боз дар он аст, ки журналист маълумоту хабареро, ки ҳамон соату рӯз дастрас кардаасту ба ҳолати ҳамонрӯзаи воқеъа муносибат дорад, нашр мекунад. Ва агар ин маълумоту хабар манбаи расмӣ дошта бошад, (чун дар мисоли рӯзнома), журналист, барои ҳар гуна тағйироти ҳолати ояндаи кор низ ҷавобгар нест.

Қонуншикании панҷум: Судя ҳалномаро ва Коллегияи судӣ қарори худро ба хулосаи экспертизаи забоншиносӣ низ асоснок кардаанд.

Далел ва шарҳи мо:

Таҳлили ҳуқуқии ин хулоса, ҳузнангез асту дар айни ҳол, аз қонуншиканиҳо ва сатҳи нокифояи касбии ҳам экспертҳо ва ҳам судҳо шаҳодат медиҳад. Зеро ки:

А) Дар мазмун ва матни таъиноти суд оид ба гузаронидани экспертиза талаботи моддаи 83-и КМГ вайрон карда шудааст, ки огоҳ намудани роҳбари муассиса ё экспертҳоро дар хусуси ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҷиноятӣ муайян месозад.

Б) Вале аз ҳама даҳшатнок хулосаи экспертҳо аст. Яъне: "Истифодаи калимаю ибораҳои дар боло овардашуда нисбати як ниҳод дар ҳолати мавҷуд набудани далелҳои тасдиқкунанда таҳқир ва паст задани шаъну шараф ҳисоб мешавад. Аммо дар ҳолати ҷой доштани далелҳои исботкунанда таҳқир ҳисобида намешавад".

Чунин "афсона" бо имзои чор нафар гӯё коршиноси Кумитаи забон ва истилоҳот тасдиқ шудааст, ки лоиқи таассуф аст. Зеро барои мафҳуми "таҳқир", будан ё набудани далелҳои исботкунанда аҳамият надорад ва ин ҷо фақат будани "алфози қабеҳ" муҳим аст.

Ҳолати зикршуда тарафи объективии ҷиноят аст, субъекти ҷиноятро бошад, моддаи 136 Кодекси ҷиноятӣ чунин муайян кардааст: "Таҳқир, яъне беадабона, бо алфози қабеҳ паст задани обрӯ ва эътибори шахси дигар". Эътибор медиҳем - ШАХСИ дигар, одами дигар, на вазорату идора.

Судя Абдураҳимова чунин "хулосаи илмиро" қабул ва эътироф карда, дар ҳалнома ҷой медиҳад ва ба ин хулоса истинод мекунад. Коллегияи судӣ ба ин қашшоқии ҳуқуқӣ қувваи қонунӣ медиҳад. Пас баҳои ҳуқуқӣ - қонунии чунин ҳалнома ва қарор ночиз аст.

Қонуншикании шашум: Дар қонунгузори граждании амалкунандаи Тоҷикистон мафҳуми "таҳқир", ё ҷавобгарӣ барои "таҳқир" мавҷуд нест. Агар вазири кишоварзӣ худро таҳқиршуда меҳисобид, бояд бо тариқи моддаи 24 КМҶ ҶТ (айбдоркунии хусусӣ) бо ариза ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекард. Ва дар асоси кадом меъёри ҳуқуқи моддӣ, бо кадом салоҳият Абдураҳимова ва Коллегия дар парвандаи гражданӣ "таҳқир" - ро татбиқ мекунанд.

Қонуншикании ҳафтум:

Суд ва Коллегияи судӣ вазоратро дар ҳалнома ва қарор субъекти "шаъну шараф" ва "обрую" "эътибори корӣ" (деловая репутация) муайян намуда, муқаррар кардаанд, ки "навиштаҳои мақола нисбати Вазорати кишоварзӣ таҳқир ва паст задани эътибори корӣ мебошад". Дар "навиштаҳо"-и мақола бошад, хотиррасон мекунем, мавзӯъ ва мақсад дар бораи фасодзадатарин будани натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию истеҳсолӣ, молиявию хоҷагӣ ва соҳибкории вазорат мерафт. Ва маҳз ҳамин соҳаҳои фаъолияти вазоратро дар соҳаҳои зикршуда пастзада шуморида, суд ва Коллегияи судӣ шаъну шараф ва эътибори кории вазоратро ҳимоя намудаанд.

Шарҳу далели мо:

Модоме, ки ин тавр аст, дар натиҷа суд ва Коллегия қонуншикании дигари ҷиддӣ содир кардаанд. Зеро, мувофиқи моддаи 32 Кодекси мурофиавии иқтисодии (КМИ) ҶТ, ки "Тобеияти махусуси идоравии парвандаҳо ба судҳои иқтисодӣ" ном дорад: "Судҳои иқтисодӣ парвандаҳои зеринро баррасӣ менамоянд":

…дар хусуси ҳимояи шаъну шараф ва одоби касбӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ" (ибораи "одоби касбӣ" тарҷимаи нодурусти "деловая репутация" аст - нигар ба матни русии модда - бояд "эътибори корӣ" бошад -Ҷ.И.).

Қисми 2 модда, муқаррар месозад, ки "Парвандаҳои дар қисми I моддаи мазкур пешбинӣ шуда, аз ҷониби суди иқтисодӣ, навобаста ба иштирокчӣ будан, ё набудани шахси ҳуқуқӣ… дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки аз онҳо баҳс ва ё талабот ба вуҷуд омадааст, баррасӣ мегарданд".

Аз ин ҳолати дар Қонун зикршуда танҳо як хулосаи ҳузнангези дигар бармеояд: Судя ва Коллегия судӣ талаботи моддаи 24 КМГ "Тобеъияти идоравии парвандаҳои гражданӣ ба судҳо" - ро низ дағалона вайрон кардаанд. Қисми 3-и ин модда муайян кардааст, ки "судяҳо парвандаҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин моддаро ба истинои баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки тибқи қонун ба тобеъияти судҳои иқтисодӣ қарор доранд, баррасӣ ва ҳал мекунанд". Яъне, бешубҳа, тобеъияти махсуси идоравии парвандаи мо фақат ба суди иқтисодист!

Судя бояд мувофиқи сархати якуми қисми I моддаи 137 КМГ қабули аризаи даъвогии вазоратро радд мекард, зеро ки "ариза наметавонад тибқи тартиби мурофиавии судии гражданӣ баррасӣ ва ҳал гардад, агар он бояд тибқи тартиби суди дигар баррасӣ ва ҳал гардад.

Судя, инчунин бояд дар асоси қисми I моддаи 225 КМГ баррасии парвандаро қатъ менамуд, "агар парванда дар суд бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ, мутобиқи асосҳои пешбинӣ намудаи сархати якуми қисми I моддаи 137 ҳамин Кодекс баррасӣ ва ҳал карда нашавад".

Қонуншикании ҳаштум:

Судҳо дар ҳалнома ва Коллегияи судӣ дар қарораш матни моддаи 38-и Қонуни матбуотро меоранд ва онро низ асоси қабули санадашон мекунанд.

Шарҳ ва далели мо:

Вале ин модда рӯёнидани товони зарари маънавиеро, ки фақат ШАҲРВАНД (!) дидааст, муқаррар мекунад.

Судя ва Коллегия боз аз моддаҳои 1115 ва 1116 КГ панҷ маротиба мафҳумҳои "ҷуброни зарари маънавӣ", "андозаи ҷуброни зарари маънавӣ", "ранҷу азоби маънавӣ", "ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ", "зарари маънавӣ"-ро истифода бурдаанд.

Ин мафҳумҳоро асос карда, судя дар ҳалнома низ менависад: "ҳамин тариқ суд ба хулоса омад, ки даъвои Вазорати кишоварзии ҶТ қисман қонеъ карда шуда… аз ҳисоби рӯзномаи "Миллат" ба фоидаи Даъвогар 1500 сомонӣ зарари маънавӣ рӯёнида шавад".

Чунин истифодабарии мафҳумҳои зарари маънавӣ дар ҳалнома ва чунин хулосаи судя, ки онро Коллегия бетағйир мондааст, боз як тасдиқи заъифии касбии судҳост.

Дар асоси он ки:

а) Моддаи 171 КГ, ки "ҷуброну зарари маънавӣ" ном дорад, муқаррар кардааст, ки фақат ба "ШАҲРВАНД" зиёни маънавӣ расонидан мумкин аст ва мафҳуми "зиёни маънавиро" низ чунин муайян кардааст- "азобу шиканҷаи ҶИСМОНӢ ва РӮҲӢ".

б) Моддаи 174 КГ низ, муқаррар сохтааст, ки фақат ШАҲРВАНД, ҳақ дорад ҷуброни зиёни маънавиро талаб кунад". Яъне фақат ИНСОН, ки "ҷисму рӯҳ" дорад, метавонад зиёни маънавӣ- "азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ" - кашад, на Вазорат, на идора ва на ташкилот. Охир ин табиист!

в) Дар худи моддаи 38-и Қонуни матбуот, ки иқтибоси онро судя ва Коллегияи судӣ дар ҳалнома ва қарор овардаанд, сухан танҳо дар бораи "товони зарари маънавӣ, ки ШАҲРВАНД дидааст" меравад.

г) Моддаҳои 1115 ва 1116 КГ, ки судя ба онҳо низ панҷ маротиба истинод кардааст, зарари маънавӣ, яъне "расонидани ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ"-ро ба ШАҲРВАНД пешбинӣ мекунанд.

д) Дар банди 15 Қарори Пленуми зикршудаи Суди олӣ омадааст, ки "Суд вправе рассмотреть также требование ГРАЖДАНИНА о возмещении морального ущерба…"

е) Барои маълумот, иқтибос аз Қарори Президиуми Суди олии арбитражи Россия аз 1 декабри соли 1998 №813/98 (Вестник ВАС РФ, 1999№2): "Поскольку юридическое лицо не может испитывать физических или нравственных страданий, ему невозможно причинить моральный вред. По этому исходя из смысла статей 151 и 152 Гражданского Кодекса РФ (дар КГ ҶТ мутаносибан модаҳои 171 ва 174, Ҷ.И.) право на компенсации морального вреда предоставлено только физическому лицу".

Ҳалномаи судя Абдураҳимова ва қарори Коллегияи судӣ, ки вазорат - шахси ҳуқуқиро бар хилофи ҳуқуқҳои моддӣ ҷабрдидаи зарари (зиёни, тавони) маънавӣ эътироф карда, онро қурбони ранҷу азоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ (маънавӣ) ҳисобидаанд ва ба фоидаи вазорат рӯёнидани 1500 сомониро чун "зарари маънавӣ" муқаррар кардаанд - қонуншикании ҷиддии навбатиест.

Ҳамин тариқ, бинобар аз ҷониби ҳар ду суд бо таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ аз Раёсати суди шаҳри Душанбе

Хоҳиш мекунем:

1. Санадҳои суди марҳилаи якум ва кассатсиониро бекор кунад ва азбаски ҳангоми татбиқ ва маънидодкунии меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва ҳангоми баррасии парванда ба иштибоҳ роҳ дода шудааст, парвандаро барои баррасии нав насупорида, ҳалномаи нав қабул намояд. (ё)

2. Тибқи тобеъияти махсуси идоравии парванда ба судҳои иқтисодӣ, ки қонун муайян кардааст, санадҳои суди марҳилаи якум ва кассатсиониро пурра бекор кунад, ё аризаро бе баррасӣ монад, ё мурофиаи парвандаро қатъ кунад.

"Миллат"

РS: "Миллат" феълан ҳаққи муроҷиъат ба Президенти Тоҷикистон, ҳамчун кафил ва ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳо ва созмонҳои байналмилалиеро, ки Тоҷикистон муқаррароти онҳоро эътироф кардааст, барои худ маҳфуз медорад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97