"Шабакаи аввал" тамаллуқкори рақами 1

Расонаҳо 09.02.2012 12:22

Президент бинандаи "Ахбор"

Televizioni_tamaluqkorИнак аср 21 шуду сол 2012, аммо телевизиони тоҷик ҳамон асту ҳамон. Манзур аз телевизиони тоҷик гуфтан, албатта чор шабакаи телевизиониест, ки дар кишвар фаъоланд. Аммо аз чӣ бошад, ки то ҳануз чӣ дар долонҳои ҳукумат ва чӣ миёни мардум "Шабакаи аввал"- ҳамчун шабакаи асосии телевизионӣ, дар Тоҷикистон унвон шуда, раисону вузаро ба барномаи "Ахбор"-и "Шабакаи аввал" бештар таваҷҷуҳ доранд, ба ин маънӣ, ки гӯё Сарвари давлат бештари ахбори манотиқи кишварро аз ин барнома медидааст. Чун таваҷҷуҳи ҳама ба ин шабака, аниқтараш ба барномаи "Ахбор"-и он нигарон аст, пас мо низ сари ана ҳамин барнома андеша хоҳем ронд ва камбудиву нуқси ин барномаро то ҷои имкон хоҳем баршумурд.

Хабарнигорони "судшуда" дар "Ахбор"

Пештоз бояд бигӯем, ки барномаи "Ахобр" -и "Шабакаи аввал" он қадар беҳунарона ва ғайрикасбӣ намоиш дода мешавад, ки шояд мислаш дар ягон ТВ-и олам набошад ва аз мантиқ то режиссураи он бозтоби професионалӣ мехоҳад. Бо забони малеҳи дӯстона сад бор гуфтем, ки гузорише, ки "стендап" надорад, мантиқан дурӯғ аст, зеро "стендап" ҳузури хабарнигорро дар ҷои воқеъа тайид мекунад ва бинанда мутмаин мешавад, ки ин хабар ва ин далелу арқом аз сарчашмаҳои боэътимоди хабарианд, на хабарҳои "занакои лаби об". Фақат адами ҳамин рукн дар ахбор касбияти телевизионро зери суол мебарад. Зиёда аз ин исми гузоришгарон низ аз ҷониби "барранда"-ҳо муаррифӣ намешавад. Пас агар исми хабарнигор муаррифӣ нашуда, башараашро низ боре набинем, шумо ҷанобони "ахборсоз" бигӯед, ки аз рӯи кадом меъёр ба гуфтаҳои ӯ бовар кунем? Ҳарчанд, ки гуфтаҳои эшонро низ бовар кардан бо доштани ҳамагӣ ним мисқол виҷдон корест азоб.

"Хатнасур"-ҳои ТВ таҳқири бинанда аст

Дигар ин, ки ҳамин телевизион аз барои савоб, ғайр аз кишти баҳориву тирамоҳӣ, хатнатӯи кӯдакони бепарастор, компютеркунонии макотиб дигар чизе намоиш дода метавониста бошад? Боре хабарнигорони чор шабакаҳои телевизионҳои мустаққар дар Кӯлобро ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб даъват кардем. Эшон гуфтанд, ки идораи болоӣ пахши ин гуна хабарҳоро салоҳ намедонад. Агар шумо хабари маҷлиси вакилони халқи сеюмин калонтарин шаҳри кишварро, ки дар он умдатарин масоил баррасӣ мешавад, қобили қабул надонед, пас чӣ рӯйдоду ҳодисаест, ки назари шумо ба он мегирифта бошад? Ҷанобони телевизиондор!!! Дар ҳоле ки мардуми олам тавассути технологияи нав одами зинда сохтаниву роҳ сӯи Марсу Миррих мегиранд, ё худ дар ҳоле ки бо пешниҳоди Амрико Иттиҳоди Аврупо муқобили Эрон таҳримҳои иқтисодӣ роҳандозӣ карда, хавфи сар задани ҷанги сеюми ҷаҳон ногузир мегардад, тундтар карда гӯем, хабари "чӯкбурон"-и чор кӯдак на ин ки хабар нест, балки таҳқир ба бинанда аст.

ОРТ-ву "Озодӣ" ҷойи шумо кор кунанд?

Ҳамин Тоҷикистон, ки беканориву бекарониашро шабро шаб нагуфта васф мекунем, наход ғайр аз кори саҳро ва лампаҳои камасраф дигар чизе надошта бошад? Анҷоми маъракаи ниҳолшинонӣ дар водии Кӯлоб ва тоза кардани ба гуфтаи худатон заҳбуру заҳкашҳо дар минтақаи Қӯрғонтеппа, ё худ ҷамъоварии картошкаи Ғарм дар шароити фаъол шудани онлайн-интернетҳо дигар таваҷҷуҳи бинандаро ҷалб намесозад. Вале агар инҳо хабар барои гуфтани шумо бошанд, хабари убури сарҳади Тоҷикистонро аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпешаи қочоқбар дар Шӯрообод, ё бар асари таркиши минаҳои узбакӣ ҳалок гаштани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Исфара кӣ бояд бигӯяд? "Орт" -ву "РТР", ё "Озодӣ"-ву "Садои Хуросон"?

Бехабарии ТВТ ва халабонҳои хабарсози ҷаҳон

Манбаҳои наздик ба ТВ-ҳо мегӯянд дар ҳоли худсензуракунӣ ифодаи истилоҳи Худо, иншоаллоҳ ва ба ин монандро дар "Ахбор" мамнӯъ карданд. Ҳайрон нашавед ба он, ки барои мисол як мулло бо кадом иборае суҳбати худро оғоз мекарда бошад? Агар қиссаро ба боби дигараш гузарем, боз ҳам мутобиқи гуфтаи манбаҳо намоиш додани ришдорҳо ҳам комилан мамнӯъ аст, ҳатто дар конфронси исломӣ ҳам. Нишон надодани ришдорҳо дарди хайр аст, ин ҳамагӣ дирӯз буд, ки дар як эпопеяи калони халабонҳои рус барномаҳои телевизионҳои мо ҳамагӣ аз як конфронси Прокурори кул чизе зиёд нишон надоданд. Ин дар ҳолест, ки телевизионҳои русӣ ин хабарро дар сархати ахбори худ монда, қариб буд моро дар ба охиррасии дунё муттаҳам кунанд. Агар машинаи идеологии ҳукумат дар ҳамин мавридҳо манофеъи миллатро дифоъ накунад, пас он ба кӣ даркор аст? Фақат нагӯед, ки мо ишораи болоро нигаҳ мекунем. Мо низ нозукии сиёсат ва муносиботи шарикиву ҳамсоядориро медонем. Як маротиб гӯш андозед, ки рақибони дуру наздики мо дар ТВ-ҳои худ нисбати мо чи мегӯянд? Эшон ба зиндаҳову мурдаҳомон кор доранд… Ман боре дар як мақолаи худ гуфта будам, ки ин телевизионҳо ҳамагӣ табелчии як хоҷагиро танқид намекунад, куҷо расад ба танқиди Путину Медведев ё Лаврову Рогозин.

Президентро ба 100 кг себ чӣ кор?

Биёем, дигарбора сари "Ахбор"и "Шабакаи аввал" Ровиёни барнома он қадар шоху карахтанд, ки ҳатто ёррои қалами дасташонро рӯи миз гузоштан ва ё бараксро надоранд. Хабарҳои мехондаашонро ҳазми мантиқӣ намекунанд, ба назар чунин мерасад, ки саводи казоии сиёсӣ ки надоранд, дар талаффузи вожаву истилоҳ ва исми шахсият ва амокини мухталифи дунё заддаҳои мантиқиро нодуруст мегузоранд. Боре шунидам, ки якеш Дубайро давлат мегуфт. Дар барномаи Ахбори соати 8-и рӯзи 26.01.2012 баранда матнеро хонд, ки мансуб ба соҳаи кишоварзӣ буд ва гуфт, ки ҳоло мутахассисини ин соҳа ба хабарнигорони мо ҷавоб хоҳанд гуфт. Аз чӣ бошад, ки гузориш аз раванди корҳои бунёдкорӣ дар ниругоҳи Роғун пахш шуд. Дар тамоми гузоришу хабарҳо исми Сарвари давлат ҳамчун ташаббускор оварда мешавад. Кадом як соҳибкоре дар Мурғоби дур ҳамагӣ 50 метр роҳро сангфараш созад, кадом як хоҷагидоре дар Мӯъминобод се сад кило себ ба даст биёрад, ё худ дар Қумсангир мабод як синфи компютерӣ кушоянд низ, ҳамаро аз ибтикори Президент медонанд. Ай мардум!!! Президент аз ин чизҳои кӯчак болотар меистад. Ӯ Президенти Тоҷикистон аст, мақому манзалати Президентро ба ин чизҳои фачу лач набояд махлут кард.

Инро танҳо дар "Шабакаи аввал" дидан метавон

Дар ин росто мебояд як нуктаи дигарро низ ишора кунем, ки қабули расмии Президентро барномаи "Ахбор" ғайрикасбӣ намоиш медиҳад. Ин танҳо дар барномаи "Ахбор"- и "Шабакаи аввал" мумкин аст барои мисол Эмомалӣ Раҳмон Барак Обамаро ба ҳузур пазираду гузориш танҳо бо матни пушти навор, зиёда аз ин бидуни "интершум" пахш шавад. Ҳатто дар соли 1960 асри пеш чунин гузоришҳо дар дигар ТВ-ҳо вуҷуд надошт. Дар поёни ин гузориш бошад ҳатман баранда матни қолабиеро мехонад, ки фалонӣ баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшро чунин баён кард. Ана баъд таҳқир ба бинанда оғоз меёбад. Он нафар мабод 20 дақиқа ҳам сӯхбат карда бошад, "Ахбор" нарезондаву начаконда дар баъзан маврид бо забони русӣ (агар он фалон бо русӣ сӯҳбат карда бошад) онро пахш мекунад. Наход дар барномаи "Ахбор"-и тоҷикӣ матни русӣ тарҷума нашавад? Фақат нагӯед, ки забони русӣ дар кишвар ҳамчун забони дуюми муошират қабул шудааст. Ин баҳона наметавонад ба маънии рӯпуш кардани танбаливу беҳунарии барномасозони ТВ бошад.

Тамоми зиндагии русӣ шурӯъ аз галстукбандии Жириновский то либоспӯшии Павел Воля, аз барномасозии "Смак"-и Макаревич то клипсозии Жасминро копӣ карда гирифтем, оё намешавад, ки барномасозии шабакаҳои телевизионии худро низ аз ОРТ-ву НТВ нусхабардорӣ кунем?

Дар омади гап

Усулан шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон, шабаҳи телевизион беш нестанд. Танҳо дар ҳоли барномарезӣ метавон дастовардҳои "ТВ Баҳористон" ва дар самти сӯҳбатҳои телевизионӣ "ТВ Ҷаҳоннамо"-ро ном бурд. Аммо "Шабакаи аввал" ва "Сафина" барои таҳияи чунин барномаҳо вақт надоранд. Онҳо бояд қуллаҳои ҳамешабарфпӯши Тоҷикистон, лимуи Қумсангир, бӯзҳои кӯҳии Бадахшон ва "Чакомаи гесӯ"-ро намоиш диҳанд. Ҷанобон, Тоҷикистонро ба барфу бузу лимӯ муаррифӣ кардан нашояд. Услуб ва роҳҳои муаррифии Тоҷикистон ва миллат дигархелтаранд, ки мутаасифона тули 20-сол ин телевизионҳо наёфтанд, ки наёфтанд. Телевизионҳо пур аз тамаллуқанд, ки ин ба тарбияи миллат бе таъсир нахоҳад монд. Аз саҳар то шом ин телевизионҳо Ватан, Тоҷикистон ва Истиқлолият мегӯянд. Гӯё дигарон Ватан ва Истиқлолият надошта бошанд. Асалро, ба истилоҳ камтараш хуб аст, ҷанобон…

"Мехоҳам дар СССР зиндагӣ кунам"

Тамошои ин телевизионҳо латифаеро ба хотирам меоварад, ки муҳтавояш чунин аст: Замони Шӯравӣ гурӯҳи тарғиботӣ ба як боғчае омада, СССР-ро ҳай васф мекунад, ки дар "СССР" кӯдакон хушбахтанду озод, серанду пур ва ҳоказову ҳоказо. Замони рафтан мушоҳида мекунанд, ки кӯдаке гиря дорад. Чун сабаби гиря аз ӯ мепурсанд, гирякунон мегӯяд; "Ман мехоҳам дар "СССР зиндагӣ кунам". Манзури ман ин нест, ки мо чизе надорем бихӯрем ва чизе надорем бипӯшем. Манзурам аз ин гуфта ин аст, ки телевизион дар ҳоли ҳақиқат зиндагӣ карданро ба мардум талқин бикунад!!! Дуруст аст, ки тули 20 сол мо дастовардҳои бузурге дорем, ки қобили васфанду тавсиф, аммо Тоҷикистон давлетест, ки мисли тамоми давлатҳои рӯи олам мушкилоти дохиливу берунаи худро дорад. Мо низ дузду ғар, беинсофу бевиҷдон, наркабарону нашъманд, ватанфурушу хоин дар дохил ва душмани милливу стратегӣ, минтақавию дунявӣ дар берун дорем ва ҳамаи инро инкори сирф кардан худро масхара карданро мемонад. Зеро   кишваре бидуни ин ҳама вуҷуд дошта наметавонад. Садҳо камбудии кӯчакест, ки дар ҳоли бартараф нашудан ба масъалаи бузург табдил меёбад. Сари чашма ба бел бояд гирифт, чун бузург шуд фил ҳам онро убур карда наметавонад. Биёед аз дастовардҳоямон ифтихор кунем ва нуқсу иллатҳомонро ҳама якҷоя бартараф.

Аслан бояд ин телевизионҳо аз буҷаи давлат маблағгузорӣ нашаванд, зеро таҷрибаи 20-сола нишон дод, ки ин ҳолат ҳамон мақоли "Хоҷа, боғ дорӣ" -ро мемонад. Пахши барномаҳои сирф тавсифӣ рақобати солимро барҳам зада, ба рушди ҷомеъа монеъа эҷод мекунад, аммо ин баҳси мавзӯи дигар аст, ки мо сари он бармегардем.

Чуночи дар боло ишора кардем аслан бо ин қадар нуқсу иллат инҳоро телевизиони касбӣ гуфтан ба номаи аъмоли худ як гуноҳро зам карданро мемонад. Зеро агар ба гунаи мисол "Шабакаи аввал" телевизион бошад, пас BBC-ву CNN чӣ мебошанд?

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97