«Судя ҳуқуқи хато кардан надорад» Э.Раҳмон

Расонаҳо 01.04.2011 10:02

Шикояти кассатсионии рӯзномаи «Миллат» ба суди ш. Душанбе, нисбати ҳалномаи суди н. Фирдавсӣ

Vazorati_kishovarzi_0119 феврали соли 2010 ба суди н.Фирдавсӣ аризаи даъвогии Вазорати кишоварзӣ бо имзои вазир Қосимов Қ. ирсол гардидааст. Мувофиқи ин ариза, рӯзномаи "Миллат" баъди чоп намудани мақолаи "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" (шумораи №49 (223) аз 10.12.2009) ба сифати ҷавобгар муайян шудааст.

 

Ва бо ин сабаб даъвогар аз суд хоҳиш мекунад, ки:

1) Дар рӯзномаи "Миллат" оид ба беасос чоп кардани мақола ҷавоби мусбӣ ва раддия чоп карда шавад.

2) Ба Вазорати кишоварзӣ ҳуҷҷатҳо ва далелҳое, ки асоси ҳуқуқӣ надоранд, пешниҳод карда шавад.

3)Барои беасос ва ғайриқонунӣ, бардурӯғ чоп шудани мақола ва расонидани зарари маънавӣ аз ҳисоби рӯзномаи "Миллат", тибқи қонунҳои муқарраршуда ба маблағи як миллион сомонӣ рӯёнида ба суратҳисоби "НБО"-и Роғун гузаронида шавад.

23 феврали соли 2010, рӯзнома бо аризаи даъвогии муқобили даъво ба суд муроҷиат карда, амали Вазоратро чун "Норавоии монеъшавӣ ба фаъолияти касбии журналист" (моддаи 36 Қонуни ҶТ "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" - минбаъд дар матн "Қонуни матбуот") баҳо дод ва барои кӯшиши паст задани эътибори кории рӯзномаи "Миллат" ҷуброни рамзии чунин зарарро 1(як) сомонӣ муайян кард.

08 феврали с.2011, раисикунандаи мурофиа, муовини раиси суди н.Фирдавсӣ Абдураҳимова Д.Р. қисми хулосавии ҳалномаро эълон намуд. Ва рӯзи 21 феврали с.2011 нусхаи ҳалнома асоснок таҳия шуда, он ҳамон рӯз ба намояндаи "Миллат" супорида шуд. Дар қисми хулосавии ҳалнома, суд ҳал кардааст: - Аризаи даъвогии вазоратро "қисман қонеъ" кунонида, рӯзномаро вазифадор кардааст, ки "барои исбот нашудани ҳолатҳои дар мақола зикршуда раддия чоп намояд"; -Аз ҳисоби рӯзномаи "Миллат" ба фоидаи Вазорати кишоварзӣ 1500 сомонӣ рӯёнида шавад ва аризаи даъвогии муқобили даъвои рӯзнома оид ба рӯёнидани зарари моддӣ рад карда шавад.

Бо назардошти ҳалномаи мазкур, мақсад, мазмун ва муҳтавои шикояти кассатсионии ман аз исботи зерин иборат аст, - ҳалнома на танҳо "қонунӣ ва асоснок" нест (талаботи моддаи 200 КМГ), балки он ғайриқонунӣ ва тамоман беасос аст.

Чунин ҳалнома қариб ҳамаи асосҳои барои бо тартиби кассатсионӣ бекор кардани онро (моддаи 351 КМГ) дорад ва дар ҷойи якум, аз тарафи судя дағалона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ (моддаи 352 КМГ ва меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ) (моддаи 353 КМГ) мебошад. Дар ҳолатҳои дигар бошад, эҳтимол заифии дараҷаи касбию-ҳуқуқии судя асоснок ва қонунӣ будани ин ҳалномаро истисно мекунад.

Пеш аз он, ки нисбати асос-ҳое гап занем, ки ман мутобиқи онҳо ҳалномаро нодуруст ҳисоб мекунам, мехостам ду - се ҳолатҳои барои ҳалли қонунии парванда муҳимро мушаххас намоям:

А). Моддаи 1-и КМГ муайян месозад, ки қонунгузории ҶТ оид ба мурофиаи судии гражданӣ, аз ҷумла аз "қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иборат мебошад. Моддаи 12-и КМГ бошад, судро ӯҳдадор месозад, ки парвандаҳоро дар асоси, аз он ҷумла, "қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кодекси мазкур ҳал намояд".

Б). Мувофиқи меъёрҳои моддаи 26-и Қонуни конститутсионии ҶТ "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 68-и Қонуни ҶТ "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"; "тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди олӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ, ки дар мавриди баррасии парвандаҳои судӣ пайдо мешаванд, барои судҳо… ҳатмӣ мебошанд".

В). Азбаски Қарори Пленуми Суди олии ҶТ доир ба масъалаи баҳс ҳанӯз қариб 20 сол пеш қабул шуда буд (аз 4 июни с.1992) ва (албатта, зарурияти қарори нав кайҳо расидааст), ман, фақат барои иттилоъ ва сарфаҳм рафтан, баъзан ба матни қарорҳои пленуми (президиуми) судҳои олӣ ва олии арбитражи Русия истинод хоҳам овард. Ин аз он сабаб буд, ки муҳтавои қонунҳои мо умуман якхела ва аз тарафи дигар, бояд иқрор шуд, ки захираву имкониятҳои зеҳнию ҳуқуқии мо муқоисанашавандаанд.

Хуб, акнун ба таҳлили амалҳои судя ва муҳтавои ҳалнома мегузарем. Сухан аз лаҳзаю эпизодҳо ва амалҳои судя меравад, ки онҳоро ба ҷуз қонуншиканиҳои маҳз дигар хел номидан мумкин нест.

Якум. Моддаи 135 КМГ муқаррар мекунад, ки ба аризаи даъвогӣ "ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ" низ замима мешавад. Банди 6-и моддаи 134 бошад, мегӯяд, ки агар даъвогар шахси ҳуқуқӣ бошад, "имзо бо мӯҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад". Агар ин талабот риоя нашуда бошанд, судя (моддаи 139 КМГ) "оид ба беҳаракат мондани ариза таъинот қабул мекунад ва дар ин хусус аризадиҳандаро огоҳ намуда, ба ӯ барои ислоҳи норасоиҳо мӯҳлат медиҳад" ва ғайра.

Вале судя Абдураҳимова Д.Р. бар хилофи меъёрҳои муқарраркардаи қонун, бо таъйиноти худ аризаи даъвогии Вазорати кишоварзиро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва бе мӯҳри шахси ҳуқуқӣ қабул кардааст. Чаро? Охир Вазорат чун Даъвогар аз пардохти боҷи давлатӣ озод нест (Қонуни ҶТ "Дар бораи боҷи давлатӣ" - №19 аз 28.02.2004). Ва вақте, ки Даъвогар (Вазорат) дар аризаи даъвогии худ нархи даъворо 1 миллион сомонӣ муайян кард, чунин аризаи даъвогӣ, аллакай характери молумулкӣ гирифт ва акнун мувофиқи талаботҳои банди 2 (зербанди 1) моддаи 4, Қонуни ҶТ "Дар бораи боҷи давлатӣ" ва банди 1 моддаи 92 КМГ, Вазорат мебоист (дар сурати аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд будани нархи даъво яъне 1 миллион сомонӣ), ба андозаи 0,5% аз нархи даъво-тахмин 5000 сомонӣ боҷи давлатӣ супорад. Вале насупорид, аммо судя бо вуҷуди ин норасоӣ аризаи даъвогиро қабул карда ба қонуншиканӣ роҳ дод. Бе муҳри шахси ҳуқуқӣ, ки имзоро тасдиқ мекунад, қабул кардани аризаи даъвогӣ қонуншикании дигари судя гашт.

Зарурияти пардохти боҷи давлатиро дар асоси талаботи ду қонун ман дарҷ кардам. Ва инак тавзеҳоти Пленуми аллакай зикршудаи Суди олии ҶТ аз 4.06.1992 "О практике применения судями РТ законодательства по делам о защите чести и достоинство граждан и организаций", ки -ба ёд меорем - барои суд ҳатмист. Банди 17-и Пленум муқаррар месозад: "В тех случаях, когда требования о защите чести и достоинства, взыскания материального и морального ущерба изложены в одном исковом заявлении, государственная пошлина истицом (так в тексте-Дж.Ибодов), вносится по каждому требованию на общих основаниях". Яъне судя, ҳамин тариқ, талаби Пленуми Суди олиро низ иҷро накардааст.

Вобаста ба ин талаби аввали шикояти касатсионии ман чунин аст; барои аз тарафи судя татбиқ накардани талаботи моддаҳои 134; 135 ва 139 КМГ ва қарори Пленуми Суди олии ҶТ, ҳалнома дар асоси моддаи 352-и КМГ бекор карда шавад.

Дуюм. Боз як бори дигар ба ёд меорем, ки қонунгузории ҶТ, аз ҷумла аз қонунҳои ҶТ иборат мебошад ва суд ӯҳдадор аст парвандаҳоро дар асоси қонунҳои ҶТ ҳал намояд. Акнун бубинем, ки қонунгузории амалкунандаи кишвар ва қарори Пленуми Суди олии ҶТ (дар боло номбаршуда) чӣ тартиби ҳатмиеро барои ҳалли пеш аз (то) судии баҳси талаби раддия ё ҷавоб (ниг. Ба аризаи даъвогии Вазорат) муқаррар кардаанд. Ва оё судя ва даъвогар ин талаботи қонунҳои дахлдорро риоя карданд? Не, накардаанд ва баракс аз тарафи онҳо меъёрҳои қонунҳои мавҷуда дағалона вайрон ва инкор гаштаанд. Ва яке аз асосҳои бекор кардани ҳалнома ба тартиби кассатсионӣ -ин вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ аст. (моддаи 351 КМГ). Меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ бошад дар ҳолати зайл вайрон кардашуда ё нодуруст татбиқ гардида ба ҳисоб меравад, агар: - суд қонунеро, ки бояд татбиқ гардад, татбиқ накарда бошад (моддаи 352 КМГ). Бо назардошти ин талаботи қонунгузорӣ, чунин шарҳ медиҳам:

1) Дар асоси моддаи 24-и Қонуни матбуот: "Шаҳрванд ё ташкилот ҳақ дорад аз идораи воситаи ахбори омма нашр кардани маълумоти аз ҳақиқат дур ва шаъну шарафи онҳоро пастзананда раддия талаб намояд. Маҳз "талаб намояд" ва ин талаб бояд дар мактуби муроҷиатии ташкилот возеҳ, равшан, саҳеҳ дарҷ гардида бошад.

Акнун дар робита ба ин маънӣ менигарем ба матни мактуби Вазорат (№5/18-2787 аз 18.12.2009) бо имзои муовини вазир Раҳимназаров Ш. ба унвони "Миллат", ки онро Вазорат чун талаби раддия нишон доданист. Вале ҳақиқати ҳол он аст, ки дар ин мактуб Вазорат аз рӯзнома танҳо ва фақат "хоҳиш менамояд, ки "ҳуҷҷату далелҳоро оид ба мавзӯъи фасодзадагии дар мақола дарҷ гардида, ба Вазорати кишоварзӣ "барои чораҷӯйӣ" ирсол намояд. Ба истилоҳи "барои чораҷӯйи" низ эътибор диҳед. Яъне Вазорат маводи рӯзномаро чун манбаи чораҷӯӣ дар фаъолияташ истифода бурдан мехоҳад. Пас дар бораи кадом талаботи раддия чун мақсад ва матни мактуб гап задан мумкин аст?

Ҳамин тариқ, даъвогари ибтидоӣ -Вазорат талаботи ҳатмии меъёрҳои моддаи 24 Қонуни зикргаштаро дар бораи аз рӯзнома талаб кардани раддия (дар воқеъ чунин калима -"раддия" низ дар матни мактуб нест), риоя накардааст. Ва чи тавре, ки моддаи 26-и Қонуни матбуот муқаррар кардааст, фақат "дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма ( яъне рӯзномаи "Миллат") рад кардани чопи раддия ё ҷавоб ва ё риоя накардани мӯҳлати якмоҳаи барои нашри чунин маводҳо муқаррар шуда, ташкилоти манфиатдор (яъне Вазорат) ҳақ дорад, дар муддати як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат кунад".

Ҳамин тариқ, ба унвони рӯзнома аз Вазорат ягон хел талаби чопи раддия ирсол нагаштааст ва табиист, ки "Миллат" талаб ё хоҳиши мавҷуднабуда ва зоҳирнагаштаро чоп карда наметавонист.

Далелҳои оварда, ногузир исбот месозанд, ки Вазорат тартиби қонунии муайяншудаи баррасии то судии баҳсро риоя накардааст. Бо ин асос, Вазорат ҳаққи дар мавзӯи баҳс ба суд муроҷиат карданро надорад.

2) Агар Қонуни матбуот дар назди шахс ё ташкилот ӯҳдадории онро вобаста ба шарт ва зарурати ҳатмии муроҷиати пешазсудиро ба воситаи ахбори омма муқаррар кунад, пас Кодекси граждании ҶТ, акнун, ӯҳдадории худи судро вобаста ба риояи ин гуна шарту зарурат муайян месозад. Моддаи 174 (банди 4)-и Кодекс муайян мекунад, ки "Талаби (маҳз талаб - Ҷ.Ибодов) шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд баррасӣ мекунад, ки мақоми ахбори умум нашри онро рад кунад ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад" (гашта бошад).

Боз ҳам таъкид месозам, ки Вазорат-Даъвогар ба рӯзнома бо талаби нашри раддия муроҷиат накардааст ва бинобар ин, дар асоси қарордоди ин моддаи КГ низ, суд (якбора ва бевосита) ҳуқуқи қабул кардани аризаи даъвогӣ ва болотар аз ин моҳиятан баррасӣ кардани чунин аризаи даъвогиро надошт.

3) Ҳатмӣ будани марҳилаи то (пеш аз) судии чунин намуди баҳсҳо (ғайр аз ду қонуни истифодашуда) дар Қарори зикргаштаи Пленуми Суди олии ҶТ аз 04.06.1992, низ муқаррар гаштааст. Аз ҷумла дар банди 6-и ин қарор омадааст, ки:

"6. В силу ст.ст. 25, 26 Закона Республики Таджикистан от 14.12.1990 года (моддаи 25 иштибоҳи техникист, бояд моддаи 24 бошад -Ҷ, Ибодов) "О печати и других средств массовой информаии", ст. 7 ГК (ин моддаи Кодекси граждании кӯҳна ба моддаи 174 КГ навамалкунанда мувофиқ аст -Ҷ. Ибодов), гражданин или организация вправе требовать от редакции средств массовой информации опровержения опубликованных сведений, не соответсвующих действительности и прочащих их честь и достоинство. В случае отказа в публикации опровержения или ответа на опубликование сведения либо нарушения СМИ установленного для такой публикация месячного срока, заинтересованные гражданин или организации вправе обратиться в суд с иском к редакции произвести публикацию опровержения либо ответа".

Ҳамин тариқ, бояд иқрор шуд, ки талаботи меъёрҳои амалкунандаи қонунҳои ҶТ, аз тарафи ҳам Вазорат-Даъвогар ва ҳам судя вайрон шудаанд. Иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии ҶТ (қарори Пленуми зикршуда) бошад, мувофиқи талаботи моддаи 26-и Қонуни Конститутсионии ҶТ "Дар бораи судҳои ҶТ" ва моддаи 68-и Қонуни ҶТ "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" барои судҳои ҷумҳурӣ ҳатмист.

Иқтибоси Қарори Пленуми Суди олии ҶТ-ро аз 04.06.1992 идома медиҳем ва онҷо омадааст:

"В случае невыполнении данного требования (имеется в виду требования ст.ст.24 и Закона "О печати…"" и ст. 174 ГК РТ о досудебном рассмотрении спора -Дж. Ибодов) в принятии искового заявления должно быть отказано либо принятое исковое заявление судом оставляется без расмотрения".

Ҳамин тариқ, талаботи дуюми шикояти кассатсионии ман чунин аст; суди марҳилаи якум, ду қонуни номбаршуда ва

қарори Пленуми Суди олии ҶТ-ро, ки бояд татбиқ шаванд, татбиқ накард (моддаи 352 КМГ) ва ин худ асоси ҷиддист барои бекор кардани ҳалнома бо тартиби кассатсионӣ.

Акнун, бевосита ба таҳлили матни ҳалнома мегузарем ва чун натиҷа дар қисми асосноккунии ҳалнома баръало ғаразнок ва яктарафа (ба манфиати вазорат) дарҷ шудани ҳолатҳои кор ва музокираҳои судӣ аён мешавад. Аз ҷумла ман ба суд, далелҳои зерини хаттиро доир ба мавзӯи баҳс пешниҳод карда будам:

-Мактуби расмии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ф.Саидов ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев С. (№24/1-1069 аз 13.10.2009) дар бораи он, ки:

1. Тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорат ва зерсохторҳои он аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2009 гузаронида шуд. Натиҷаҳои он: "Зарари молиявӣ ба маблағи умумии 5 миллиону 191 ҳазор сомонӣ, ки иборат аст; аз хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ; талафи воситаҳои пулию молӣ; камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ"; маблағҳои камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андоз, дар натиҷа, 34 маводи тафтишӣ ба маблағи 4 миллион сомонӣ дар баррасии мақомоти таҳқиқӣ ва тафтишотии Агентӣ қарор дошт. Дар ин хусус Агентӣ ба худи Вазорат низ маълумот ирсол карда буд.

2.Натиҷаи тафтиши мазкур, чун иттилооти расмӣ дар муҳокимаи парламентии ҶТ, ҳангоме, ки рафти иҷрои буҷет дар 9 моҳи соли 2009 муҳокима мешуд (27 ноябри с.2009), баррасӣ шуд. Аз ҷумла ба гуфти вакил Гулов С. дар Вазорати кишоварзӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ (2009) 5,8 миллион сомонӣ ба сурати "ғайримуассир" истифода шудааст.

3.Мактуби сардори сарраёсат оид ба назорати молиявии Агентӣ Ш.Муллоев, ки дар рӯзномаи "Азия плюс" (№11 (530) аз 17.03.2010) чоп шуда буд. Дар он аз ҷумла таъкид карда мешавад: "Таким образом, в ходе проверок и следствия в 32 предприятиях и хозяйствах Министерство селского хозяйство был выявлен ущерб на сумму 5 млн. 259 тысяч сомонӣ, из которых 50% или 2,5 млн. сомони являются недостачей или растратой денежных и материальних средств, 2,4 млн. сомони (47%) -потерей денежных средств из-за безхозяйственности. Во время проверок и следствия 2,673 тыс. сомони финансового ущерба были возмещены, 37 материалов следствия направлены для принятия мер в структуре агентство". Дар мактуби Муллоев инчунин зикр шудааст: "Агентство считает, что доводы Министра сельского хозяйства Касыма Касымова относительно того, что в Министерстве не было крупных хищений, являются необоснованными".

4. Худи Директори Агентии зиддикоррупсия Ф.Саидов расман арз менамояд, ки "публикация в газете "Миллат" - "Министерство селского хозяйства - самое коррумпированное ведомство" - основано на достоверных фактах, предоставленных Агентством" ( "Азия-плюс" № 17 (536) аз 28.04.2010с.).

5. Боз як бори дигар ҷаноби Ф.Саидов чун шахси расмӣ ва бо таври расмӣ иттилоъ медиҳад, ки "что касается минсельхоза то в 2009г. должностными лицами этого министерства и поведомственных ему организаций было совершенно 89 коррупционных преступлений, что больше чем в любом другом министерстве" ("Asia plus" №33 (552) 18.08.2010г.). Хуб, агар "больше, чем в любом другом министерстве" бошад, магар ин маънии "фасодзадатарин"-ро надорад? Ғайр аз ин дар мусоҳибааш Директории Агентӣ на дар бораи маводҳои тафтишотӣ ё таҳқиқӣ, балки дар бораи маҳз 89 ҷиноятҳои коррупсионӣ шаҳодат медиҳад. Мувофиқи талаботи банди 9-и Қарори Пленуми зикргаштаи Суди олии ҶТ бошад "в таких случаях (имеется в виду беседы, интервью -Дж.Ибодов) ответчиком считается лицо, давшое такое сообщение".

6. Парадокс боз дар он аст, ки худи Вазир дар мусоҳибаи худ бо журналист аз талаву тороҷи ҳатто 6,7 миллион сомонӣ дар Вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он гувоҳӣ медиҳад ва онро тасдиқ мекунад ("Азия плюс" № 6 (525) аз 10.02.2010 с.).

Коллегияи мӯҳтарам! Ҳамаи ҳамин шаш ваҷҳи хаттии ба суд пешниҳодшудаи ман, баёнотҳои дахлдори ман на дар протоколи судӣ ва на дар ҳалнома умуман ёдрас нашуда, таҳлил ва ҳал нагардидаанд.

Sudi_MillatСудя дар мавзӯи андозаи зарари молию-пулии дар Вазорат ва зерсохторҳои он ошкоршуда, маълумотҳои худи Вазоратро (бо истинод ба Агентӣ) дар ҳалнома зикр намудааст - зарари молиявӣ ба миқдори ҷамулҷам қариб 6,9 млн. сомонӣ. Истилоҳи нарми "зарари молиявӣ" маънии талаву тороҷи пулию молӣ, истифодаи ғайримақсадноки онҳо, дуздӣ, тасарруф ва монанди инҳоро дорад. Ин миқдори зарари молиявиро дар ҳалнома зикр карда, судя дигар ба ин масъалаи муҳимтарин бар намегардад, баҳо намедиҳад ва таҳлил намекунад. Болотар аз ин ба ақидаи судя (аз матни ҳалнома): "ҳолатҳои исботкунандаи фасодзадатарин будани Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надошта ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад". Пас чунин савол табиист, ки чи қадар "зарари молиявӣ" бояд овард, ки меъёри исботкунандаи фасодзадатарин будани Вазорат бошад?

Ҳамин тариқ талаби сеюми шикояти кассатсионии ман чунин аст; - чунин хулосаи суд ба ҳолатҳои парванда, ки дар ҳалнома зикр гардидаанд мутобиқат намекунанд. Аз тарафи дигар, суд бо ин тариқ, ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдоштаро нодуруст муайян кардааст. Ва ин ҳолатҳо дар моддаи 351 КМГ чун яке аз асосҳои бекор кардани ҳалнома бо тартиби кассатсионӣ пешбини шудааст. Аз коллегияи суди шаҳри Душанбе, хоҳиш мекунам, ки меъёри моддаи мазкурро нисбати ҳалнома татбиқ намояд.

Дар ҳалнома омадааст, ки "суд баёноти тарафҳо, маводҳои парвандаро омӯхта ба хулоса омад, ки аризаи даъвогии Вазорати кишоварзиро… қисман қонеъ гардонад". Ва ин хулосаи худро асосан бо ду ҳолат асоснок кардааст, ки иборатанд аз:

Ҳолати якум: Аз ҳалнома: "Тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 32-и "Қонуни матбуот" журналист вазифадор аст саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад ва мувофиқи қисми 5-и моддаи 31 қонуни мазкур, журналист ҳуқуқ дорад зимни санҷиши факту ҳолатҳо вобаста ба маводи расида ба мутахассисон муроҷиат намояд (Қонун аз 10.05.02. № 38)".

Шарҳи ман: Суд бо ин тариқ моддаи қонунеро татбиқ кардаат, ки набояд бо назардошти ҳолатҳои баҳси мавҷуда татбиқ шавад. Агар судя "Қонуни Дар бораи матбуот…"- ро то ба охир мехонд, (баъди 2 моддаи дигар), он гоҳ вай ба моддаи 35 вомехӯрд. Моддаи 35 бошад: "Мавридҳои озод кардан аз ҷавобгарӣ барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ном дорад. Ва дар ин модда, аз ҷумла омадааст: "Муҳаррир (сармуҳаррир) ва ҳамчунин журналист барои дар воситаи ахбори омма паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар чунин мавридҳо ҷавобгар нестанд:

1. Агар ин маълумот дар ахбори расмӣ бошад;

2. Агар ин маълумот аз агентии иттилоотӣ ё умури (пресслужб) матбуоти мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ гирифта шуда бошад; (Қонун №38 аз 10.05.02).

3.Агар он такрори таҳтуллафзи нутқҳои вакилони халқ дар иҷлосияи маҷлисҳо,… инчунин нутқҳои расмии шахсони мансабдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ бошад". (Қонун №38 аз 10.05.02с.).

Ҳамин мазмун дар банди 9 Қарори аллакай зикршудаи Пленуми Суди олии Тоҷикистон аз 04 июни с. 1992 низ муқаррар шудааст.

Ҳамин тариқ, агар, масалан, фарз кунем, ки иттилооти рӯзномаи "Миллат" (№49(223) аз 10.12.09) дурӯғ ҳам бошад, ҳатто он гоҳ ҳам "Миллат" уҳдадор нест, ки "саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад", зеро ки рӯзнома иттилооти расмии дар парламент муҳокимашуда (мактуби Агентӣ ба номи Хайруллоев С.) ва нутқҳои вакилони халқӣ (аз ҷумла Гулов С.-ро истифода бурдааст ва илова ба ин аз ҷаласаи дахлдори парламент истинод овардааст.

Ғайр аз ин "Миллат" маълумоти паҳн кардаашро аз маводҳои истифодашуда дар агентии иттилоотии "Авесто", "Азия плюс" ва ВВС, ки ҳанӯз 27 ноябри соли 2009 ва 07.12.2009, яъне пеш аз чопи рӯзномаи "Миллат" дар бораи ҷаласаи парламент нашр карда буданд, гирифтааст. Ва (диққат!) худи ҷумла ва истилоҳот, ки Вазорати кишоварзӣ дар ҷараёни баррасӣ дар парламенти кишвар аз "фасодзадатарин ниҳоди расмии Тоҷикистон унвон шуд" - ин ҳаргиз суханон ва ё ихтирои рӯзномаи "Миллат" нест. Бори аввал чунин матни хабарро маҳз агентии иттилоотии ВВС, ки дар Тоҷикистон расман амал мекунад, бо истинод ба ҷаласаи парламент истифода ва нашр карда буд. Яъне, ҳанӯз 7 декабри соли 2009 (се рӯз пеш аз нашри рӯзномаи "Миллат") айнан чунин матнро сайти хабарии ВВС пахш карда буд, яъне: "ду ҳафта қабл дар ҷарраёни баррасии раванди иҷрои буҷаи соли ҷории Тоҷикистон дар порлумони кишвар, Вазорати кишоварзӣ аз фасодзадатарин ниҳоди расмии Тоҷикистон унвон шуд". Нусхаи чунин иттилооти ВВС-ро ман чун далел ба суд пешниҳод карда дар бораи зарурати истифодаи (татбиқи) моддаи 35 қонуни матбуот низ дар мурофиа дархост карда будам. Вале ин далелҳо натанҳо тадқиқ, татбиқ ва ҳал нашуд, ҳатто дар бораи онҳо на дар протокол ва на дар ҳалнома чизе умуман гуфта нашудааст.

Талаби чоруми шикояти кассатсионии ман чунин маъни дорад: Ҳамин тариқ, бо назардошти далелҳои зикршуда, ки ба ҳолати аввалаи дар ҳалномаи суд овардашуда тааллуқ доранд, ҳалнома бинобар вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ (моддаҳои 351 ва 352 КМГ), дар асоси татбиқ нагардидани қонун, ки онро суд бояд татбиқ мекард (яъне моддаи 35-и дар боло зикргардидаи "Қонуни матбуот"), бояд ногузир бо тартиби кассатсионӣ бекор карда шавад.

Ба иттилои суди марҳилаи кассатсионӣ боз як мазмуни дигарро низ расониданиям, ки ба гуфтаҳои навакак дар боло зикршуда сахт робита дорад ва суди марҳилаи якум метавонист дар сурати татбиқи он қонунӣ ва асоснок будани ҳалномаро таъмин кунад. Сухан аз дархости хаттии ман меравад, ки дар он бо назардошти хусусиятҳои парванда ва манбаҳое, ки аз онҳо "Миллат" иттилоот гирифта нашр карда буд, меравад. Ман ба суд дар бораи иваз намудани ҷавобгари номуносиб (моддаи 42 КМГ) дархост (аз 09.12.2010) пешниҳод карда будам. Инчунин дар баёнотҳои худ дар бораи зарурияти талаб намудани стенограммаи маводҳои муҳокимаи парламентӣ, даъват намудани шоҳидонро аз Агентӣ, аз вакилони халқ (Гулов С.) пурсиши намояндагони ВВС, "Авесто" ва "Asia plus"-ро пешниҳод карда будам. Ин талаботи ман, ки ногузир барои қонунӣ ва асоснок ҳал кардани парванда аҳамияти ҷиддӣ доштанд, аз тарафи суд хомӯшона инкор гардиданд. Чунин беамалии суд ба вайрон кардану татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ оварда расонида, бешубҳа боиси ҳалли нодурусти парванда гардид.

Бо ҳамин асос низ ҳалнома бояд мувофиқи талаби меъёрҳои дахлдори моддаҳои 351 ва 353 КМГ бекор карда шавад. Ва ин асос талаби панҷуми шикояти кассатсионии ман мебошад.

Боз чунин матни абзатси ҳалномаро мегирем: "Суд муайян намуд, ки мақолаи чоп намуда дар рӯзномаи "Миллат" ба номи "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" обрӯи кории Вазорати кишоварзии ҶТ-ро паст зада, зарар дар натиҷаи паҳн намудани маълумоте, ки воқеати аслӣ надорад, расонида шудааст". Магар маълумоти хаттии расмии Агентӣ ва шахсони расмии он, муҳокимаи парламентӣ, баромадҳои вакилон, мусоҳибаи ошкор ва расмии худи Вазири кишоварзӣ ва ғайра воқеияти аслӣ нест?

Моҳияти масъала боз дар он аст, ки журналист маълумоту хабареро, ки ҳамон соату рӯз дастрас кардаасту ба ҳолати ҳамонрӯзаи воқеъа муносибат дорад, нашр мекунад. Ва агар ин маълумоту хабар манбаи расмӣ дошта бошад (чун дар мисоли рӯзномаи "Миллат") бо назардошти меъёрҳои моддаи 35-и Қонуни матбуот- "Озод кардан аз ҷавобгарӣ барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ", журналист, пас аз нашри мавод, барои ҳар гуна тағйироту ҳолати ояндаи кор низ ҷавобгар нест. Ва ӯҳдадории исбот, мувофиқи талаботи банди 9-и қарори Пленуми суди олии ҶТ аз 4 июни соли 1992, низ ба зиммаи мақомот ва шахси расмӣ гузошта мешавад. Қайд мекунам, ки судя ин меъёри ҳуқуқи мурофиавиро низ вайрон кард ва чунин вайронкорӣ боиси ҳалли нодурусти парванда гашт (моддаи 353 КМГ). Бинобар ҳамин талаби навбатии акнун панҷуми шикояти кассатсионии ман дар бораи бекор кардани ҳалнома аз ҳамин асос бар меояд.

Ҳолати дуюме, ки судя ба он ҳалномаро асоснок кардааст ба хулосаи экспертизаи забоншиносӣ дахл дорад. Таҳлили ҳуқуқии хулоса ва дигар санадҳои судии ба он вобаста (аз ҷумла ҳалнома) ҳам мароқовар ва ҳам ҳузнангез асту дар айни ҳол аз қонуншиканиҳо ва сатҳи нокифояи касбии ҳам экспертҳо ва ҳам судя шаҳодат медиҳад. Зеро ки:

а) Дар таъиноти суд оид ба таъин намудани экспертиза, суд Вазоратро, ки шахси ҳуқуқист чун субъекти (дорандаи) шаъну шараф ҳисобидааст. Вале ин амали суд- бар хилофи қонунгузории мавҷуда мебошад. Қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон (Конститутсия -моддаҳои 5 ва 42; КГ (моддаҳои 170 ва 174) "Қадр, номус, шаъну шараф, номусу номи нек"-ро фақат ба инсон, шаҳрванд, одам нисбат медиҳанд: Шахси ҳуқуқӣ бошад метавонад фақат "эътибори корӣ" дошта бошад (моддаи 174 КГ), вале фақат ҳамон вақте ки агар ин шахси ҳуқуқӣ ба кор, бизнес ва соҳибкорӣ машғул бошаду дар гардиши (муомилоти) корӣ иштирок кунад.

Ғайр аз ин, масалан, қарори Пленуми Суди олии Россия аз 18 августи с.1992 №11 фарқи ин ду мафҳумро аниқ муқаррар мекунад; "обратить внимание судов на то, что право граждан на защиту чести достоинства, деловой репутации является их конституционным правом, а деловая репутация юридических лиц - одним из условий их успешной деятельности".

б) Вазорати кишоварзӣ, ки мувофиқи низомномааш (дар матни ҳалнома) "мақомоти марказии иҷроия мебошад, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзӣ ба амал мебарорад", ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул нест ва бинобар ин хислати эътибори (обрӯи) корӣ (деловая репутация) надорад. Ва дар ҳалнома қайд кардани он, "ки обрӯи кории Вазорати кишоварзии ҶТ паст зада шуд" - ин аз тарафи суд иштибоҳи ҳуқуқӣ ва воқеӣ аст.

в) Мазмун ва матни таъиноти суд оид ба гузаронидани экспертиза ба талаботи қонунгузории амалкунандаи ҶТ мухолиф аст. Масалан, дар он талаботи ҳатмӣ ва муҳимтарини банди 2-и модди 83-и КМГ ("Мазмуни таъинот оид ба таъини экспертиза ва коршиноси судӣ") ба эътибор гирифта нашудааст ва дарҷ ҳам нагардидааст. Дар ин банди 2 бошад, муайян шудааст, ки; "дар таъинот ҳамчунин зикр мегардад, ки барои дидаю дониста пешниҳод кардани хулосаи бардурӯғ суд коршиноси судиро ё роҳбари муассисаи экспертие, ки корманди ҳамин муассиса экспертизаро мегузаронад, дар хусуси ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии ҶТ огоҳ менамояд". Дар ин бора низ ман бо шикояти хусусӣ ба суди шаҳри Душанбе муроҷиат карда будам ва суди шаҳри дар таъиноти худ судя Абдураҳимоваро ӯҳдадор карда буд, ки ин ҳолатро ислоҳ кунад. Вале бо вуҷуди ин дар маводҳои парванда оид ба огоҳкунии роҳбари муассиса ё экспертҳо маълумот нест. Судя бошад дар таъиноти худ, ба ақидаи ман, дар назди муассисаи экспертӣ умуман ягон саволе нагузоштааст. Ин парадокс аст. Марҳамат карда ба ин (гӯё ки) савол аз матни таъинот эътибор диҳед: "Кадом ибораҳо ва ҷумлаҳои дар мақолаи "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод", ки дар рӯзномаи "Миллат" дар шумораи 49 (223) аз 10.12.09 чоп шудааст, хусусияти таҳқиромез дошта, шаъну шарафи Вазорати (Вазир) кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро паст мезананд?" Яъне, бо чунин тарзи саволгузорӣ, суд, пешакӣ, аллакай, барои худ муайян кардааст, ки ибораҳою ҷумлаҳо характери таҳқиромез доранд, шаъну шарафи Вазоратро (Вазирро) паст мезананд. Ва, экспертиза бояд фақат, муқаррар кунад, ки он "ибораҳою ҷумлаҳо кадоманд". Ҳол он ки, савол бояд "бетараф" бошад, алтернатива дошта бошад. Масалан: "оё дар матни мақола ибораҳою ҷумлаҳое ҳастанд, ки хусусияти таҳқиромез дошта, шаъну шарафи Вазорат (Вазир)-ро паст мезананд ё чунин ибораҳою ҷумлаҳо нестанд?" Нисбати он ки, Вазорат чун шахси ҳуқуқӣ усулан ва табиатан наметавонад субъекти ҳифзи шаъну шараф гардад, ман аллакай бо истинод ба Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории гражданӣ ва таҷрибаи судии Русия таъкид кардам.

г) Вале аз ҳама мароқовар хулосаи экспертон аст, ки дар ҳалнома низ чунин омадааст: "Қайд менамоем, ки истифодаи калимаю ибораҳои дар боло овардашуда (яъне дар мақолаи "Миллат"- Ҷ. Ибодов) нисбати як ниҳод дар ҳолати мавҷуд набудани далелҳои тасдиқкунанда таҳқир ва паст задани шаъну шараф ҳисоб мешавад. Аммо дар ҳолати ҷой доштани далелҳои исботкунанда таҳқир ҳисобида намешавад".

Коллегияи муҳтарам, розӣ шавед, ки инро метавон "зулмот" номид. Ва чунин "афсона" бо имзои чор нафар гӯё коршиноси (эксперти) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ тасдиқ шудааст. Чунин муайян кардани мафҳуми "таҳқир" худаш таҳқири таҳқир аст, хусусан дар ҳоле, ки вай аз тарафи Кумитае анҷом дода шудааст, ки мувофиқи Низомномааш бояд экспертизаи забоншиносии санадҳои ҳуқуқиро гузаронад.

Барои чунин "коршиносон" ва натанҳо барои онҳо чунин меъёри оддитарини ҳуқуқиро таъкид ва тасдиқ мекунам; барои эътирофи таҳқир бардурӯғ ё рост будани маълумоти паҳншуда умуман(!) аҳамият надорад. Инҷо муаянкунанда фақат истифодаи "беодобона"-и "алфози қабеҳ" (неприличная форма) аст, ки обрӯю эътибори шахсро (одамро, на шахси ҳуқуқӣ - масалан вазоратро паст занад).

Вале ҳолати мудҳиштар боз он аст, ки судя Абдураҳимова чунин "хулосаи илмиро" қабул ва эътироф карда, дар ҳалнома ҷой медиҳад ва ба ин хулоса истинод мекунад. Пас баҳои ҳуқуқии чунин ҳалнома ночиз аст ва он бояд ҳатман (аз он ҷумла бо асоси нодуруст муайян кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамият дошта -моддаи 351 КМГ) бекор карда шавад. Ва ин асос талаби шашуми шикояти кассатсионии ман ба ҳисоб меравад.

д) Танҳо шахси воқеӣ, яъне инсонро таҳқир кардан мумкин аст, на шахси ҳуқуқиро, на Вазоратро. Дар илми ҳуқуқшиносӣ, қонунгузорӣ (нигар моддаҳои 10 ва 136 КГ ҶТ) ва таҷрибаи судӣ- ин як чизи оддӣ ва бебаҳс аст. Ва ин боз як асоси дигари бекор кардани ҳалнома аст, ки дар он бо истинод бо "хулосаи" экспертҳо мақолаи рӯзнома "таҳқири Вазорат" ҳисобида шудааст.

е) Дар матни аризаи даъвогии Вазорат мафҳум ва ибораи обурӯи (эътибори) кории Вазорат, ки гӯё пzhaloba-na-sudju-1аст зада шуда бошад ва асоси ҷуброн гардад, нест ва чунин талаб ва мафҳум низ нест. Ин ибораҳо фақат дар ҳалнома бо ташаббуси судя пайдо гаштаанд. Чаро? Охир мувофиқи меъёри банди 3-и моддаи 198-и КМГ: "Ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳодшудаи даъвогар қабул карда мешавад". Ва ин амали суд, ки аз вайрон кардани ҳуқуқҳои мурофиавӣ иборат асту боиси ҳалли нодурусти парванда гардидааст (моддаи 352 ва 353 КМГ) асоси навбатиест (аллакай ҳафтум) барои бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум.

ё) Боз як ҳолати дигари нигилизми ҳуқуқӣ, ки аз матни аризаи даъвогии Вазорат бармеояд ва мебоист бо тавсияи судя ислоҳ мешуд ё судя чунин даъворо намегирифт: Вазорат дар рӯзнома чоп кардани ҷавоби мусбӣ ва раддияро хоҳиш кардааст. Ба мутахассисон маълум аст, ки ҳам ҷавоб ва ҳам раддия (якҷоя) вуҷуд надоранд. Табиати ҳуқуқии онҳо мувофиқи моддаи 24-и "Қонуни матбуот" мухталиф аст ва талаб кардани яке аз онҳо дигареро истисно мекунад. Ин ду ҳолати дар боло зикршуда низ чун як нишондиҳандаи хусусияти фаъолияти суд шуда метавонанд.

Хуб, таҳлили ҳалномаро идома медиҳем. Ва инак ба асосҳое вомехӯранд, ки барои бекор кардани ин ҳалнома на танҳо гап мезананд, балки доду фиғон мекунанд. Марҳамат қазоват кунед:

Судя дар ҳалнома матни моддаи 38-и Қонуни матбуотро меорад (бо ғалатҳои мазмунӣ ва дағал-хайр бигузор ин мавзӯъи дигар) ва онро асоси қабули ҳалномааш мекунад. Ин модда тартиби рӯёнидани товони зарари маънавиеро, ки шаҳрванд (маҳз шаҳрванд!) аз нашри маълумоти бардурӯғ дар воситаҳои ахбори омма дидаст муайян мекунад.

Баъд аз ин абзатс, судя аз сархати 3 қисми 2-и моддаи 1115-и КГ ҶТ, ки "ҷуброни зарари маънавӣ" ном дорад иқтибос меорад ва боз дар ҳалнома ба қисми 2-и моддаи 1116-и КГ ишора карда менависад; "андозаи ҷуброни зарари маънавӣ вобаста ба хусусияти ба зарардида расонидани ранҷу азоби маънавӣ, аз ҷониби суд муайян карда мешавад…" ва боз "мушахассоти ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ аз ҷониби суд бо назардошти ҳолатҳои воқеӣ, ки дар натиҷаи он зарари маънавӣ расонида шудааст… баҳо дода мешавад".

Бо асосҳои зикршуда такя карда судя дар ҳалнома менависад: "ҳамин тариқ суд ба хулоса омад, ки даъвои Вазорати кишоварзии ҶТ қисман қонеъ карда шуда… аз ҳисоби рӯзномаи "Миллат" ба фоидаи Даъвогар 1500 сомонӣ зарари маънавӣ рӯёнида шавад".

Колегияи мӯҳтарам, мехоҳам мустақилият, беғаразӣ ва холисии судро зери шубҳа нагузошта ин ҳолатро фақат чун саҳву хатои касбӣ ё "нодуруст муайян кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамият дошта" (моддаи 351 КМГ, ки худ асосест барои бекор кардани ҳалнома), муайян созам.

Дар асоси он ки:

1) Моддаи 171 КГ ҶТ, ки "ҷуброну зарари маънавӣ" ном дорад, муқаррар кардааст, ки фақат ба "шаҳрванд" зиёни маънавӣ расонидан мумкин аст ва мафҳуми "зиёни маънавиро" низ чунин муайян кардааст- "азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ".

2) Моддаи 174 КГ ҶТ, ки "ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ" ном дорад, дар қисми 6 муқаррар сохтааст, ки фақат "шаҳрванд, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори корияш паҳн гардида аст, ҳақ дорад дар баробари раддияи чунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб кунад". Яъне фақат инсон, ки "ҷисму рӯҳ" дорад, метавонад зиёни маънавӣ- "азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ" - кашад, на Вазорат, на идора ва на ташкилот. Охир ин табиист!

3) Дар худи моддаи 35-и Қонуни матбуот, ки иқтибоси онро судя дар ҳалномааш овардааст, сухан танҳо дар бораи "товони зарари маънавӣ, ки шаҳрванд дидааст" меравад ва дар ҳалнома низ айнан чунин навишта шудааст (яъне "шаҳрванд"). Моддаи 1115 ва 1116 КГ ҶТ, ки судя ба онҳо низ истинод кардааст, зарари маънавӣ, яъне "расонидани ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ"-ро ба шаҳрванд пешбинӣ мекунад.

Ғайр аз ин , дар банди 15 Қарори Пленуми Суди олии ҶТ аз 01.06.1992 (хотиррасон мекунем - барои суд ҳатмист) омадааст, ки "Суд вправе рассмотреть также требование гражданина (а не организации -Ҷ.Ибодов) о возмещении морального ущерба…"

4) Ва боз, (фақат барои маълумот), як иқтибос аз Қарори Президиуми Суди олии арбитражи Русия аз 1 декабри соли 1998 №813/98 (Вестник ВАС РФ, 1999№2): (авали иқтибос) "Поскольку юридическое лицо неможет испитывать физических или нравственных страданий, ему невозможно причинить моральный вред. Поэтому исходя из смысла статей 151 и 152 Гражданского Кодекса РФ (дар КГ ҶТ мутаносибан модаҳои 171 ва 174, ки ман дар боло иқтибос овардам -Ҷ.Ибодов) право на компенсации морального вреда предоставлено только физическому лицу" (охири иқтибос).

Ҳамин тариқ, Колегияи мӯҳтарам, ҳалномаи судя Абдураҳимова Д., Вазорати кишоварзӣ- шахси ҳуқуқиро чун ҷабрдидаи зарари (зиёни тавони) маънавӣ эътироф карда онро қурбони ранҷу азоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ (маънавӣ) ҳисобидааст ва ба фоидаи Вазорат рӯёнидани 1500 сомонӣ чун "зарари маънавӣ" муқаррар кардааст. Ин амали судя қариб ба мазмуну талаботи ҳамаи бандҳои моддаи 351 КМГ, ки асосҳои бекор кардани ҳалномаро бо тартиби кассатсионӣ номбар кардааст, рост меояд. Ва махсусан; - нодуруст муайян кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта; - вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ аз ҷумла - суд қонунеро татбиқ намуда бошад, ки набояд татбиқ гардад; -суд қонунро нодуруст маънидод карда бошад (моддаи 352 КМГ).

Хақиқати ҳол он аст, ки кишвар, ҷомеа ва давлат аз коррупсия бӯғӣ шуда истодаанд. Нигаред ба матни паёми навбатии роҳбари давлат ба Парламент. Ҳамагӣ баъди чанд рӯзи паём, 30 апрели соли 2010, Президент Э.Раҳмон фармони худро "Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баровард. Дар он коррупсия чун "як таҳдиде ба бехатарии давлат" номида шудааст. Боз, баъди як моҳи дигар, 28 майи соли 2010, Президенти мамлакат дар маҷлиси навбатии Ҳукумат рафти иҷрои муборизаро бо коррупсия "нокифоя" номид ва ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва сохтору мақомот дастур дод, ки бо ин зуҳуроти номатлуби ҳаёти ҷомеа муборизаи беамон баранд. Таҳлили фаъолият ва инчунин, кирдору амали Вазорат (аз он ҷумла дар доира аризаи даъвогии он ба суд) намунаи чунин мубориза шуда наметавонад ва бештар ба қасдгирии примитивӣ ва ноӯҳдабароёна шабоҳат дорад.

Бо матни Фармони Президенти ҶТ "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаи ахбори омма" (аз 07.02.2009 №622) назар мекунем. Дар он сардори давлат фаъолияти созандагии ахбори оммаро дастгирӣ карда, аз роҳбарони вазорату идораҳо тақозо мекунад, ки ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва таҳлилие, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешанд. Ва мо аз худамон илова мекунем - на ба қасдгирӣ, таъқиби судӣ ва ҳифзи мундири олудашуда машғул шаванд.

10 феврали соли 2011, дар ҷаласаи васеъи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Президент Э.Раҳмон, аз нақши муҳими ҳокимияти судӣ ҳамчун мақоми татбиқи адолати судӣ ёдовар шуда аз риоя нагардидани талаботи қонунгузории мурофиавӣ, нодуруст татбиқ намудани қонунҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ, нопурагии тафтишоти судӣ ва дигар қонуншиканиҳо изҳори нигаронӣ кард. Таъкид кард, ки ин ва дигар ҳолатҳо дар маҷмӯъ боиси нигаронӣ ва ташвиши натанҳо роҳбарияти давлату ҳукумат, балки тамоми ҷомеъа гаштааст. Бо ин мақсад, гуфт сардори давлат, - ба Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлия зарур аст, ки иҷрои талаботи Фармони Президенти кишвар "Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дар фаъолияти худ ҳаматарафа ва бечунучаро таъмин намоянд. Чи тавре русҳо мегӯянд, "не в бровь, а в глаз".

Боз як маънии дигар. 04 январи соли 2011 бо Фармони Президент, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид. Дар Барнома, аз ҷумла, пешбинӣ гардидааст, ки дараҷаи баланди маҳорату малакаи касбӣ ва маърифати ахлоқӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, одоби муоширати касбии судягӣ, адлу инсоф, беғаразӣ, адолатнокию поквиҷдонӣ меъёри асосии муайянкунандаи шахсият ва фаъолияти ҳар як судя бошад. Ҳалномае, ки ман барои ғайриқонунӣ, беасос ва беадолатии он шикояти кассатсионӣ меорам, худ зарурати воқеии татбиқи амалии чунин Барномаро тақозо мекунад.

"Ҳалнома бояд қонунӣ ва асоснок бошад", муқаррар мекунад КМГ. "Суд ҳуқуқи хато карданро надорад", дастур медиҳад Президенти кишвар. Бо таассуф қайд мекунам, ки аз ин заруриятҳо дар ҳалномаи ҷонишини раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе асаре нест.

Ҳамин тариқ аз Коллегия оид ба парвандаҳои граждании суди ш.Душанбе талаб мекунам:

Бо назардошти асосҳои бешумори бекор кардани ҳалнома бо тартиби кассатсионӣ (моддаҳои 351, 352, 353-и КМГ), ки дар матни ҳамин шикояти кассатсионӣ оварда шудаанд, ҳалномаи суди марҳилаи якумро бекор кунад, парвандаро ба баррасии нав ирсол накарда, ҳалномаи нав барорад (сархати 4 моддаи 350 КМГ).

Намояндаи рӯзномаи "Миллат"

дар мурофиаи судӣ

Ҷ. Ибодов.

18 марти соли 2011

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97