«Миллат» - ро кӣ «говсуд» кардан мехоҳад?

Расонаҳо 17.03.2011 09:29

Adolati_Sudi_01254Ё чаро Парламенти Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз содир шудани ҳукми ноодилона дар мавриди нашрияе, ки маълумоти пешниҳод намудаи онҳоро дар бораи фасодзада будани Вазорати кишоварзӣ ба мардум расонида буд, хомӯшанд?! 

Ё чаро Қосим Қосимов худ ҷой доштани фасоди молиро дар вазораташ эътироф мекунад, вале "Миллат"- ро ба додгоҳ мекашад? Чаро судя Дилором Абдураҳимова ҳарфу ҳуҷҷати пешниҳод намудаи Агентии мубориза бо коррупсияро далел намедонад? Чаро Ҳалномаҳои судӣ Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноодилона ва пур аз ғалатҳои имлоиву забонӣ содир мешаванд?

Чуноне хонанда огаҳӣ дорад, пас аз нашри хабаре зери унвони "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод", ("Миллат", № 49(223), аз 10 декабри соли 2009) дар ин нашрия вазорати мазкур хешро таҳқиршуда дониста, барои ҳимояи шаъну шарафи хеш аз болои "Миллат" моҳи феврали соли 2010 ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурд. Ва бо гузашти қариб як сол 8 феврали соли 2011 додгоҳи ноҳияи мазкур, зери раисии муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ Дилором Абдураҳимова даъвои вазорати кишоварзиро ҳақ дониста, дар нисбати нашрияи "Миллат" ҳукмеро содир намуд, ки он ҳамон лаҳза аз ҷониби намояндаи ҳуқуқии нашрия дар мурофиаи додгоҳӣ ҷаноби Ҷунайд Ибодов ва ҳам аз тарафи sUDI_MILLAT_02масъулини "Миллат" чун ҳукми ноодилона ва ғайриқонунӣ дониста шуд. Тибқи ҳалномаи ин додгоҳ, аниқтараш мутобиқи ҳукми содир намудаи Дилором Абдураҳимова (айнан ҳукмро меоварем, зеро нигаронем, ки аз хеш чизе илова накарда бошем то бойиси нороҳатии қозии парванда гардад) "Рузномаи "Миллат" вазифадор карда шавад, ки вобаста ба маколаи чопшудаи "Вазорати кишоварзи фасодзадатарин ниход" дар шумораи хамин рузнома радия оиди исбот нашудани холатхои дар маколаи зикршуда чоп намояд. Аз хисоби рузномаи "Миллат" ба фоидаи Вазорати кишоварзи 1.500 (як хазору панчсад) сомони руёнда шавад."

Аввал ин ки он навиштаи "Миллат" мақола набуд, балки як хабари кӯтоҳе буд. Ва дуввум ин ки Ҳалнома Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда ва саршор аз ғалату саҳви имлоиву забонӣ аст. Ва нигаронии мо аз он аст, ки Ҳалномаҳое чунин пур аз саҳву ғалатҳои забонӣ дар додгоҳҳои кишвар ва баъзан ғайриқонунӣ ва ноодилона аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд. Ба хотири он ки Ҳалномаи додгоҳ дар нисбати нашрияи "Миллат" аз тариқи расонаҳои хабарӣ ба чоп расида, мо тасмим гирифтем, ки назару афкори хешро барои хонандаи азизи "Миллат" бигӯем, то чунин андешае дар хотирҳо ҷой нашавад, ки "Миллат" воқеъан Вазорати кишоварзиро бардурӯғ тӯҳмат баставу ахиран додгоҳ ҳақро ба ҳақдор расонидааст. На, хонандаи азиз, чунин набуд ва нест. "Миллат" то кунун ба пойи касе тӯҳмат набаставу касеро таҳқиру тавҳин накарда ва ҳеч фардеро, ниҳодеро бӯҳтон назада. Ва ҳар амале, ки тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар мамнӯъ эълом шуда, мо ҳамеша кӯшидаем аз он дурӣ ҷуста бошем. Ва ҳамеша талош бар он кардаем, ки адолатро нашикаста ва аз дарду мушкилоти мардум, аз манофеъи миллӣ пуштибонӣ карда бошем.

Судяи мурофиаи додгоҳии "Миллат" бо Вазорати кишоварзӣ, муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ, Абдураҳимова Дилором Рустамовна дар ҳалномаи "одилонааш" аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯё ба таври худ исбот намуда, ки  оварда: "Суд муайян намуд, ки мақолаи чопнамуда дар рӯзномаи "Миллат" бо номи "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" обурӯи кори Вазорати кишоварзии ҶТ-ро паст зада, зарар дар натиҷаи паҳн намудаи маълумоте, ки воқеияти асли надорад, расонида шудааст". Яъне ба қавли Абдураҳимова Д.Р. фасод дар Вазорати кишоварзӣ вуҷуд надоштааст ва "Миллат" беасос ба ин Вазорат тӯҳмат задаву обрӯи онро паст кардааст. Мутаассифем ва ҳам хеле нигаронем, ки аз ҷониби як судя ва Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон(!) чунин ҳукме беадолатона содир шудааст.

Чунонки аз Ҳалнома бармеояд, судя ягон факту далелҳои ҷониби рӯзномаи "Миллат"-ро дар мавриди исботи фасод дар Вазорати кишоварзӣ қабул нанамуда ва дар ҳалномааш аз он маълумотҳо чун далел истифода накардааст. Якҷониба амал кардани судя дар вақти навиштани Ҳалнома баръало маълум аст. Ҳатто бароямон то кунун рӯшан нест, ки чаро судяи арҷманд аз маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия дар мавриди миллионҳо сомонӣ зарари молиявии расонидаи Вазорати кишоварзӣ, ки дар Ҳалнома дарҷ шудааст ва фасодро дар ин ниҳод тасдиқ мекунад, чашм пӯшидааст.

Таваҷҷӯҳ намоед ба ин нукоти Ҳалнома: "Дар ҳақиқат Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи ҶТ, давраҳои фаъолияти молиявии Вазоратро солхои 2006- 2009 санҷида баромаданд. Дар натиҷа маълум гашт, ки зарари молиявӣ ҳамагӣ ба миқдори 35 944 00 сомонӣ ошкор карда шудааст. Аз ин ҳисоб 1995613 сомонӣ барқарор карда шудааст. Аз ҳамин ҳисоб 1598787 сомонӣ барқарор карда нашудааст.  

Зарари молиявии ҳам аз ҳисоби ширкатҳо ва ҳам аз ҳисоби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ расонида шуда ҳамагӣ 3279795 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 1805987 сомонӣ барқарор карда шуд. Боқимонда 1473808 сомонии дигар барқарор карда нашудааст. Умуман ҳаҷми зарари молиявие, ки ба худи Вазорати кишоварзӣ дахл дорад ва то ҳол барқарор карда нашудааст, ҳамагӣ 124979 сомониро ташкил медиҳад".

Акнун тибқи ин маълумоти Агентии мубориза бо коррупсия хулоса бояд ин мешуд, ки воқеъан дар Вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он, ки ҳамагӣ дар итоати ҷаноби Қосим Қосимов ҳастанд, маблағҳои хеле бузурги буҷаи давлат, яъне 6 миллиону 874 ҳазоруу 195 сомонӣ, ки баъдан як қисмате аз онро барқарор кардаанд, сӯйистифода гардидаву ғайримақсад масраф шудаанд.

Хулосаи судя Абдураҳимова дар мавриди ин маълумоти пешниҳод намудаи Агентии мазкур то имрӯз ба ҷуз худаш ба касе рӯшан нест ва фикр мекунем мо ин ҳақро дорем, ки аз Қосим Қосимов ва судя Абдураҳимова бипурсем, оё сӯйистифода шудани маблағҳои давлат ва шаш миллион сомонӣ зарари молӣ расонидан ба буҷаи бе ин ҳам ночизи кишвар фасодкорӣ нест?! Агар ин фасод нест, пас чист?! Ва фасод чист?!

Хонандаи гиромӣ, 10 феврали соли 2010, яъне расо баъди ду моҳи нашри хабари "Миллат" зери унвони "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" вазири кишоварзии Тоҷикистон ҷаноби Қосим Қосимов дар мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи "Азия- плюс" Ҳулқар Юсупов ("Азия плюс" 10.02.2010 "Поведёт ли Касымов агросектор к реформам?") дар мавриди ғайриодилона истифода шудан ва сӯйистеъмоли маблағҳои давлат дар ин вазорат ва корхонаҳои зертобеи он сӯҳбат мекунад, ки мо порае аз он мусоҳибаро бо ҳамон забоне, ки сӯҳбат анҷом шудааст, яъне бо забони русӣ пешниҳод менамоем. Чуноне мегӯянд "Сухан аз забони Луқмон хуш аст". гуфтаҳои ҷаноби вазирро бубинед, бихонед ва хулоса бароред ва барои мо бигӯед, ки оё "Миллат" айни ҳамин гапи Қосим Раҳбаровичи гиромиро дар хабари "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" нагуфтааст? Барои он ки дар хулоса баровардан Ту хонандаи азиз, душворӣ накашӣ он қисматеро аз хабари нашр кардаамон, ки баъдан бойиси нороҳатӣ ва судбозии вазорати кишоварзӣ бо "Миллат" гардид, айнан меоварем: "Дар ҷараёни баррасии раванди иҷрои буҷаи соли ҷорӣ (яъне соли 2009. Шарҳи мо) дар Парлумон вазорати кишоварзиро аз фасодзадатарин ниҳоди расмии Тоҷикистон унвон карданд. Дар ин ҳамойиш таъкид шудааст, ки дар соли ҷорӣ (яъне дар соли 2009. Шарҳи мо.) дар сохторҳои ин вазорат ба миқдори 6, 5 млн. сомонӣ ба таври ғайримақсад масраф шуда ё дуздида шудааст." Акнун хонандаи арҷманд, таваҷҷӯҳ намо, ки ҷаноби вазир чӣ гуна худ бо забони равони русӣ сирри фасодзадагии вазорати хешро фош кардааст:

"Махинации по сделкам с поставщиками и незаконное присвоение средства из бюджета я считаю одним из главных препятствий в этом направлении. И потому обратился с просьбой в Агентство по государственному финансовому  контролю и борьбе с коррупцией провести проверку деятельности некоторых подразделение и подведомственных подразделение нашего министерства. В итоге были выявлены грубые нарушения в работе таких компаний, как "Рус- лес", "Адибдаст", "Мехнат", "Прогресс- сервис", "Башорати Бободжон", "Мехрангез" и других, которые нанесли бюджету ущерб почти на 3, 6 млн. сомони. Сотрудниками самого министерства- на 1,5 млн. сомони из которых возмещено уже свыше 305 тысяч. Злоупотребления с выделенными бюджетными средствами порядка на 1, 6 млн. сомони обнаружены в ГУП "Мубориза бар зидди малах", потраченные на предполагаемую борьбу с саранчой. И это в то время, когда правительство не без труда изыскивает финансовые резервы для спасения урожая, предприятия для приобретения ядохимикатов Минфином была выделена определённая сумма". (ҷамъулҷам: 3,6+1,5+1,6=6,7 миллион сомонӣ). Яъне, инҷо маълум мешавад, ки Қосим Қосимов низ маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавриди зарари молиявӣ ба ҳаҷми ниҳоят калон расидаро тасдиқ менамояд.

Аммо ҷуръат карда, аз ҳарфҳои гуфтаи хеш фаромӯш сохта аз болои нашрияи "Миллат" дар мавриди набудани фасод дар ниҳоди зертобеъаш ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят мебарад ва ҳам судя Абдураҳимова Д. ба он фасодзадагии вазорат аз чӣ бошад чашм пӯшида, ноодилона Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалнома мебарорад.

Худи Қосим Қосимов дар ин мусоҳибааш иқрор мешавад, ки дар вазорати кишоварзӣ ба таври "махинация" "сделка" мешудааст, яъне баъзан додугирифти маккоронае сурат мегирифтааст. Барои он ки дар ин вазорат хулоса накунанд, ки мо онҳоро маккор ва додугирифтҳояшонро маккорона гуфтаему таҳқирашон кардаем ва дубора заҳмат кашида ба суд муроҷиат накунанд, барои дарёфти маънии истилоҳи "махинация" ба луғат муроҷиат мекунем. Ва вожаномае мӯътабартар аз Луғати русӣ- тоҷикӣ нест, ки дар соли 1985, зери раҳбарии академик ва шахсияти маъруфи кишвар, марҳум Муҳаммад Осимӣ аз чоп баромадааст, як бор ба саҳифаи 469- и он назар андозем мебинем мафҳуми «махинация - ҳилла, найранг, макр, кори маккорона, дасиса, кори нопок» шарҳ дода шудааст. Магар бо ҳилла ё найранг, макр ё дасиса ё кори нопок (ҳар кадоме аз ин истилоҳ мувофиқ бошад) амал кардани масъулин дар як ниҳоди давлатӣ фасод, зишткорӣ, қонуншиканӣ нест?!

Қосим Раҳбарович дар мусоҳибаатон дар рӯзномаи "Азия плюс " эълом аз фасодкорӣ дар ниҳодҳои вазорат кардаед (махинации и злоупотребления). Модоме аз фасодкорӣ дар ниҳодҳои вазорат огоҳ будаву  вуҷуди фасодро дар ин ниҳодҳо қабул доред, пас мантиқ аз "Миллат"-ро ба додгоҳ кашидан чӣ буд?

Судя Абдураҳимова Д. аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" барои нашрияи "Миллат" дар ҳалномааш иқтибос оварда мегӯяд: "Пеш аз ҳама барои фасод, (табоҳӣ, вайроншавӣ, бетартибӣ, зишткорӣ, бадахлоқӣ) ва ё "коррупсионер" эълон намудани Вазорати кишоварзӣ, рӯзномаи "Миллат"-ро мебояд ба моддаи 1-и Қонуни ҶТ "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" назар кунад, ки чи гуна рафтор ва чи гуна ҳаракатро "фасод, (коррупсия)" номидан мумкин аст.

Коррупсия ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро ба мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайри моддӣ… …истифода мебаранд;

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки Вазорат кадоме аз он ҳаракатҳои дар боло зикргардидаро содир намудааст, ки рӯзномаи "Миллат" ӯро фасодзадатарин ном мебарад, ки ин ҳолат нисбати фаъолияти мӯътадили Вазорат таҳқир асту бас…"

Бояд гуфт, ки судяи мӯҳтарам дар маънизори калимоти "коррупсионер" (фасодкор) ва "фасодзада" (коррумпированный) раҳгум задааст. Миёни ин ду истилоҳ фарқе нагузошта ё надида, дар ҳалномаи "одилонааш" овардааст, ки нашрияи "Миллат" гӯё Вазорати кишоварзиро коррупсионер (фасодкор) гуфта бошад. Ба таваҷҷӯҳи бонуи ҳуқуқшинос мерасонем, ки "Миллат" Вазорати кишоварзиро на фасодкор(коррупсионер), балки фасодзада гуфтааст. Танҳо шахс, яъне одам метавонад фасодкор бошад, аммо муассиса ва ё корхона фасодзада буда метавонад.

Барои ҷавоб гуфтан ба он ҷумлаи овардаи Абдураҳимова Д. дар мавриди: "Вазорат кадоме аз он ҳаракатҳои дар боло зикргардидаро содир намудааст, ки рӯзномаи "Миллат" ӯро фасодзадатарин ном мебарад?", дубора ба ҳамон мусоҳибаи ҷаноби Қосимов Қ. бо нашрияи "Азия- плюс" бармегардем, ки ростӣ аз он ки бо ин мусоҳибааш вазири мӯҳтарам хеле мушкили моро то ҷое ҳал намудааст, барояш изҳори сипос мегӯем:

"Злоупотребления с выделенными бюджетными средствами порядка на 1, 6 млн. сомони обнаружены в ГУП "Мубориза бар зидди малах"…". Акнун биёед бубинем, ки мафҳуми  "злоупотребления" чӣ маънӣ дорад? Ба ҳамон Луғатномаи маъруф, ки онро олимони забардасти забоншиносе чун Арзуманов, Капранов, Аҳрорӣ, Маниёзов ва Раҳим Ҳошим (Равонашон шод бод, ки инак дастгирӣ мо шудаанд!) назар меандозем: "Злоупотребления - сӯистифода, сӯистеъмол". Яъне, хулоса ин бояд бошад, ки дар Вазорати кишоварзӣ иддае масъулин аз мақоми дошта сӯйистифода, сӯйистеъмол кардаанд. Оё ин нукта ҷавобгӯй ба моддаи 1-и Қонуни ҶТ "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" нест судя Абдураҳимова?! Ин нуктаест, ки онро ҷаноби вазир Қосимов Қ. тасдиқ ва тайъид мекунад, он бофтаву сохтаи мо нест. Ё магар барои вазири кишоварзӣ ва муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ "махинации по сделкам с поставщиками и незаконное присвоение средства из бюджета", "грубые нарушения в работе", "злоупотребления с выделенными бюджетными средствами порядка на 1, 6 млн. сомони" фасодкорӣ, амали ғайриқонунӣ ва умуман далели ҷой доштани фасод дар Вазорати кишоварзӣ нест?!

Дар ҷое дигар аз ҳалномаи судя Абдураҳимова Д. омадааст: "Аз маълумотнома "Оиди натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати кишоварзии ҶТ" пешниҳодшуда дида мешавад, ки аз 16 парвандаи ҷиноятии оғозшуда 12 парванда дар асоси моддаи 5 банди 4 КМҶ дар соли 2009 рад карда шудааст".

Таваҷҷӯҳ кардӣ, хонандаи азиз, ки ин хеле маълумоти ҷолиб аст. Чуноне медонем ягон парвандаи ҷиноӣ беасос боз намешавад. Чаро судя ба чор парвандаи дигар назар накардааст? Ё дар ин бора чизе гуфтан нахостааст? Аз ин маълумотнома рӯшан аст, ки "Оиди натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати кишоварзии ҶТ", 4 парвандаи ҷиноӣ мавҷуд аст. Ва чун ин парвандаҳо ба фаъолияти молӣ ва хоҷагидории вазорат марбутанд, пас ҳатман маълум мешавад, ки онҳо барои фасодкорӣ, истифодаи ғайри  мақсад ва ё гум шудани маблағҳои давлатӣ боз шудаанд.

Агар Вазорат беайб мебуд, созишу мусолиҳаро гаштаву баргашта дар аввали ҷараёни мурофиа пешниҳод намекард. Хонандаи закӣ сабаби пешниҳоди созиш аз ҷониби Вазоратро бояд дарк карда бошад.

Хулас, судя Абдураҳимова Д. дар ҳалномаи аз диду дониши худ, вале Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардааш дидаву дониста, на балки нофаҳмидаву ноогаҳона сиёҳро сафед шумурда ҳукм баровардааст.

Як чизи дигар бойиси тааҷҷуб ва нигаронии мо аст, ки вақте Ҳалномаи содир намудаи судя Абдураҳимоваро мехонем, бармало ва возеҳ айён мешавад, ки ӯ дар ҷое аз Ҳалномааш таъкидҳое ҳамсони таҳдид ба сӯйи "Миллат" мекунад. Масалан, Абдураҳимова ба ин хулоса омадааст, ки "Миллат" ӯро (яъне, ба ҷои онро Вазорати кишоварзиро, шарҳи мо.) фасодзадатарин ном мебарад, ки ин ҳолат нисбати фаъолияти мӯътадили вазорат таҳқир асту бас. Ҳол он ки вазорат як рукни идоракунии давлат маҳсуб мешавад, ки онро фасод(?) (Бояд фасодзада мегуфт. Шарҳи мо.) ном бурдан беадолатии рӯзномаи "Миллат"- ро нишон медиҳад."

Инсофу адолат куҷост, судяи мӯҳтарам, магар Парламенти Тоҷикистон, Агентии мубориза бо коррупсия ва ошкоро дар мавриди бо роҳи "махинация "злоупотреблят" шудани миллионҳо сомонӣ гуфтани вазири кишоварзӣ низ "нисбати фаъолияти мӯътадили вазорат таҳқир асту бас?!" Магар вақте ин ниҳодҳои масъули давлат дар бораи "дар вазорат, ки як рукни идоракунии давлат маҳсуб мешавад" мавҷуд будани фасодро гуфтанд, ин  "беадолатӣ"- и Парламент ва Агентиро нишон медиҳад?!

Ба назари судя гӯё ҳалномаи қилона ва одилона" баровардаву ҳам ба хулосае омадааст, ки барои зарари маънавӣ ба Вазорати кишоварзӣ расонидан аз ҳисоби нашрияи "Миллат" 1500 сомонӣ рӯёнида ва нашрия бояд ҳатман радия дар мавриди дурӯғ будани факту далелҳо чоп кунад.

Хуб, судяи мӯҳтарам, фаразан мо ба ҳукми одилонаи Шумо розӣ шавем ва радия нашр кунем, вале Шумо бароямон маслиҳати ҳуқуқӣ бидиҳед, ки дар он радия ишора кунем, ки вакилони Маҷлиси намояндагон - мақоми мӯътабари қонунгузории кишвари азизамон Тоҷикистон маблағҳои ғайримақсад истифода кардаву беному нишон шудаи Вазорати кишоварзиро дурӯғ ва нодуруст муҳокима кардаанд? Оё мо ҳақ дорем, дар он радияе, ки бояд тибқи ҳукми Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудаи Шумо бону Абдураҳимова илова кунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ахбори дурӯғ пешниҳод кардааст? Оё мо метавонем барои хонандаи хеш бигӯем, ки вазири кишоварзии Тоҷикистон вақте бо "Азия- плюс" дар мавриди бо роҳи "махинация" "злоупотребления" шудани миллионҳо сомонӣ ҳарф мезад, шӯхӣ кардааст? Агар Шумо ҳамчун ҳуқуқшинос ва судяи мақомдор бароямон бигӯед, ки агар мо чунин кореро анҷом бидиҳем, ҳеч дурӯғе нагуфтаем, пас мо розием радия чоп кунем.

Барои касони аз қазия ва асли масъала бехабаранд мерасонем, ки "Миллат" агар маблағи фасодро дар Вазорати кишоварзӣ 6, 5 миллион сомонӣ гуфта бошад, вазири мӯҳтарам Қосим Қосимов моро ислоҳ карда (Дасташон дард накунад ва забонашон ҳамеша бурро бод!) онро рӯшантару саҳеҳтар баён намуда, ки он на 6, 5 миллион, балки  6,7 миллион (!) сомонӣ будааст, ки он ба чапу рост чошу пареш шудааст. Барака ёбад Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия, ки Қосимҷон Раҳбаровичро як каме ислоҳ карда, ин рақамро бештар аз 6, 8 миллион сомонӣ донистааст.

Умуман, маълумотномаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия, гузориши порлумон, мусоҳибаи Вазири кишоварзӣ дар рӯзномаи "Азия плюс", дар мавриди хараҷу мараҷи маблағҳои буҷа, далелҳои қотеъона ва раднашаванда дар мавриди вуҷуд доштани фасодкорӣ дар Вазорати кишоварзӣ мебошанд.

Хонандаи азиз, ба қавли шоири шодравон устод Мирсаид Миршакар мо "дар ин достони тайёр, на ҳарфе кам кардем, на бисёр" ва қазоват аз худи туст, ки оё "Миллат" вақте Вазорати кишоварзиро фасодзада мегуфт, магар ба пойи вазири мӯҳтарам ва масъулини дигари вазорат тӯҳмат бастааст?! Оё ба буҷаи давлат ба маблағи миллионҳо сомонӣ расонидани зиён, чуноне худи Қосим Раҳбарович ҳам инро тасдиқ мекунад, фасод нест?! Оё 1,6 миллион сомонӣ, ки як корхонаи зертобеъи ин вазорат бо номи КВД "Мубориза бар зидди малах" маблағҳои буҷа, яъне мардуми Тоҷикистонро "злоупотреблят", яъне бо тоҷикӣ ҳарф занем, сӯйистифода кардааст, фасод нест?! Оё бо сӯйиистифода кардан ва дигархелтар карда гӯем, бо таҷовуз шудани 1 миллион сомонӣ аз ҷониби "сотрудники самого министерство" ва ба буҷаи бе ин ҳам хароби давлати Тоҷикистон латма задани кормандони ин вазорат, фасод нест?! Оё сӯйистифода кардан аз маблағҳои ҳукумат, таҷовуз намудан ба буҷаи давлат, дастдарозӣ ба моли мардум (Пули буҷа, пули халқ аст!) ҷиноят нест?! Пас, пурсидан мехостем, ки дар фаъолияти як ниҳоди давлатӣ ва мансабдорони як вазорат кадом амал метавонад ҷиноят бошад ва ҳам суъол ин ҷост, ки фасод чист? Оё фасод фақат он аст, ки як омӯзгори донишгоҳ аз як донишҷӯи бесавод 20 сомонӣ гирифта, ё як заминсоз барои додани як қитъаи замин аз нафаре 400 доллар талаб кардааст? Ё милисаи нозири роҳ 5 сомонӣ аз ронандае ситонидааст? Чаро омӯзгори донишгоҳ бо гирифтани як маблағи ночиз бояд пушти панҷараи зиндонро бубинад, вале барои "злоупотребления"-и миллионҳо сомонӣ дар як вазорат касе ҷавоб надиҳад? Ва бо забони дароз дар ҷумҳурӣ сару садо занад, ки нашрия шаъну шарафи вазоратро паст задаву онро беасос тӯҳмат кардааст. Магар муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳимова Дилором Рустамовна, ки қозии мурофиаи додгоҳии "Миллат" бо вазорати кишоварзӣ буд, бигирем ҳамин 1 миллион сомонӣ маблағҳои ба қавли ҷаноби вазир Қосимҷон Раҳбарович аз ҷониби кормандони ин вазорат сӯйистифода шударо фасод намедонад?! Ё ин ҳама фасод несту амалест "злоупотребление" ва барои ин "злоупотребление"- и ки баъдан беш аз 305 ҳазор сомониаш барқарор шудааст, бояд касе ҷавоб нагӯяд?! Ё "злоупотребления" ҷиноят нест, ҳамту як беэътиноӣ ва саҳви саҳлу сода аст, ки дар Вазорати кишоварзӣ рӯй додаву баъдан каме ислоҳ шудааст?! Пас, аз қозии додгоҳ мепурсем, ки фасод чист? Агар дар Вазорати кишоварзӣ корҳо хуб мебуд, сӯйистифода аз маблағҳои давлат ҷой намедошт, фасод намебуд, чаро Қосим Қосимов ба Агентии мазкур муроҷиат кард? Ва мо аз забони ҷаноби Қосим Раҳбарович мефаҳмем, ки тафтишгарони ин Агентӣ дар вазорати кишоварзӣ сирқати молӣ, сӯйистифода шудани миллионҳо сомонӣ маблағҳои давлатро ошкор кардаанд. Ва раиси Агентии мазкур Фаттоҳ Саидов низ рӯзи 25 январи соли ҷорӣ дар нишасти хабариаш бо рӯзноманигорон тасдиқ кард, ки соли 2009 Вазорати кишоварзӣ фасодзада буду дар соли 2010 Вазорати маориф. Модоме Вазири кишоварзӣ аз тариқи як расонаи хабарии маъруф ва раиси Агентии мубориза бо коррупсия дар нишасти матбуотӣ аз боби таҷовуз ба ҳарими поки давлат - БУҶА ва талаф шудани миллионҳо сомонӣ мегӯянд, пас имрӯз аз худи ҷаноби Қосим Қосимов ва Дилором Абдураҳимова, ки ҳукми ноодилона содир кардааст, пурсиданием, ки "Миллат"- ро ин ҷо чӣ ҷурмест?! Агар ҳарфу ҳуҷҷати роҳбари Агентии мубориза бо коррупсия дар мавриди фасодзада будани Вазорати кишоварзӣ ва сӯйистифода шудани миллионҳо маболағи буҷаи давлат дар ин Вазорат барои Қосим Қосимов ва судя Дилором Абдураҳимова далел набудаву эътибор надошта бошад, пас дигар кӣ метавонад бигӯяд ё исбот кунад, ки дар ин ё он вазоратхонаву муассисаи давлатӣ фасод ва сирқати молӣ ҷой дорад?! Бешак инро танҳо ҳамин Агентии мубориза бо коррупсия метавонад тафтиш ва ошкор кунад ва бигӯяд. Ва Агентии мазкур ҳарфи хешро дар мавриди ҷой доштани фасод дар Вазорати кишоварзӣ гуфт ва на як бору ду бор!

Пас, оё аз рӯи инсоф аст, ки як нашрияро барои ибрози воқеъият, барои гуфтани он ки дар як вазорати кишвар миллионҳо сомонӣ маблағҳои давлат сӯйистифода шудаанд, бо як шеваи ноодилона бигирему ҷарима бандему маҳкум кунем. Барои касони аз таърих ноогоҳ мерасонем, ки пешвои нахустин Давлати Тоҷикон, Амир Исмоили Сомонӣ, ки имрӯз дар замони Истиқлоли кишвар ба идеяи ваҳдатофару миллатсози мо табдил ёфтааст, афроди масъулеро, ки ба Байтулмол- Хазинаи давлат- БУҶА таҷовуз, дастдарозӣ мекарданд, дасташонро зуд кӯтоҳ мекард, яъне аз вазифа маъзул месохт. Президент борҳо таъкид аз мубориза бо коррупсия мекунад. Аммо ин таъкидҳову кӯшишҳои президент аз ҷониби баъзе масъулин ва судяҳо чаро ба инобат гирифта намешаванд?

Ва дубора боз ҳамон суолеро, ки дар анҷоми ҳамон хабари 10 декабри соли 2009, зери унвони "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" дар нашрия ба чоп дода будему бойиси ранҷиши хотири  ҷаноби вазири кишоварзӣ гардида буд, (Бале, маҳз ҳамин ҷумла, на балки аз боби ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳои буҷа ва сӯйистеъмол шудани миллионҳо сомонӣ гуфтани мо, зеро ин гапи бофтаву сохтаи мо набуд. Ин хабаре буд, ки онро сомонаи интернетии ВВС нашр карда ва  онро Парлумони Тоҷикистон бо изтироб изҳор дошту баъдан раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасдиқ карда буд!!!) такрор мекунем:

«Чаро як ҷавони бетаҷрибаро барои дуздии як телефони мобилӣ ба ҷойи тарбият кардан ба муҷозот мекашанд  ва барои умрбод ба номаш тамғаи "дузд"" ва "тюремшик" зада мешавад, вале барои дуздӣ, ғайримақсаднок истифода шудан, сӯйистеъмол аз маблағҳои халқу давлат ҳатто вазирро аз ҷояш беҷо намекунанд?!» ЧАРО??? Посухи ин суъолро кӣ медонад? Охир дар дунё суоле нест, ки он посух надошта бошад. Ва чаро вақте судяи суди як ноҳия Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалнома содир мекунад, наметарсад, ки ҳукмаш ноодилона аст. Мо то ҳанӯз ба мавҷудияти адолати судӣ дар Ватан бовар дорем ва ҳанӯз ҳам ин умед моро тарк накарда, ки мақомоти болоии суд ҳатман ҳалномаи ноодилона содир намудаи судя Абдураҳимова Дилором Рустамовнаро дар нисбати нашрияи "Миллат" бекор мекунад ва адолати судиро таъмин менамояд. Хушбахтона ҳалномаи Абдураҳимова Д. ҳанӯз марҳилаи охирини судӣ нест. Ва рӯзнома дар чорчӯбаи қонунгузории мавҷуда қотеъона аз ҳуқуқҳои шикояти касатсионӣ ва назоратии худ истифода хоҳад кард.

"МИЛЛАТ"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97