Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Ҳалномаи ғайриқонунӣ аллайҳи «Миллат»

Расонаҳо 11.02.2011 01:23

sUDI_MILLAT_02Судяи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, рӯзи 8-уми феврал, ба баррасии ниҳоии даъвои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи «Миллат» пардохта, ҳалномаи худро содир кард.

Бар асоси ин ҳалнома ҳафтаномаи «Миллат» ба пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ба Вазорати кишоварзӣ ва нашри раддия вазифадор шудааст.

Дилором Абдураҳимова, ҷонишини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ ва раисикунандаи мурофиаи мазкур, пардохти ин маблағро «ҷуброни зарари маънавӣ» ба Вазорати кишоварзӣ унвон кард.

Аммо ҳафтаномаи «Миллат» ин қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро ғайриқонунӣ ва ноодилона дониста, ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят хоҳад бурд.

Ҷунайд Ибодов, намояндаи ваколатдори ҳафтаномаи «Миллат» зимни изҳори норозигӣ аз ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ, қарори додгоҳро ноодилона ва ғайриқонунӣ дониста мегӯяд, масалан, мувофиқи қонун ғайри шахс наметавонад зарари маънавӣ бубинад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, қарори додгоҳ дар мавриди ин ки Вазорати кишоварзӣ “зарари маънавӣ» дидааст, ғайриқонунист.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки судя ҳеч яке аз далелҳои пешниҳодшуда дар мавриди таъйиди ҷой доштани фасодро дар Вазорати кишоварзӣ, ки аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ фош шуда, дар аксари расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷи кишвар бо истинод бо ахбори мақомоти расмии давлатӣ нашр шудаанд, ба эътибор нагирифта, ҳалномаашро эълом дошт.

Ба гуфтаи намояндаи ваколатдори нашрия, боз дигар ҳолатҳои кор ҳастанд, ки барои моҳиятан дуруст ва қонунӣ ҳал кардани  ҳалли қазия аҳамияти махсус доштанд, вале мутаассифона онҳо низ ба инобат гирифта нашуданд.

Зимнан, баҳси Вазорати кишоварзӣ ва ҳафтаномаи «Миллат» дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳудуди як сол аст, ки идома дорад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2009 дар робита ба як матлаби нашркардаи ҳафтаномаи “Миллат” ба додгоҳ шикоят бурда, 1 миллион сомонӣ ё баробар ба беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ товон хоста буд.

«Миллат» низ дар навбати худ аз болои Вазорати кишоварзӣ ба додгоҳи Фирдавсӣ шикояти мутақобил бурда, бо назардошти мушкилоти мавҷудаи сохторҳои давлатӣ хостори пардохти 1 сомонӣ ҷарима аз сӯи вазорати кишоварзӣ шуда буд.

Хабари баҳсбарангези нашршуда дар “Миллат” бо такя ба номаи ахборотии раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба Сайдулло Хайруллоев, собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Тоҷикистон нашр шуда буд, ва бар асоси банди 36-и «Қонуни матбуоти Тоҷикистон» барои нақли қавли мақомоти расмӣ нашрия посухгӯ намебошад.

Ҳамчунин Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дурустии ин хабарро дар якчанд нишасти хабарӣ, аз ҷумла рӯзи 25 январи соли 2011 бори дигар тасдиқ кардааст.

Қарор аст, пас аз дарёфти ҳалномаи асоснокшуда “Миллат” ба додгоҳи шаҳри Душанбе дар мӯҳлати муайяншудаи қонунгузории кишвар шикояти кассатсионӣ бурда, барои барқарории адолати судӣ муборизаро идома хоҳад дод.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97