Атфоли "ироқӣ": аз зиндон то истироҳатгоҳ

Сиёсат 02.05.2019 15:54

Фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 30-юми апрел аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд, дар истироҳатгоҳи Харангон дар Варзоб ҷобаҷо гардиданд. Гуфта мешавад, аксарияти падарони ин атфол дар ҷанг кушта ва нопадид шудаанд ва чанде аз модарони онон барои узвият дар гуруҳи тундрави ДОИШ зиндонӣ шудаанд.

Гузоришгарони радиои “Озодӣ” аз макони нави будубоши ин кӯдакону наврасон чунин саҳнаеро ба тасвир кашидаанд:

Ҳузури маъмурони милиса, гаштугузори пизишкон ва рафту омади мақомоти расмӣ ин осоишгоҳи маъмулан оромро дар атрофи пойтахт ба як шаҳрчаи серодам табдил додааст. Вуруди афроди бегона ба осоишгоҳ мамнуъ буда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд.

Мақомот рӯзи 1-уми май ба хабарнигорони радиои Озодӣ иҷозаи сӯҳбат бо кӯдаконро надоданд, аммо гуфтаанд, ки "тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд".

То ҳоли ҳозир таборони ин кӯдакон дар бораи вазъи онҳо ва шароити нигаҳдориаш назаре баён накардаанд. Аммо дар  шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вижа Фейсбук, ки аз чанд рӯз ба ин су дар Тоҷикистон баста аст ва тариқи филтршикан корбарон аз он истифода мекунанд, аксарият, ҳатто мунтақидони бисёре аз фаъолиятҳои мақомоти ҳукуматӣ, баргардондани ин кӯдакон ва наврасонро истиқбол карда ва ин иқдомро қобили аҳсант хондаанд.  

​Шодихони Ҷамшед, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи якуми май ба “Озодӣ” гуфтааст:

"Ҳамаи онҳо аз ташхиси флюорографӣ-рентгенӣ, вируси норасоии масунияти бадан, сил, ҳепатит ва вараҷа гузаштанд. Хушбахтона, гирифтори бемории ҷиддӣ набуданд. Ҳатто онҳо бемории маъмулии хоришак надоштанд. Ҳадафи мо ин аст, ки дар як муҳлати муайян аз ташхис гузаронем ва ба тақсими онҳо оғоз мекунем. Баъдан кӯдакони томактабӣ зери назари вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ буда, дар хона-интернатҳо ҷобаҷо мешаванд. Кӯдаконе, ки синни мактабӣ ҳастанд, аз сӯи Вазорати маориф ва илм ба мактаб-интернатҳои махсус ҷалб мешаванд”.

Мақомот гуфтанд, дар ҳолати муроҷиати пайвандони кӯдакон ва пешниҳоди санади расмӣ, онҳо метавонанд фарзандонро ба тарбияи худ бигиранд.

Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонгуфтааст, ба хотири ин ки кӯдакон худро нороҳат ва дур аз модар эҳсос накунанд, ҳамроҳбо хоҳару додарони худ дар як ҳуҷра нигаҳдорӣ мешаванд.

Чаҳор тан аз равоншиносон аз Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маориф барои ҳамкорӣ бо ин атфол ҷалб шудаанд.  

Ин атфол аз як то 18 сол син доранд, ва нисфи зиёди ин кӯдакон, яъне 44 кӯдак то синни чорсола мебошанд, аз ҷумла 19 нафар аз 1 то 2 сол син доранд

Зимнан, 30-юми апрел 84 кӯдак ва навраси тоҷик тариқи ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil ба Душанбе оварда шуданд. Ин атфол бозмондагони ҷангҷӯёни гурӯҳи ДОИШ -анд, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта ё нопадид шудаанд. 43 нафар, аз ҷумлаи модарони ин кӯдакон, дар Ироқ маҳкум ба ҳабси тӯлонӣ ва ё абад шудаанд.

Бар асоси як барномаи муштараки ҳукуматҳои Тоҷикистону Ироқ ва созмони UNICEF, фарзандони ҷангҷӯёни ДИИШ бар асоси иҷозаи модарони зиндониашон ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд. Мақомот мегӯянд, 11 кӯдаки тоҷик дар Ироқ бозмондаанд, ки модарони онҳо барои интиқоли кӯдакон ба кишвар ризо набудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97