Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Садои сулҳ дар Кобул

Сиёсат 13.12.2018 09:19

Вазъи имрӯзаи кишвари ҳамсоя ва дӯсти муҳимми мо Афғонистон боиси нигаронии мардуми ин кишвар ва мамлакатҳои ҳамсояву ҷаҳон шудааст. Ҳама мардумони хайрхоҳ ва башардӯст ҷонибдори сулҳу оромиши ин кишвари бостонӣ ҳастанд. Мутаассифона, муддати ду-се даҳсолаи ахир вазъи сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар Афғонистон ба сулҳу осоиш намерасад.

 

Мардуми кишвари мо – Тоҷикистон ҳам чанд сол пеш ба чунин мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Табиист, ки ҳамеша дар ҳалли бештарин масоил кишварҳои абарқудрат ва манфиатҷӯ дасти тамаъ ва дахолат доранд. Бо ин ҳама, дар натиҷаи талошҳои зиёди мардум ва кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Афғонистон дар кишвари мо сулҳу оромиш ҷойнишин шуд. Ва беш аз даҳ сол аст, ки мардуми Тоҷикистон ва минтақа дар мавриди таҷрубаи сулҳофаринӣ дар кишвари мо суҳбат мекунанд. Табиист, ки ҳама масоили сулҳофаринии як кишвар наметавонад ба таври умум дар кишвари дигар амалӣ гардонда шавад. Аммо хеле аз масоил, раванд ва равишҳое аз як таҷрубаро мешавад дар мисоли кишвари дигар амалӣ кард. Ба ҳамин далел, хеле аз коршиносону сиёсатмардони минтақа ва ҷаҳон бар ин назаранд, ки барои эҷоди сулҳу оромиш дар Афғонистон мешавад чанде аз равишҳои таҷрубаи сулҳофаринии Тоҷикистонро мавриди кор қарор дод.

Аз ин рӯ, дар кишварҳои хайрхоҳи Афғонистон марокиз ва гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд ба қадри тавони худ дар эҷоди сулҳу оромиш дар ин кишвари пурғановат саҳм бигиранд. Яке аз онҳо созмони Mediothek аст, ки бо ҷалби чанд тан аз сафирони сулҳи кишварҳои ҳамсоя: Тоҷикистон, Эрон ва Покистон оромишу осоишро ба Афғонистон баргардонанд. Сафирони сулҳи Тоҷикистон низ бо истифода аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва дастовардҳои онҳо кушиш доранд барои кишвари ҳамсоя ҳамчун намуна аз он ибрат гирифта роҳи ҳалле пайдо бикунанд.

Дар ҳамин росто 4 – 5 декабри соли 2018 дар шаҳри Кобул конфронси минтақавии сулҳ бо ҳузури сафирони сулҳи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баргузор шуд, ки дар он масоили расидан ба сулҳ ва роҳҳои ҳалли онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Орзумандем, ки бо талошҳои пурсамари мардуми бошарофати Афғонистон, кишварҳои ҳамсоя ва ҳукуматҳои хайрхоҳ роҳи ҳалли мушкилот пайдо мешавад ва мардуми ин сарзамини бостонӣ бо роҳи сулҳу офарандагӣ пеш меравад.

Шаҳноз Комилзода

Душанбе -Кобул

 

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97