Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и кишвар дар бораи марзшикании марзбонони Узбекистон

Сиёсат 20.04.2017 14:45

Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ бо ирсоли баёнияе ба расонаҳои хабарии кишвар иддаои марзбонони Узбекистонро рад кардааст.

Қаблан Кумитаи марзбонии Узбекистон гуфта буд, ки Аслиддин Шоимов, шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 15 апрели соли 2017 ҳангоми ҳамла ба марзбонони Узбекистон тир хӯрда кушта шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, марзбонон маҷбур шудаанд, ки барои ҳимояти худ ба самти шаҳрвандони Тоҷикистон тир холӣ кунанд.

Аммо дар баёнияи Раёсати марзбонии Тоҷикистон тамоми ин иддаоҳо рад шудааст.

Дар Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора, ки АМИТ «Ховар» нашр кардааст, омадааст:

 «15 апрели соли 2017 тақрибан соати 17:30 ба вақти Душанбе марзбонони Ӯзбекистон сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карда, ба масофаи 100 метр аз хати гузариши сарҳадӣ гузаштанд ва ба се шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон — сокинони маҳаллаи аҳолинишини Шулум, ки бо чаронидани чорво машғул буданд, ҳамлаи мусаллаҳона карданд.

Зимни тафтишот муайян гардид, ки:

Тақрибан соати 17:30 се сокини маҳаллаи аҳолинишини Шулум чорвоеро, ки ба сокинони маҳаллаи номбурдаи наздисарҳадӣ тааллуқ доштанд, дар чарогоҳи муайян мечарониданд. Дар ин вақт ду марзбони Ӯзбекистон, ки дар минтақаи худ адои хизмат менамуданд, дар самти маҳаллаи аҳолинишини Қуруқсойи ҶумҳурииӮзбекистон бо мақсади боздошт намудани чӯпонон ва чорво сарҳадро вайрон карда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масофаи 100 метр аз хати Сарҳади давлатӣ зада даромаданд ва онҳоро аз пушт гузаштанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дидани ин ҳодиса қарор доданд, ки чорворо ба дарунтари ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ронанд. Вале онҳо ба рондан фурсат наёфта, аз ҷониби марзбонони ҶумҳурииӮзбекистон боздошт шуданд. Ҳангоми боздошт шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марзбонони ҶумҳурииӮзбекистон фаҳмониданд, ки онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва аз амали ғайриқонунии онҳо ба сардори заставаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Дар ин лаҳза яке аз марзбонони Ӯзбекистон бо шунидани изҳороти чӯпонон ба хашм омада, «ман ҳоло ба шумо нишон медиҳам» (иқтибос аз суханони марзбони Ӯзбекистон) гуфта, аз масофаи 3 метр аз яроқи оташфишон оташ кушод. Дар натиҷаи он бо як тир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимов Аслиддин Абдуҷаборовичро сахт маҷрӯҳ кард ва бо се тир бародари ӯ Шоимов Р.А.-ро, ки он лаҳза дар назди ӯ буд, аз даст ва пойи рост захмӣ намуд.

Марзбонони Ӯзбекистон баъди расонидани ҷароҳати вазнин бо мақсади пӯшонидани амали ғайриқонунии худ ҷасади чӯпон Шоимов А.А-ро ба ҳудуди ҶумҳурииӮзбекистон бурда, дигарҳоро аз ҷойи ҳодиса озод кардаанд.

Гурӯҳи фаврии ба макони ҳодиса омадаи заставаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимов Р.А-ро бо се ҷароҳати тирӣ ба беморхона бурд.

Зимни тафтишот дар макони ҳодиса гилзаҳои 7,62 мм, мутааллиқ ба марзбонони Ӯзбекистон ва изҳои сершумори хун, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебаранд, дарёфт карда шуданд.

Бар ивази андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ барои муайян намудани сабабҳои аслии ҳодисаи рухдода намояндаи сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаи Узун дар ин воқеа ҷониби Тоҷикистонро айбдор мекунад.

Гурӯҳи тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон далелҳои беасоси намояндаи сарҳадии ҶумҳурииӮзбекистонро дар минтақаи Узун таҳлил карда, бо як зумра шубҳаҳо рӯ ба рӯ гардид:

аввал — оё чӯпон ё шаҳрванди оддӣ метавонад бар зидди марзбони мусаллаҳ амали иғвогарона намояд?

дуюм — марзбони Ӯзбекистон чӣ гуна метавонист дар ҳудуди қисми пушти сар ҷароҳати ҷисмонӣ гирад, ҳангоме ки ӯ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба рӯ меистод ва ҳамзамон ӯро бо яроқи худ зери нишон қарор дода буд?

сеюм — агар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистонро вайрон карда бошад, пас чаро марзбонони Ӯзбекистон танҳо ҷасади шаҳрванди кушташуда Шоимов А.А-ро бо худ бурда, дигарҳоро сар доданд?

чорум — дар чунин муҳлати кӯтоҳ чӣ гуна шахсияти Шоимов А.А-ро муайян намуданд, дар ҳоле, ки ӯ дар лаҳзаи ҳодиса аллакай вафот карда буд?

Тахмин меравад, ки дар лаҳзаи ҳодиса Шоимов А.А зинда буд ва ҳангоме, ки марзбонони Ӯзбекистон ба ӯ кумак нарасонда, ӯро ба ҳудуди ҶумҳурииӮзбекистон бурданд, вафот кардааст.

Дар асоси маълумоти дар боло зикргардида чунин меҳисобем, ки намояндаи сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаи Узун далелҳои воқеии ҳодисаи мусаллаҳонаи рухдодаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан пинҳон мекунад.

Ҳамин тариқ, наряди сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон меъёрҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои дуҷониба, мувофиқаҳои дар мулоқоти кории роҳбарони ниҳодҳои сарҳадии ҷонибҳо ба дастомада, Хати рафтори марзбонон дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои нигоҳ доштани муносиботи дӯстонаву ҳамсоягиро вайрон карданд.

Аз ҷумла:

1. Марзбонони Ӯзбекистон бо яроқ Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карданд.

2. Наряди сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд ба амали зӯроварӣ дар муносибат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо қонунан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд, роҳ намедод ва танҳо бо садову огоҳӣ амали беғаразонаи онҳоро, агар чунин буд, нишон медоданд.

3. Бо гузоштани шаҳрванди маҷрӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса меъёри ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалиро вайрон карданд.

Аз рӯи далели мазкур шурӯъ аз 15 апрел дар минтақаи мазкур гурӯҳи тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Намояндагони қӯшунҳои сарҳадии ҶумҳурииӮзбекистон ба ҷойи ҳодиса 17 апрел омаданд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии

КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97