Оё Путин ба роҳи Горбачев хоҳад рафт?

Сиёсат 20.02.2017 11:12

Рӯзномаи «Вол стрит журнал» муддаӣ шудааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дар аввалин сафари хориҷии худ, ба «Рекявик»-и Исландия меравад то бо Владимир Путин ҳамтои руси худ дидор кунад.

 Агар баргузории ин музокирот дуруст бошад, касро ба ёди натоиҷи аввалин музокироти нангин ва зиллатбори Михаил Горбачёв ва Роналд Рейган дар соли 1986 дар Рекявик меоварад!

Дастоварди он музокирот барои Шӯравӣ ва Амрико чӣ буд?

Дар ин маврид лозим аст, то дар хусуси натоиҷи аввалин сафари Горбачёв ва Рейган дар шаҳри Рекявик андаке маълумот пешкаш намоем.

Дар 11-уми октябри соли 1986 барои аввалин бор конфронси раҳбарони Шӯравӣ ва ИМА дар шаҳри Рекявик, пойтахт Исландия баргузор шуд. Горбачёв дар ин конфронс заминаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва системаи ҷаҳонии сотсиалистиро фароҳам сохт ва санади барбодии Иттиҳоди Шӯравиро дар ин конфронс ба имзо расонд ва номи «хоин»-ро дар таърихи ҷунбиши ҷаҳонии коргарӣ ба худ касб кард.

 Дастоварди ин тафоҳуми Рекявик чӣ буд?

 1. Таҷзияи Иттиҳоди Шӯравӣ ба 15 кишвар ва баъдан бурузи нооромиҳо дар ин кишварҳо.

 2. Аз ҳам пошидан ва нобудии системаи ҷаҳонии сотсиалистӣ.

 3. Таҷзияи кишвари муттаҳид ва қудратманди Югославия ба ҳафт кишвар ва баъдан даргириҳои низомӣ байни кишварҳои таҷзияшуда (Сербистон, Хорватия, Босня ва Герсоговин, Словения, Македония, Мотенегру ва Косово).

4. Таҷзияи кишвари муттаҳид ва якпорчаи Чехословакия ба ду кишвар (Чех ва Словакия).

5. Ба ҳоли худашон раҳо намудан ва пуштибонӣ накардан аз кишварҳое, ки роҳи иқтисодии ғайри капиталистиро пеш мебаранд.

6. Бо хидмати Горбачёв системаи дуқутбии ҷаҳон аз байн рафт ва Амрико яккатози майдон гардид.

7. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ артиши ин кишвар миёни ҷумҳуриҳо тақсим шуд ва саҳме барои Тоҷикистон нарасид. Ва ҷанги дохилии Тоҷикистон панҷ сол давом кард ва дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор кушта ва бехонумон шуданд.

Инҳо аз дастовардҳои Горбачёв дар аввалин мулоқоташ бо Роналд Рейган буд!

Ҳоло бубинем, ки дастоварди Путин дар аввалин мулоқоташ бо Доналд Трамп барои миллати Русия ва ҷаҳон чӣ хоҳад буд?

«Миллат»

Бознашр аз шумораи №2 январи соли 2017

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97