Оё Ӯ тавонист?

Сиёсат 01.02.2017 15:08

Дар дунёи хабарсози муосир, ки иттифоқоти сареъ ва пайопай рух медиҳад, ба хусус дар моҳи нахусти сол дар Тоҷикистон, ки марҳилаи муҳимми тағйироти кадрӣ сурат мегирад, мардум интизори ҳар иттифоқеро доштанд, ҷуз рафтани Убайдуллоев.

 Аз вазифаи Раиси шаҳр барканор шудани Муҳаммадсаид Убайдуллоев, яке аз ёрони қадимии Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мардумро ғофилгир ва то ҳади зиёде мутаҳайир сохт. Бо рафтани ӯ аз раҳбарии пойтахт саҳифаи хотираҳои як насл варақ хӯрд, як давраи хоси зиндагии иҷтимоии Душанбе пушти сар шуд.

Тағйироти кадрии ахир Убайдуллоеви коркушта, сахтгир, дуруштгуфтор ва серталаберо, ки маълум буд на ҳама дӯсташ медоштанд, якбора ба як шахсияти маҳбуби шабакаҳои иҷтимоӣ табдил кард. Ба ёди он рӯзҳое афтодам, ки як хабарнигор мегуфт, дар ҷустуҷӯи нафаре ҳастам, ки дар бораи шахсияти Убайдуллоев суҳбат бикунад, аммо пайдо намекунам. Аммо як фармони Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи барканории ӯ аз мақоми шаҳрдорӣ (Убайдуллоев ҳамчунон бар асоси муқаррароти расмӣ шахсияти дуввум дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва Раиси Маҷлиси Миллӣ мебошад-М), яхро об кард ва ин ҳама тарафдору муқобилони Убайдуллоевро ба «гап» даровард. Акнун девори Фейсбук ҷойи гуфтугузори ин ду тим шудааст, ки ҳар кадом бо далелу бидуни далел хубиҳову бадиҳои корҳои акнун собиқ шаҳрдори Душанберо ба рух мекашанд.

Аз Муҳаммадсаид Убайдулоев баъди хатми ҷанги дохилӣ ва то соли 2003, асосан ба унвони ҷойнишини эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон дар қудрати сиёсии Тоҷикистон ном бурда мешуд. Аммо бо ислоҳоти Қонуни асосӣ дар соли 2003, ки барои Эмомалӣ Раҳмон ду навбати дигари номзад шуданро фароҳам кард, ин гумону шубҳа нақше бар об монд. Ба ҳар сурат, Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар силсиламаротиби қудрат дар Тоҷикистон ҳамчунон шахсияти калидӣ ва муҳим то дер боқӣ монд.

Ӯ соли 1992 ба думболи ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ, ба унвони муовини раиси Шӯрои вазирон таъйин шуд ва амалан ба сиёсати калони ҷумҳурӣ ворид гардид. Ба эътиқоди аксари таҳлилгарон ва сиёсатмадорон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, ки таҳсилкардаи мактабҳои ҳирфаӣ ва сиёсии шӯравӣ ва таҷрибадори низоми иҷроии ҳокимияти вақт буд, тавонист дар гузоштани пойдевори ҳукумати нав, ки зимни кашмакашҳои сиёсӣ ва идомаи ҷанги дохилӣ амалан фалаҷ шуда буд, саҳми муҳим иҷро кунад. Бидуни шак, номи ӯ дар таърихи Тоҷикистон ба унвони яке аз тармимгарони Тоҷикистони навин навишта хоҳад шуд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз соли 1992 ба унвони муовини раиси Шӯрои вазирон дар ҳукумати иҷроӣ нақш ифо кард, аммо вақте номи ӯ бештар сиёсӣ шуд, ки дар соли 1996 Маҳмуд Худойбердиев алайҳи ҳукумати вақт аввалин қиёми худро ба роҳ андохт ва яке аз умдатарин тақозои ӯҳам канор задани Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз мақоми муовини аввали сарвазир буд. Зимни ин рӯёрӯӣӯ аз мақоми худ канор рафт. Дар зеҳни аксар ин бовар чира шуд, ки Убайдуллоев ба поёни умри сиёсии худ расид. Аммо ӯ дубора ба унвони шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон зоҳир шуд, ки мақоме муҳимтар аз муовини сарвазир дар ҳар кишварест. Ва маълум кард, ки рафтанаш ақибнишинии тактикӣ будааст.

Баъди ин, марҳилаи дигаре аз фаъолияти Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба унвони як соҳибмансаб ё давлатмард оғоз шуд. Ӯ як муддат дар замони ҷанги дохилӣ ва музокироти сулҳи давлат ва мухолифони тоҷик ҳам раҳбарии ин музокирот аз ҷониби давлатро бар ӯҳда дошт.

Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ Душанбе – пойтахти кишвар амалан ба як шаҳри низомиён ва фармондеҳон табдил шуда буд ва ҳатто баъди иҷрои шароити Созишномаи сулҳ низ, ин вазъият идома дошт ва қумондонсолорӣ дар кишвар, хоса дар Душанбе ҳукумат мекард. Зимистони соли 2000 ба думболи иҷрои шароити Созиши сулҳ, мунҳал шудани нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон ва хатми кори КОМ (Комиссиюни оштии миллӣ), нахустин интихоботи порлумони ҳирфаӣ дар Тоҷикистон доир шуд.

Дар ҷараёни ин маърака ва корзори интихоботӣ, баъди хориҷ шудан аз мулоқот бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Қарияи боло, Муҳаммадсаид Убайдуллоев мавриди суиқасд қарор гирифт. Минае дар зери мошини ӯ гузошта шуда буд, ки мунфаҷир шуд ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла Шамсулло Ҷобиров, муовини вазири амният кушта шуд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҷароҳат бардошт, вале наҷот ёфт. Бархе аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ташкили ин суиқасд, ки ҳадафи он Муҳаммадсаид Убайдуллоев буд, муттаҳам шуданд. Чанд нафар аз ҷумлаи ҷангиёни пешини мухолифин ба ин далел боздошт ва маҳкум шуданд. Фармоишгари аслии ин суииқасд шояд пинҳон монд, аммо ин ҳодиса боис шуд, ки муборизаи бесобиқае ба қумондонсолорӣ дар Душанбе оғоз шавад. Коре, ки сода набуд, зеро гуруҳҳои мусаллаҳ минтақаҳои пойтахтро ба ҳавзаҳои нуфузи худ табдил дода буданд. Ва ин гуруҳҳое буданд, ки дар ба қудрат расонидани ҳукумати вақт ва дар пуштибонӣ аз он зимни ҷанг бо мухолифон саҳм доштанд. Ин гурӯҳҳо ҷонибдорон ва лобистҳое дар радаҳои қудрати сиёсӣ доштанд. Ба ин далел, ин имкон низ баъйид набуд, ки поксозии Душанбе аз вуҷуди низомиён ва ё ҳадди ақал шаҳрдор, ки иқдом ба ин кор карда буд, дучори шикаст шавад. Ӯ ба қумондонсолорӣ дар Душанбе пирӯз шуд ва даврони дағдағаи қумандонҳои ҷанги дохилӣ ба таърих пайваст.

Интихоботи порлумонии соли 2000 анҷом шуд ва Убайдуллоев ба ҳайси Раиси Маҷлиси Миллӣ ва дар маҷмӯъ Маҷлиси Олӣ интихоб шуд, ки марҳилаи тозае дар зиндагии сиёсии ӯ ба ҳисоб мерафт.

 Ҳамкорони ӯ мегӯянд, ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар воқеъ як раҳбари сахтгир аст, ки гоҳ ба ин далел ба истилоҳ «дағал» маълум мешавад. Аммо назари худро ба кор ба ҳеч ваҷҳ, таҳти ҳеч шароите дигар намекунад. Иҷро накардани кор ва саҳалангориро намебахшад.

Зимистони соли 2003 барои Тоҷикистон сангин омад, барфи зиёде борид ва Душанбе бе барқу бе газ монд. Раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар сафари Амрико буд. Ӯ вазири энергетика Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов, раиси «Тоҷикгаз» Маҳмадрузӣ Искандаров ва муовини сарвазир Фарррух Муҳиддиновро водор кард, ки тавассути он вақт танҳо шабакаи саросарии ТВ вазъиятро шарҳ диҳанд ва аз мардум узр пурсанд. Мардум аввалин бор шоҳид буд, ки вазирон тавассути ТВ аз онҳо узрхоҳӣ мекунанд.

Аз соли 2004 ва 2005 ба ин сӯ таносуби нерӯҳо, сафороиҳои сиёсӣ, бархе зеҳниятҳо дар дохили низом ва ҷомеъа ва инчунин қабл аз он қонунгузорӣҳам дастхуши тағйир шуд. Шахсиятҳои ҷадиде вориди саҳна шуданд, ва ё аз пушти саҳна ба сиёсат ва иқтисоду идора таъсиргузоранд. Бо ин вуҷуд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳамчунон ҷойгоҳ, нуфуз ва мавқеъи худро ҳифз карда ва шахси дуввум дар давлат боқӣ монд. Ӯ дар ин авохир бештар фаъолияташро ба гуфтаи таҳлигарон, рӯи масоили шаҳрӣ ба унвони раиси пойтахт мутамарказ карда буд.

Собиқ мухолифони сиёсии давлат дар суҳбатҳое бо хабарнигорон ба нақши боризи Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар танзими масоили шаҳрӣ ва таъмини суботу низом дар солҳои баъди ҷангӣ таъкид мекарданд, аммо дар баробари ин мегуфтанд, ки ӯ ба масал нақши фарзин дар саҳнаи сиёсиро дорад ва аз соя берун наомадааст ва зери соя аст.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев чанд навбат бо расонаҳо вориди баҳс шуда ва аз ҷумла бо нашрияи «Миллат» низ. Ва далели ин бархӯрдҳо низ таваҷҷуҳи ӯ ба гузоришу матолиби матбуот аст. Аммо ӯҳамеша ба матолиби расонаҳо аҳамият додааст, зеро хулосаи нашрияҳоро мисли дигар мансабдорон ба ӯ пешниҳод намекунанд, балки ӯ мустақиман худаш рӯзнома мутолиа мекунад. Ва аз мулоқоти мустақим бо масъулини нашрияҳо низ ҳазар намекард. Агарчанд худаш камтар мусоҳиба додааст, аммо зердастонашро барои вокуниш ва баррасии матолиби расонаҳо ҳамеша водор мекард. Албатта на ҳамеша ин ба хотири розӣ нигаҳ доштани матбуот буд. Ва дар ин миён Муҳаммадсаид Убайдулоев аз чеҳраҳои хабарсоз дар саҳифаи рӯзномаҳои мустақил буд.

Ҳоло, ки ӯ дигар шаҳрдори пойтахт нест, бояд гуфт, дар ҳар ду маврид баҳсе, ки бо нашрияи «Миллат» дошт, саранҷоми кор бо дирояд, тадбир ва ба гунае, ки сазовори як ҷавонмарди қудратманд аст, бархурд намуда буд.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97