Нақши омили динӣ-сиёсӣ дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои Шарқ

Сиёсат 16.09.2016 16:51

Вусъат гирифтани фаъолияти созмонҳо ва ҷунбишҳои тундрави исломӣ дар аксари кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, олимон ва коршиносонро ба масъалаҳои мазҳаб ва миллатгароӣ аз пештара дида бештар ҷалб менамояд. Хусусияти хоси авҷ гирифтани фаъолияти ин ҷараёнҳо дар марҳилаи кунунӣ моҳияти «фаромиллӣ» доштани онҳо мебошад, ки қабл аз ҳама ба мавҷудияти кишварҳои минтақа дар марзҳои ташаккулёфтаашон, таҳдид менамояд. Бузургтарин созмонҳои тундрави мазҳабӣ – «Ал-қоида», Толибон, ДАИШ ва ғ. аз марзи кишварҳои ҷудогона берун баромада, натанҳо дар сатҳи минтақа фаъолияти густурда доранд, балки ба амнияти байналмилалӣ таҳдид менамоянд.

 

Ба ақидаи олимон ва коршиносони низоъшинос имрӯз дар ҷаҳон панҷ минтақаи шиддат гирифтани низоъҳои минтақавӣ вуҷуд дорад: Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Ҷануби Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Аврупои Марказӣ. Ба ақидаи профессори Мактаби олии иқтисодии Москва К.М. Труевсев бештари ин минтақаҳо дар ҳудуди ҷаҳони ислом вокеъ гардида, таъсири омили исломӣ дар шиддат гирифтани сатҳи онҳо нақши калидӣ дорад. Ба назари ӯ дар шароити идома ёфтани низои тӯлонии Шарқи Наздик миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо «… маркази минтақаи бесуботӣ дар Шарқи Наздик ба ҳудуди Сурия ва Ироқ интиқол ёфта, моҳияти рақобатии низоъи минтақа бештар мегардад ва ҳамзамон қавӣ гардидани иқтидори ДАИШ метавонад ба амнияти минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ дошта бошад».

Идома ёфтани вазъияти бесуботӣ дар бештари кишварҳои Шарқи Наздик қабл аз ҳама ба вазъияти мураккаби этникӣ ва мазҳабӣ, ба охир нарасидани равандҳои ташаккул ёфтани миллат ва ҳуввияти миллӣ, каҷравиҳо дар амалӣ намудани сиёсати миллӣ вобаста мебошад. Дурнамои рушди ин равандҳо метавонад дар ду самт идома ёбад: аввал, васеъ гардидани фаъолият ва доираи нуфузи созмонҳои фаромилии террористӣ ба монанди «Ал-қоида» ва ДАИШ метавонад ба густариши бесуботӣ, шиддат гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ, афзоиш ёфтани талафоти ҷонӣ, хароб гардидани иқтисоди миллии кишварҳо ва аз байн рафтани мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва ғ. мусоидат намояд. Дуввум, давлатҳои минтақа дар сурати дастгирии аксарияти аҳолии кишварҳо, ҳамоҳанг намудани фаъолиятҳои сиёсӣ ва низомӣ ва истифодаи кумаки созмонҳо ва иттиҳодияҳои низомӣ-сиёсии байналмилалӣ метавонанд ба муқобили созмонҳо ва ҷараёнҳои тундрав ва террористӣ муборизаи судманд бурда, амният ва суботи минтақаро барқарор намоянд.

 Пайомади манфии густариши фаъолияти созмонҳои тундрав авҷи тамоилҳои миллатгаро дар аксарияти кишварҳои минтақа мебошад. Ба ақидаи аксари олимон ва коршиносон сар задани «баҳори арабӣ» дар Тунис, Либия, Миср, ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Ироқу Сурия, шиддат гирифтани мухолифатҳои мазҳабӣ дар Яман, ки масир ва раванди асосии рушди ҷараёнҳои сиёсиро дар олами ислом ташкил менамоянд, натанҳо заминаи дохилӣ, балки натиҷаи шиддат гирифтани рақобати нав дар байни Шарқ ва Ғарб мебошад. Ин равандҳо бори дигар дуруст будани ақидаи олими намоён, диншиноси машҳур Л.С. Василевро дар бораи нақши ҳалкунанда доштани Шарқ бо мушкилоҳои ҳалнагардида ва ҳалнашавандааш дар муносибатҳои байналмилалӣ собит сохтанд.

Яке аз консепсияи муосири таъсири мутақобилаи ислом ва миллатгароӣ аз тарафи ходими намоёни наҳзати исломии Эрон Оятулло Муртазо Мутаҳҳарӣ пешниҳод гардида буд. М. Мутаҳҳарӣ ғояи миллатгароии эрониро бо ваҳдати исломӣ муттаҳид намуда, мавҷудияти миллати эрониро эътироф намуд. Фаҳмиши миллат аз руйи таълимоти Мутаҳҳарӣ аз чорчӯбаи анъанавии он берун меравад ва ба сатҳи ваҳдати умумииисломӣ ва ҳамрайъии нерӯҳои зиддиғарбии тамоми ҷаҳон мерасад. Ислом, аз нуктаи назари Мутаҳҳарӣ, рисолати таърихӣ ва тамаддунӣ ва қобилияти созандагӣ ва бунёдкории миллати эронӣ коҳиш намедиҳад ва ҳамчун унсури асосии он баромад мекунад.

Дар воқеъ, омили мазҳабӣ ва миллӣ дар муттаҳид намудани аҳолии имрӯзаи Эрон нақши калон мебозанд. Новобаста аз гуногунтаркибии миллии кишвар, бештар аз 99% аҳолии Эрон мусулмон буда, пайравони шиа 90-95% ва суннимазҳабон 5-10%-ро ташкил медиҳанд. Пайравони дини зардуштӣ, яҳудӣ ва насронӣ ҳамагӣ 0, 3% аҳолиро ташкил медиҳанд. Арзишҳои динӣ натанҳо ҷавҳари асосии мансубияти мазҳабӣ, балки рукни асосии анъана, урфу одат, расму ойин, тарзи зиндагӣ ва тафаккури одамонро ташкил медиҳанд, ки барои тақвияти сатҳи ҳуввияти миллии онҳо мусоидат менамоянд. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гарчи миллатгароӣ ҳамчун падидаи фалсафӣ ва сиёсӣ аз ҷониби идеологияи ҳукмрон инкор мегардад, вале дар сатҳи миллӣ-равонӣ дар шакли намунаи иронии шовинизми мазҳабии шиа ба таври густурда таблиғ ва паҳн мешавад.

Муҳити мураккаби табиӣ-ҷуғрофӣ, демографӣ, миллӣ ва фарҳангии Эрон садди роҳи ташаккул ёфтани модели ягонаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ мегардад. Ҳамзамон ин раванд ғояи муттаҳидкунандаи бунёдиро талаб менамояд. Дар замони низоми шоҳӣ асоси муттаҳид намудани ҷомеаи эронӣ ва ташаккул додани миллати воҳидро ғояи эронгароӣ ташкил медод, ки мутобиқи он тамоми халқу миллатҳои кишвар, ба ҷуз аз халқҳои насронимазҳаб, бояд асоси миллати ягонаи эрониро ташкил медоданд. Дар шароити мавҷудияти низоми ҷумҳурии исломӣ ислом ғояи асосии ташаккул додани миллати воҳидро ташкил медиҳад. Мисоли равшани мавзеъгирии нави роҳбарияти олии Эрон ба масъалаи таҳкими ваҳдати миллӣ, даъвати Сайид Алӣ Хаменеӣ барои ташкили «иқтисоди муқовимат» ва ё «иқтисоди ҷиҳодӣ» мебошад, ки моҳияти он аз рушди иқтисодии минтақаҳои сукунати ақаллиятҳои миллӣ мебошад. Аҳамияти муносибати мақомоти олии Эрон ба ин масъала аз он иборат аст, ки таъсири равандҳои демографӣ ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, зарурати ҳамоҳанг намудани сиёсати иқтисодии давлат дар минтақаҳои гуногуни кишвар, боло бурдани иқтидори иқтисодии минтақаҳои сукунат ва сатҳи зиндагии аҳолии ин минтақаҳо, аз ҷумла ақаллиятҳои миллиро ба миён мегузорад.

Вижагии дигари рушди равандҳои этникӣ дар Эрони муосир аз он иборат аст, ки дар байни ақаллиятҳои миллии кишвар ба монанди озарбойҷониҳо, курдҳо ва арабҳо тамоилҳои ҷудоихоҳӣ вусъат мегиранд. Масалан, ба ақидаи И.В. Рижов, дар вилоятҳое, ки озарбойҷониҳо аксариятро ташкил медиҳанд, «ҷунбишҳои эътирозӣ ба вуҷуд омада, созмонҳо ва ҷунбишҳои ғайрирасмӣ ба монанди Ҳаракати эҳёи миллии Озарбойҷони Ҷанубӣ фаъолияти худро густариш медиҳанд». Ҳамзамон вазъияти низоъангези этникӣ дар минтақаҳои Хузистон, Курдистон ва Балуҷистон боқӣ мемонад.Бо боло рафтани ҳузури низомӣ кишварҳои Ғарб ва минтақа, ки юа таври пинҳонӣ ба нерӯҳои мухолиф дар Эрон кумак менамоянд ва бо ин роҳ ба муқобили низоми мавҷудаи ин кишвар мубориза мебаранд. Масалан, созмони террористии «Ҷундулло», қи дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Эрон, дар Балуҷистони Эрон мубориза мебарад, аз тарафи ИМА ва Покистон пуштибонӣ мегардад ва барои амнияти Эрон хатари ҷиддӣ дорад.

Дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ғояи «эронгароӣ»(панэронӣ) дар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ дар муносибат бо Афғонистон ва Тоҷикистон истифода мебарад. Роҳбарияти Эрон натанҳо ба ҷанбаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ, балки ба ваҳдати фарҳангӣ-этникӣ мардумони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд дода, дар ин кишварҳо шабакаи васеи барномаҳои омӯзишӣ ва зерсохторҳои расмиро созмон дода аст ва дар мавриди зарурӣ аз шиорҳо ва ғояҳои эронгароӣ истифода мебарад.

Аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта, бахусус пас аз сар задани низоъи мусаллаҳона дар Афғонистон ду омили асосӣ – омили динӣ-сиёсӣ ва омили миллӣ дар шиддат гирифтани он таъсири калидӣ доштанд: нерӯҳои мухолифи ҳукумати ҲДХА танҳо бар пояи омили динӣ-сиёсӣ тавонистанд чанд иттиҳоди низомӣ-сиёсиро ташкил диҳанд, гарчи дар баъзе минтақаҳои сукунати аққалиятҳои миллӣ – дар Нуристон ва Ҳазораҷот муборизаҳои мусаллаҳона ҷанбаи миллӣ низ доштанд.

Дар тамоми давраи муқовимати ҳаракати муҷоҳиддин ба муқобили низоми коммунистӣ дар Афғонистон омили динӣ-сиёсӣ нақши асосӣ дошт, зеро аз лиҳози ақидавӣ ва бо мақсади ба муборизаи мусаллаҳона ҷалб намудани доираи васеи аҳолӣ, бахусус деҳқонон ва ҷавонон, низоми ҳоким низоми ғайришаръӣ ва кофир, масалан, на марксистӣ ва ё сотсиалистӣ, эълон гардида буд. Ҳамзамон омили динӣ дар муайян намудани моҳияти муборизаи мусаллаҳона ба муқобили ҳузури низомии шуравӣ низ нақши асосӣ дошт, зеро онро ҳамчун ҳузури кофирон ба мардум муаррифӣ намуда буданд.

Сабаби дуввуми истифодаи омили динӣ-сиёсӣ аз тарафи мухолифони низоми коммунистӣ аз он иборат буд, ки танҳо бар асосӣ ғояи динӣ имконияти муттаҳид намудани нерӯҳои бешумори парокандаи низомӣ ва таъмини суботи сиёсӣ ва ташкилӣ дар байни аҳзоби гуногуни мухолиф имконпазир буд. Сабаби сеюми аҳамияти фавқулодда пайдо намудани омили динӣ-сиёсӣ манфиати ҳомиён ва пуштибонони берунии наҳзати мухолифини низоми коммунистӣ, кабл аз ҳама Покистон маҳсуб меёбад, зеро бо истифода аз омили динӣ Покистон имконият пайдо менамуд, ки натанҳо тамоми ҳизб ва наҳзатҳои низомӣ-сиёсии Афғонистонро новобаста аз таркиби миллӣ ва аҳдофи сиёсиашон муттаҳид намояд, балки худро ҳомии ислом муаррифӣ намуда, мавқеи байналмилалии худро дар олами ислом мустаҳкам намояд. Дар баробари ин бо истифода аз омили динӣ дар муайян намудани мавзеъгирии худ дар муносибат бо неруҳои сиёсӣ ва низомии мухолифи ҳукумати Афғонистон, Покистон мақсад дошт шиддати муборизаҳои ҷудоихоҳонаи паштунҳои минтақаҳои сарҳадии шимолу ғарбӣ ва балуҷҳоро заиф созад ва таъсири онҳоро дар ҳаёти сиёсии кишвар коҳиш диҳад.

Такя ба омили динӣ-сиёсӣ дар муттаҳид намудани ҳизбҳо ва ҷунбишҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон аз тарафи Покистон бо манфиатҳои стратегии ИМА дар Шарқи Миёна – гирифтани пеши роҳи густариши нуфузи ИҶШС дар минтақа ва мустаҳкам намудани обруй ва эътибори аз дастрафта пас аз ғалабаи инқилоби исломӣ дар Эрон созгор буд. Аз тарафи дигар бо ин роҳ Покистон ба таъминкунандаи молӣ ва низомии ҷунбишҳо ва аҳзоби сиёсии муҷоҳиддини афғонӣ табдил ёфта, тақсими кумакҳои кишварҳои Ғарб ва давлатҳои исломиро ба дасти худ гирифт.

Пас аз имзои Созишномаи Женева дар соли 1988, аз хоки Афғонистон баровардани низомиёни шӯравӣ, қатъ гардидани кумаки низомии ИҶШС/Россия ба ҳукумати Наҷибулло, аз байн рафтани низоми Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон ва ба сари ҳокимият омадани ҳукумати муҷоҳиддин дар Кобул омили динӣ-сиёсӣ дар муайян намудани рушди равандҳои сиёсӣ-низомӣ дар Афғонистон дигар нақши таъйинкунанда надошт. Сабаби асосӣ аз он иборат буд, ки аҳзоб ва наҳзатҳои пуриқтидори исломии Афғонистон пас аз ташкили ҳукмати муваққатии Сибғатулло Муҷаддадӣ барои расидан ба аҳдофи худ ва пурра ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ манфиатдори нигоҳ доштани ваҳдат ва иттиҳод набуда, ба муборизаи мусаллаҳона ба муқобили якдигар оғоз намуданд. Рақобати шадид барои пурра ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар байни Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр, Ҷамъияти исломии Бурҳониддин Раббонӣ, Ҷунбиши миллии Абдулрашид Дустум, Ҳизби ваҳдати исломӣ ва ғ. оғоз гардид, ки ба марҳилаи нави ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар оварда расонд.

Вижагии хоси ин марҳилаи ҷанги шаҳрвандӣ аз он иборат буд, ки гурӯҳҳои низомӣ-сиёсӣ таҳти шиори ҳимояи манфиатҳои миллӣ муттаҳид гардида, муборизаи мусаллаҳонаро барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи этникӣ идома доданд: аз як тараф роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр кушиш менамуд худро ҳамчун пешвои паштунҳо муаррифӣ намуда, тамоми қувваҳои сиёсӣ ва низомии пуштунгароро ба мубориза ба муқобили ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ сафарбар намояд. Аз тарафи дигар, намояндагони ақаллиятҳои дигари этникӣ, масалан Абдурашид Дустум ва роҳбарияти Ҳизби ваҳдати исломӣ, ки аз узбекҳо, туркманҳо ва ҳазораҳо ҳимоя менамуданд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ба ташкили паймонҳои нави сиёсӣ ва низомӣ, гоҳ бо Ҷамъияти исломии Бурҳониддин Раббонӣ ва гоҳ бо Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр мепайвастанд.

 Рақобати шадиди нерӯҳои сиёсӣ ва низомӣ ва авҷ гирифтани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон, ба саҳнаи муборизаҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона, нерӯи нав – наҳзати Толибонро ба миён овард. Бо дастгирии ҳомиёни хориҷӣ, қабл аз ҳама Покистон, низомҳои мутлақи кишварҳои арабӣ ва доираҳо Ғарб, Толибон дар муддати кӯтоҳ тавонистанд ҳокимияти худро дар бештари ҳудуди кишвар барқарор намуда, ба ташкили Аморати Исломии Афғонистон даст ёбанд.

Пас аз расидан ба сари қудрат Толибон дар амалӣ намудани сиёсати худ аз омили динӣ истифода намуда, бо ташкил намудани Аморати Исломии Афғонистон, мехостанд ҳокимияти худро дар тамоми қаламрави кишвар барқарор намоянд. Фаъолияти ҳизб ва созмонҳое, ки “низоми исломӣ”-и толибониро қабул накарда, ба муқобили онҳо муборизаи мусаллаҳонаро идома доданд, ҳамчун хиёнат ба арзишҳо ва усулҳои “исломи ҳақиқӣ” маънидод мегардид. Зиддият миёни ҷараёнҳои тунрав ва муътадили исломӣ натанҳо ба Афғонистон хос аст, балки дар тамоми кишварҳои исломӣ ҷараёнҳо ва аҳзоби тундрав танҳо бо ин усул муборизаи худро ба муқобили ҳарифони худ асоснок менамоянд.

Дар натиҷаи шиддат гирифтани зиддиятҳои динӣ-этникӣ дар Афғонистон, дар сохтори этникии кишвар низ баъд аз солҳои 80-90-уми асри гузашта тағйиротҳои бунёдӣ ба амал омададанд, аз ҷумла теъдоди паштунҳо дар таркиби аҳолӣ кам гардид. Муҳаққиқи масоили Афғонистони муосир Умар Ниссор дар ин маврид таъкид менамояд: «Дар рафти ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум гурӯҳҳои этникӣ(паштунҳо, тоҷикҳо, узбекҳо, хазораҳо) собит сохтанд, ки бо роҳи мусаллаҳона аз манфиатҳои миллии худ дифоъ намоянд, вале дар баробари ин дар Афғонистони пасотолибонӣ (пас аз соли 2001) нақш ва аҳамияти раванди ҳамрайъии гурӯҳҳои этникӣ бар асоси решаҳои умумиэтникӣ вусъат мегирад».

Вижагии асосии равандҳои этникии Афғонистони муосир аз он иборат аст, ки дар ҳаёти иҷтимоии аксарияти халқҳои кишвар, ба ғайр аз тоҷикон, арзишҳо ва муносибатҳои қабилавӣ ҳанӯз ҳам аҳамияти хос доранд. Дар натиҷа дар муайян кардани мавзеъгирии сиёсӣ, масъалаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангӣ нақши робитаҳои хешутаборӣ, пешвоёни қабилавӣ ва мазҳабӣ, дастаҳои мусаллаҳи қабилавӣ ва моликияти умумиқабилавӣ, бахусус дар минтақаи сукунати қавму қабилаҳо, нақши калидӣ мебозанд. Ба ақидаи Ю.П. Лалетин чунин вазъият «ба ҳаёти сиёсии кишвар таъсири амиқ мегузорад ва дар он инъикос мегардад, ки ба сардори давлат ҳамчун ба сардори қабила муносибат менамоянд. Авлод ва аъзоёни он ҳастаи асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд, ки бар асоси он нухбагони сиёсии тарафдор ва мухолифи давлат ташаккул ёбанд. Чунин вазъияти иҷтимоӣ дар ҳолатҳои зиёд сарчашмаи нооромии иҷтимоӣ гардида, заминаи мухолифатҳоро дар минтақаҳои сарҳадӣ, дар мадди аввал дар марз бо Покистон, ба вуҷуд меорад».

Ҳамин тариқ, метавон таъкид намуд, ки шароити рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ моҳияти сохторҳо ва арзишҳои бунёдии ҷомеаи анъанавии Шарқ тағйир меёбад. Агар дар нимаи дуввуми асри ХХ дар ҷаҳони ислом, бахусус дар дунёи араб ғояҳои миллатгароӣ ва сотсиалистӣ таҳкурсии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаро ташкил дода бошанд, дар ибтидои асри XX масъалаҳои фарҳанг, мазҳаб ва забон аҳамияти хос касб намуданд. Ба ақидаи В. Н. Москаленко дар ҷаҳони имрӯза мустаҳкам гардидани мавқеи ислом сабабгори ба вуҷуд омадани ҷунбишҳои тундгаро, боло рафтани сатҳи ифротгароӣ, истифодаи усул, чораҳо ва роҳҳои қатъӣ бо мақсади барпо намудани «давлати ҳақиқии исломӣ» ва аз байн бурдани душманони ислом гардида аст. Ғалабаи инқилоби исломӣ дар Эрон, идомаи тӯлонии ҷиҳоди Афғонистон, шиддат гирифтани рақобат байни Покистон ва Ҳиндустон, фаъолияти густардаи ДАИШ дар Ироқу Сурия ва сар задани «баҳори арабӣ» аз боло рафтани таъсири омили исломӣ дар ҳаёти кишварҳои олами ислом ва муносибатҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Боло рафтани таъсири омили мазҳабӣ дар ҳаёти сиёсии Покистон дар марҳилаи кунунӣ бештар эҳсос мегардад. Дар давраи ҳузури низомии шӯравӣ, шиддат гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ, мавҷудияти низоми Толибон ва ҳузури эътилофи зиддитеррористии кишварҳои Ғарб дар Афғонистон теъдоди созмонҳо ва ҷараёнҳои террористӣ ва ифротӣ дар Покистон хеле боло рафта, робитаи онҳо бо чунин созмонҳо дар Кашмир ва Афғонистон қавӣ гардид. Имрӯз дар Покистон баҳс дар бораи афзалияти ислом ва ё миллатгароӣ намеравад, балки таваҷҷуҳи асосӣ ба нақши исломгароии муътадил ва тунгаро дар ҳаёти сиёсии кишвар дода мешавад. Рақобати минбаъдаи ин ду ҷараён дар оянда ба рушди равандҳои дохилии кишвар вобаста аст, вале ҳамзамон дар шиддат гирифтани ин рақобат, омили беруна, бахусус дахолати кишварҳои хориҷа таъсири калон дорад.

Ин дар ҳоле идома дорад, ки зиддият байни ду равияи асосии ислом суннӣ ва шиа, аз як тараф моҳияти равандҳои сиёсии кишварро муайян менамоянд, аз тарафи дигар омили асосии низоъангез ба ҳисоб меравад, зеро мухолифат байни созмонҳо ва ҷараёнҳои суннимазҳаб ва шиамазҳаб тадриҷан шиддат мегирад. Ба ақидаи олими рус О.П. Черкизова дар шиддат гирифтани рақобати мазҳабӣ дар Покистон омили хориҷӣ – шиддат гирифтани рақобат миёни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи минтақа таъсири манфӣ мерасонад.

Дар марҳилаи муосири рушди равандҳои байналмилалӣ дар Шарқи Наздик метавон ба осонӣ мушоҳида намуд, ки муносибатҳои Туркия бо кишварҳои минтақа – Сурия, Ироқ, Эрон, Исроил ва Миср мураккаб гардида аст. Сабаби асосии ба вуҷуд омадани ин вазъият аз он иборат аст, ки Туркия аз мавқеи қудрати минтақавӣ баромад намуда, дар ин самт сиёсати фаъоли тавсеаталабонаро ба амал мебарорад. Ҳукумати Эрдӯғон сарнагун намудани низоми Муҳаммад Мурсиро аз тарафи низомиёни Миср маҳкум намуда, аз шарикони худ талаб намуд, ки ҳукумати Сисиро таҳти фишор қарор диҳанд. Аз нимаи дуввуми соли 2011, пас аз шиддат гирифтани вазъият ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия аз нерӯҳои мухолифи низоми Башор Асад пуштибонӣ намуда, ба онҳо кӯмаки васеи моддӣ ва низомӣ мерасонад.

Роҳбарияти Туркия дар сиёсати хориҷии худ дар минтақа аз шиорҳои мазҳабӣ ва миллатгароӣ истифода намуда, ҳамзамон барои шомил гардидан ба Иттиҳоди Аврупо талоши зиёд менамояд. Яке аз мушкилоти асосии ворид гардидани Туркия ба сафи кишварҳои Аврупо зарурати тағйири қонунгузорӣ дар масъалаи ҳимояи манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ мебошад. Иттиҳоди Аврупо бо Туркия дар ҳалли қазияи курдҳо мухолифати ҷиддӣ дорад: мутобиқи қонунгузории Туркия курдҳо ҳамчун ақаллияти миллӣ шинохта намешаванд. Аврупо аз Анқара тақозо менамояд, ки масъалаи курдҳо ҳам аз ҷанбаи миллӣ ва ҳам аз мавқеи ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон баррасӣ ва ҳал гардад. Дар баробари қазияи курдҳо Иттиҳоди Аврупо дар гузориши худ аз натиҷаҳои муносибатҳо бо Туркия дар соли 2014 аз ин кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти ибодатгоҳи алавимазҳабон – ҷамоатҳоро расман эътироф намуда, садди роҳи онҳо нагардад. Ба ҳамаи мушкилоти муносибатҳо байни Иттиҳоди Афрупо ва Туркия нигоҳ накарда, дар шароити авҷ гирифтани мухолифатҳои мазҳабӣ дар Сурия ва Ироқ, Туркия метавонад такягоҳи кишварҳои Ғарб дар минтақа ва мубориза ба муқобили аҳзоб ва ҷунбишҳои тундрав дар Шарқи Наздик бошад.

Ҳамин тариқ, рушди равандҳои сиёсӣ дар аксарияти кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар ду даҳаи охир аз боло рафтани нақши омили динӣ-сиёсӣ дар ҳаёти дохилии кишварҳо ва минтақа шаҳодат медиҳанд, ки натанҳо сабабгори шиддат гирифтани зиддият дар байни кишварҳои минтақа гардида аст, балки заминаро барои дахолати густурдаи низомии кишварҳои тараққикарда ва иттиҳодҳои низомӣ-сиёси байналмилалӣ фароҳам оварда, боиси ба сатҳи нав боло рафтани рақобат байни онҳо, бесуботӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон гардида аст.

Раҳматулло Абдуллоев,

ходими калони илмии Шуъбаи Эрон ва Афғонистони

Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва

мероси хаттии ба номи Рӯдакии

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз "Миллат" №№18 ,19 аз майи соли 2016

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97