Каримов. Ӯ бар намегардад

Сиёсат 09.09.2016 12:57

Аз соли 1997 то кунун ҳадди ақал 10 бор овозаи марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон оламгир шудааст. Вале ҳар бор ӯ зинда бар мегашт ва ба сиёсати саркӯбгаронаи худ идома медод.

 Гоҳ дар оғӯши Ғарб, гоҳ дар оғӯши Кремл

Ӯ борҳо мавқеъи худро дар сиёсат тағйир дода, аз канори Русия худро ба Ғарб ва аз он ҷо дубора ба оғӯши Кремл зада аст. Ислом Каримов ҳамчунон бо изҳори назар ва мавқеъгириҳои зиду нақизи худ аз ибтидои пошхӯрии Шӯравӣ машҳур шуда буд. Ӯ моҳирона талош намуд мавқеъи Узбакистонро дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ ҳамвор ва устувор кунад. Агарчанд на ҳамеша муваффақ шудааст. Ба ин далел буд, ки дар моварои сиёсатҳои Русия ва Ғарб бозӣ мекард ва на ҳамеша поёни бозӣ ба нафъи ӯ буда. 

Лақаби «Рӯбоҳи пир»

Нахустин бозии амалӣ ва бузургеро, ки ӯ дар саҳнаи байналмилалӣ оғоз кард, кумак ба генерали узбактабори Афғонистон Дустум буд, дар ҳавои ин пуштибонии Каримов Дустум чанд вилоятро амалан аз назорати ҳукумати Кобул хориҷ карда буд ва ҳатто пули хоси худашро вориди бозор сохта буд. Ин кор ҳукумати муҷоҳиддинро дар Кобул амалан заъиф ва чандпорча карда буд. Вале поёни ин бозӣ ба нафъи Каримов рақам нахурд. Зеро онҳо Дустумро бештар аз тавонаш баҳо дода ва дарёфта буданд. Вале дар пайи ин мудохилаҳо ин лақаб дар ҷомеъаи Афғонистон ба исми Каримов илқо шуд: «Рӯбоҳи пир». Ин лақабро ба ӯ Абдурасули Сайёф, муовини Устод Раббонӣ дар раёсати ҷумҳурии Афғонистон дода буд. Шояд ин дархуртарин лақабест, ки ба ҷои ҳамаи муфассирон ва таҳлилгарон профессор Сайёф ба Каримов дода буд.

 Орзуе, ки онро бо худ хоҳад бурд

Каримов на танҳо ки дар иҷрои бисёре барномаҳояш ноком шуд, балки акнун ҳар чи ҳам бошад, муҳимтарин ва баландпарвозонатарин орзуи худ, Ҳокими Осиёи Марказӣ шуданро ҳам акнун бо худ хоҳад бурд. Қотеъона мешавад инро гуфт.

Дуруст аст, ки бо вуҷуди ҳазорон хабари расонаҳо дар бораи марги Ислом Каримов изҳори назари расмие вуҷуд надорад ва маргу зиндагии ӯ тайид нашудааст. Вале боз ҳам ҳар чӣ бошад, яъне Агар фарз бар ин бошад, ки ӯ зинда аст ҳам, як ҳақиқат возеҳ аст: Ӯ дигар раиси ҷумҳури Узбакистон нест ва нахоҳад буд. Як мӯйсафеди 79 сола наметавонад баъди мувоҷеҳи ҳамлаи мағзӣ шудан, агар зинда ҳам бимонад, коре анҷом диҳад. Ин нуктаи бебаҳс аст.

 Ҳамсояи нохушбин

Ислом Каримов дар соли 1998 гуфта буд, ки дар шарёни ӯ хуни ду миллат; тоҷик ва узбак ҷорист. Шояд. Вале зарбаро ба миллати тоҷик ва Тоҷикистон задааст. Аввал ин ки дар қаламрави Узбакистон мактаби тоҷикӣ ва муҳити тоҷикӣ ба суръат кам ва дар баста шуд.

Дигар ин ки дар ибтидои истиқлоли Тоҷикистон ба ҷои кумак, пуштибонӣ ва маслиҳат додан ба ҳукумати навпои Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳмон Набиев, дар хусумат ба ин ҳукумат қарор гирифт. Баъдтар, дар ҷараёни даргириҳои Точикистон яке аз тарафҳои ҷанги дохилиро кумак кард. Яъне дар ҷанг тараф воқеъ шуд. Ва шахсан дар ҷаласаи Алмаатои сарони ИДМ (СНГ) мухолифи ба Тоҷикистон тааллуқ гирифтани пойгоҳи 201 –и боқимонда аз Артиши Шӯравӣ баромад намуд. Ислом Каримов на танҳо Ҳукумати мусолиҳаи миллиро, ки намояндагони исломгаро дар он даст доштанд, қабул надошт, балки пеш аз он ҳам худи раҳбарии Раҳмон Набиевро низ хуш надошт ва Набиев ин нуктаро худаш ҳам борҳо дар суҳбатҳо гуфта ва сабти таърих шудааст. Ва на танҳо ин, балки Каримов ҳукумати имрӯзии Тоҷикистонро ҳам барои худ муносиб намедонад. Агар медонад, пас чаро, роҳҳояшро бастааст?

Масъала дигар аст. Дар соли 1992 Ислом Каримов худро но ба ҳақ ба ин қаноъат расонида буд, дасти Русия барои ҳамеша дар минтақа кутоҳ шуда ва бояд идораи Осиёи Марказиро ба дасти худ бигирад ва ҳамаи ҳокимони дигари ин қаламрав пеши ӯ таъзим баранд. Ба ин манзур буд, ки талош мекард, ашхоси мавриди назари худро ба ҳарики қудрат дар пойтахтҳои минтақа савор кунад. То ки дар соли 1994 Русия дасти Каримовро дар умури Тоҷикистон кӯтоҳ кард ва сараш ба девор хурд. Аз ҳамон таърих ба баъд равиши сиёсати Ислом Каримов ба Тоҷикистон тағйир кард, вале навъи нигоҳи сиёсияш, яъне ҳадафаш бетағйир боқӣ монд. Яъне навъи нигоҳи ҳукумат ба Осиёи Марказӣ.

Дар соли 1997 гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев аз қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон ворид шуданд ва чандин маркази муҳимро забт намуданд. То ин ки саркӯб шуданд. Ҳамон замон буд, ки Каримов гуфт, душмание ба мардуми тоҷик надорад ва дар рагҳояш хуни ду миллат ҷорист. Вале баъид аст, ки ӯ аз нақшаи ин гуруҳҳо барои ҳамла ба Тоҷикистон бехабар монда бошад. Ҳанӯз ҳам мухолифони мусаллаҳи давлати Тоҷикистон, аз ҷумла Маҳмуд Худойбердиев ва наздиконаш дар Узбакистон паноҳ бурдаанд.

Дар соли 2009-2010 роҳи оҳани Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон маҳдуд шуд ва боз ҳам бисёр шубҳаовар аст, ки бидуни мувофиқаи шахси Каримов сурат гирифта бошад. Роҳи Амузгон-Қурғонтеппа бошад, комилан қатъ ва оҳанроҳҳои он дур андохта шуданд.

Бунёди сохтмони Роғун соли 2004 аз сар гирифта шуд. Аммо ба далели мухолифтаи Узбакистон ба роҳбарии Каримов ба дарозо кашид. Ҳоло ҳам анҷом нашудааст. (Умри Каримов дароз бод, то чанд моҳи дигар бастани маҷрои обро бубинад.)

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки Ислом Каримов як тӯли умреро, ки худованд барои бандааш арзонӣ медорад, дар ду марҳилаи таърихӣ, ба ду ҳадаф пушти сар гузаронид. Яке хидмат ба низомӣ коммунистӣ, ки ӯро парварда буд ва дигаре дар марҳилаи истиқлол, ки ҳадяи худоӣ барои ӯ буд, ва иштиҳои ӯро афзуд ва орзуи ҳукумат ба Осиёи миёнаро бар сари ӯ андохт. Вале ҳаргиз ин орзуяшро ҷомаи амал напӯшонид!

 Сиёсати Узбакистон тағйир намекунад

Ҳоло ҳар касе сари қудтар биёяд, сиёсати Узбакистон ба таври усулӣ тағйир нахоҳад кард. Хоса дар мавриди Тоҷикистон. Зеро мавқеъи Ислом Каримов дар нисбати барномаҳои Тоҷикистон як мавқеъи сиёсати усулии он кишвар дар баробари Тоҷикистон буд ва маҳз дар чунин сиёсат манофеи миллии Узбакистонро медиданд.

Тағйир фақат дар як маврид имкон дорад, ки агар шахсе, ки ба қудтар менишинад, то чӣ андоза диди мутафовиттаре ба ояндаи минтақа ва ҳамгироии минтақаӣ дорад. Вале агар касе ба ҷои Каримов такя бизанад, ки боз ҳам худашро мисли Каримов нофи Осиёи миёна бидонад, вазъият идома хоҳад кард. Ба гумони ғолиб ҷойнишини Каримов шахси Кремлнигар хоҳад буд. Ва бадтар он ҳолат хоҳад буд, ки агар Кремл розӣ шавад, ки идораи Осиёи миёнаро бар ивази моил будани ҷойнишини Каримов ба Кремл ба ихтиёри ӯ вогузор кунад.

Вале ин ҷойнишин ҳар касе ҳаст, вале ҳаргиз дигар Ислом Каримов нахоҳад буд, зеро Каримов такрор намешавад, ва набояд бишавад…

 Сабақи таърих

Аммо сарнавишти ӯ бояд барои дигар ҳамтоёнаш сабақи таърих бошад, ки бо вуҷуди бозуи оҳанин ва даъвои ҳукумат ба як минтақаи бузург, ҳамчунон бо чунин нотавонӣ дар охирин лаҳзаҳо рӯбарӯ шуда ва бо вуҷуди азиз будан, шахс чи гуна залил ҳам мешавад. Шоҳ сакарот, наздиктарин шахсони ӯ дар ғами тақсими қудрат. Худоё аз чунин марг ва аз чунин рӯзе нигаҳ дор!

Аз ин ҷост, бояд ҳамеша ба ин андешид, ки поёни кор чӣ хоҳад шуд:

Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,

Чӣ бар тахт мурдан, чӣ бар рӯи хок!

 

Адолати Мирзо

Бознашр аз ҳафтаномаи «Миллат» №33 аз 31.08.2016

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97