Нишасти хабарӣ: Милисаи огоҳ гарави ҷомеъаи босубот

Сиёсат 01.08.2016 14:12

Генерал Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилаи кишвар дар нишасти хабарии давраии ин ниҳод, ки рӯзи 22 июл дар шаҳри Душанбе доир шуд, дар посух ба суоли хабарнигори «Миллат» дар мавриди поксозии ниҳодҳои милитсия аз ашхоси тасодуфӣ ва ғайриҳирфаӣ гуфт, тамоми он кормандоне, ки зимни фаъолияти касбии хеш ба камбуд роҳ медиҳанд, муҷозот ва дар ҳолати зарурӣ аз кор барканор мешаванд.

 Ҳамчунин хабарнигори «Миллат» ба вазир гӯшзад кард, ки кормандони милитсия дар гузашта аз афроди огоҳ ва бо зарфият ташкил мешуд, ба хусус мутолиаи китоб ва рӯзномаву маҷалла аз бартариятҳои як корманди ҳирфаии ин ниҳод дар гузаштаи начандон дур будааст.

Рамазон Раҳимзода, дар мавриди ин ки яке аз сабабҳои сар задани нобасомониҳои солҳои навад бесалоҳиятии кормандони интизомӣ, ба хусус милитсия буд, гуфт, воқеан, ин давра сабақи талхе барои кишвар буд ва имрӯз барои омӯзиши кормандони умури дохилӣ ва такмили ихтисоси онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, шароит фароҳам оварда шудааст. Ба гуфтаи вазири умури дохилаи кишвар, ба кор пазируфтан дар ин ниҳод тариқи озмун сурат мегирад ва кӯшиш мешавад, то афроди огоҳ ва шоиста ба кор ҷалб бишаванд.

Рамазон Раҳимзода эътироф кард, ки он ҷое кор аст, камбудӣ низ ҳаст ва масъулини ин ниҳод дар пайи ислоҳи ин камбудҳо ҳастанд.

Вазири корҳои дохилаи кишвар ҳамчунин гуфт, ки дари ниҳодаш на танҳо барои хабарнигорон, балки барои тамоми мардуми кишвар боз аст ва ҳар корафтода метавонад бевосита тавассути телефони боварӣ арзи худро ба масъулини Вазорат бирасонад.

Рамазон Раҳимзода таъкид дошт, шояд хонаводе набошад, ки узве аз он ё таборе аз онҳо дар сафи милитсия кор накунад. Ӯ афзуд: «Аз ин рӯ, ман ҳамеша ба кормандони ниҳоди таҳти назарам мегӯям, ки ба мардум ҳамчун ба наздикони худ муносибат дошта бошед.»

Дар ин нишасти хабарӣ, Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилаи кишвар аз натиҷаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 гузориш кард.

Бештари суолоти ин нишаст роҷеъ ба касбияти кормандони умури дохила, фаъолияти Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар», афзоиши садамаҳои нақлиётӣ, тамбашавии роҳҳо дар хиёбонҳои пойтахт, бенизомӣ дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва гузоштани мошинҳо дар ҷойҳои мамнуъ, муоширати нозирони бозрасии давлатии автомобилӣ бо ронандагон, ҳамкориҳои мутақобилаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, гаравиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, киберҷиноятҳо, ҷиноятҳои ахлоқӣ ва ғайра буд.

Дар маҷмуъ, дар ин нишаст рӯзноманигорон аз дастрас будани ахбори ниҳодҳои ВКД изҳори қаноатмандӣ карданд.

Вазир ҳамчунин таъкид кард, ки ба суолоти боқӣ бо сабаби маҳдудияти вақт тавассути Маркази матбуотии ниҳодаш посух хоҳад гуфт. Ёдовар мешавем, ки дар ин миён як суоли хабарнигори «Миллат» низ бепосух монд: «Китоби рӯйимизии Вазир кадом аст?»

 Дар поёни нишаст, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро саҳми пураҳамияти рӯзноманигоронро барои ислоҳи камбуд ва мушкилоти ҷойдошта дар ҷомеъа таъкид кард ва гуфт, ки минбаъд низ робитаи милитсия бо ҷомеа бештар тақвият хоҳад ёфт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97