"Ман меравам, шумо пушаймон мешавед"

Сиёсат 17.06.2016 12:35

Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,

Чӣ бар тахт мурдан, чӣ бар рӯи хок.

 

Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин Президенти Тоҷикистон дар синни 84 солагӣ дунёро падруд гуфт.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ӯ пас аз се моҳи бистарӣ будан дар бемористони Қарияи боло ба хона русхат шудаву рӯзи 8 июн ҷон ба ҳақ супурдааст.

Қарор аст, маросими ҷанозаи ӯ, имрӯз, 9 июн дар шаҳри Душанбе барпо шавад. Бино ба васияти марҳум наздиконаш тасмим доранд ӯро дар паҳлӯи ҳамсараш Гавҳарбону, дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок бисупоранд.

Қаҳҳор Маҳкамов соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, фаъолияти кориашро ба ҳайси муҳандис дар кони ангишти Шӯроб шурӯъ кардааст. Аз соли 1982 то 1986 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Бо сари кор омадани Михаил Горбачев дар соли 1985 ва барканории Раҳмон Набиев аз мақоми котиби аввали Кумитаи марказии Хизби коммунист ба ин симат таъин шуд. Соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва дар поёни ҳамон сол дар иҷлосияи порлумон ё Шӯрои олӣ нахустин Президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Қаҳҳор Маҳкамов аз кӯшиши табадуллоти давлатӣ ё ГКЧП дар 19 августи соли 1991 ҳимоят кард. Рӯзи 28 августи соли 1991, баъди нокомии ГКЧП Қаҳҳор Маҳкамов низ таҳти фишори эътирозгароне, ки дар майдони марказии Душанбе барои 3 рӯз хайма заданд, истеъфо дод. Маҳкамов тасмими истеъфояшро на танҳо таҳти фишори эътирозагарон гирифт, балки ӯ вақте ба тақдир тан дод, ки чанде аз ҳамсафон ва ҳамшаҳриёнаш ӯро ба истилоҳ танҳо гузоштанд, умеди ҳифзи қудратро аз даст дод ва истеъфояшро эълон намуд. Аз ҷумла Ҷӯрабек Муродов ва Шуҳрат Султонов аз пешоҳангони фишор ба Маҳкамов буданд. Ин ҷумлаи Ҷӯрабек Муродов низ сабти таърих шудааст, ки хитоб ба Маҳкамов гуфт, «Як бор мард шавед!»

Дар моҳи ноябри ҳамон сол Раҳмон Набиев Президенти Тоҷикистон интихоб шуд, вале ӯ ҳам дар тирамоҳи соли 1992 истеъфо дод.

Қаҳҳор Маҳкамов баъди истеъфояш аз ҳаёти сиёсӣ канор рафт ва аз сӯҳбат бо матбуот низ дурӣ меҷуст. Аз соли 1999 ба унвони раиси ҷумҳури собиқ узви умрбоди Маҷлиси миллӣ палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд.

Қаҳҳор Маҳкамов қабл аз ин дар моҳи феврали соли 1990 низ бар асоси тавофуқи миёни тазоҳургарон ва ҳукумат ҳамроҳ бо Ғ, Палаев, раиси Президуми ШО, И. Ҳаёев, раиси Шӯрои вазирон низ истеъфояшро эълон намуда буд, аммо баъдан аз раъйи худ гашт ва ба ҳукумати худ, 1 солу 6 моҳи дигар идома дод. Вале билохира сарнавишти сиёсии ӯ ба ҳамин вожаи истеъфо рақам хурда будааст ва дар 28 август бори дигар истеъфояшро эълон кард ва ин навбат бидуни бозгашт.

Ӯ дар 28 августи соли 1991 қабл аз эълони истеъфояш, ин ҷумларо баён намуд ва толори маҷлиси Шӯрои олиро тарк намуд: «Ман меравам, вале шумо пушаймон мешавед». Маҳкамов бо ин ҷумла саҳнаро тарк кард ва дигар ба сиёсати калон бар нагашт ва акнун саҳнаи зиндагиро падруд гуфт. То кунун фаъолияти сиёсӣ ва идораи ҳукумат тавассути Қаҳҳор Маҳкамов дар мушкилтарин марҳилаи умри Шӯравӣ баҳои сиёсӣ ва таърихӣ нагирифтааст.

 

Идораи нашрияи «Миллат» даргузашти Қаҳҳор Маҳкамовро барои наздикони ишон таслият арз медорад.

Бознашр аз Миллат №22 аз 08.06.2016

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97