Хоби парешони Ислом Каримов осуда шуд

Сиёсат 07.05.2016 12:36

Ё охирин сафари ӯ ба Маскав

Аз суханони берабт ва вазъи парешони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон

дар мулоқоти ӯ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия чунин ба назар мерасад, ки

(Худо донотар аст) ин охирин сафари Каримов ба Маскав бошад.

Владимир Путин бо Ислом Каримов рӯзи 26 апрел дар Кремл мулоқот кард. Ва ин дувумин дидори Путин ва Кари­мов дар ҷараёни сафари дурӯзаи раиси ҷумҳури Узбакистон ба Русия буд.

Қабл аз ин, шоми 25 апрел В. Путин ва И. Каримов дар шароити ғайрирасмӣ тӯли се соат дар масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақа гуфтугӯ карданд.

Владимир Путин дар оғози мулоқот аз афзудани содироти маҳсулоти ки­шоварзии Узбакистон ба Русия сито­иш карда гуфт: “Воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Узбакистон дар маҷмӯъ 10 дарсад боло рафт. Воридоти ангур 20 маротиба ва воридоти меваҳои ситрусӣ 54 маротиба афзоиш ёфтааст.”

Ислом Каримов зимни ин суҳбат аз мулоқоти шоми гузашта бо Путин изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, он агар имрӯз не, пас фардо ҳатман самар хоҳад дод.

Вай бо гилоя ба масоили равобити дуҷонибаи Узбакистону Русия дахл кар­да гуфт, ки «дар Маскаву Питер фаромӯш кардаанд, ки беҳтарин меваву сабзавот дар Узбакистон аст. Баъзе ҳамсояҳои мо баъзан дар бозор мегӯянд, “бигиред, ин меваҳои хуб аз Узбакистонанд.” Ҳарчанд ин меваҳо ба Узбакистон рабт надоранд. Вале реклама реклама аст ва реклама худ баёнгари хеле чизҳост.”

Аммо расонаҳои русӣ дар посух ба ин ишораи Каримов навиштаанд, ки барои касе ниҳон нест, ки заминҳои кишоварзии Узбакистон ба камбуди об дучор аст ва ба обёрии бештар ниёз доранд ва аз ин сабаб кишоварзони ин кишвар бештар барои гирифтани ҳосил аз маводи кимиёӣ истифода ме­кунанд, ки бар сиҳати инсон зараровар мебошад.

Ба навиштаи ин расонаҳо, аммо Ислом Каримов дар ин мулоқот ба мавзуъи субот ва амният дар Осиёи Марказӣ бештар таъкид дошт: “Ҷанг дар Афғонистон ҳеч тамом намешавад ва ҳеч рӯшноие дар поёни ин нақб намудор нест. Кӯшишҳои муайяне барои бидуни ширкати Русия ҳал кардани масъалаи Афғонистон вуҷуд доранд. Ба ақидаи ман, ин усулан хатост. “

Раиси ҷумҳури Узбакистон ҳамчунин дар Осиёи Марказӣ манфиат дошта­ни Русияро эътироф кард ва гуфт, “ҷуғрофиёро касе фаромӯш накарда­аст ва ҳама медонад, ки Осиёи Миёна дар тӯли асрҳо бо Русия робита дошт. Ва мо таваҷҷӯҳ ва манфиатҳои Русия дар Осиёи Марказиро эҳсос мекунем. Ва мо бо ин нафақат розием, балки инро зарур мешуморем. Ва агар касе инро дарк намекунад, фикр мекунам, бо гузашти вақт ба дарки ҳам ин ва ҳам воқеъиятҳои дигари дунё хоҳад расид. Ин воқеъиятҳоро бояд эътироф кард. Агар эътироф ҳам накунед, ин воқеъиятҳо худ шуморо дарёб ва ги­рифтор мекунанд.”

Дар поёни ин мулоқот байни Русияву Узбакистон чанд санади ҳамкорӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи содироти маҳсулоти низомӣ ба кишварҳои сеюм, созишномаи ҳамкории вазоратҳои хориҷаи ду кишвар барои солҳои 2016-2017, созишномаҳои ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ барои солҳои 2016-2018, созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи ба номи Баумани Маскав ва донишкадаи муҳандисони роҳи оҳани Тошканд имзо шуд.

Ислом Каримов рӯзи 25 апрел бо сафари расмии дурӯза вориди Маскав шуд. Қабл аз сафари Каримов гуфта мешуд, ки як ҳадафи асосии ӯ дарёфти силоҳҳои русӣ барои навсозии нируҳои мусаллаҳи кишвараш аст. Сергей Стор­чак, муовини вазири молияи Русия дар ин бора ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар ин маврид тавофуқоти пешакӣ низ ҳосил шудааст.

Зимнан, дар остонаи сафари расмии Каримов ба Маскав, Русия ҳамчунин 865 миллион доллар қарзи Узбакистонро бекор кард.

 P.S.:

Ислом Каримов, ки беҳолу бемадор дар дурбини телевизиони Русия зоҳир шуд, ба таври аҷибу ғарибе роҳ мерафт. Телевизиони Русия танҳо суханони фи­шурдаи ӯро ба маърази тамошо гузошт. Зимни мулоқот бо ҳамтои руси худ ӯ дар мавриди ҳамкориҳои кишвараш бо Русия дар заминаи содироти мева ва хушкмева гуфт: «На дар Маскав меваи ангур мешавад ва на дар Питер…» Дар баробари ин ҳолати ҳамтои узбакаш аз хандаҳои Владимир Путин бармео­мад, ки ӯ на бо он Ислом Каримове, ки дар нишастҳои гуногуни минтақаӣ ва кишварҳои ИДМ бовиқор суҳбат мекар­ду гоҳе ҳам дасташро мушт карда ҳарфи худро ҳақ мешумурд, суҳбат дорад, бал­ки бо як пири содае, ки аввали ҳарф аз пешаш рафта ва суханони берабте бар ҳаво партоб мекунад.

Ба навиштаи расонаҳои Русия меҳвари гуфугӯи Ислом Каримов бо Владимир Путин, асосан сари масоили амниятӣ дар марз бо Афғонистон ва со­дироти меваи Узбакистон будааст.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ Ислом Каримов дар ҳузури хабарнигорони бешумор, бидуни ҳеч таҳаммуле ва бе­парда дар бораи гуфтугузори худ (инро расонаҳои русӣ танзомез «монолог» унвон кардаанд) бо Владимир Путин ба ҳангоми хӯроки шом, ки се соат идома кардааст, ба таври бесобиқа пурҳарфӣ карда. Ислом Каримов гуфтааст, ки аслан зимоми суҳбат дар дасти ӯ буда ва ҳамтои русаш танҳо аз гуфтаҳои ӯ хулоса мекардааст. Раиси ҷумҳури Узба­кистон гуфтааст, ки ончиро ки бояд ме­гуфт ва дигарон аз гуфтани он худдорӣ мекунанд ба Владимир Путин баён кардааст ва пас аз ин изҳори дардҳо бори душ холӣ кардааст.

Ислом Каримов ба Владимир Путин гуфтааст, ки бархе фикр мекунанд, ки ҳалли қазияи Афғонистон бидуни маслиҳати Русия низ мумкин аст, дар ҳоле ки Каримов инро ғайримумкин медонад. Ε аз Маскав даъват кардааст, ки набояд ба қазияи Афғонистон аз дур истода назорат кард, балки бояд «ШОС» зимоми вазъиятро дар ин гӯшаи нооро­ми минтақа бар дӯш бигирад ва вориди амал бишавад.

Ҳамчунин расонаҳои Русия навишта­анд, ки Каримов гуфтааст, шабҳо фикр мекард ва хобаш намебурду азияташ медод, ҳоло ки бо Владимир Путин би­дуни парда дар бораи ҳар он чӣ хоби Каримовро парешон карда буд, суҳбат кард, худро сабук эҳсос мекунад.

Аз хулосаи расонаҳои русӣ бармео­яд, ки Ислом Каримов, ки бо нозҳои пай­вастаи худ шарикони муваққатиашро бозӣ медод, барои рози дил кардан ба назди ёри дерин Русия баргаштаву омурзиши гуноҳ мекунад.

«Яблоко от яблони далеко не пада­ет». Каримов парвардаи «детдом»-и Шӯравӣ ва русӣ буд ва нишон медиҳад, ки ба ҳамон асли худ бар мегардад. Ҳам Путин ва ҳам Каримов аз дидору мулоқот қаноъатманд ба назар ме­расиданд. Путин аз Каримов ситоиш кард ва Узбакистонро муҳимтарин ва боэътимодтарин (подлинный) шарики Русия унвон кард. Ин таърифҳо барои дилбардории пири коркушта нест, ин посухи додаҳост. Ҳоло касе намедо­над, Каримов бо Путин чиро муомила карданд. Наздики як миллиард доллар қарзи Узбакистон аз Русия бахшида шуд, ин хабар барои расонаҳо буд, барои мардум. Гапи аслӣ мутмаинан чизе дигар аст, ки бояд интизор шуд ва дид. Аммо дар ҳар ҳолат Каримов бо вуҷуди ҳувайдо будани куҳуллати син ва парешонӣ дар чеҳра ва равонаш, боз ҳам ҳушмандӣ ва ҳадафмандии худро ҳифз кард. Мутмаинан хостаҳои ӯ низ аз ҷониби Путин бояд қаноъат дода шуда бошад. Мушаххасоти ин хостаҳо маълум нест, ки чӣ бошад, аммо ин аниқ аст, ки мутмаинан сухан аз манофеъи миллии кишвараш Узбакистон ва миллаташ аст.

«Миллат»

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97