Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Бозгашти Ҳикматулло Насриддинов ба сиёсати калон

Сиёсат 02.05.2016 09:36

Ӯ президенти Тоҷикистонро ба ҷоизаи сулҳи Нобел сазовор медонад

 Ҳикматулло Насриддинов, собиқ арбоби сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, пешниҳод кардааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шавад.

Ба гуфтаи Ҳикматулло Насриддинов, ин пешниҳодро метавон тавассути порлумони Тоҷикистон бо мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони ҳукумат расман ба унвони мақомоти ҷоизаи Нобел ирсол кард.

Ин манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хатари аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекард, роҳбарии Тоҷикистонро ба дӯш гирифт. Вай дар мусоҳиба бо «Азия-Плюс» гуфтааст: «Ман дар иҷлосияи таърихии соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ҳамчуи вакил мушоҳида кардам, ки бисёре аз сиёсамадорони варзидаи он замон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтан намехостанд, вале Эмомалӣ Раҳмон бо суханони «Ман ба Тоҷикистону сулҳу созиш меорам», ин вазифаи мушкилро ба дӯш гирифт».

Ӯ бар он аст, ки имрӯз ҳеч касе хидматҳои шоистаи Э. Раҳмонро дар боло бурдани обрӯву нуфузи Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳалли мушкилоти сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ инкор карда наметавонад.

«Ғайр аз ин, президент Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳонӣ дар масоили мушкилоти об, расидан ба сулҳу ризоият дар Афғонистон, барқарор намудани муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ дар минтақа ва рушди равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои пасошӯравӣ ташаббусҳои зиёде пешниҳод кард».

Зиман, соли гузашта дар мусоҳибае бо «Азия-Плюс» Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти якумраи Тоҷикистон эълон карда шавад. Аввали моҳи сентябри соли 2015 ӯ гузоштани ҳайкали президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Душанбе ва такроран ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро пешниҳод карда буд.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97