Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

ШАЙХОНИ САУДӢ ВА МАНБАЪИ ПУЛИ ДОИШ

Сиёсат 26.01.2016 13:48

fullДОИШ ё гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамлаҳои даҳшатафканӣ дар Порисро бар дӯш гирифтааст, ки бар асари ин ҳамлаҳо 129 нафар ҷон бохта ва бештар аз ин ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Сурия ва Ироқ бошад, ин гуруҳи ифротӣ солҳост, ки ҷангҳои муназзам пеш мебарад. Ҳудудеро баробар ба ҳудуди кунунии Бритониё аз қаламрави Сурия ва Ироқ ДОИШ ба ихтиёр гирифта ва дар он ҷо эълони «хилофат» додаст.

Дар баробари ин, ДОИШ доротарин гурӯҳи низомии ғайри давлатӣ дар дунё маҳсуб мешавад. Вале ин гуруҳи террористӣ аз куҷо пул дар меёрад ва кӣ онро сармоягузорӣ мекунад?

 ХАЙРИЯҲОИ САУДӢ

Аввалин хайрхоҳон ба гурӯҳи ДОИШ шайхон ва афроди сарватманди Арабистони Саудӣ ва Қатар буданд. Ин хайрхоҳони саудӣ гуруҳи ДОИШ-ро дар муқобили режими Башор Асади алавӣ кумаки молӣ мекарданд. Бо вуҷуде, ки ин кумакҳои саудиҳо ҳамчунон идома доранд ва ҷалби ҷангиён аз кишварҳои мухталиф ҳам бо ҳимояи молии Саудӣ ба сафҳои ДОИШ сурат мегирад, вале ин гуруҳ акнун худро мустақилона низ таъмини молӣ мекунад.      

 

НАФТ

Бино ба бароварди коршиносони амрикоӣ дар соли 2014 ДОИШ аз ноҳияи фурӯши нафт ҳар ҳафта миллионҳо доллар ба даст меовард, ки солона то 100 млн. долларро ташкил медод. Ин нафт ба таври қочоқӣ ба Туркия ва ё Ироқ мерафт ва ё ҳам ба ҳукумати Сурия фурӯхта мешуд. Феълан ин манбаи оидоти нафтӣ коҳиш ёфтааст, зеро чоҳҳо ва захирагоҳҳои нафтии ДОИШ мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтанд.

 

ОДАМРАБОӢ

Дар соли 2014 аз ҳисоби гаравгонҳои ба фурӯшрасида ДОИШ ҳудуди 20 млн. доллар ба даст овардааст.

Яке аз онҳое, ки аз дасти ДОИШ фирор намуда мегӯяд, дар таркиби ин гуруҳ «дастгоҳи таҷассусие» мавҷуд аст, ки ҳадафи он журналистоне мебошанд, ки ба Сурия мераванд.

Шикори онҳо аз лаҳзаи вориди хоки Сурия шудан оғоз мешавад.

Ба ғайри он, одамрабоӣ як навъ омили қавии таблиғотӣ дар дасти ин гурӯҳ аст.

 

ҒОРАТГАРӢ ВА ТАМАЪҶӮӢ

ДОИШ аз ҳисоби тамаъҷӯӣ дар минтақаҳои таҳти назораташ моҳона миллионҳо доллар ба даст меоварад.

Барои гаштугузор дар ҳудуди нуфузи ДОИШ, боз кардани тиҷорат ва ё барои зиндагӣ ба унвони кафолати ҳимоят бояд ба ин гурӯҳ пул пардохт намуд. 

Як манбаи дигари оидоти ин гуруҳ ғорати бонкҳо, дуздӣ ва фурӯши ашёи антиқӣ, дуздии рамаҳои гову гӯсфанд ва ба  фурӯш расонидани онҳо мебошад.

 

АНДОЗ БАРОИ МАЗҲАБ

Ақалиятҳои мазҳабие, ки дар ҳудуди қаламрави ДОИШ ба сар мебаранд, вазифа доранд, ки андоз бисупоранд. Соли гузашта, зимни тасарруфи шаҳри Мосули Ироқ ин гуруҳ дар масоҷид эълон намуд, ки масеҳиён ё бояд исломро қабул намоянд, андоз бисупоранд ва ё бимиранд, агар ин шаҳрро тарк накунанд. Дар баёнияи ин гуруҳ омада буд, «мо се пешниҳод дорем; ислом, шартнома, ки супурдани андозро дар назар дорад ва ё тарки шаҳр. Дар ғайри ин се ҳолат мо барои онҳо шамшер дорем».

 

ҒУЛОМДОРӢ 

Як манбаи дигари даромади ДОИШ фурӯши занону духтаронест, ки ба унвони ғуломони ҷинсӣ аз онҳо истифода мешавад.

Баъди ишғоли шаҳри Синҷор сокинони ин шаҳр аз ҷумлаи ақалиятҳои мазҳабӣ, гуфтанд, ки ҳазорон зану духтари онҳо ба асорати ДОИШ даромад, ки аксари онҳо ба ғуломони ҷинсӣ табдил шуданд.

Ездик Хон, ки аз асорат фирор намудааст, гуфтааст, ӯ бо ҳамроҳии 200 зани дигар асир ва ба бозори ғуломзанон равон шуда буданд. Бозоре, ки ҷангиёни ДОИШ метавонистанд барои худ зан интихоб кунанд. 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97