Президент аз Саидмукаррам Абдулқодирзода интиқод кард

Сиёсат 06.08.2015 13:13

 

       Mufti

   Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 5 август аз раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода интиқод кард, ки дар рӯзҳои мусибати мардум бояд дар канори мардум бошад.

Ин эрод дар ҳоле садо дод, ки дар ҷаласа пайомади офатҳои табиии ахир дар шарқи кишвар баррасӣ мешуд.

    Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Абдулқодирзода барои ширкаташ "дар маросимҳои шахсони мансабдор" эродҳои ҷиддӣ гирифт ва супориш дод, ки ӯ "дар ҳама ҳолат бояд паҳлуи мардуми бечора ва мусибатзада" бошад ва тамоми диндоронро низ ба ин кор ҷалб намоянд. Президент ба  раиси Шӯрои уламо тавсия дод, ки ба мардум фаҳмонад, то ба кӣ бояд садақа дод: "Садақаро ба уламо ва муллоҳо не, ба бечораҳо ва камбағалон бояд дод."

Накӯҳиши раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар рӯзҳои офатҳои табиӣ дар чандин минтақаи Тоҷикистон ва ҳалокати одамон, ки осеби умумии он 600 миллион сомонӣ баровард шудааст, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ташаббусе аз худ нишон надод. Ин дар ҳолест, ки тақрибан ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва созмону муассисаҳои кишвар аз сар задани офатҳо изҳори таассуф карданд ва талош намуданд, ба осебдидагон мадад расонанд. Мақомоти Тоҷикистон барои ёрмандӣ ҳатто ба кишвар ва созмонҳои хориҷӣ муроҷиат кард.

Бино ба навиштаи расонаҳои хабарӣ мушоҳида шудааст, ки рӯҳониёни саршиноси кишвар бештар бо рақобати байниҳамӣ барои обрӯ ва нуфуз машғул буда, барои ширкат дар маросимҳои шахсони қудратманд ва пулдор бо ҳам сабқат мекунанд.

Ин хабар дар кутоҳмуддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва мавриди баҳсу баррасии корбарони он қарор гирифт. Саъдӣ Юсуфӣ, як таҳлилгари масоили динӣ дар девори Фейсбукаш навишт: – Сарзаниши Раиси Шӯрои уламо аз тарафи раисҷумҳур ба хотири ширкат дар маъракаҳо дар воқеъ нуки як яхкуҳи бузургест, ки баданаи он дар умқу жарфнои кулзуми ҷомеъаи мо ниҳон аст. Баъди аз саҳна рондани исломиҳои сиёсӣ ва тазъифи руҳонияти ғайрирасмии пурнуфуз ҳамакнун фурсати хубе барои рушду решадавонии ба истилоҳ «муллоҳои давлатӣ» дар фазои сиёсиву иҷтимоъии мамлакат фаро расидааст. Чанд рӯз пеш як дӯстам аз муллои рустои дурдасте қисса мекард, ки барои хатнасӯри бачаҳояш ҳама аҳли деҳро «андоз» бастааст ва ҳатто аз дӯсти ман, ки дар пойтахт ба сар мебарад, низ хостааст, ки як миқдори пули қобили мулоҳиза ҳамчун «осол» ба ҳазрати ҷаноби мулло ирсол кунад. Қарор аст он «бузургвор» дар маъракааш муллоҳои расмиро аз сар то сари ҷумҳурӣ даъват кунад, ки албатта дар хатнасӯри писари мулло ҳатман мақомоти расмии деҳу шӯрои деҳ низ сари суфраи хоссе ҳузур пайдо намуда, ҳар кадом мутобиқ бо вазифаву ҷойгоҳе, ки доранд бо «инъоме» аз ҳазрати мулло табаррукӣ гирифта, хона мераванд. Ба тахмини дӯстам буҷаи маъракаи муллои он рустои дурдаст ҳудудан 6 то 7 ҳазор доллар аст. Маблағи бузурге, ки сари суфрае ва тайи чанд соате нест мешавад. Мулло нон медиҳаду ном мехарад, аммо ба чи қиммате? Агар ин маблағро сарфи таҳсили бачаҳояш кунад, оғози як ислоҳи калони иҷтимоъие хоҳад буд, аммо не.

Дар ҳамин ҳол Дафтари матуботи президенти Тоҷикистон хабар додааст, ки дар идомаи ҷаласаи васеъи ҳукумат президент зимни додани дастур ба мақомоти алоҳида барои рафъи ҳарчӣ зуди пайомади обхезиҳо, ба Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии мамлакат супориш дод, ки бархӯрди худро ба мусибати мардум иваз кунад.

Президент ба Кумитаи оид ба корҳои дин ва Шӯрои уламои кишвар вобаста расондани кумакҳои моддию маънавӣ ба барҷомондагон, ятимон, ниёзмандон, додани садақаву фитр ба шахсони камбизоат ва ҷалби ҷомеа ба корҳои хайру савоб дастур додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баъди сафари чаҳоррӯза ба вилояти Бадахшон, субҳи чаҳоршанбеи 5 август ҷаласаи васеи ҳукуматро баргузор кард ва дар бораи ҳарчӣ зудтар бартараф кардани паёмадҳои офатҳои табиӣ, дастур дод. Дар ин нишаст ҳаҷми зиёни ворида бар асари офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон ва Рашту Тоҷикобод беш аз 600 миллион сомонӣ бароварда шудааст.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гуфтааст, ки "ҳар як сокини зарардида, аз кӯдак то калонсол, бо сару либоси тобистонаву зимистона ва ҳар як оила бо тамоми номгӯи асбоби рӯзгор, ҷиҳози хона, яхдону телевизор, гилему курпача, асбоби ошхона то риштаву сӯзан бояд таъмин карда мешавад."

Мақомоти тоҷик қаблан ҳам эълон карда буданд, ки дар маҷмӯъ хисороти сел дар Бадахшон ва Рашту Хатлону Суғд ба тақрибан сад миллион доллар мерасад ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз созмону кишварҳои хориҷӣ расман даъват кард, ки барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ ёрӣ кунанд.

Дар пайи ин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аз сокинон, бахусус афроди тавоно барои селзадагон ёрӣ хост, аммо гуфт, ин кумак бояд аз сидқи дил бошад, на иҷборӣ. То кунун Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва аъзои дигари ин палатаи порлумони Тоҷикистон гуфтаанд, ки маоши якмоҳаи худро ба осебдидагони сел хоҳанд супурд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97