Генерал Мамадаёз Навҷувонов даргузашт

Сиёсат 03.08.2015 13:15

navjuvonov

     Нахустин вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дунёи фониро тарк гуфт

     

  Генерал Мамадаёз Навҷувонов, вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри 28 июл дар Душанбе даргузашт. Ҷанозаи ӯ ба зодгоҳаш деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон интиқол ёфт.

 

Мамадаёз Навҷувонов соли 1942 дар деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омад ва пас аз хидмати ҳарбӣ дар соли 1966 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Дзержинскийи Саратовро хатм кард. Соли 1979, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии Ленинград ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Дар ин ҷо аз фармондеҳи дастаи нируҳои умури дохилӣ то вазири корҳои дохилии Тоҷикистони Шӯравӣ расид. Давраи вазирии ӯ, солҳои 1989 – 1992 ба мушкилтарин марҳилаҳои Тоҷикистон, замони нооромиҳои сиёсӣ ва оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 рост омад.

Номи Навҷувонов бештар дар робита бо оғози тазоҳуроти давомдор дар майдони "Шаҳидон" ёд мешавад. Баъд аз раиси ҷумҳур интихоб шудани Раҳмон Набиев дар зимистони соли 1991, Сафаралӣ Кенҷаев, яке аз тарафдорони ӯ дар ҳукумат ба “поккорӣ”-и сар кард ва пеш аз ҳама шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов ва вазири умури дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов, ки аз тарафдорони мухолифон ба шумор мерафтанд, ҳадаф қарор гирифтанд.

Дар ҳоле ки додситони кулли вақт Нурулло Ҳувайдуллоев ҳабси Икромовро дар толори порлумон талаб кард, раиси вақти порлумон Сафаралӣ Кенҷаев зидди Мамадаёз Навҷувонов маърака сохт ва ӯро ба хатоҳои зиёд айбдор намуд. Ин баҳс, ки ҳамчунин тобиши таҳқиромезе нисбат ба Навҷувонов дошт, дар телевизиони Сайфуллоев намоиш дода шуд ва даҳҳо нафар аз ҷавонони бадахширо ба майдони тазоҳурот кашонд.

Дертар ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ ба он пайвастанд ва чанде баъд дар майдони "Озодӣ" муқобилони ин тазоҳурот гирд омаданд ва рӯёрӯӣ оқибат ба ҷанги дохилӣ расонд.

Худи Навҷувонов дар яке аз мусоҳибаҳояш бо «Озодӣ» дар соли 1998 гуфта буд, ки аз рӯзи таъин шуданаш ба мақоми вазири умури дохилӣ як рӯзи ором надошт.

Дар соли 1989 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрде ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам пошид ва соли 1992 ҷанги дохилӣ оғоз шуд. Дар тобистони соли 1992, баъд аз шурӯи даргириҳо дар водии Вахш Мамадаёз Навҷувонов нахустин гуфтушуниди тарафҳоро дар Хоруғ созмон дод ва дар ин ҷо протоколи оташбас ва халъи силоҳ ба имзо расид, аммо татбиқ нагашт. Дар давраи ҷанги дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов асосан дар Бадахшон ба сар бурд ва танҳо соли 1998 ба Душанбе баргашт.

Агарчӣ дар сайти расмии Вазорати корҳори дохилаи Тоҷикистон ҳатто хабари даргузашти нахустин вазири Тоҷикистони соҳибистиқлол дарҷ нашудааст ва таслияте ҳам баён нашудааст, аз маркази матбуоти ВКД ба «Миллат» гуфтанд, ки Рамазон Раҳимзода ба ҷанозаи Мамадаёз Навҷувонов ба Шуғнон рафтааст ва аз ин рӯ баёни таслиятро зарур надонистаанд.

Мамадаёз Навҷувонов ҳамеша мегуфтааст, ки ӯ ҳанӯз ҳам вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аст, зеро фармони аз вазирӣ барканор кардани ӯ ҳич гоҳе содир нашудааст. 

Аммо номи Мамадаёз Навҷувонов бо як сухани худ дар порлумони Тоҷикистон ҳеч гоҳе хотираи ӯро аз зеҳни мардум зудуда намекунад, ки бо хитоб ба Сафаралӣ Кенҷаев, раиси вақти Шӯрои олӣ гуфта буд: «Шумо мехоҳед тоҷики куҳистонро ба зону бинишонед, вале мо ҳич гоҳе ба зону нахоҳем зад».

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97