Поёни «фармонравои»-и "Абу Холиди Кӯлобӣ"

Сиёсат 21.07.2015 12:30

 

 

A KULOBI

 

 

 

 

 

 

 

 

Ё боз Кӯлоб чӣ қадар бачаи қурбонӣ ва нодаркор дорад?

 

 

 

Хабари кушта шудани Нусрат Назаров, маъруф ба Абу Холиди Кӯлобӣ дар Сурияро ҷонибдорони гуруҳи тундрави ДОИШ, хешу табори Нусрат Назаров ва мақомот тасдиқ кардаанд.

 

                                      Абу Холиди Кӯлобӣ «миссия»-ашро иҷро кард

Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Поёни Кӯлоб, ки ду сол ба ин ҷониб бо нашри наворҳои видеоӣ ва бо номҳои Абу Холиди Кӯлобӣ ва Фурқон Фаластин ҳамеша ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони ДОИШ-ро дар Тоҷикистон таҳдид мекард, ҳафтаи гузашта ба ҳангмои зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико кушта шудааст.

Хайрулло Назаров, бародари Нусрат 9-уми июл ба хабарнигорон гуфтааст, ки тақрибан як ҳафта пеш ба ӯ аксеро нишон доданд, ки дар он ҷасади фавтидаи бародараш буд. Хайрулло мегӯяд, бадани ӯ сӯхта буд, вале ба хубӣ шинохта мешуд, ки ҷасади Нусрат Назаров аст.

Аз нақли расонаҳои хабарӣ Хайрулло, бародари Нусрат ҳангоми сӯҳбат аз худ ҳеч андӯҳе нишон намедодааст ва гуфта, ки: “Хабари марги ӯро ҳамеша интизор доштем ва ин хабари ногаҳонӣ набуд. Медонистем, ки рӯзе хору зор кушта мешавад. Ӯро ман дар акс шинохтам.”

Хабари марги Нусрат Назаровро ҷангиёни гуруҳи ДОИШ қаблан дар наворе тавассути интернет хабар дода буданд. Дар навор як ҷавони тоҷик, ки шахсияташ номаълум аст, дар миёни ду ниқобпӯш зоҳир шуда, ба забони тоҷикӣ аз “шаҳид” шудани Абу Холиди Кӯлобӣ хабар медиҳад. Ин ҷавон мегӯяд, медонанд, ки “аз ин хабар ҳукумати Тоҷикистон хурсанд мешавад.” Ӯ ҳамчунин дар ин навор аз ҳаводорони Абу Холиди Кӯлобӣ хостааст, то аз марги ӯ дилмонда нашаванд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон низ хабари марги Нусрат Назаровро тасдиқ карданд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфтааст, ки Нусрат Назаров замоне кушта шудааст, ки мехост, аз марзи Туркия ду ҷавони тоҷикро барои пайвастан ба ДОИШ ба Раққа бубарад, аммо дар нимароҳ аз зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин кушта шудааст. Қаблан низ аз марги Нусрат Назаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар нашр шуда буд, вале он замон ин хабарро на наздикон ва на мақомот тасдиқ накарданд.

Аммо ба назар мерасад, ки Абу Холиди Кӯлобӣ «миссия»-ашро дар назди хоҷагони худ иҷро кардааст ва маҳз ӯ мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтааст.

 

«Мӯътод-муҷоҳид» кӣ буд?

Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Кӯлоб, соли 1976 таваллуд шуда, бино ба эътирофи худаш дар наворҳое, ки замони зинда буданаш нашр мекард, ду соли пеш ба Сурия рафта буд. Вай гуфта буд, ки бештар дар вилояти Раққаи Сурия “кору зиндагӣ” мекардааст.

Мақомот Абу Холиди Кӯлобиро фарде медонистанд, ки дар изҳороташ ҳамеша таҳдиди ғасби Тоҷикистонро мекард. Ӯ гурӯҳе аз тоҷиконро дар Сурия раҳбарӣ мекард ва замони ахир бештар ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ машғул буд ва ба гуфтаи ҳамсафонаш, дар ҷангҳо ширкат намекард.

Аз лаҳни сӯҳбатҳояш эҳсос мешуд, ки дониши кофии динӣ ва дунявӣ надорад. Моҳи марти соли ҷорӣ бо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии маъруф, ки замоне Нусрат Назаров аз муштоқони гӯш кардани мавъизаҳои ин домулло будааст ва баъдан ӯро барои «ҷиҳод»-и тоҷиконро дар Сурия ва Ироқ бемантиқ хонданаш мавриди интиқоди шадид қарор дод, вориди баҳс шуд. Ин гуфтугӯи аудиоӣ, ки ҳудуди 40 дақиқа идома дошт, бо ибтикори Абу Холиди Кӯлобӣ сурат гирифта ва рӯзи 16-уми марти соли равон дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоии мансуб ба ҷангиёни тоҷик, нашр шудааст.

Наздикони Нусрат Назаров мегӯянд, ки замони охир, аз лаҳни сӯҳбатҳои видеоиаш эҳсос мешуд, ки пушаймон аст, вале роҳи бозгашт ба ватанро надорад. Ӯ то рафтан ба Сурия дар Кӯлоб ҳамчун сарроф кор мекард ва баъдан мӯътоди маводи мухаддир шуда, қарздор мешавад. Пас аз қарздор шудан хонаи падариро фурӯхта ба Русия ва аз он ҷо ба Сурия меравад. Ӯ ду писар ва як духтар дорад, ки борҳо тариқи наворҳои видеоӣ бозгашташ ба ватанро тақозо кардаанд. Ҳамсар ва фарзандони Нусрат Назаров дар фақр ба сар мебаранд ва акнун бо аз даст додани саробони хонавода сарнавишти онҳо ба куҷо рақам мехӯрад, маълум нест. Зеро падари мӯътод на танҳо онҳоро бо марги худ дар ғам нишонд, балки қабл аз маргаш онҳоро дарбадару бесарпаноҳ ба дасти тақдир супурд. Аммо чаро ҷавонон аз пайи Нусрат мераванд, аз паси касе, ки ба зиндагии худ сару сомон дода натавонист ва дил ба маводи мухаддир баст, ва сақфи худу хонаводаашро бо боми бадбахтӣ пӯшонид.

 

Поёни «мазҳака»

Ҳамин ҷо сарнавишт ва ё ҳам ба истилоҳ «мазҳака» (фоҷиа)-и Абу Холиди Кӯлобӣ ба поён мерасад. Дигар ӯ дар хоки хунук хуфтаву дағдағаҳояшро ҳам бо худ ба гӯр бурдааст.
Аммо боз модари тоҷик, чӣ қадар чунин бачаҳои арзонбаҳо дорад, ки қурбонӣ бидиҳад? Кӯлоб боз чӣ қадар ҷавони «сарсупурда», «фидоӣ» «мӯътод-муҷоҳид» дорад, ки ҷони ҷавони худро барҳадар қурбон хоҳанд кард? Магар ин модарон барои ба воя расондани ин ҷавонмаргон хуни дил нахӯрдаанд? Онҳо, ки дар дастгоҳи 3
D чоп нашудаанд, нуҳ моҳу нуҳ рӯз модарон онҳоро дар батни худ тарбият додаанд, пас аз таваллуд бо заҳмат сари гаҳвораи онҳо бедорхобӣ кашидаанд, дасташон гирифтаву по ба по (тай-тай-по-по) бурдаанд, пас чаро ин мол (бубахшед, ҷони бачаҳои мо!) ин қадар арзон барҳадар дода мешавад? Наход, ин бачаҳо барои мо азиз нестанд? Чаро яке аз мо аз худ намепурсад, чаро маҳз бачаҳои мо қурбонӣ мешаванд? Чаро маҳз ҳар «балое осмонӣ» бачаҳои моро ба нишон мегирад? Чаро бачаҳои мо осебпазиранд? Наход, бачаҳои мо манкурт шудаанд? Кӣ ва ё чӣ онҳоро манкурт сохтааст? Доруи зиддиманкуртшавӣ магар мавҷуд нест? Чаро мо барои наҷоти ҷони бачаҳои худ ҳеч талоше намекунем? То кай мо Суҳробҳои хешро қурбонӣ медиҳем? Боз чанд Суҳроби қурбонӣ дар Кӯлоб дорем мо???!!!

                                              Адолати Мирзо 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97