ДИНУ ДУНЁ БА ҲАМ ОМЕЗ, КИ ИКСИР БУВАД

Сиёсат 19.02.2015 13:50

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

(Шеъри пешрав дар ҷомеъаи пасрав ё Афғонистон бояд домони Русияро бигирад)


Мо аҳд намудем, ки ғайр аз сухани ҳақ

Гар ҷавшану шамшер шавад сад, нанависем!

                                Муҳаммадосафи Улфат

afghanstЗиёде аз ҳазор сол аст, ки кишвари Афғонистон ба майдони тохтутозҳои  шоҳону ҳокимон ва муноқишаҳои диниву мазҳабӣ табдил ёфта, сокинонаш рӯи осоишу оромишро надидаанд. Ба ҳарфи саҳеҳтар, баъди суқути давлати миллии Сомониён ва ҷойгузини он шудани давлати Ғазнавиёну Темуриёну Дуррониён ва соири дудмонҳои ҷангҷӯву шӯҳратхоҳу мутаассибу хурофотгарову истилогар Афғонистон ҳамвора дар оташи ҷангу ҷидолҳо сӯхт ва фарзандонаш мавриди таъқибу сарсониву оворагию табъиду зулм қарор гирифт. Ба қавли шоири гурезаи хуросонӣ- Носири Хусрав, ки дар Юмгондара панаҳ бурда буд:

Куҷо бошад маҳал озодагонро дар чунин вақте,

Ки бар ҳар гоҳеву тахте нишаста миру маволе.1

Дар ҳақиқат, озодагон, ки соҳибони аслии ин сарзамин-Хуросон маҳсуб меёфтанд, ғуломзодаи турк-Маҳмуди Ғазнавӣ шуда буданд ва маҷоли фарочанг овардани кишварро дигарбора аз даст дода, ба як қавми мазлуму шикастхӯрда табдил ёфта буданд. Эшон роҳи ягонаро дар гурезу муҳоҷират медиданд. Суханварони ин қавм бошанд, дигар мисли Рӯдакӣ ва соири шоирони замони Сомониён аз шодӣ сухан намегуфтанд, зеро кишвар дар ҳолати ҷангу хунрезиҳо қарор дошт ва ба майдони набарди душманони дохиливу хориҷӣ табдил ёфта буд. Мухтории Ғазнавӣ гӯяд:

Рӯй пургарду дида пуробам,

Серам аз ҷону ташнаи хобам.

Хастаи тандуруст чун симам,

Куштаи зиндадил чун симобам…2

Ин байтро Абдуллоҳи Ҳотифӣ, ки дар асри Темуриён зиста, гуфтааст:

Фароғат баста рахт аз мулки Ирон,

Шуда ҳам русто, ҳам шаҳр вайрон.3

Нозими Ҳиротӣ аз шоирони дигар аст, ки дар рӯзгори Сафавиён ба сар бурда ва нозири хунрезиву кашмакашҳои ҳокимони ҷаврпешаи ин замон будааст:

Хусравон лашкар ба ҷанги ҳам зи ғафлат мекашанд,

Кӯдакон бо якдигар дар хоб бозӣ мекунанд.

Ҳар тараф бо як сипаҳ шамшер мардон дар талош,

Халқ пиндоранд тифлон оббозӣ мекунанд.

Моли золим мешавад бар золими дигар ҳалол,

Гургҳо дар галлаи қассоб бозӣ мекунанд…4

Аммо ин гуна бархурдҳо дар ин кишвар дар асри гузашта ба авҷи аълои худ мерасад. Аз ин хотир, шеъри шоирони ин аср мамлу(в) аз инъикоси ин мавзӯъот аст. Дар ашъори онҳо ҳама ҷо аз ҷангу ҷидолу ғоратгарию хунрезӣ, ақибмондагӣ, ғафлат, донишгурезӣ, тамаддунситезӣ, вопасгароӣ, фирор аз кишвар, рӯ  ба мамлакатҳои мутамаддини Ғарб овардан, дарду ғаму ҳасрат бо дареғу афсӯс сухан меравад, сухане,  ки синаҳоро месӯзонад, рӯҳи нобоварию тухми навмедиро дар мазраҳои дили мардумон кишт менамояд ва парвариш медиҳад. Ба қавли дигар, аз қалами адибон, ки аз вазъи ноҳинҷори кишвар ба сутӯҳ омадаанд, ашъори дустурдиҳанда, аммо саршор аз рӯҳӣ нобоварию бадбинӣ таровиш менамоянд. Ин намунаҳо муште аз хирворанд, ки мо онҳоро ба хониш мегирем:

Нури бедорӣ ҷаҳонеро гирифт,

Хоби ғафлат, эй ҳарифон, то ба кай?

Сабзаи хобида ҳам бардошт сар,

Барнамедорӣ ту мижгон то ба кай, 5

                           Абдулҳодии Парешон

Тиҳидастию нобудӣ, нифоқу ҷаҳл, вовайло,

Ба мо оварда рӯ аз чор сӯ оҳиста-оҳиста.6

                                      Ҷамоли Шӯъла

Сайри дигарон аст зи оғоз ба анҷом,

Мо пеш зи оғоз ба анҷом фитодем.7

                            Саидисмоили Балхӣ

Равандагони саҳарро пиёда мебинам,

Сипоҳ зулмати шабро савора менигарам.8

                                            Бароталии Фидоӣ

Аз ҳад гузашт хориву ранҷ, эй Худои ман,

Мапсанд беш аз ин ба ғаму ранҷу хориям!9

                                       Абдулкарими Таманно

Манам  сиёҳтарин сатри дафтари ҳастӣ,

Хушо касе, ки чунин сатрро мурур накард.10

                                                 Восифи Бохтарӣ

Ба танг омад дилам з-ин зиндагонӣ, эй аҷал, дасте,

Ки роҳи манзили мақсуд бас дур асту ман лангам.11

                                                                  Осафи Фитрат

Исфандиёри ғурбати хокам ман!

Дору-м  нест,

Шояд Ковусшоҳе

Онро нуҳуфта боз ба ҷое.

Шаҳр аз забони ишқ намегӯяд!12

                                Розиқи Рӯйин

Бигзор, ки охир кунам афсонаи худро

Фарёд кашам дарди ғарибонаи худро.13

                                         Афифи Бохтарӣ

Хун фарози қуллаҳо парчам зада,

Шаб ба ҳар ҷо хаймаи мотам зада…

Аз забони теғ посух ёфта,

Ҳар кӣ ин ҷо аз раҳоӣ дам зада.14

                                 Гулнури Баҳман

Шеъри асри гузашта ва имрӯзаи Афғонистон, ки аз воқеъияти талхи ин кишвар сарчашма мегирад, ҳовӣ ва ҳокии он аст, ки дар ин сомон эҳсос, ҷаҳлу нодонӣ бар ақлу хирад ва илму дониш пешӣ дорад ва сокинони он ба ҳеҷ ваҷҳ пазирои сухани ҳақ, наздик шудан ба тамаддунро дар сар намепарваранд, бо шеваҳои қадимию асримиёнагӣ чунон дилбастагӣ доранд ва хӯ гирифтаанд, ки таҳаввулоти банӣ башарро ҳамвора нодида мегиранд ва ба ними ҷав намехаранд. Эшон саргарми ғурурҳои пучу ифтихорҳои бебунёду яксӯя ҳастанд ва бархурду даргириҳои худро на аз нодонию ҷаҳли хештан, балки аз бегонагон медонанд ва эшонро сабабгори ин ҳама ҷангу хунрезӣ мепиндоранд ва маҳкум менамоянд, аммо худро, ки сабабгори аслии ин даргириҳоянд, дур аз хатову гуноҳ мешуморанд. Шоирону нависандагонро, ки мехоҳанд эшонро дарси бедорӣ, рӯ овардан ба тамаддун, ҳамкорӣ бо кишварҳои мутамаддину пешрафта бидиҳанд, ба зиндон меандозанд, ҳабсу қатл менамоянд ва маҷбур ба фирор мекунанд. Аз ин хотир, аҳли сухану ҳунар маҷбуранд, ки ба кишварҳои дигар паноҳанда шаванд, то ин ки аз қатлу куштор эмин бимонанд. Ҳазорон нафарро дар ин замина метавон ном бурд, ки дур аз ёру диёр ҷонҳои азизу ширини худро аз даст додаанд, зеро роҳи бозгашт ба ватан ба рӯяшон баста буд. Воҳид Собирӣ, Аҳмад Мурид, Залонд, Маҳваш, Бориқ Шафеӣ, Восифи Бохтарӣ, Латиф Нозимӣ, Муҳаммад Козими Козимӣ, Латифи Пидром ва ҳазорҳо нафар аз аҳли фарҳангу адаб дар ғурбат ба сар мебаранд. Дар воқеъ, мо чанде пеш аз марги ҳунарманди маҳбуб Зоҳир Ҳувайдо хабар ёфтем. Марги Беранги Кӯҳдоманиро низ шунидем. Дар ин бора устод Гулназар, ки солҳои зиёд дар ҳафтавори "Адабиёт ва санъат" бо ӯ ҳамроҳ кор кардааст, чунин ибрози назар менамояд: "Солҳои 1990 қарор шуд, ки бо номи "Пайванд" замимаи форсии "Адабиёт ва санъат" чоп гардад. Маро мутасаддии ин сафҳа таъйин карданд. Ёвари ман Беранги Кӯҳдоманӣ буд. Вай ҳанӯз солҳои донишҷӯи Донишгоҳи Теҳрон буданаш зуд-зуд ба Тоҷикистон меомад ва бо адибони мо дӯстиву бародарӣ дошт. Баъди он ки вазъи Афғонистон ба куллӣ тираву тор гардид, бо аҳли оилааш ба Дунашбе омад. Хонуми ӯ  аз аҳолии Мазори Шариф буд. Онҳо бо фарзандонашон борҳо меҳмони хонадони ман шудаанд ва миёни мо қаробате ба вуҷуд омада буд. Ману Беранг тақрибан панҷ сол "Пайванд"-ро чоп кардем. Маводро ман ба хати кириллӣ омода месохтаму Беранг ба хати форсӣ баргардон мекард. Дар чопхонаи аввалин ягона ҷавоне буд, ки бо ягона мошини чопи форсӣ кор мекард. Вай бурдборона дастнависҳоро ҳуруфчинӣ менамуд. Бо ҳамин азоб "Пайванд" чоп мешуд, сифати хуб дошт ва дар кишварҳои ҳамзабон обрӯю эътибор пайдо  карда буд… Беранг як хосияти аҷибе дошт, дарҳол бо одамон унс мегирифт, ёру бародар мешуд. Ӯ боре нимшихӯву нимҷиддӣ гуфт: -Ба Худо, дар Тоҷикистон аз шоирони тоҷик дида, маро хубтар мешиносанд! Воқеан ҳам дуруст мегуфт, зеро вай яке аз иштирокдорони фаъоли маҳофили адабӣ, аз ҷумла шоҳномахонӣ, ба шумор мерафт. Ҳамеша мекӯшид, ки худро шоду беғам вонамуд кунад. Аммо ғаму дарди Ватан ӯро мубтало мекард. Ҳоло агар таваққуф кунам, овози хастаи ӯ ба гӯшам мерасад:

Дар субҳидам малуламу дар шом хастаам,

Захми зи ёд рафтаву тори гусастаам.

Умеди боздидани ёру диёр нест,

Ҳам дар қафас асираму ҳам паршикастаам.

Хабари марги нобаҳангоми Беранг диламро хун кард. Ӯ дар солҳои ноороми Душанбе ба Лондон рафт ва гумон дошт, ки он ҷо бароҳат умр ба сар мебарад. Аммо дареғ! Ба ёдам меояд суханони маҳзуни Бориқ Шафеӣ. Анҷумани охирини нависандагони Шӯравӣ дар Маскав буд. Мо як гурӯҳ адибони тоҷик меҳмони ӯ шудем. Он вақт Бориқ сафири Афғонистон дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва вазъи давлати ӯ хароби хароб. Вай бо ғаму ғуса гуфт: - Ба Афғонистон роҳи ман бастааст. Агар мирам, маро дар Тоҷикистон гӯр кунед. Ба ёдам меояд нолаҳои Сиёвуши Касроӣ. Шаби зимистони пурбарфи соли 1991 дар хонаи Абдураҳмон Абдуманнов менишастем. Сиёвуш мӯйҳои мошу биринҷашро шона зада, бо чашмони ашколуд гуфт: - Мехоҳам, ки мурдаи маро сӯзонанду хокистарамро рӯи дарёи Хазар пош диҳанд. Афсӯс, ки ӯ дар Олмон гузашт. Як байташ ба ёдам меояд:

Ҳар шаб ситорае ба замин мекушанду боз

Ин осмони ғамзада ғарқи ситораҳост!

- Рост, баъди Нодирипур ҳам, баъди Сиёвуш ҳам, баъди Беранг, баъди… осмон ситоразор хоҳад монд. Аммо то ба кай ситораҳо дар зулмоти ғарибӣ хоҳанд мурд?!"15

Дар ҳақиқат, пирӯзии рӯҳи мазҳабӣ, зиндагонии инзивогароёна, ғурури содалавҳонаи асримиёнагӣ, гурез аз мактабу маорифу тамаддуну ҳунару фарҳанг, суннатгароии ифротӣ, таассуби диниву қавмию нажодӣ ва авомили дигар имкон намедиҳанд, ки мардуми ҷангзада ва чангзадаи ин кишвар таҳаввулот ва пешрафтҳои башарро ба равшанӣ дарку эҳсос бинамоянд, таассубу хурофоту ҷаҳлу нодониро канор бигузоранд ва ба дастовардҳои беназири инсонӣ ба чашми ақлу хирад нигаранд, аз онҳо биёмӯзанд, баҳрабардорӣ намоянд, то андак-андак ба ҳаёти афсонавию устуравию саршор ва аз ғаробату ҳайратофарини хеш хотима бубахшанд ва ба шоҳроҳи тамаддуни башарӣ, ки иборат аз ҳамкорӣ, ҳамсадоӣ, ҳамфикрӣ, созандагӣ, ихтироъкорӣ, модернизатсияи зиндагӣ мебошад, ворид бишаванд. Онҳо намедонанд ва тасаввур наменамояд, ки хештанро ба кариву кӯриву нодонӣ задан, гурез аз дастовардҳои башарӣ, наёмӯхтан, ҷангҷӯиву мазҳабгарои ифротӣ, хусусан, дурӣ гузидан аз илму фарҳанги аврупоӣ, ҳеҷ гоҳ ба суди мардуми Афғонистон набуд ва нест. Ин дастури шоири тоҷик Саидаҳмади Аҷзӣ, ки ҳанӯз дар асри гузашта дода буд, ҳанӯз ҳам барои бародарони афғон сидқ менамояд ва арзиши худро аз каф надодааст:

Агар аз зиндагӣ доред умед,

Урупо ҳар чӣ медонад, бидонед!16

"Банӣ одам аъзои якдигаранд"17-мегӯяд Саъдӣ. Аз ин назар, башарият ногузир аз ҳамдигар меомӯзанд, баҳра мегиранд, дар ранҷу шодии якдигар шарик мешаванд ва дар рушду такомули ҳамдигар саҳм мегиранд. Аз ин хотир, Афғонистон, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ дар ҳолати ақибмондагӣ, анархия (бесарусомонӣ, худсарӣ, бенизомӣ…), регресс (вопасгароӣ, ақибравӣ, таназзул…) ва зидди прогресс (пешравӣ, тараққиёт, навшавӣ…) қарор дорад ва аз шеваҳои примитиву фанатизму догматизми зиндагию тафаккур кор мегирад, беш аз ҳар вақти дигар, ба судҷӯӣ аз пешрафтҳои илмию иқтисодию техникиву фарҳангию маданию маънавии халқҳои пешрафтаву  мутамаддини олам, қабл аз ҳама Урупо, ниёз дорад. Лиҳозо, урупоситезӣ, худро яккаву танҳо гирифтан, қаҳрамон шумурдан, ҳеҷ гуна одобеву тартиберо риоя накардан, дӯстро аз душман нашинохтан, манфиатро аз зарар ташхис дода натавонистан на танҳо як амали кӯркӯронаву бемаънӣ, балки худкушӣ ба шумор меравад, худкушие, ки борҳо дар ин кишвар иттифоқ афтодааст. Мисли худкушие, ки дар асри гузашта, дар асари фиреби имперализми байналхалқӣ ва пеш аз ҳама, Амрикоро хурдан, дар кишвар ба вуқӯъ пайваст ва тамоми дастовардҳое, ки ин кишвар то ин дам дошт (ҳам аз лиҳози иқтисодӣ, ҳам маънавӣ ва ҳам дар соҳаи фарҳангу мактабу маорифу шеъру сухану мусиқӣ), ба боди фано рафтанд. Дар натиҷа, дар Афғонистон, ки як кишвари то ҷое соҳиби баъзе аз дастовардҳо дар соҳаи маорифу фарҳанг, адабиёт, мусиқиву ҳунар буд, чизе боқӣ намонд. Шоирону нависандагони мутараққӣ, ҳунармандони маъруф, оҳангсозону овозхонони беназир кушта ва ё овора гардиданд. Аммо эшонро боз ҳам кишварҳои Ғарб дар оғӯши худ гирифтанд, ҷой доданд, на кишварҳои Шарқ. Бинобар ин, хусумат, дурӣ гузидан аз бозёфтҳои умумибашарӣ, алалхусус Ғарб ва ғарбситезӣ ва  гурез аз мардуми мутамаддину халлоқу нурофарин хештанро бо дастони худ ба дарёи нобудӣ афкандан аст. Мо мисоли ин гуна ғарбситезиро дар поёни асри гузашта, ҳангоми бо дастони худ ва бо фиреби империализм буғӣ кардани Инқилоби Савр дар Афғонистон, бармало дидем, ки чӣ тавр Амрико аҳли кишварро гӯл зад ва бо баҳонаи "таҷовузи Шӯравӣ", ки як ҳарфу сиёсати бофтаву сохтае беш набуд, Афғонистонро дар гирдоби  сардаргумӣ ва фано андохт ва охируламр ба як навъ мустамлика ва майдони тохтутозҳои сиёсиву иқтисодиву ҷаҳонигиронаи хештан табдил дод. Ба эътиқоди аксари аҳли хирад (хусусан имрӯз) Амрико баъд аз баромадани Шӯравӣ ҷойгузини бамаротиб бадтари он дар ин кишвар гардид, зеро оташи ҷангро на танҳо хомӯш накард, балки алангаи онро боз ҳам зиёдтару баландтар намуд. Беҳуда, қадри неъмат баъд аз завол, нагуфтаанл. Имрӯз онҳое, ки ба ақли худ меандешанд (на бо ақли дигарон, мутаассифона, мо аксар бо ақли дигарон меандешем) ва ба воқеъияти кишвари Афғонистон бо дидаи  ибрат менигаранд ва баҳо медиҳанд (на аз рӯи эҳсос, ки хосси мутаасибон, хаёлгароён, аҳли хурофот аст), чунин меандешанд, ки агар Афғонистон бар зидди Шӯравӣ намеҷангид (албатта, ин ҷанги Афғонистон набуд, балки ҷанги Амрико бо Шӯравӣ, яъне системаи сотсиалистӣ ва дурусттараш, системаи коммунистӣ буд ва агар аслиҳаи ӯ ва империализми байналмилалӣ ва хиёнати бархе аз сардорони Инқилоби Савр, аз ҷумла Ҳафизулло Амин, ҷосуси амрикоӣ, намебуд, ба ин рӯзи сиёҳ гирифтор намешуд. Дигар, Афғонистон куҷову ғалаби вай бар Шӯравӣ куҷо? Ба қавли Хоҷа Ҳофиз: "Чароғи мурда куҷо, шамъи  Офтоб куҷо?".18 Ба ҳарфи равшантар, агар Афғонистон фиреби Амрикову ҳомиёни онро намехӯрад, мисли имрӯз мардум сарсону овораю парешон намешуданд, балки ба эъмори як низоми демократӣ, мутамаддин ва ҷомиаи дорои  дастовардҳои қобили мулоҳиза ноил мегардид, зеро Шӯравӣ як ҷомеаи инсондӯсту адабпарвар буд, агарчи манфиатҳои худро дошт, аммо боз ҳам дар тараққию такомул, демократикунонӣ ва ба тамаддун пайвастани он метавонист саҳми бориз бигирад. Намунаи беҳини ин гуна ҷанбаи мусбат доштани давлати Шӯравиро мо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ки яке аз онҳо Тоҷикистон аст, равшан мебинем, ки дастовардҳои инкорнопазирро дар қаламрави ҷаҳонишавӣ ва демокративу тамаддун дар худ дорад ва дар бисёре аз ҷиҳатҳо на фақат аз Афғонистон, балки Ирону Покистону соири мамолики ғарбситезу донишгурезу таассубгаро пешӣ мегирад. Дар бораи сиёсати одилона ва назари некбинонаи русҳо овардани порае аз "Сиёсатнома"-и маорифпарвари афғон - Маҳмуди Тарзӣ, ки ҳанӯз дар асри гузашта иншо карда буд, дар ин маврид бесуд нахоҳад буд: "Баҳсе, ки бо русҳо дар боби Ватани муқаддасам Афғонистон ба вуқӯъ омада буд, афкорамро зеру забар намуда буд, зеро дар аснои баҳси дишаба капитани дуюм гуфта буд, ки инглисҳо Афғонистонро давлати мустақил не, балки дар зери ҳимояи худ дар олам ба рақам додаанд ва танҳо русҳост, ки ин сухани онҳоро қабул накарда, Афғонистро давлати мустақил ва озод мешиносанд".19 Бинобар ин, ман гумон мекунам, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, ки Афғонистон даст ба домани Русия бизанад, иштибоҳи бузурги худро, ки дар гузашта карда буд, ислоҳ ва ҷуброн бинамояд ва ҳамкориро дар риштаҳои мухталиф бо ӯ бар роҳ монад ва аз дастовардҳои бузурги ин кишвари воқеан ҳам абарқудрат, аммо нисбат ба Амиркову кишварҳои дигари Ғарб одилтар истифода бинамояд ва кам-кам, ба тамаддуну дастовардҳои башарӣ наздик шавад ва тадриҷан  сулҳу амнияту демократиро дар кишвар барқарор намояд. Роҳи дигаре нест, ки нест.Шояд президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай ҳамин гуна иштибоҳ ва мавзеъгириҳои ғалати давлати Афғонистонро дар гузашта дарк карда, дер ҳам бошад, аз Русия, дар қиболи воқеаҳои Украина, дастгирӣ кард ва гӯйӣ бо ҳамин восита хабар дод, ки Афғонистон, дар шинохти  дӯсту душман, дигар иштибоҳ намекунад ва фиреб нахоҳад хӯрд. Дар мавриди гӯл задани Амрико мардуми Афғонистонро ва фиреб хӯрдани афғонҳо овардани суханони яке аз шоирони муҳоҷирро, ки дар Амрико ба сар мебурд, айни муддао медонем: "Ман имони комил дорам, ки агар Шӯравӣ дар Афғонистон мепоид, ҳоло Афғонистон як ҷумҳурии обод буд, ҳамчун ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, зеро Шӯравӣ нисбат ба зердастонаш беҳад инсоф дошт. Дар 70 сол аз қавму қабоили парокандаи гумном ҷумҳурию миллатҳо сохт, аз қишлоқу овилҳо шаҳрҳои бузурги замонавӣ бунёд кард. Вале Амрико, чунон ки мушоҳида мешавад, нисбат ба зердастонаш меҳрубон нест. Ҳар кишвари ноободе, ки зери тасарруфи сиёсати Амрико буд, тақрибан ҳамон тавр нообод боқӣ мондааст. Барои мисол, қариб саросари ҷамъияти Покистону Афғонистон, шаст дар сади ҷамъияти Ирону Туркия хондану навиштан наметавонанд. Аммо саросари ҷамъияти Осиёи Миёна босавод аст. Саноату зироаташон низ аз зердастони Амрико беҳтару бештар… Амрико ниҳоят капитализми мутараққист, вале, бо тақозои табиати сармоядориаш, андарунаш ғажд аст, ғажди  корчалониву авомфиребӣ, ғажди судхориву ришвахорӣ, ғажди фиребу найрангу қаллобӣ. Аз фолбину кисабури сари кӯча то давлатмардон туро талаву тороҷ мекунанд. Аз демократия лоф заданашон маҷозист. Ин чӣ демократист, ки ба Покистони ҷоҳилия яроқи атомӣ медиҳанд? Ин чӣ демократист, ки толибони ҷоҳили бунёдгароро яроқнок мекунанд. Ин чӣ демократист, ки Афғонистони бадбахтро несту нобуд сохтаанд?".20 Ба қавли шоир:

Ҳар киро дидем дар ин олам, гирифтори худ аст,

Кори ҳақ бар тоқи нисён монда,дар кори худ аст.21

Албатта, ин ҷо шикваю мазаммат аз тамоми мардуми Афғонистон нест, балки гурӯҳҳои муайян аст, ки асрҳои аср ба дур аз тамаддуну фарҳанг зиставу ба ҷангу ҷидолу тохтутозҳои мухталиф ҳамроҳиву ҳамовозӣ намуда ва эҳсосоти ҷангҷӯёнаву худбинонаро бар ақлу хирад, сабру таҳаммулу сулҳу оштӣ авлотар донистаанд ва дар ин шева алам гардидаанд. Лиҳозо, ман гумон мекунам, ки ин абёти шоирони асри Х1Х тоҷик- Савдо ва Шавқӣ маҳз ба қисмате аз аҳолии ин кишвар, ки хашму ғазабу истилову ҷангҷӯиро дар тӯли асрҳо шиори хеш қарор додаанд ва наметавонанд аз ин хӯи нописандида худро раҳоӣ бахшанд, тааллуқ доранд:

Он ки дар нафрин таҳаммул мекунад, ҳинду бувад

В-он кӣ аз тезӣ ба хашм ояд, зи аҳли Кобул аст,22

                                         ХХХ

Улфатангезӣ кунам ман бар ту чун аҳли Бухор,

Мекунӣ тундӣ ту бар ман мардуми Кобул барин.23

Аммо сесаду анд сол қабл аз ин Толиби Омулӣ дар ҳаққи аҳли таассубу мазҳабгароёни ифротӣ, ки мӯҷиби ҷангу ҷидолҳои зиёди бемаънӣ дар Ҳинд гардида ва ба баҳонаи бартарии дину мазҳаби худ даст ба куштору қатлу ғорату низоъ мезаданд, андешаҳои хеле оқилонаву одилона ва хирадмандонаву мантиқӣ ва инсондӯстона иброз карда буд, ки ҳанӯз ҳам аз аҳамияти худ накостаанд. Зеро имрӯз низ бозори таассуб дар байни мусулмонони минтақа хеле гарм аст ва яке аз сабабҳои нооромиву ба сулҳи кул (истилоҳи замони Акбар, ки бо ислоҳоти мазҳабӣ муваффақ шуда буд) даст наёфтани мардуми Афғонистон низ аз ҳамин ҷо ношӣ мешавад, ки аҳли дину мазҳаби ин кишвар фақат аз авлавияти худ сухан мегӯянд ва дастовардҳову авлавиятҳои дигаронро нодида мегиранд (агарчи  дастоварду авлавияти дину мазҳабҳои дигар имрӯз барои касе пӯшида нест). Инак, он гуфтаҳои Толиби Омулӣ, ки дар замони шиддат гирифтани таассуби диниву мазҳабӣ гуфта шудаанд, аммо барои рӯзгори мо, ба вижа Афғонистони мутаассибу хурофотзада, ки ҳанӯз ҳам худро дар ин заминаҳо бозсозӣ накардааст, хеле омӯзанда мебошад, то мардуми он аз лофу газофҳои беҳудаву пуч даст кӯтоҳ кунад ва ҳамгароиву башардӯстиро шиори хештан бисозанд ва охируламр ба як сулҳи кул даст биёбанд:

Куфр озурдани дилҳост, аё диндорон,

Ёд гиред мусулмонӣ аз ин ҳиндуҳо!24

                              ХХХ

Сад ниёзи намакин бо равиши барҳаман аст,

Ки яке нест дар ойини мусулмонии мо.25

                               ХХХ

То кай гӯйӣ, мазҳаби ҳақ, мазҳаби мост,

Дар гӯшам гӯ, ки Ҳақ чӣ мазҳаб дорад?26

                              ХХХ

Сулҳ, ҷанги халқро ҳаргиз наям ҳангомасоз,

Не занам обе бар оташ, не гузорам ҳезуме.27

Аммо пеш аз Толиб Урфӣ ин мавзӯъро дар осори худ матраҳ кардаву гуфта буд:

Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон

Дар бадомӯзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.28

Чунон бо неку бад, Урфӣ, ба сар кун, к-аз паси мурдан

Мусулмонат ба замзам шӯяду ҳинду бисӯзонад.29

Аммо пас аз Урфию Толиб Ғолиби Деҳлавӣ, ки яке аз бузургтарин шоирони форсизабони Ҳинд баъд аз Хусрави Деҳлавӣ маҳсуб меёбад, бо табайият ва пайравӣ аз эшон чунин мегӯяд:

Давлат ба ғалат набвад, аз саъй пушаймон шав,

Кофир натавонӣ шуд, ночор мусулмон шав!30

Мусаллам аст, ки таассубро ҳамчун падидаи манфӣ ҳамеша андешмандон мавриди интиқод қарор додаанд ва аз оқибати  ногувори он барои ташаккули шахсият ва рушди ҷомиа дар осорашон хабар додаанд. Абӯрайҳони Берунирост: "Таассуб чашмҳои биноро кӯр мекунад ва гӯшҳои шунаворо кар месозад".31 Яке аз ҷанбаҳои манфии кишвари  Афғонистон таассуб ва назари бадбинонаи қисмати азими аҳли  он нисбат ба занон мебошад, ки ба тафаккуру диди динию мазҳабии эшон вобаста буда, асрҳои аср дар ин сарзамин ҳокимият менамояд ва ба зиндагии мардум соя афкандааст ва маҷоли беруншуд аз он имконнопазир аст. Лиҳозо, Қанбаралии Тобиш дар китоби "Чашмандози шеъри имрӯзи Афғнистон" бо дарду ҳасрати зиёд аз ин падидаи манфии ҳоким дар ҷомиа и Афғонистон дарак медиҳад ва барои халосӣ аз ин гуна биниш ва боварҳои асримиёнагию мазҳабӣ нисбат ба зан рӯ ба коршиносон ва равшанфикрону масъулони ҷомиа меорад, то эшон таассуб ва бовару пиндорҳои пешинро аз нав бубинанд, мавриди таҳлилу таҷзия қарор бидиҳанд ва муносибати худро нисбат ба зан тибқи қонуну қавоид ва талаботи асри ХХ1-асри фатҳи кайҳон ва пешравиҳои беназир ислоҳ бинамоянд. Хусусан, ба назароти манфии шоирону нависандагон, ки дар тӯли  асрҳо нисбат ба зан доштанд, хотима бибахшанд:

Зану аждаҳо-ҳар ду дар хок беҳ,

Ҷаҳон пок аз ин ҳар ду нопок беҳ.

                                      Фирдавсӣ

Занон чун дарахтанд сабз ошкор,

Валек аз ниҳон заҳр доранд бор.

                                         Асадӣ

Бувад меҳри занон ҳамчун думи хар,

Нагардад он зи паймудан фузунтар.

                        Фахриддини Гургонӣ

Ба гуфтори занон ҳаргиз макун кор,

Занонро то тавонӣ мурда ангор.

                                 Носири Хусрав

Зан аз паҳлуи чап шуд офарида,

Кас аз чап ростӣ ҳаргиз надида…32

                                               Ҷомӣ

Ҳамзамон, ӯ бетафовутӣ ва саргармиҳои ошиқонаро, ки дар шеъри шоирони муҳоҷир дар ин давраи ҳассос ба чашм мерасад, намеписандад ва интиқод менамояд:

Ту шаҳри ғулғулаӣ, шоҳи мордӯш манам,

Ки дӯст дорам хунат аз они ман бошад…

Замона ваҳшати маҳз аст, эй латофати пок,

Танат куҷост, ки як дам амони ман бошад?33

Албатта, ҳар гӯянда ҳақ дорад, ки эҳсоси ошиқонаи худро дар ашъораш буруз диҳад, аммо ҷони гап ин аст, ки шоири кишваре мисли Афғонистон, тавре ки муҳаққиқи мӯҳтарам низ гуфтаанд, дар ин лаҳзаи  душвортарини таърихи Афғонистон, пеш аз ҳама, бояд дардҳои ин ҷомеаи бемору ҷангзада, ба вижа мушкилоти занон, ки ба гуруснагиву маргу таҷовузу бераҳмиҳои асримиёнагӣ ва таассубу хурофот рӯ ба рӯ мебошанд, дар ашъораш тарсим намояд.

Як камбудии шеъри муосири Афғонистон аз  он иборат аст, ки шоирони муҳоҷири он дар ҳар гӯшаву канори олам маҳфилҳои бедилхонӣ созмон  додаву саргарми тавзеҳу ташреҳи ашъори печидаи ӯ мебошанд. Мутаассифона, на танҳо шоирону нависандагони Афғонистон, балки қариб тамоми сокинони он маҷзубу масҳури шеъри ӯянд. Аз ин хотир, бо як таассуби хориҷ аз ақлу хирад ва ҳамроҳ бо эҳсоси беҷою ифтихорҳои пучу дурӯғину ба дур аз воқеъият, ба ташкили ҳамоишҳои номатлуб ва чопу баррасию нақди осори яке аз ифротитарин гӯяндагони сабки ҳиндӣ-Бедили Деҳлавӣ, ки ба адабиёти ин кишвар ва минтақаи Мовароуннаҳр таъсири манфӣ расонида ва мерасонад, мепардозанд ва бад-ин тартиб аз ҳамсадоию ҳамнавоӣ ба воқеъияти зиндагии мардуми Афғонистон фосила мегиранд. Эшон намедонанд, ки сабки ҳиндӣ бо вуҷуди шоирони бузурги он-Назирию Урфию Толибу Калиму Соиб даврони худро сипарӣ кард ва ҷои худро ба бозгашт, шеъри машрутаву нав дод. Хусусан, шеъри шоирони мубҳамсарои он-Ҳусайни Саноӣ, Зулолӣ, Ҷалоли Асир, Шавкат, Носиралӣ ва ба вижа Бедил, нафрати мардум ва аҳли адабро овард, зеро шеъри онҳо танҳо аз афкори дур аз зеҳн ва ваҳму хаёл иборат гардид ва дар назари  мардум нописанду душворёбу душворфаҳм ҷилва кард ва миёни лафзу маънӣ фосилаи зиёд ба вуҷуд омад. Ба қавли Шавкат, яке аз шоирони печидагӯ, ки Бедил аз ӯ пайравӣ мекард:

Зи фикри дур хаёлам ғариб шуд, Шавкат,

Миёни маъниву лафзам ҳазор фарсанг аст.35

Аммо Бедил, ки адиби форсизабони Ҳинд аст, соҳиби ин забон нест, балки онро аз мактабу мадрасаву китоб омӯхтааст, яъне шеъраш шеърест, ки аз мутолиаи осори шоирони форсигӯ, яъне забони дигар сарчашма мегирад ва ин забон барояш як забони хориҷист. Аз ин нуқтаи назар, шеъраш беҳад печида аст. Онро ғайр аз худаш ва чанд нафари мутакаллиф ва санъатгарову бекору бемасъулияту чойхоннашин ва ба қавли Маҳмуди Тарзӣ, "буданабоз", касе намефаҳмад. Чунончи:

Ҳар гаҳ ду қадам хиром мекошт,

Аз ангуштам  асо ба каф дошт.36

                            ХХХ

Гул ба дасту по кӣ баст имшаб, ки чун ранги ҳино

Бӯсамуштоқон чаманҳо зери лаб хун кардаанд.37

Воқеан, тавре ки Шавкат дар боло ба печидагии ашъораш иқрор карда буд, Бедил низ ҳамвора аз мушкил будани каломаш хабар додааст:

Бедил, оҳангат шунидему туро нашнохтем,

Эй зи ваҳм он сӯ, ба гӯши мо садое мерасӣ.38

Бадбахтона, мардум аз рӯи тақлид ба Бедил ошноӣ доранд, на аз рӯи каломаш. Агар назму насрашро мехонданду ба таърихи адабиёт фурӯ мерафтанд ва ошно мешуданд, ба ҳич ваҷҳ ин гуна "гумроҳӣ" (Маъсумӣ) аз худ зоҳир намекарданд, балки ба айбу ҳунараш пай мебурданд, ба ӯ ва осораш баҳои воқеӣ медоданд. Аммо, сад ҳайф, ки ҳаводорони ноогоҳаш ӯро ба сифатҳое мусаммо кардаанд, ки агар худи шоир зинда мебуд, ҳаргиз  ба ин кори онҳо розӣ намешуд, балки мегуфт, ки шумо беҳуда зӯр мезанед, кӯшиш мекунед, ки он чизҳоеро, ки ба ман иртибот намегиранд, дар ҳаққи ман гӯеду ба номи ман бандед. Ба қавли худи шоир:

Кӯшиши беҳуда халқеро ба кулфат ғӯта дод,

Мавҷ дархурди талош аз баҳр чин бардоштаст.39

Ба ҳарфи дигар, бедилгароён ва мутаассибони шеъру номи Бедил кори савобе барои ӯ наменамоянд, зеро барояш шӯҳрати дурӯғин, ҳатто қабри дурӯғин эҷод менамоянд (онро бедилшиноси маъруф Бобобек Раҳимӣ дар китоби "Ошноӣ бо Бедил" низ собит кардааст), ки ба ҳич ваҷҳ шоистаи мардуми як кишваре ба мисли Афғонистон, ки аз адабиёти дурахшон ва бузург бархурдор мебошад, нест. Дар воқеъ, онҳое, ки ба ин кор даст мезананд, аз таърихи адабиёт, сабкшиносӣ, қонунмандиҳои эҷод, меросияту меросбарӣ, шеъру шоирӣ, анъанаву навоварӣ, шеъри хубу бад, шеъри гунгу гӯё ва ғайра ба хубӣ ошно нестанд. Лиҳозо, аробаи холиро мекашанду мекашанд ва боре ба дохили он наменигаранд, зеро, таассуб чунон домангири эшон аст, ки бидуни ошноии амиқ ба осори шоир, пеш аз ҳама, аз шахсияти ӯ кор мегиранд. Чунин ба назар мерасад, ки барои онҳо чӣ мегӯяд, муҳим нест, балки кӣ мегӯяд, дар мақоми аввал меистад. Агар чунин намебуд, барои шоире, ки дар ватанаш-Ҳиндустон шеъраш қобили қабул набуда ва худаш фаромӯш шудаву қабраш аз байн рафтааст, рафта қабру мақбараи дурӯғин намесохтанд. Магар афғонҳо дар кишварашон дигар кор надоранд? Магар Нозими Ҳиротӣ, ки яке аз пешравону устодони сабки ҳиндӣ аст ва Бедил ӯро пайравию тақлид менамояд, қобили тамҷиду қадрдонӣ ва мақбарасозӣ нест? Ё Фасеҳии Ҳиротиро, ки маликушшуарои Хуросон ва пешрави қариб ҳамаи гӯяндагони сабки ҳиндӣ маҳсуб меёбад, бигирем, ки шеъраш ба маротиб софтару зулолтару гиротару дилпазиртар аз шеъри печидаю мушкили Бедил аст? Аммо, бадбахтона, аҳли ин кишвар, хоҳ суханшинос бошад, хоҳ на, ҳама, ба бедилгароӣ саргарманд. Ба шоире, ки шеъраш ба ҳадде нофаҳмову гунг аст, ки онро на танҳо мардуми оддӣ, балки муҳаққиқон ва мутахассисон низ намефаҳманд. Ҳазини Исфаҳонӣ, шоири муҳоҷири Иронӣ  дар Ҳинд, мегӯяд: "Назми Носиралӣ ва назми Бедил ба фаҳм намеояд. Агар муроҷиати Ирон даст диҳад, барои ришхандаи базми аҳбоб раҳоварде беҳтар аз ин нест".40 Худи шоир ҳам ба ин хусусияти шеъраш иқрор аст, ки мегӯяд:

Эй басо маънӣ, ки аз намаҳрамиҳои забон

Бо ҳама шӯхӣ муқими пардаҳои роз монд.41

Хулоса, шеъри муосири Афғонистон, ки дар шароити ҳасоси таърихӣ, ҷангу нооромӣ эҷод мешавад, ойинаи тамомнамоӣ вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ, иқтисодию ахлоқии  ин кишвар буда, аз таърихи пешина ва печидаи ин кишвар сарчашма мегирад, зеро баъди суқути давлати миллии Сомониён ва зуҳури Ғазнавиён ин кишвар ҳамвора дар маърази набардҳои хунин қарор доштааст. Гузашта аз ин, сиёсати хирадситезонаву илмгурезонаи сулолаҳои мухталиф, зуҳури тасаввуф ва ғалабаи рӯҳи мазҳабӣ дар ҷомеа ва ғарқ гардидан дар таассубу хурофот, ки ҳамеша гиребонгири ин кишвар будааст, имкони хеле камро барои гароиши мардум ба илму донишу фарҳангу тамаддун додааст. Ҳамин аст, ки имрӯз билкул рӯҳи ҷангҷӯёнаву инзивогароёна,  дарунситезӣ, дарунгароӣ, тундравӣ, манфиатҷӯӣ, ҷоҳталабӣ, қафомонӣ аз корвони умумии башарӣ, ғафлатзадагӣ, ҷаҳлу нодонӣ, таассуби диниву мазҳабӣ, ҳаёти қавмгароёнаву ибтидоию феодалӣ, дари пешрафту тарақиётро ба рӯи худ бастан, нодида гирифтани дастоварду кашфиётҳои беназири банӣ одам, танбалию коҳилӣ, худкомагӣ, худбоварӣ дар кишвар ҳокимият мекунад ва Афғонистон имрӯз ба як муҷассамаи ғаму андӯҳу нофармонию қатлу куштору ҳузну фалокат, ҳамдигаркӯшиву терроризм ва маншаи маводи мухаддир ва нобоварию эътимод табдил ёфтааст. Аммо, мутаассифона, аҳли ин кишвар, ҳамвора айбро дар гардани дигарҳо бор мекунад, айби худро ба ҳеҷ ваҷҳ намебинанд, ошкор намекунанд. Ба қавли шоир:

Ба айби хеш агар роҳ бурдаме, Соиб,

Ба айбҷӯии мардум чӣ кор доштаме?!42

Онҳо пайваста масъалаву мушкилотро бо роҳи муборизаву муқовимату яроқ ҳал кардан мехоҳанд, аммо  ҳеҷ не, ки муваффақ шаванд. То имрӯз ҳамзистӣ дар дохили кишвар ба чашм намерасад, мактабу маориф хароб буда, зимоми ҳукумат дар дасти рӯҳониён аст, на аҳли илму адабу фарҳанг, ки битавонанд ба арзишҳои милливу диниву инсониву дунявӣ баробар арҷ гузоранд. Шеър, мусиқӣ, фарҳанг дар қаламрави шариат ҳаракат мекунад, гуфтори маслиҳатомезу раҳнамоии аҳли илму фарҳанг, ба вижа шоирону нависандагон, ки аз рӯҳияи тоза ва демократӣ бархурдоранд,  арзише надоранд, зеро ҳама чиз дар тарозуи  шариат ва арзишҳои динию мазҳабӣ ва расму русуми асримиёнагӣ амалӣ ва тадбиқ мешаванд. На танҳо либосу ғизову ҳаракату амалу тафаккуру тааққул ва муносибат ба якдигар, ба вижа занону модарон, дар ин сомон асримиёнагист, балки ҷазоҳо низ ибтидоӣ ва дур аз тамаддун аст. Аз ин рӯ, даст мебуранд, дор мекашанд, сангсор менамоянд, қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи инсониро ба як пул пашиз намегиранд, зеро, тавре ки гуфтем, ҳама чизро  рӯҳониён, пешвоёни қавму қабила ҳал менамоянд. Эшон ба тағйирот ва навгониҳое, ки дар ҷаҳони мутаммаддин ва модерн пайдо шудаву мешавад, ба дидаи инкор ва нобоварӣ менигаранд. Аз ин назар, кишвар ҳамвора дар ҳолати ҷангу хунрезӣ, нооромӣ қарор дошта, мардумаш гурӯҳ гурӯҳ ба кишварҳои ҳамсоя ва мутамаддини Урупо сарозер мешаванд, зеро мехоҳанд, ки чун дигарон дар оромиву осоиш ва дар қаламрави тамаддуну тараққӣ зист бинамоянд ва аз ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ, ки соири инсонҳо доранд, бархурдор бошанд.

Инро ҳам бубояд гуфт, ки шеъри муосири Афғонистон, ки як давлати исломист, асосан дар қаламрави дин ҳаракат мекунад ва ғояҳои мазҳабиро ташвиқу тарғиб менамояд. Бинобар ин, шоҳкорҳои адабиро аз адабиёти Афғонистон, ки дар шароити ҷанг (дар дохил) ва муҳоҷират (дар хориҷ) эҷод мешавад, чашмдор набояд шуд. Дуруст аст, ки шоирони ин кишвар шеъри дунявӣ низ мегӯянд, аммо иддаи маҳдуд, ки дар  кишварҳои демократӣ зист менамоянд. Онҳое, ки дар Афғонистон, Ирон, Покистон ва дигар кишварҳои исломӣ ба сар мебаранд ва эҷод мекунанд, ашъорашон асосан рангу бори мазҳабӣ дорад, на дунявӣ, лиҳозо, мавзӯъ ва шеърашон хеле маҳдуд, такрорӣ, хастакунанда, баъзан шиорию тақлидӣ аст. Дигар, шеъри эшон бештар ба шеъри шаръӣ ҳамоҳангу ҳамсадо мебошад. Бо ин ҳама, чи шоирони дингаро ва чи дунёгаро, ҳама, хоҳони сулҳу оромиш дар кишварашон мебошанд ва мехоҳанд, ки ба зудӣ ҷангу ҷидолҳо дар ватанашон хотима ёбад ва Афғонистон ба масобаи як кишвари озоду демократӣ, ки ҳам ба арзишҳои динӣ ва ҳам милливу инсонӣ, бо як сухан, арзишҳои дунявӣ, баробар арҷ гузорад, қад алам кунад ва халқи кулфатдидаву ғарибгаштаи худро ҳарчи тезтар ба ҳам биёрад ва имконияти инсонвор  зистанро барояшон муҳайё бисозад. Воқеан, агар ҳукумат ва мардуми Афғонистон дар сохтмони ҷомеаи навин аз ин гуфтаи бисёр  баҷо ва дастурдиҳанда шоир кор бигиранд, нуран алонур хоҳад буд:

В-ар бипурсӣ, ки дар ин кор чӣ тадбир бувад?

Дину дунё ба ҳам омез, ки иксир бувад!43

Пайнавиштҳо:

1. Носири Хусрав.Куллиёт,ҷ.1,Душанбе,Эр-граф,2003,с.140.

2. А.Абдуллоев,С.Саъдиев.Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри Х1 ва аввали асриХ11.Душанбе,1988,с.155.

3.Гулшани адаб,ҷ.4,Душанбе,Ирфон,1977,с.60.

4. Нозими Ҳиротӣ.Ашъори мунтахаб.Душанбе,Ирфон,1967,с.18.

5. Як сарзамин муҳаббат.Душанбе,Адиб,2005,с.8.

6. Ҳамон ҷо, с.25.

7. Ҳамон ҷо, с.48.

8. Ҳамон ҷо, с.54.

9. Ҳамон ҷо, с.70.

10. Ҳамон ҷо, с.85.

11. Ҳамон ҷо, с.101.

12. Ҳамон ҷо, с.110.

13. Ҳамон ҷо, с.159.

14. Ҳамон ҷо, с.226.

15. Гулназар. Ёде аз Беранг.Садои Шарқ,2013,№12,с.25-27.

16. Муҳаммадҷон Шакурӣ.Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ. Душанбе, 2002,с.147.

17. Саъдии Шерозӣ. Куллиёт,ҷ.3,Душанбе, Адиб,1990,с.51.

18. Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. Душанбе, Ирфон,1938,с.32.

19. Собир Мирзоев. Маҳмуди Тарзӣ ва пайдоишу ташакулли  насри бадеии реалистии  дарӣ.-Аз таърихи афкори адабии халқи тоҷик, маҷмӯаи илмӣ,ҷ.107,Душанбе,1977,с.100.

20. Бозор Собир. Шоире шеъре агар ҳаст…Душанбе,Адиб,2006,с.260-262.

21. Девони Соиби Табрезӣ, ҷ.1,Теҳрон,1374,с.288.

22. Гулшани адаб,ҷ. 5,Душанбе, Ирфон, 1980, с.201.

23. Ганҷи Зарафшон. Душанбе, Адиб, 1991,с.463.

24. Толиби Омулӣ.Ғазалиёт.Душанбе,Адиб,1992,с.37.

25. Ҳамон ҷо, с.34

26. Ҳамон ҷо, с.305.

27. Ҳамон ҷо, с.278.

28. Куллиёти Урфии Шерозӣ,ҷ.1,Теҳрон, 1378, с.462.

29. Ҳамон ҷо, с.468.

30. Алтоф Ҳусайни Ҳолӣ. Ёдгори Ғолиб. Деҳлӣ, 2000,с.191.

31. Абурайҳон Берунӣ.Осор-ул-боқия.Душанбе, Ирфон,1990,с.92.

32.Қанбаралии Тобиш. Чашмандози шеъри имрӯзи Афғонистон. Теҳрон, 1382, с.55-56.

33. Ҳамон ҷо, с.79-80.

34. Ҳабиб Юсуфӣ. Сатрҳои нотамом, к,1,Душанбе,Адиб,1987,с.117.

35. Шавкати Бухороӣ. Нури аср. Душанбе,1986,с.129.

36. Бобобек Раҳимӣ. Ошноӣ бо Бедил. Душанбе,Ирфон,2009,с.517.

37. Садриддин Айнӣ. Куллиёт, ҷ.11, к.2, Душанбе, Ирфон,1964,с.105.

38. Асадуллоҳи Ҳабиб. Вожасозӣ ва одатситезии сарф ва наҳвӣ дар сурудаҳои Бедил.Маҷал. "Фарҳанг", 1991,№ 1-2,с.36.

49. Абдулқодири Бедил.Ғазалиёт,ҷ.3,Душанбе, Адиб, 1991, с.5

40. Бедил ва Ҳазин.Фаслномаи "Қанди порсӣ", Деҳлии нав,1384,с.83.

41. С.Айнӣ.Мирзо Абдулқодири Бедил.Сталинобод,1954,с.289.

42. Девони Соиби Табрезӣ,ҷ.2,Теҳрон, 1374, с.1326.

43. Меҳринисо Оимхон. Мавлоно Шиблӣ ва шеъри форсӣ. Фаслномаи "Дониш", Исломобод,1385, № 84-85, с.223.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97