Дасто ба дасти Аврупо. Порис Маскав нест

Сиёсат 21.01.2015 10:10

Гузориши вижаи хабарнигори тоҷик аз Фаронса

Temur varqi poris"Аз Фаронсаи ман даст бардор!"

"Аз Фаронсаи ман даст бардор!" - Ин шиорро сокини мусулмонтабори Порис дар девори идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" овехтааст. Мардум барои таслият, поси хотири хабарнигорони мақтул омада шамъ рӯшан карда ва дар маҳали ҳодиса гулгузорӣ мекунанд. Ин акси порисдухтари мусалмонро матбуоти Порис, на барои мавқеи ягона, балки баръакс барои онки ин мавқеъро аксари кули мусулмонони ҷамоати Фаронса дастгирӣ мекунанд, нашр кардаанд.

Ҳудуди якуним миллион мардум дар роҳпаймроий барои Фаронсаи воҳид, ки аз аз 50 кишвари дунё сиёсатмадорони маъруф, аз ҷумла мусулмонон даъват шудаанд, ширкат варзиданд. Ҳазорҳо нафар фаронсавиҳои мансубияти мухталифи мазҳабӣ, миллатҳои гуногун, ба даъвати Президент Олланд баҳри Фаронсаи воҳид дар раҳпаймойӣ ширкат намуда, алайҳи таҳдиди хатари терроризм, ки донаҳои ваҳшату бадбинӣ коштааст, эътироз карданд.

Франсуа Оланд дар муроҷиати хеш ба миллат зикр кард, ки ҳукумат ба хуруҷи бадбинӣ, башарбадбинӣ, миллатгароӣ, инсонҳаросӣ, исломҳаросӣ роҳ намедиҳад. Ӯ бо таъкид ба гуруҳҳои чапгаро, ки пас аз ин ҳодиса раванди зидди муҳоҷирон ва зидди мусалмониро доман мезананд, гуфт: "Тундгароён ба ислом ҳеч рабте надоранд".

Маринн Ле Пен, пешвои тундравони ростгаро, ки ба роҳпаймоӣ даъват нашуда буд, ногузир дар шаҳрчаи Бокер дар ҷануб дар миёни тарафдронаш суханронӣ кард. Ҳукумат дар ин роҳпаймоӣ ҳама гуна тарғиботи ҳизбӣ, намоиши рамзҳои ҳизбӣ ва баланд кардани шиору плакатҳои мазмуни динӣ доштаро мамнуъ карда буд.

Нигаронии ҳукумати Фаронса

Ҳукумати Фаронса бояд ҳам нигарон бошад. Фаронса яке аз нахусткишварҳои Аврупо аст, ки ба амалиётҳои зидди ДОИШ-и ИМА ҳамроҳ шуда, дар амалиёти бомбборонкунии мавқеи силоҳдорони ДОИШ ширкат варзид. Пешвоҳои ДОИШ ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта ба Порис таҳдид карда буданд, ки ба Фаронса ҳамлаи ҷавобӣ хоҳанд дод. Дар поёни соли 2014 ҳукумати Фаронса тадбирҳои бехатариро пурқувват намуд. Дар баробари пулис майдонҳои ҳавоӣ, истгоҳҳо роҳи оҳан ва дигар иншооти муҳимро низомиёни мусаллаҳ посбонӣ мекарданд. Тибқи иттилои ВАУ Фаронса хадамоти махсуси Фаронса аз нақшаи як чунин террор огоҳӣ доштанд, аммо намедонистанд, ки ҳамла аз куҷо ва кай сурат мегирад. Дар баробари ин таъзиқ ва фишор асосан дар гирду атрофи маҳалаҳои мусулмоннишин авҷ мегирифт.

Мавҷи амалиётҳои зиддиисломӣ дар Аврупо

Мавҷи амалиётҳои зиддиисломӣ дар охири соли 2014 дар дигар давлатҳои Аврупо низ паҳн гардид. Дар Шветсия дар остонаи соли нави мелодӣ дар шаҳри Упсала ба масҷид ҳамла сурат гирифт. Баъди он ки тундгароён ба масҷид "коктейли молотов"-ро партофтанд, ҳазорон нафар сокини Стоголм ва дигар шаҳрҳо ба тарафдорӣ аз мусалмонон роҳпаймоӣ карданд.

Дар Стоголм миёни муътаризон Вазири фарҳанг ва демократ Алис Ба Кунке суханронӣ кард. Ӯ изҳор дошт: "Мо намояндагони чамоати исломиро даъват намудем. Ҳамроҳ стартегияи амалро таҳия менамоем. Мо кори тарғиботиро дар тамоми кишвар ба роҳ мемонем. Кореро, ки мутаассифона то ҳол вуҷуд надошт ва имрӯз вақти иҷрои он фаро расидааст."

Тибқи иттилои мавҷуд, дар замони охир дар Шветсия раванди зиддимуҳоҷирон ва бахусус зиддиисломӣ шиддат ёфтааст. Шуҳрати ҳизби башарбадбини "Шведские демократы" (Демократҳои шведӣ) 16 % афзуд. Пас аз ҳамла ба масҷиди Упсала ҳазорон нафар сокинон барои баёни таслият барои мусулмонҳо омаданд ва дар деворҳои масҷид навиштаҷоти ҳамбастагиро насб карданд. Ин бори сеюм аст, ки ба масҷиди Упсала дар давоми ҳафтаи охири соли 2014 ва ҳафтаҳои аввали соли 2015 ҳамла сурат мегирад. 25 декабр дар шаҳри шведии Эскилстуна дар натиҷаи оташ задан 5 нафар осеб дидаанд.

Шиддати рӯҳияи зиддимуҳоҷирон дар Олмон

Дар Олмон рӯҳияи зидди муҳоҷирону зиддиисломӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Ҳар рӯзи душанбе дар Дрезден миллатгароён бо шиорҳои исломбадбинӣ гирдиҳамоӣ барпо мекунанд. Дар нахустин гирдиҳамоӣ 200 нафар ва дар гирдиҳамоии охирин қариб 20 ҳазор нафар ҷамъ омаданд. Ташаббускори ин намоишҳо ҳаракати "ПЕГИДА"  (Аврупоиҳо- ватандӯстон мухолифи исломгароии Аврупоянд). Ҳамчунин дар Дрезден ба нишони эътироз бар зидди неофашистон мухолифони фашизм баромаданд. Дар яке аз рӯзҳои душанбеи соли гузашта дар чунин раҳпаймоиҳо байни онҳо зудухӯрд ба амал омад, ки дар натиҷа чанд кас захмӣ ва дастгир карда шуданд. Дигар шаҳрҳои Олмон намоишҳои зидди фашистиро, ки дар шаҳрҳои Кёлн, Штутгарт, Ҳамбург ва Берлин баргузор гардид, дастгирӣ намуданд. Баъди бозгашт аз Порис  Ангела Меркел изҳор дошт, ки аз намоиши зиддиисломӣ дар Дрезден бӯи бадбинӣ меояд. Вай қотеъона изҳор дошт: - Ислом ҷузъи ҷудонашавандаи Олмон аст ва ӯ ният дорад дар намоиши пасифистӣ ҳамроҳи мусулмонон ширкат кунад.

poris"Ба калисо бо оинномаи худ намераванд"

Бо вуҷуди ин риторикаи ултраростҳо кори худро мекунад. "Ба мо бипайвандед! Нест бод шариат дар Аврупо! " - дод мезананд миллатгароён. Онҳо мухолифи сиёсати ҳукуматанд, ки ба андешаи эшон ҳукумат нисбат ба муҳоҷирон, ки намехоҳанд ба ҷомеаи олмонӣ мутобиқ шаванд, таҳаммулпазир аст: "Муҳоҷирон намехоҳанд урфу одатҳои худро фаромӯш кунанд, баръакс онҳо мехоҳанд, ки мо ба онҳо одат кунем. Бояд баръакс бошад! "

Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки то андозае мухолифони исломгароӣ ва муҳоҷират ҳақ бар ҷонибанд. Баъзан муҳоҷирин фаромӯш мекунанд, ки онҳо дар кишвари ғайриисломӣ зиндагӣ доранд ва ин ҷо қонун, урфу одат ва анъанаҳои хешро дорост, ки онро бояд эҳтиром кард. Олмон дар соли 2014 200 ҳазор муҳоҷирро пазируфт. Мухолифони ин раванд мегӯянд, кишвари онҳо бекорхӯҷаҳоеро қабул мекунад, ки таъмини онҳо ба дӯши шаҳрвандони бавиҷдони кишвар бор мешавад.

Ангела Меркел: Аз пушти мутаассибон наравед!

Дар мавриди хатароти намоишҳои зидди муҳоҷирон ва намоишҳои зидди исломии Дрезден Садри аъзами Олмон дар муроҷиъати соли навии худ ҳам таъкид карда буд: "Аз пушти онҳо наравед, зеро онҳо аксаран бо қувваи таассуб, бо адами эҳсос ва ҳатто нафрат пеш мераванд ". Аммо мунтақидони Ангела Меркел мегӯянд, ки дар амал сиёсати дохилии ӯ боиси боло гирифтани эътирози нируҳои ростгаро дар Олмон шудааст. Ин нуктаи назарро Ханс Петр Фридрих вакили Бундестаг баён доштааст. Тибқи назарсанҷиҳо ҳудуди 30% немисҳо харакати Pegida-ро ҷонибдорӣ мекунанд ва 20% ҳам ба он таваҷҷуҳ доранд. 

Руҳияи яҳудиёни Порис чандон хандон нест

Ҷомеъаи яҳудиёни Порис низ нигарон аст. Баъди роҳпаймоии миллионнафарӣ дар Порис ва гузоштани гулу шамъ ба хотири қурбониён, бо ҷомеъаи яҳудӣ дидор намуд ва "азми росих"-и Фаронсаро дар мубориза бо терроризм ва антисемитизм сутуд. Ӯ аз корманди мусулмони фурушгоҳи Кошерни Ласана Батили, ки ҷони чанд танро наҷот дода буд, сипосгузорӣ кард.

Аммо руҳия ва табъи яҳудиёни Порис чандон хандон нест. Яке аз онҳо мегӯяд, "аз ҳама муҳим таъмини амният аст, аммо дар ҳар сурат тадобири шадиди амниятӣ наметавонад барои ҳамеша идома кунад. Акнун зарур аст, ки пулис кори худро тавре ки лозим аст, ба роҳ бимонад ва ба сарчашмаҳои аслии ифротгароӣ даст пайдо намояд, ба ноҳияҳои ақибмонда бирасад, зеро онҳо мисли обилаи саратонӣ мебошанд."

Афзоиши руҳияи антисемитизм дар миёни арабҳои Порис ва Берлин аз суи коршиносон ва таҳлилгарон ҳам дар расонаҳо таъкид мешавад. Ба ин далел аст, ки 4700 пулиси фаронсавӣ 717 мактаб ва синагоги яҳудиро дар ин кишвар таҳти ҳимоят гирифтанд. Ҳамчунин масоҷид ва мактабҳои мусалмонӣ низ таҳти ҳимояти хос қарор гирифтаанд.

Намояндагони ҷомеъаи яҳудӣ дар ин ҷо ба ин назаранд, ки ҳаракати раҳбарони ҷаҳон дар Порис бояд ба як иқдоми амалӣ ва мушаххас дар саросари ҷаҳон табдил шавад. Онҳо мегӯяд; "ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон ҳамдаст ва ҳадафмандона кор кунанд, то моро аз таҳдиди исломи ифротӣ наҷот бидиҳанд".

Ҳолу рӯзи мусулмонони Порис

Баъди ҳодисаи Порис мусулмонҳои сокини бархе аз кишварҳо акнун ба мушкил метавонанд ба ҳимояти аҳолии маҳали аврупоӣ, хусусан дар Олмон ва Шведсия, ки онҳоро аз нируҳои неонатсист қаблан ҳимоят менамуданд, умед банданд.

Мусулмонҳои зиёде ҳам дар Марши Порис ширкат дошанд ва бархеҳо дар даст шиорҳои "Ман мусулмонам. Шарли - ин манам" ва "Ман яҳудиям"-ро бо худ ҳамл мекарданд.

Ба ҷуз аз ду террорист Саид ва Шериф Куашӣ ва ҳамкори онҳо Амеди Кулибалӣ, дар ин қазия чанд исми мусулмонии дигар низ дида мешавад. Инҳо се тан аз кормандони кушташудаи "Шарли Эбдо", Лассан Батили, корманди фурушгоҳи гаравгонгирифта шуда, ки 15 нафарро наҷот дод ба шумули як кӯдаки ширхор. Дар наздикии Порис дар Ливри-Гарган сокинон хотираи Ахмед Мерабет, пулиси мусулмони кушташуда дар ҳамла ба идораи маҷалларо пос доштанд. Дар ин маросим афроди сафеду сиёҳ, фаронсавӣ ва араб ҳама барои ӯ ашк мерехтанд.

poris 1Аммо Порис Маскав нест

Ин ҳама як саҳнаи комилан мутафовит аз он чизе аст, ки ман дар натиҷаи ҳодисаҳои террористӣ ва даргириҳои байниқавмӣ дар Маскав шоҳид будам. Он ҷо ба думболи ин ҳодисаҳо бозорҳое, ки муҳоҷирон кор мекунанд, ғорат мешуд, скинхедҳо ва фанатҳои футбол ба хобгоҳҳо ва таҳхонаҳое, ки мусулмонони муҳоҷир қарор доштанд, ҳамла мебурданд. Телевизиони Фаронса дастҳои ба ҳам фишурдаро, сафҳои ягона ва қадамзании якмаромро ба намоиш мегузошт. Дар ҳоле ки дар чунин мавриде телевизиони Русия боздошту таҳқири муҳоҷирон ва садҳо сари муҳоҷири зери мили калашников рӯи хок хобидаро ба намоиш мегузорад. Ва ниҳоят ҳазорон муҳоҷири ихроҷшуда аз Русия.

Порис ва Маскав. Ин комилан ду дунёи ба ҳам мутаззод аст. Ва мизони муносибат ба инсон дар ин ду муҳит фарқ мекунад. Ҳатто сарсахтарин натсионалистони Олмон ва Фаронса мегӯянд, ки онҳо муқобили муҳоҷирон ва мусулмонон нестанд. Балки чизе, ки мо мехоҳем мегӯянд онҳо, ин аст, ки муҳоҷирон набояд шароити худро болои ҷомеъаҳои аврупоӣ бор кунанд. 

Роҳи дурударози роҳпаймоӣ барои ҳифзи озодӣ ва демократия

Озодии баён ва эҳтироми фикри бегона, адами хушунат, инҳо арзишҳое ҳастанд, ки фаронсавиҳо тӯли садсолаҳо барои ба даст овардани он ҷон додаанд. Ва барои дифоъ аз ин арзишҳо имрӯз миллионҳо нафар ба хиёбонҳои Порис рехта буд. Арзишҳое, ки акнун мусулмонҳои Фаронса ҳам барои ҳимоят аз онҳо дар асари террор кушта шуданд.

Аврупо ва Фаронса даврони мушкилеро пушти сар мекунанд ва дар пешорӯи як хате қарор доранд, пушти он метавонад нифоқ ва душманӣ ва пасларзаҳои наве дошта бошад,

Шояд мақомоти Фаронса коре бикунанд, ки талошҳояшон барои рафъи буҳрон ва оромиву осоиш бахшидан ба ҷомеъа ва ҷилавгирӣ аз рехтани хун ва ҳимояи демократия ва арзишҳо кофӣ воқеъ шаванд. Ба назари ман бисёре аз мусулмонҳо ба ҷодаҳои Порис рехта буданд, то бигӯянд, ки онҳо низ ба ҳамин арзишҳо бовар доранд, ба озодӣ ва демократия дар Фаронса арзиш қоиланд. Фаронсае, ки онро ватани худ медонанд.

Темур Варқӣ, махсус барои "Миллат", Порис

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97