Қаблан Аҷам Калонов як донишпужӯҳи ҳамватанамон дар Олмон дар нашрияи "Миллат" матлабе навишт ва ба он ишора кард, ки вақте дунё баҳси фатҳи Моҳро доранд, мо ба ин фикр ҳастем, ки бо боклашка таҳорат кунем ё бо офтоба. Ва ҳоло ки ибораи "оташсӯзӣ дар бозор"-ро дар Гугл ҷустуҷӯ мекунам, суроғаҳои беҳудуде ба даст меояд. Яъне мавзуъ ва баҳси матраҳ дар солҳои ахир дар Тоҷикистон "бозор" аст. Яке ҳам "бозорҷанг" - яъне талош барои соҳиб шудан ба бозорҳои кишвар ва дигаре сӯхтор дар бозорҳои кишвар. Ба назар мерасад, ки миёни атрофи ин ду масъала дар бозорҳо пайванде ҳаст. Аввал талош барои гирифтани ҳис дар бозор ва баъдан сар задани оташсӯзӣ. Вале ин ҷо аст, ки дили ман на ба бозор ва на ба сӯхтор ва ашёи талафшуда месӯзад, балки барои мафкураи танги ин миллат месӯзад. Асри ХХ1 дигар асри бозори асримиёнагӣ нест. Асри технологияи пешрафта ва расидан ба Моҳ аст. Бас кунед бозорсозиву бозорсӯзиву бозорҷангро! Худ ва мардумро хаста накунед. Агар сармоя доред ва агар сармоядор шудан мехоҳед роҳҳои дигари сарватманд шудан аст, танҳо хирад ва ақлро ба кор бубаред ва одамони ҳушманд ва ихтироъкорро шарик бигиред, ҳам сармоя ба даст хоҳед овард ва ҳам кишварро саъодатманд хоҳед кард.
Замоне ки хабари оташсӯзии навбатӣ дар бозори "Панҷшанбе" нашр шуд, як хабар расид, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷиҳати иқдомот барои ҷилавгирӣ аз паҳн ва сирояти вируси Эбола се дастгоҳи микроизоляторро аз Чин ворид кардааст. Гуфта мешавад, ки микроизолятор дастгоҳест, ки мушобеҳ ба кати бемор буда ва чор тарафи он пӯшонда шудааст ва фарди сироятёта ба вируси Эбола ба он гузошта мешавад, то ба дигарон сироят накунад ва бо ин дастгоҳ вай аз фурудгоҳ ё роҳи оҳан то ба бемористон интиқол дода мешавад. Масъулони хадамоти беҳдоштӣ ва вогиршиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ин се дастгоҳи микроизолятор тавассути ин вазорат ба маблағи беш аз 4, 5 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шуда ва дар чорчӯби иқдомот алайҳи вируси Эбола роҳандозӣ мешавад. Бо ин ҳам масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, то кунун ҳеҷ мавриди сироят ё ибтило ба бемории Эбола дар қаламрави кишвар сабт нашудааст ва ҳама чораҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ин вирус дар марзи кишвар, аз ҷумла фурудгоҳҳо ва дигар роҳҳои иртиботӣ рӯи даст гирифта шудааст.
Чун ин хабарро хондам, ба ин фикр уфтодам, ки аз Эбола дида барои Тоҷикистон вабои оташсӯзии бозорҳо бештар таҳдид мекунад. Чин, ки ҳоло ҳама чизро тавлид мекунад, оё намешавад, ки фармоиш бидиҳем то як дастгоҳе барои мо бисозад, ки оташсӯзӣ дар бозорҳои кишвари моро ташхис бидиҳад.
Зеро воқеан бозорсӯзӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сари чанд вақт миёни мардуми моро мешиканад ва ҳисороти ҳангуфте ба ҳамёни тоҷирон ворид мекунад, ки ин бешубҳа боиси ташвиш аст, на Эбола, ки хушбахтона ҳанӯз қадами манҳусаш ба кишвари азизи мо нарасидааст.
А. Мирзо