"Аз чеки сафеди Саудӣ метарсам"

Сиёсат 23.12.2014 09:43

"Калонтарин маркази исломии минтақа" ё бузургтарин пойгоҳи ифротисозӣ дар Кобул?

haykh arabiyАрабистони Саудӣ ва Афғонистон тавофуқеро ҳамроҳ бо як чеки сафед (чеки бонкӣ, ки маблағи пул навишта нашудааст) ба имзо расонидаанд, ки бар бунёди он марказе бо унвони Маркази фарҳангии Малик Абдуллоҳи Саудӣ бунёд хоҳад шуд. Ин мар-каз, ки дар теппаи Ман-ранҷони Кобул бунёд хоҳад шуд, аз мадраса ва масҷиди калон барои 15 ҳазор на-фар, маркази тафреҳӣ ва варзишӣ, инчунин хобгоҳ барои 5 ҳазор толибилми мазҳабӣ иборат хоҳад буд. Гуфта мешавад, дар сура-ти эъмор ин бузургтарин маркази исломии минта-қаӣ хоҳад шуд.

Аммо аз ҳамин ҳоло ин масъала боиси нигаронии бархе аз ҳалқаҳои мазҳабӣ ва инчунин таҳлилгарону рушанфикрон шудааст.

Бархе аз таҳлилгарон ва ҷонибдорони ин тарҳ мегӯянд, ки бунёди он имкон медиҳад, ки аз сафари ҷавонон ба Покистон ба қасди таҳсил дар мадрасаҳои он кишвар ва ба сурати омилони интиҳорӣ ва террористӣ бар гаштани онҳо ба Афғонистон ҷилавгирӣ шавад.

Аммо дар айни ҳол бархе дигар аз таҳлилгарони расонаҳо ба ин боваранд, ки худи ҳамин маркази исломии саудиҳо дар Кобул ба маркази нашри ақоиди салафӣ ва мазҳабӣ ва инчунин ифторгароӣ ва омодасозии кадрҳои террорист ва тундрав барои худи Афғонистон ва кишварҳои фаросуи Ому табдил хоҳад шуд. Баҳси сохтмони ин марказ дар расонаҳои Кобул ба шиддат идома дорад. Ҳусайнии Маданӣ бо унвони "Аз чеки сафеди Саудӣ метарсад", матлабе иншо намудааст, ки намунаи ҷомеъи ин баҳсҳо мебошад.

Ҳадафи Саудӣ аз сохти ин марказ чист?

Таҳлилгарони расонаҳои Кобул, аз ҷумла Ҳусайнии Маданӣ менависад, ки "Сиёсати куллии Саудӣ бар ду нуктаи муҳим устувор аст, яке густариши қудрати сиёсии ин кишвар дар минтақа ва дигаре тарвиҷи идеологияи салафият ва ё ваҳҳобият дар миёни кишварҳои исломӣ. Ба ҳамин далел буд, ки вақте Толибон суқут кард, Саудӣ рӯи хубе ба ҳукумати Карзай надошт. Арбистон ба унвони як кишвари сарватманд миллиардҳо долларро барои кишварҳои дигар ба унвони кумакҳои билоиваз медиҳад. Аммо ба кишварҳои исломии минтақа ва хусусан Афғонистон кумаки ҳисобие накардааст, балки кумакҳои Саудӣ ба сурати ҷудогона ва андак ба бархе аз шахсиятҳо ва ниҳодҳо ва Толибон дар манотиқи қабилаӣ расидааст. Саудӣ аз ҷумлаи чанд кишвари маҳдуде буд, ки Толибонро дар муқобили муқовимати мардумӣ ба расмият шинохт ва то пои қуввату ҷон аз онҳо ҳимоят кард, то ки билохира Толибон суқут карданд. Аммо то ин ки суқут кунанд, ҳазорон арабу покистонӣ зери байрақи Толибон мардуми Мазору Яковлагу соир манотиқро қатли ом карданд. Албатта ин ба гузаштаи талх бар мегардад, аммо чаро баъди ду давраи ҳукумати мунтахаб боз ҳам Саудӣ Толибонро ҳимоят мекунад, суол ин аст".

Ҳамин тавр, таҳлилгарони расонаҳо бовар доранд, ки Саудӣ ҳамчунон аз таъминкунандагон ва илҳомбахшони амалҳои интиҳорӣ ва инфиҷоркунандагони Толиб дар Афғонистон аст. Вагарна чаро ба гуфтаи ин таҳлилгарон "аз ҳалқуми муллоҳои Саудӣ шунида намешавад, ки интиҳор ва куштани зану кӯдак дар Афғонистон ҳаром аст?

Суханони сафири Саудӣ дар Кобул боиси хашми расонаҳо шудааст. Сафири Саудӣ зимни имзои тафоҳуми сохтмони маркази исломӣ гуфтааст, ки Саудӣ дар ҷанг бо терроризм аст ва саудиҳо исломи муътадилро думбол мекунанд. Суоли хабаргузории "Ҷумҳур" аз сафири Саудӣ дар ин маврид чунин аст, ки Шумо аз кадом исломи эътидолӣ суҳбат мекунед, ки ҳаракатҳои тундрав ва такфирӣ бо пули шумо парварда ва тамвил мешаванд?

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин менависад: "Инҳо, яъне саудиҳо, дар канори Исройил бо фаластиниҳои бечора ҷангиданд. Инҳо манобеъи молии ҳамлаи Исройил ба Ғазаро таъмин карданд. Инҳо санги бинои ДОИШ-ро гузоштанд, ки ҳазорон ҷавони мусулмон аз сойири кишварҳо ба доми он афтода ва яке дигарро мекушад. Балки ДОИШ-ро чунон фарбеҳ сохтанд, ки мисли санги хорӣ, бар пои худи Саудӣ афтод. Инҳо мазоҳиби исломиро такфир мекунанд."

Ва суоли калон ин аст: Толибон ва ДОИШ парвардагони домони Саудӣ, агар намунаи исломи эътидолӣ бошанд, пас исломи  тундрав кадом аст?

Агар саудиҳо дар воқеъ муъталил ҳастанд, ташеъро такфир накунанд, то ман аз мадрасаашон натарсам, менависад, таҳлилгар Ҳусайнии Маданӣ. Агар дар воқеъ муътадиланд, форсизабононро рофизӣ нагӯянд, то ман аз Малик Абдуллояшон натарсам. Агар муътадил ҳастанд, лутф кунанд ва фатвое бар зидди интиҳор ва куштани занону кӯдакон бидиҳанд. Ва агар муҷоҳид ҳастанд, фатвои ҷиҳод бар сарзамини худашонро бидиҳанд. Дар ҳамон Ховари миёнаи арабӣ ҳазорон низомии Амрикойӣ вуҷуд дорад, бираванд, ҳамон ҷо ҷиҳод кунанд ва ғозӣ шаванд.

Ин нависанда менигорад, ман аз сохти маркази Саудӣ нигаронам. Чун мебинам ҳар сол дар маросими ҳаҷ ҳазорон китоб муқобили ман ва ақоиди ман нашр ва паҳн мекунанд. Ман метарсам, ки пои салафият риштапайванди ман ва бародарони маро бигсалонад. Ман ҳақ дорам нигарон бошам, зеро дар сармои зимистони Якволанг садҳо тан аз қавми маро Толибони омили саудӣ фақат ба қасди савоб ва касби ҷаннат куштанд, меафзояд ин нависанда.

Расонаҳо аз он ҳам нигаронанд, ки дар сурати сохта шудани ин марказ, ҳазорон толиби манотиқи қабоилӣ ба ҷойи рафтан ба мадрасаҳои Покистон ба Кобул сарозер шуда ва ин хобгоҳҳоро пур хоҳанд кард. Ин мардум рӯзгори сахтеро ҳамроҳ бо исломи эътидолии саудиҳо ҳамроҳ бо Толибон пушти сар гузоштаанд. Ва аз такрори дубораи он метарсанд.

Нависандаи "Ҷумҳур" дар поёни матлаби худ меафзояд: "Ман то ҳол нашунидаам, ки ходими ҳарамайни шарифайн ман ва бародарони маро ҷузъи уммати муслима хонда бошад ва куштори моро накуҳиш карда бошад. Пас вақте намояндааш дар Кобул мегӯяд, ки маркази Малик Абдуллояш ба мо дарси дин меомӯзад, ман мехоҳам бипурсам, ки аз кадом нигоҳ ва аз кадом дарича. Ман нигарони чеки сафеде ҳастам, ки ҳеч гоҳ барои ободӣ ва амнияти Афғонистон имзо нашуда ва сафед имзо шуда ва худо кунад, ки рӯзгори моро сиёҳ накунад."

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97