Душаҳрвандӣ - хиёнат ё ҷиноят

Сиёсат 13.11.2014 16:10

zakar patjeДар Русия татбиқи қонуне шурӯъ шуд, ки бар пояи он барои пинҳон кардани шаҳрвандии дигар кишвар муҷозот таъин шудааст. Аз рӯзи 4 август, шаҳрвандони Русия, ки соҳиби шиносномаи дигар кишварҳоянд, бояд дар ин бора Хадамоти федералии муҳоҷиратро дар ҷараён бигузоранд. Нафари дорои душаҳрвандӣ бояд тайи ду моҳи оянда иттилоъи заруриро ба ин ниҳод пешниҳод кунад. Ба нома нусхаи шиносномаи русӣ ва нусхаи санад дар бораи шаҳрвандии кишвари дигар замима мешавад. 

Касоне, ки баъд аз ин шаҳрванди кишвари дигар будани худро махфӣ нигаҳ медоранд, бар пояи қонуни нав, ба маблағи 200 ҳазор рубл ҷарима мешаванд ё то 400 соат корҳои иҷбориро анҷом хоҳанд дод. Иҷрои қонун дар нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастопол аз соли 2016 шурӯъ мешавад.

Бино ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, назорат аз болои душаҳрвандӣ бо ибтикори раисиҷумҳури Русия Владимир Путин шурӯъ шудааст, ки чанд моҳ пеш дар мулоқот бо аъзои Шӯрои Федератсия инро таъкид кард, ки Русия бояд бидонад, ки кадоме аз шаҳрвандонаш шиносномаи дигар кишварҳоро доро ҳастанд.

Бар пояи як назарпурсии ВСИОМ - Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум, аз сабти номи афроди дорои ду шаҳрвандӣ 59 дар сади сокинон пуштибонӣ кардаанд.

Ба душаҳрвандӣ дар Русия иҷоза аст ва аммо дар пояи созишҳои байнидавлатӣ то имрӯз Маскав чунин созишномаро фақат бо Тоҷикистон ва Туркманистон имзо кардааст. Дарёфти шаҳрвандии дигар кишварҳо ҳам расман манъ нашудааст ва ҳоло садҳо ҳазор шаҳрвандони Русия соҳиби шиносномаҳои ду ва ҳатто се давлати дигаранд. Бар пояи қонун, афроди соҳиби ду шаҳрвандӣ ҳаққи ишғоли мақомҳои муҳимми давлатиро надоранд.  

Бархе аз ҳуқуқшиносон дар Русия бар онанд, ки аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, қонуни нав нозарур аст, зеро иттилоъ дар бораи душаҳрвандӣ дар хадамоти марзбонӣ мавҷуд аст. Бар ақидаи ин коршиносон қонуни нав "таҳқиромез" ва "таҳрикдиҳанда" аст, зеро дар дили мардум нисбати афроде, ки шиносномаи дигар кишварро доранд, ҳисси нобоварӣ ва ҳатто нафратро бедор мекунад ва бархе ба онҳо чун ба ҷосусҳои хориҷӣ нигоҳ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки тасмими ахир бо ҳаводиси Украина ва сард шудани робитаҳои Маскав бо Амрикову кишварҳои аврупоӣ рабт дорад, зеро ҷосусҳои хориҷӣ ба доштани шаҳрвандии Русия ниёзе надоранд. 

Ба гуфтаи коршинос, дар дигар кишварҳо, аз ҷумла, дар Аврупо, дар бораи душаҳрвандӣ мавқеи ягона мавҷуд нест. Бархе аз кишварҳо ба душаҳрвандӣ иҷоза ва ҳатто ба он бартарӣ медиҳанд, бархе дигар аз кишварҳо онро пурра манъ кардаанд. Дар иддае аз давлатҳо ба душаҳрвандӣ бо кишварҳои ҷудогона иҷоза додаанд. Баъзе аз кишварҳо аз шаҳрванди хориҷӣ талаб мекунанд, ки баъди дарёфти шиносномаи нав аз шаҳрвандии пешинаашон даст бардоранд, аммо кишварҳое низ ҳастанд, ки ин мавзӯъ барояшон бетафовут аст. Бино ба навиштаи "Озодӣ" дар Амрико, касе шаҳрванди навро барои рӯ тофтан аз шаҳрвандии пешин маҷбур намекунад ва табиист, ки ҳарфе аз муҷозот барои махфӣ кардани душаҳрвандӣ ҳам нест, зеро ниҳодҳои давлатӣ хуб медонанд, ки кадоме аз шаҳрвандонаш шиносномаи дигар кишварро ҳам доранд.

Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз, Қирғизистон, ҳам душаҳрвандӣ расман манъ карда шудааст. Дар Қонуни асосии Қазоқистон гуфта шудааст, ки шаҳрванди Қазоқистон наметавонад ҳамзамон шаҳрванди давлати дигар бошад. Дар сурати пазируфтани шаҳр­вандии дигар кишвар ӯ билофосила ҳаққи шаҳрванди Қазоқистон буданро гум мекунад. Дар Қонун дар бораи шаҳрвандии Узбакистон ҳам ба ин нукта таъкид шудааст. Шаҳрванди Туркманистон низ ҳаққи шаҳрванди дигар кишвар буданро надорад. Мақомоти ин кишвар ҳатто созиш дар бораи душаҳрвандӣ бо Русияро лағв карда, то тобистони соли гузашта ба афроди соҳиби ду шиноснома мӯҳлат додаанд, ки миёни шаҳрвандии Туркманистону Русия якеро интихоб кунанд.

Танҳо дар қавонини Қирғизистон ба сокинони кишвар ҳаққи дарёфти шаҳрвандии дигар кишвар ва ба хориҷиҳо ҳаққи дарёфти шиносномаи қирғизӣ дода шудааст. Дар ин кишвар шакли соддаи гирифтани шаҳрвандӣ ҳам мавҷуд аст, онҳое, ки дар бахши илму фановарӣ ва фарҳанг дастоварди бузург доранд, мутахассисони варзида ва дорои касбҳои барои Қирғизистон зарурӣ, сармоягузорони бахши иқтисод ва паноҳандагон ҳаққи зуд соҳиби шиносномаи қирғизӣ шуданро доранд. Аммо дар Қирғизистон ба кормандони ниҳодҳои давлатӣ дарёфти шаҳрвандии дигар кишварҳо манъ шудааст.

Қабл аз Русия Озарбойҷон ҳам муҷозот барои махфӣ нигаҳ доштани шиносномаи дигар кишварро муқаррар карда буд. Хаар нафаре, ки шаҳрвандии дигар кишварро пазируфтааст, бояд тайи як моҳ мақомоти давлатиро дар ҷараён гузорад.

Дар бархе аз кишварҳо барои доштани ду шиноснома ҷазои сахт ҳам пешбинӣ шудааст. Дар Ҳиндустон, ки душаҳрвандӣ манъ шудааст, агар фарди дорои шиносномаи ҳиндӣ аз марз бо дигар шиноснома убур кунад, ӯро ҷарима интизор аст.

Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Масъалаи душаҳрвандӣ дар қонуни конститутсионӣ "Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон" сабт шудааст. Бар пояи банди 4-и ин қонун, ки тақрибан 20 сол пеш пазируфта шуда буд, шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи дарёфти шиносномаи дигар кишварро надорад, ба ҷуз ҳолатҳое, ки дар Қонун ва созишномаҳои байнидавлатӣ сабт шудаанд. Айни ҳол Тоҷикистон фақат бо Русия созишномаи байнидавлатӣ имзо кардааст, шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд ҳамзамон ҳам шиносномаи Русия ва Тоҷикистонро дарёфт кунанд. Қонунҳои Тоҷикистон ҳамчунин ироаи шаҳрвандии фахрӣ ба хориҷиҳоро пешбинӣ кардааст. Ин унвон аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба онҳое дода мешавад, ки барои Тоҷикистон ва ё барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ хидмати бузургеро анҷом додаанд.

Гуфта мешавад, ки як теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз солҳои тулонии иқомат дар Амрикову Аврупо шаҳрвандии он кишварҳоро пазируфтаанд. Аммо дарёфти шаҳрвандии дигар кишвар барои онҳо маънои ботил шудани шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад ва шаҳрванди ҳамакнун собиқ бояд аз дарёфти шиносномаи дигар кишвар вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро дар ҷараён гузорад. Вале ба назар мерасад, ки дар қонун дар бораи махфӣ нигаҳ доштани шаҳрвандии дигар кишвар чизе гуфта нашудааст. 

Миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи душаҳрвандӣ созиш ҳосил шудааст. Онҳое, ки шаҳрвандии ин ду кишварро доранд, аз имтиёзҳое низ бархӯрдоранд, аз ҷумла, шаҳрванде, ки дар Тоҷикистон хидмати низомиро анҷом додааст, дар Русия ба артиш даъват намешавад.

Дар бораи ин ки теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик барои осон шудани буду бошашон дар Русия бо ҳар роҳу восита ва қиммат шаҳрвандии ин кишварро дарёфт мекунанд, ҷойи баҳс нест. Агарчӣ дар гузашта ин раванд кам касонеро дар Душанбе нигарон мекард, аммо пас аз ҳодисаҳои Қрим дар ин маврид гуфтугузорҳое дар миёни ҷомеаи тоҷик матраҳ мешавад. Ин ки дар Қирғизистон ҳеч мансабдор ва масъули ҳукуматӣ ҳақ надорад шаҳрванди дигар кишвар бошад, дар боло ишора шуд. Аммо мо чанд вазиру мансабдори ҳозиру собиқ дорем, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд? Гумон меравад, ки хеле аз онҳое, ки пас аз бузургтарин гом ниҳодани раиси ҷумҳур дар роҳи баргашт ба асли хеш ҷиҳати табдили номи хеш бо тоҷикӣ аз ӯ пайравӣ накарданд, барои аз даст надодани шаҳрвандии Русия будааст. Зеро нафақаи бознишастагии шаҳрванди Русия ба маротиб бештар аз нафақаи шаҳрванди Тоҷикистон аст ва шояд ҳам имтиёзҳои дигаре дорад, ки на ҳама аз он бохабар ҳастанд.

Аммо як нуктаро ин ҷо мехоҳам таъкид кунам, ки Тоҷикистон фарзандоне низ дорад, ки дар баробари садҳо мушкил ба ҳеч ваҷҳе, ҳатто агар қонуне инро манъ накарда бошад ҳам, ватани худро бар ҳеч кишваре дигар тарҷеҳ намедиҳанд. Дар мисоли муаллифи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷаббор, ки дар посух ба ин савол; "Бархе аз ҳамватанони мо, ки тули ҷанги дохилӣ муҳоҷир шуданд, дар талоши ёфтани зиндагии осонтар табаъияти кишварҳои дигарро пазируфтанд. Касеро намешиносам, ки аз ин имкон то кунун сарфи назар карда бошад, балки барои ин кор вақт ва пул низ сарф мекунанд. Магар боз ҳам шумо, Устод… Беҳтар набуд, ки ҳамон шаҳрвандии Қирғизистонро мепазируфтед?", гуфт:

"- Дар Академияи хидмати давлатӣ ва қабл аз он дар Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Бишкек, мудири кафедра будам ва ростӣ борҳо чунин пешниҳоде шуд. Дар имтиҳоноти давлатӣ, маъмулан муовини сарвазир, раиси Бонки миллӣ, вазири молиёт ва иқтисод раисони комиссиюн буданд, ё дар донишгоҳ ҳамин тур дарс мегуфтанд ва ҳам муовини сарвазир ва ҳам дигарон ҳамеша исрор мекарданд ва мегуфтанд, ки шумо фақат як ариза бинависед, халос. Ҳатто боре бисёр исрор шуд ва гуфтанд, хуб, нанависед, онро менависанд, шумо имзо гузоред… Ин корро накардам, зеро он гоҳ маънои зиндагӣ ва талош барои истиқлол ба сифр баробар мешуд."

Яъне Точикистонро ба ҳеч чизе ва кишваре иваз накард. Bа ин як дарси ибрат аст. Яъне ҳеч арзише барои мо ба андозаи Тоҷикистон қиммат надорад.

Инро барои он мисол задам, ки духтари Устод Тоҳирро ҳамин чанд рӯз пеш дидам, ки дар ҷустуҷӯи ҷои коре беҳтар ва ҳатто берун аз кишвар талош мекард, то зиндагии ду фарзандашро, ки акнун бузургтар шудаанд, таъмин кунад. Аммо  фаромуш кардам, бипурсам, ки оё агар шаҳрвандии дигар кишварро бо маоше беҳтар ва шароите муфарраҳ пешниҳод кунанд, хоҳад пазируфт ё на.

Адолати Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97